Хабарҳо
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.06.2019 17:09
Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии модарон дар Ваҳдат аст!» - 20.06.2019 16:53
Дар Хуҷанд таҳти унвони "Ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон:таърих ва замони муосир" конфронс доир мешавад - 20.06.2019 15:15
Суғд: Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:19
Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:02
Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд - 19.06.2019 16:44
Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад - 19.06.2019 13:39
Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» - 19.06.2019 11:21
Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 17.06.2019 15:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд - 19.06.2019 08:40

Шавҳари Файзинисо Воҳидова: Дар марги ҳамсари ман дойира нанавозед!

( 1 Овоз )


Дар алоқамандӣ бо марги адвокати шинохтаи тоҷик Файзинисо Воҳидова,

ки бо изҳори назару мавқеъгириҳоиҳуқуқии хеш дар сатҳи ҷомеаи кишвар шинохта шуда буд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, саҳифаю сайтҳои ҷонибдори ТЭТ ҲНИ ахбори мухталифе интишор ёфтанд. Онҳо боиси пайдо шудани суолҳои зиёд дар зеҳни хонандагон гардиданд. Хабарнигори мо ба хотири равшанӣ андохтан ба ин масъала, бевосита бо Ғайратҷон Воҳидов - шавҳари адвокати марҳум Файзиниссо Воҳидова, суҳбате доир намуд, ки муҳтавои  он  ба хонандагон манзур мегардад.

- Бо арзи салому изҳори эҳтиром қаблан ба Шумо дар иртибот ба даргузашти ҳамсаратон таслият мегӯям ва ба Шумо ва аҳли хонаводаатон сабри ҷамил орзумандам.

- Ташаккур.

- Баъдан узр мехоҳем, ки дар ин рӯзҳои барои Шумо андӯҳбор аз мусибати сангини ба сари хонаводаатон омада ёдрас мегардем. Баъзе аъзои ТТЭ ҲНИ ва гурӯҳи ба ном “паймони зиддимиллӣ”, бо сӯиистифода аз хабари реҳлати ҳамсари Шумо, дар фазои иттилотӣ ҳангома бардошта, мехоҳанд марҳумро ҳамчун як нафар ҳамфикру ҳамсангари худ нишон диҳанд. Хоҳишмандам, мегуфтед, ки ин қазия то кадом ҳад воқеият дорад?

- Дуруст аст, дар давоми чанд рӯзи охир бо вуҷуди гирифторӣ дарғаму ғуссаи худ, ба фарзандонам расонидаанд, ки дар “Ахбор.ком” ном сомонае дар бораи мусибати мо матлабе ба нашр расидааст. Дарвоқеъ, ҳамсари марҳуми ман як зани озодандешуҳақиқатталош буд. Ӯ доир ба баъзе масъалаҳои ҷузъӣ ва усулу услубҳои пешбурди кори ниҳодҳо ва хидматчиёни  давлатӣ гоҳе интиқод  мекард, дидгоҳи худро дошт ва онро ба хотири ислоҳи вазъ ошкоро баён менамуд. Аммо ман ҳаргиз дар тӯли зиндагии якҷояамон, ҳатто дар муҳити хусусӣ ҳам мушоҳида накарда будам, ки ҳамсарам нисбати сохтор ва шакли давлатдорӣ, яъне дунявӣ ва демократӣ будани ҷомеаи мо ихтилофи назар дошта бошад.Ҳаргиз нашунида будам, ки ӯ ба тарафдорӣ аз сохтори давлатдории диниву теократӣ ҳарфе гӯяд. Баръакс, доимо аз суханҳои ӯ  ва гузашта аз ин, аз рафтори амалии  ӯ  бараъло маълум буд, ки марҳум ҳамеша ҷонибдори сохтори давлатдории дунявӣ ва демократӣ буд.

Мавқеъгирии интиқодии ҳамсари марҳуми ман нисбат ба ниҳодҳои давлатӣ аз мавқеъгирии ифротгароёнаи ҲНИ, ки аз бунёд бо сохтори давлатдории милливу дунявии мо муқобил буда, тарафдори таъсиси давлати диние чун давлатҳои исломии минтақа дар Тоҷикистонанд, куллан тафовут дошт. Набояд гумон кард, киҳар шахси дилсӯзу ғамхори миллат, ки гоҳе ба хотири ислоҳи нуқсонҳои ҷузъии ҷойдоштаи ҷомеаи мо сару садо баланд мекунад, мухолифи давлати демократии мост ва гузашта аз ин бо ҳизби беобрӯе чун ҲНИ ҳамсӯву ҳамқадам аст.

Худ қазоват кунед, ки кадом рафтор ва кирдори ҳамсари марҳуми ман бо бунёдгароии  диниву мазҳабӣ ва аъмоли мутаассибонаву дунявиситезонаи наҳзатиҳо умумият дорад? – Ҳеҷ кадом. Ӯ зане буд табиатан озода ва озодманиш. Бо ҳеҷ банду басте ва маҳдудияте сари созиш надошт. Чӣ расад ба таассубгароиву мазҳабгароӣ. Мантиқи зиндагии озодманишонаи ҳамсари ман ва умуман, ҳаёти хонаводагии мо худ далели рӯшану ғайри қобили инкори ин масъала аст. Ӯ либоси аврупоӣ мепӯшид. Дар маърифатнокӣ, илмомӯзӣ, савод, аз ҳама муҳим, фарҳанги андеша, гуфтор ва рафтор бо ҲНИ-чиҳои ДОИШмаоб аслан дар муқоиса набуд. Дар ин ҳолат, ӯ чӣ гуна метавонист аз террористҳо пуштибонӣ кунад?

- Баъзе аз наҳзатиҳо далел оварданӣ мешаванд, ки пайваста бо марҳум алоқаи телефонӣ доштаанд, шодравон аз хатти сиёсии наҳзатиҳои ифротӣ гӯёÂ ҳимоят мекардааст ва ба онҳо тавсияҳоиҳуқуқӣ медодааст…

- Ман дар ҳайратам, ки бо вуҷуди ин ҳама тафовутҳо дар муносибат, баъзе аъзои созмони террористии ба истилоҳмухолифини гурезаи хиёнаткор тарзе мавқеъгирӣ мекунанд, ки гӯёҳамсари ман бо онҳо ҳамақидаву  ҳамсӯ  буд.  Бадбахтӣ он аст, ки бо ин гуна кирдор онҳо аҳли оилаи мо, фарзандони моро бадном карданӣ мешаванд. Аллакай дарк кардам, ки онҳо бо баҳонаи изҳори ҳамдардӣ ба хонаводаи мо, аслан пайи бардоштани баҳраи сиёсӣ барои аъмоли ватанфурӯшонаи худашон  машғуланд. Аз мусибати хонаводагии мо ба нафъи худ ҳангома сохтан мехоҳанд. Зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки ашхосе чун Юнуси Истаравшанӣ,  А. Бобоев ва И. Ёқубов  аз марги ҳамсари ман на фақат ғамгин нестанд, балки ин қазияро хурсандона, ҳамчун фурсати муносибе, ки интизораш буданд, барои сиёҳ кардани давлатдории тоҷикон  истифода бурдан мехоҳанд. Дар вобастагӣ бо марги ҳамсарам онҳо парвое надоранд, дарди фироқ ва сӯзи хонаводагии мо барои онҳо аҳамияте надорад. Муҳим барояшонҳангомасозӣ мебошад, барои худашон ва содалавҳоне, ки мутаассифона дар ҷомеа кам нестанд.

- Шумо дар бораи чунин ашхосе, ки ҳатто рӯзи мусибати дигаронро низ ба нафъи худ истифода бурдан мехоҳанд, чӣандеша доред ва ба онҳо чӣ гуфтан мехоҳед?

- Фикр мекунам, ки онҳо тӯдае манфиатҷӯ ва фурсатталаб ҳастанд, аз ҳама чӣ ва ҳама лаҳза ба нафъи худ фоида бурдан мехоҳанд. Инқабил ашхос бо вуҷуди иддаоҳои ҳамешагиашон дар бораи арзишҳои динӣ наметавонанд ба ягон арзиши муқаддасе сидқан эътиқодманд бошанд. Онҳо фақат дар пайи манфиатҷӯӣ ва ҷоҳуҷалоли хешанд. Бубинед, ҳатто аз марги ҳамсари ман ва мусибати хонаводагии мо ба нафъи худ истифода карданианд. Ба ин хотирҳатто омодаанд, ки як марги табииро марги иҷборӣ дар назари атрофиён таҷассум намуда, аз мусибат  саҳнаи  сиёсӣ созанд. Куҷост адолату инсоф?Â Â Оё инсони ҳақиқатан боимон метавонад чунин коре анҷом диҳад? Не! Имону инсофи онҳо танҳо дар забонашон ҳаст. Онҳо умре бо фурӯши имону виҷдон, ватану миллат рӯз гузаронидаанд ва ин амали ғайриинсониашонро идома медиҳанд. Ин фурсатталабон ҳатто дар он дунёÂ ҳамсари маро ором гузоштанӣ нестанд. Шарм надошта мегӯянду менависанд, ки: «Бону аз саломатӣ шикоят надоштанд». Онҳо дарду ранҷиҳамсарам, бедорхобиҳо, шабзиндадориҳои бандаро надидаанд,ҳайронам, ки чаро чунин менависанду, ноҷавонмардона дурӯғмебофанд, ки бо ҳамсарам гуфтугӯи телефонӣ анҷом медодаанд.Ҳайф бар шумо эй номусулмонон, ки нисбати як майит, ки дигар ба шумо посух дода наметавонад, чунин ҳарфҳо мегӯеду дар ҷомеа бадномаш месозед. Дар куҷост мусулмонии шумо? Агар нисбати занони шумо ҳамчунин ҳарфҳоро раво бинанд, худро чӣ нав ҳис мекунед?

То кай аз мусибати мардум манфиат меҷӯед? Аз ҷанозаи мардум барои худ василаи худнамоӣ месозед? Чунонки то қабули  қонуни танзим дар сари ҷанозаҳо барои пораи  матоъ ва қолине омода будед, ки гиребони  якдигарро гирифта рӯйи ҳамро ханҷол кашед, имрӯз бо шеваи дигар, бо пеш овардани мурдаи касон мехоҳед киса пур кунед.

- Маъзарати зиёд, ки бо тақозои муқаррароти касбӣ маҷбурам аз Шумо саволеро бипурсам, ки бешак боиси ёдовар шудани рӯзҳои охирини ҳаёти ҳамсаратон ва тоза шудани оташи ғаму андӯҳ дар дили Шумо мегардад. Оё ин иддао воқеият дорад?

- Бидуни шубҳа  ин иғвобарангезӣ  бо мақсади  гумроҳ  кардани мардум, ҳадафмандона анҷом дода мешавад. Наҳзатиҳо бори аввал нест, ки дар ғами мардум ин гуна хурсандӣ ва ҳангомаҷӯию шодмонӣ мекунанд. Ману фарзандонам ҳам барояшон ҷузъе азҳамин мардумем.

Асли воқеаи беморӣ ва марги ҳамсари ман  чунин аст: Марҳум бемории куҳнашудаи “Гепатит Б” дошт.  Солҳо ин  беморӣ  ӯро азоб  медод.  Моҳи декабр бемории ҳамсарам авҷ гирифт, то ҳадде, ки   боиси хунравии дарунӣ гардид. Мо дар таърихи 20-уми декабрӯро ба беморхонаи хусусии назди беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд бурдем ва  дар он ҷо ба муҳлати чор рӯз  бистарӣ буд. Хунравии  шадиди сурхрӯда  ӯро бисёр азият медод. Илова ба  ин, таъсири шамолкашии  шуш низ вазъашро бадтар кард.  25-уми декабр бинобар вазнин шудани аҳволи саломатиаш, ба шуъбаи эҳёи беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуд ва дар он ҷо то 03-юми январи соли ҷорӣ табобат гирифт. Баъди андаке беҳтар шудани вазъи саломатиаш  ман ӯро ба беморхонаи Бобоҷон Ғафуров овардам. Мутаассифона, дар ин ҷо нисфи шаб боз бемориаш аз нав авҷ гирифт ва табибон бо тамоми ҷаҳду кӯшиш натавонистанд ӯро аз марг наҷот диҳанд.

- Ташаккур, акаи Ғайратҷон, ки дар чунин рӯзҳои талхи ҳаёт хоҳиши моро рад накардед ва  ба суолҳои мо ва хонандагон посух гуфтед.

- Ҳоҷати узрхоҳӣ нест. Ман худ низ аз ин ҳангомасозиҳо, сӯиистифода кардани баъзе ашхос аз реҳлати ҳамсарам сахт нороҳат будам. Худро дар назди рӯҳи  ӯ  масъул медонистам, ки ҳақиқатро дар бораи охирин рӯзҳои ҳаёташ бигӯям ва нагузорам, ки касе ё гурӯҳе арвоҳи поки  ҳамсари  покниҳоди маро боҳадафҳову ғаразҳои нопоки худ нороҳат созад.

Ман домангир аз муаллифони мақолаҳо нестам.Ин қабил одамон нонгадо буданд, охир ватангадо шуданд. На танҳо дар мурдаиҳамсари ман, балки дар ҳар мусибати хурдтарини Тоҷикистон ин ифротиҳо хурсандӣ, рақсу бозӣ мекунанд. Ин хел қавм, ин хел тоифа, ин хел бадгавҳарҳо фақат худи инҳо ва ҳамин доишиҳоҳастанд. Мусибати дигарон барои онҳо бозори савдост. Сину соли ман ҳам ба ҷое расидааст. Онҳо ҳам зану фарзанд доранд. Андеша кунанд. Худо болои сари мост. Бад кардӣ, бадгӯӣ кардӣ, туҳмат раво дидӣ, худат онро мебинӣ.

Ҳамсари ман зане буд, ки арзишҳои волое дошт ва волотаринаш ватанпараст будани ӯ буд. Агар бо ин хиёнаткорон ҳамроҳ мебуд, метавонист озод ба кишварҳои аврупоӣ рафта, чун ин бешарафон бо сиёҳ кардани зоду буми хеш  машғул шавад. Вале дар Ватан буд. Шарафмандона зист, ба қадри тавони худ барои ҳамватанону барои Ватани худ хидмат кард. Ӯ Тоҷикистонро садоқатмандона дӯст медошт.

- Ташаккур,  акои Ғайратҷон, орзумандем, ки равони ҳамсаратон шод ва хонаи охираташон обод бошад.

Мусоҳиб Найима Салимхоҷаева, шаҳри Хуҷанд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шавҳари Файзинисо Воҳидова: Дар марги ҳамсари ман дойира нанавозед!