Хабарҳо
АВРУПО: Хонаи озоди ё паноҳгоҳи ҷинояткорон?!! - 15.10.2019 11:37
«Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд - 15.10.2019 08:54
Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 5 миллиарду 456,9 млн. сомониро ташкил дод - 15.10.2019 09:51
Конибодом. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 159 иншоот ба истифода дода шуд - 15.10.2019 09:49
Баргузории тренинги муштарак ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ - 15.10.2019 09:46
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноат мулоқот намуданд - 14.10.2019 16:41
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 13.10.2019 09:42
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - 12.10.2019 08:36
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:29

Оғози сохтмони майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар ноҳияи Деваштич

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Деваштич бунёд хоҳад шуд.

Рӯзи 15 феврали соли ҷорӣ бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои сохтмонии иншоотҳои зикршуда оғоз бахшида шуд. Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Деваштич бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар масоҳати 1,6 гектар бунёд гардида, дар он барои истироҳату фароғати сокинон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Тибқи лоиҳа сутунпояи Парчами давлатӣ 50 метрро ташкил медиҳад ва дар майдони Парчам ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Деваштич бунёди нишастгоҳу фаввораҳо ва гулгаштҳо ба нақша гирифта шудааст.

Раиси вилоят зимни иштирок дар оғози корҳои сохтмонӣ ва шиносоӣ бо лоиҳаи иншоотҳо гузоштани атраксионҳои замонавиро дар ҳудуди боғи бунёдшаванда ба манфиати кор арзёбӣ карда, ҷиҳати такмили лоиҳа ба мутассадиён супоришҳои мушаххас дод.

Сипас, Раиси вилоят рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳияи Деваштичро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, бо ҷараёни навсозии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 ва сохтмони бинои Маркази адлия шинос гардид.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17, ки дорои 22 синфхона аст, солҳои 80-уми асри гузашта сохта шуда, аз соли 2003 инҷониб таъмир нагардида буд. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бо ибтикори роҳбарияти вилоят бинои муассисаи таълимӣ ба таъмиру навсозӣ фаро гирифта шуд. Фармоишгари корҳо Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд мебошад ва тавре зимни боздид аён гардид, то имрӯз 60 дарсади корҳои навсозӣ ба анҷом расонида шудааст.

Бинои Маркази адлия бошад бо мусоидати Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида истодааст. Дар бинои мазкур, ки аз се ошёна иборат аст, барои кормандони се сохтор - иҷрочиёни суд, САҲШ ва нотариалии давлатӣ шароити мусоиди кору хизматрасонӣ муҳайё карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Оғози сохтмони майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар ноҳияи Деваштич