Хабарҳо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Факултаи фаъолияти фаврӣ — ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд - 22.11.2019 16:25
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд - 22.11.2019 16:24
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд - 22.11.2019 16:23
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Табассуми офтобак»-ро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд - 22.11.2019 16:22
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.11.2019 14:13
Дар гузаргоҳҳои сарҳадии «Фотеҳобод»-и ноҳияи Мастчоҳ ва «Саразм»-и шаҳри Панҷакент нуқтаҳои нави хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ ба истифода дода шуд - 22.11.2019 11:00
«Муҳоҷират ва сирояти Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)» - баргузории мизи мудаввар дар Истаравшан - 22.11.2019 10:55
Дар нишасти 177-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” аз Абдулманнон Насриддин ёдоварӣ карданд - 22.11.2019 10:44
ТОҶИКИСТОН ДУЮМИН КИШВАРИ АМНТАРИНИ ҶАҲОН ДОНИСТА ШУД! Пажӯҳиши Маркази таҳлилии амрикоӣ Gallup - 22.11.2019 10:33
Дар доираи ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» ба 10 нафар кӯдакони маъюб туҳфаҳо тақдим шуд - 22.11.2019 08:49

Ашуралӣ Ҷалилзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон таъин гардид

( 1 Овоз )

Видео :Ашуралӣ Ҷалилзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон таъин гардид Нимаи дуюми рӯзи 12 декабр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон доир шуд.

Тавре зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2018 Умар Ёқубзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон озода карда шуда, ба ҷойи ӯ Ашуралӣ Ҷалилзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба Умар Ёқубзода, ки солҳои роҳбарии худ ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни ноҳия саҳмгузорӣ намудааст, изҳори ташаккур намуда, ба Ашуралӣ Ҷалилзода дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барори кор таманно намуд. Ҳамзамон дар назди роҳбарияти ноҳия баҳри тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ва истиқболи шоистаи ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Ашуралӣ Ҷалилзода 10 марти солои 1970 таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Академияи хоҷагии халқи хизматчиёни давлатӣ дар назди Президенти Федератсияи Россия мебошад. Мавсуф дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла раиси Кумитаи замини ноҳияи Спитамен ва роҳбари намояндагии КВД Хоҷагию манзилию коммуналӣ дар вилояти Суғд кор кардааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ашуралӣ Ҷалилзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон таъин гардид