Хабарҳо
Маҷмааи истироҳатию фароғатии соҳили чапи дарёи Сир ба фаъолият оғоз кард - 25.06.2019 17:19
Оғози сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанд - 25.06.2019 16:40
Маросими ифтитоҳи навбати дуюми корхонаи «Норд Азия Металл» - 25.06.2019 07:41
Ифтитоҳи сехи истеҳсоли мағз ва бандубасти хушкмеваҳо дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен ​ - 25.06.2019 08:14
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии “Фаридаи Тағояк” - 25.06.2019 09:53
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди гармхонаи гидропоникӣ-инноватсионӣ дар ноҳияи Спитамен - 25.06.2019 09:56
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар ноҳияи Спитамен - 25.06.2019 13:42
Оғози мумфаршкунии роҳи Сарбанд – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 25.06.2019 13:45
Баргузории ҷамъомади идона ба муносибати 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 25.06.2019 15:17
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Лахш - 25.06.2019 15:26

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Соли нави мелодӣ чанде аз собиқадоронро аёдат намуд

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Соли нави мелодӣ ва зимни сафарҳои корӣ ба шаҳрҳои Исфара, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як қатор собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раиси вилоят аз ҷумла дар шаҳри Бӯстон собиқадори меҳнат ва  ходими сиёсӣ Оқил Оқиловро аёдат карда, мавсуфро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуд. Дар аснои суҳбат Раиси вилоят аз роҳи тайкардаи Оқил Оқилов ёдовар шуда, саҳми ӯро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ назаррас арзёбӣ кард. Оқил Оқилов солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда, аз ҷумла то замони ба нафақа баромаданаш дар вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдааст.

Раиси вилоят ҳамзамон аз ҳоли собиқадорони меҳнат аз шаҳри Исфара Лидя Қосимова ва Бону Солиева, собиқадор аз шаҳри Бӯстон Ҷӯра Шокиров ва собиқадор аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Санавбар Мирхолиқова хабар гирифта, онҳоро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфт ва ба ҳар кадоме кӯмакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Соли нави мелодӣ чанде аз собиқадоронро аёдат намуд