Муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом

( 0 Овоз )

Рӯзи 13 декабри соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр баргузор шуд.

Зимни муаррифӣ таъкид гардид, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2018 Ғайбулло Боҳирӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Конибодом озод ва Зафарбек Давлатзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом таъин карда шуд.

Зафарбек Давлатзода филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро соли 1996 хатм намудааст. Ихтисосаш муҳандис-механик буда, дар гузашта дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла сардори КВД Канали Хоҷа-Боқирғон ва сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров фаъолият намудааст. Аз соли 2016 то декабри 2018 вазифаи сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоятро ба уҳда дошт.

Раиси вилоят аз хизматҳои Ғайбулло Боҳирӣ, ки тӯли 4 сол роҳбарии шаҳрро ба зимма дошт, ёдоварӣ намуд ва ба иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода барору комёбиҳо таммон кард.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон нишондиҳандаҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳрро таҳлил карда, ба роҳбарияти шаҳр ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, афзун намудани дастовардҳои меҳнатӣ, бунёду ба истифодадиҳии иншооти муҳими иҷтимоӣ супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд