Хабарҳо
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо директори намояндагии Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон - 24.09.2021 17:19
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид - 24.09.2021 09:50
Ашт. Иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳашари пахтачинӣ - 23.09.2021 19:00
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувонро мавриди истифода қарор доданд - 23.09.2021 16:43
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчам ва Нишони давлатиро дар маркази ноҳияи Балҷувон ифтитоҳ намуданд - 23.09.2021 16:40
Президенти мамлакат дар Балҷувон Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияро ба истифода доданд - 23.09.2021 16:34
Ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд чорабинӣ доир гардид - 23.09.2021 10:10
Ба зодгоҳи аллома Бобоҷон Ғафуров китоби "Тоҷикон" - туҳфаи арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо теъдоди 63 940 нусха дастрас гардид - 23.09.2021 10:08
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар шаҳри Гулистон - 23.09.2021 09:57
Нашри китоби "30 баҳори Истиқлол" дар Хуҷанд - 22.09.2021 15:55

Маросими муаррифии раиси ноҳияи Айнӣ

( 3 Овоз )

Нимаи дуюми рӯзи 28 январ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии раиси ноҳияи Айнӣ доир шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2019 Раҳматуллозода Неъматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Айнӣ озод гардида, ба ҷойи ӯ Муродзода Муқим Қаюм раиси ноҳияи Айнӣ таъин гардид.

Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки Муродзода Муқим Қаюм 23 феврали соли 1970 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ буда, соли 1993 Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо бо ихтисоси омӯзгори фанни забони англисӣ хатм намудааст.

Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро соли 1993 ба ҳайси омӯзгори мактаби миёнаи рақами 19 оғоз бахшида, сипас дар солҳои гуногун дар вазифаҳои мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Айнӣ кор кардааст. Аз июни соли 2017 то лаҳзаи раиси ноҳияи Айнӣ таъин шуданаш дар вазифаи муовини якуми раиси ноҳияи Айнӣ фаъолият дошт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои фаъолияти пурсамараш ба Раҳматуллозода Неъматулло изҳори сипос намуда, дар назди роҳбарияти нави ноҳия ҷиҳати тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва бо дастовардҳои шоиста истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



ШУМО ДАР: Навид Маросими муаррифии раиси ноҳияи Айнӣ