Хабарҳо
Наврӯз ва ифротгароӣ - 23.03.2019 22:50
Наврӯз - 23.03.2019 22:46
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе - 23.03.2019 10:01
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд /АКСҲО/ - 21.03.2019 15:56
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе - 21.03.2019 14:32
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд - 21.03.2019 13:29

ПАЁМИ ТАБРИКИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони конфронсҳои илмии байналмилалӣ ба муносибати 400-солагии Сайидои Насафӣ ва 550-солагии Наҷмиддини Кавкабӣ

( 0 Овоз )

13 декабр дар  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ таҳти  унвони   «Миробид Сайидои Насафӣ ва таҳаввулоти фарҳангию адабии Мовароуннаҳр» бахшида  ба 400-солагии ин  суханвар ифтитоҳ гардид. Дар оғози конференсия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳли илм қироат намуд.

Дар зер матни пурраи Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иштирокдорони конференсияҳои илмии байналмиладлӣба муносибати 400-солагии Сайидои Насафӣ ва 550-солагии Наҷмиддини Кавкабӣ  пешниҳоди хонандагон менамоем.

Паёми табрикии

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

ба иштирокдорони конфронсҳои илмии байналмилалӣ

ба муносибати 400-солагии Сайидои Насафӣ

ва 550-солагии Наҷмиддини Кавкабӣ

13-14 декабри соли 2018

Баргузории чорабиниҳои илмӣ бахшида ба бузургдошти нобиғаҳои илм, адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо, арҷгузорӣ ва ҳифзи мероси адабӣ, фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумат ва давлати Тоҷикистони соҳибихтиёр ба шумор меравад.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018 имсол дар саросари кишвар санаҳои таърихии 550 — солагии мусиқидон, шоир ва навозандаи тоҷик Наҷмиддини Кавкабӣ ва 400 — солагии суханвари бузурги тоҷик Сайидои Насафӣ ҷашн гирифта мешаванд. Ин қарори моро низ Бунёди илму маориф ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) дастгирӣ намудааст.

Сайидои Насафӣ дар шаҳри бостонии Насаф ба дунё омада, давраи омӯзишу эҷодиёташ дар Бухоро ҷараён гирифтааст ва дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Сайидои Бухороӣ низ ёд шудааст. Сайидои Насафӣ аз худ осори баландмазмуни фаровон мерос гузоштааст, ки онҳо аз ҷумлаи дурдонаҳои таърихи адабиёти тоҷик ба ҳисоб мераванд. Мероси адабии Сайидои Насафӣ, ки ба шакли куллиёт ва девони ашъор то замони мо расидааст, аз ғазалиёт, қасидаву маснавиҳо, мухаммасу мусаддас, рубоиёту қитъаҳо, асарҳои тамсилии «Баҳориёт» ва «Шаҳрошуб» иборат мебошад. Сайидои Насафӣ дар ғазал анъанаҳои шоирони маьруфи гузаштаро давом дода, ба мавзӯъ, мазмун ва шакли онҳо тозакорӣ дохил кардааст.

Ҳамзамон, мусиқӣ дар таърихи тамаддуни тоҷикон яке аз навъҳои бостониву пурарзиши эҷодиёти бадеӣ ва мероси фарҳангӣ мебошад. Ҳунари бадеию зебоишиносӣ дар масири таърих тавассути устодони соҳибсабку соҳибмактаб ва донандагону меросбарони асил аз насл ба насл ва аз устод ба шогирд гузаштааст, ки яке онҳо мусиқидон, шоир ва навозандаи маъруфи тоҷик Наҷмиддини Кавкабӣ мебошад. Наҷмиддини Кавкабии Бухороӣ (1468-1532) дар замони хеш аз чеҳраҳои номдори адабию ҳунарӣ маҳсуб шуда, дар таҳқиқи мусиқӣ эътибори зиёд доштааст. Ӯ мактаби мусиқии Бухороро роҳбарӣ намуда, оид ба мусиқии тоҷик якчанд рисолаҳо таълиф кардааст, ки арзишмандтаринашон «Рисолаи мусиқӣ», «Рисола дар баёни Дувоздаҳмақом», «Куллиёти Дувоздаҳмақом», «Назми Дувоздаҳмақом» ба ҳисоб меравад.

Бовар дорам, ки дар кори конфронсҳо олимон ва донишмандон паҳлуҳои ҳанӯз таҳқиқнашудаи ҳаёт ва эҷодиёти Сайидои Насафӣ ва Наҷмиддини Кавкабиро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба аҳамият ва моҳияти осори гаронмояи онҳо дар рушди адабиёт ва фарҳанги тоҷик фикру андешаҳои худро баён менамоянд.

Ба иштирокдорони конфронсҳо барори кор орзу менамоям.

ПРЕЗИДЕНТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН                     ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид ПАЁМИ ТАБРИКИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони конфронсҳои илмии байналмилалӣ ба муносибати 400-солагии Сайидои Насафӣ ва 550-солагии Наҷмиддини Кавкабӣ