Хабарҳо
Суғд: Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:19
Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:02
Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд - 19.06.2019 16:44
Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад - 19.06.2019 13:39
Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» - 19.06.2019 11:21
Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 17.06.2019 15:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд - 19.06.2019 08:40
Боздиди Раиси вилоят аз Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат” ​ - 18.06.2019 18:02
Саҳми кормандону ҳунармандони Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар рушди санъати миллӣ назаррас аст - 18.06.2019 16:27
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни насби таҷҳизот дар зеристгоҳи барқии ”Темурмалик” - 18.06.2019 15:37

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо Хуан Сзян Чун

( 3 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Нимаи дуюми рӯзи 13-уми декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода президенти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати чинӣ оид ба захираҳои Хай Чен” Хуан Сзян Чун ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози суҳбат ҷонибҳо вобаста ба ҳамкориҳои судманди миёни ду кишвари ба ҳам дӯст - Тоҷикистону Чин ибрози назар намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки бо шарофати сиёсати дурнигаронаи сарони олии ду мамлакат ҳамкориҳо дар ҳамаи бахшҳо беш аз пеш рушд меёбанд. Соҳои охир бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар мамлакат рушди соҳаи саноати металлургӣ таъмин гардида, корхонаҳои нав ба кор дароварда шуд, ки дар ин замина истихроҷ ва коркарди маъдан то ба ҳадди ниҳоӣ расид ва ин иқдом дар рушди иқтисоди миллӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд. Бунёди корхонаҳои муштараки азими саноатӣ, аз ҷумла бунёди силсилаи корхонаҳои Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд самараи амалишавии иқдомҳои наҷиби ду ҷониб дониста шуд.

Раиси вилоят дар аснои суҳбат оид ба фаъолияти корхонаи «Зарнисор», воқеъ дар шаҳри Гулистон, ки ба истихроҷ ва коркарди маъдани руҳу сурб ва мис машғул аст, андешаҳояшро баён намуд. Гуфта шуд, ки корхонаи мазкур дар рушди иқтисоди шаҳри Гулистон мавқеъи устувор мегузорад.

Дар идома Раиси вилоят масъалаи боз ҳам фаъол намудани Корхонаи металлургии Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Хитой, воқеъ дар шаҳри Истиқлолро ба миён гузошт. Зеро дар ин корхона шумораи зиёди мутахассисони хориҷиву маҳаллӣ фаъолият доранд ва тақвият ёфтани фаъолияти корхона хеле муҳим мебошад. Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой уҳдадорӣ гирифтааст, ки дар шаҳри Истиқлол як кӯдакистони замонавӣ бунёд намуда, ҳамзамон роҳи мошингарди Бӯстон-Зарнисорро таъмир намояд. Бо ёдоварӣ аз уҳдадориҳои корхона таъкид шуд, ки Ширкат дар соли равон барои корҳои ободонӣ ва таъмиру тармими бинои муассисаҳои тандурустӣ ва дигар соҳаҳо дар шаҳри Гулистон ҳиссаи арзанда гузоштааст.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой дар оянда низ ташаббусҳои созандаи худро идома медиҳад ва барои баланд бардоштани ҳаҷми маоши кормандони корхона ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот тадбирҳои судмандро амалӣ мекунад.

Хуан Сзян Чун барои истиқболи гарму самимӣ ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода миннатдорӣ баён дошт ва оид ба фаъолияти минбаъдаи Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой маълумоти муфассал дод. Зикр гардид, ки аз ҷониби ин ширкат дар оянда боз як корхонаи азими саноатии коркарди металҳои ранга сохта ба истифода дода мешавад, ки барои таъсиси ҷойҳои корӣ муосидат мекунад.

Дар мулоқот инчунин доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо Хуан Сзян Чун