Хабарҳо
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.06.2019 17:09
Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии модарон дар Ваҳдат аст!» - 20.06.2019 16:53
Дар Хуҷанд таҳти унвони "Ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон:таърих ва замони муосир" конфронс доир мешавад - 20.06.2019 15:15
Суғд: Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:19
Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:02
Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд - 19.06.2019 16:44
Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад - 19.06.2019 13:39
Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» - 19.06.2019 11:21
Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 17.06.2019 15:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд - 19.06.2019 08:40

Дар Панҷакент сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47 оғоз ёфт

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

9 январи соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Панҷакент ба бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47 санги асос гузошт.

Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ ва зимни суҳбат бо устодони муассисаи таълимӣ ва кормандони соҳаи маорифи шаҳр Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид дошт, ки дар мамлакат ба соҳаҳои илму маориф эътибори махсус дода мешавад. Рушди соҳаҳои илму маориф омили асосии пешрафти ҳар давлат маҳсуб меёбад ва бо назардошти ин нуктаи муҳим роҳбарияти вилоят ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Таъкид гардид, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари вилоят беш аз 6000 иншооти гуногун, аз ҷумла даҳҳо иншооти соҳаи маориф низ бунёд мегардад, ки ба рушди соҳа ва беҳтар шудани шароити таълиму тарбия мусоидат хоҳад кард.

Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47 бо 640 ҷойи нишаст сохта мешавад ва фармоишгари иншоот Корхонаи муштараки “Зарафшон” буда, пудратчӣ ҶДММ “ПМК 278” мебошад.

Тибқи лоиҳа бинои нави таълимӣ аз се ошёна иборат буда, дорои ошхона, маҷлисгоҳ ва утоқҳои ёрирасон мебошад.

Дар ин рӯз Раиси вилоят ҳамзамон бо ҷараёни корҳои сохтмонии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72 аз наздик шинос гардида, ҷиҳати тақвияти корҳо ба масъулин супоришҳо дод. Тавре мушоҳида гардид, сохтмони бинои нав дар ин муассисаи таълимӣ тибқи нақша идома дорад.

Ёдовар бояд шуд, ки бинои нави мактаби рақами 72 низ барои 640 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд






Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Дар Панҷакент сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47 оғоз ёфт