Хабарҳо
Иран может повторить судьбу ливийского лидера Каддафи - 16.01.2019 17:19
Маросими муаррифии муовини Раиси вилоят - 16.01.2019 16:41
Қарори Раиси вилоят Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 16.01.2019 14:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ҶДММ “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” Вен Ю Дао - 15.01.2019 16:26
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” - 16.01.2019 10:29
Раиси вилоят бо лоиҳаи бино ва иншоотҳои дар ҳудуди шаҳри Истаравшан сохташаванда шинос шуд - 15.01.2019 16:22
Ифтитоҳи корхонаи ордбарории ҶДММ “Тоҷикистон” дар Истаравшан - 15.01.2019 16:24
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990» - 16.01.2019 08:42
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990 - 16.01.2019 08:40
Дар Истаравшан бинои панҷошёнаи истиқоматӣ ва маркази хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт - 15.01.2019 16:19

Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванд

( 0 Овоз )

Баъд аз фош гардидани ҷинояткорию терроризми ТТЭ ҲНИ якчанд нафар роҳбарону масъулони он аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар Аврупо панаҳ бурдаанд.

 Аммо бо вуҷуди ошкор гардидани мақсаду мароми бадхоҳонаашон, аз самти фаъолияти тахрибкорона ва душманӣ варзидан бо ватану миллати худ даст накашидаанд. Аз ҳар фурсату имконияте истифода бурда, Ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро бадном карданӣ мешаванд.

Ташкил кардани гирдиҳамоӣ дар шаҳри Берлини Олмон амали навбатии иғвогаронаи наҳзатиҳост, ки аз номи ташкилоти ба ном “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ” анҷом медиҳанд. Дар асл, ба ҳама маълум аст, ки дар Тоҷикистон ягон хел зиндонии сиёсӣ мавҷуд нест. Он маҳбусонеро, ки наҳзатиҳо “зиндонии сиёсӣ” меҳисобанд, ҷинояткорон мебошанд ва баъди исботи гуноҳҳояшон мӯҳлати ҷазои худро адо мекунанд.

Аммо мақсади асосии ташкили гирдиҳамоии наҳзатиҳо он аст, ки худро дар назди ташкилотҳои аврупоӣ ҷабрдидаю бечора нишон диҳанд. Дар назди чунин созмонҳо нишон диҳанд, ки гӯё мавриди таъқибот барои фаъолияти сиёсиашон қарор гирифтаанд, то аз Олмон хориҷашон накунанд.

Аммо дер нест он рӯзе ки олмониҳо ва дигар аврупоиҳо ҳам аз мақсаду маром ва нақшаҳои хабисонаи наҳзатиҳо хубтар огоҳ мегардаднд. Он гоҳ аҳволи ин ҷинояткорони хоини ватан табоҳ хоҳад шуд.Мақомоти Олмон ва кишварҳои дигари Аврупоро зарур аст, ки хатари ин гуруҳи табоҳкорро дурусттар дарк намоянд ва барои дастгир кардану ба ҷавобгарӣ кашиданашон мусоидат намоянд. Дар акси ҳол як рӯз не як рӯз дар Аврупо ҳам бадии наҳзатиҳо ба мардум мерасад.

Мутмаин ҳастем, ки кулли тоҷикистониҳо бо чеҳраи аслии ТТЭ ҲНИ  шиносанд ва ҳаргиз ба ҷамъомади ҷинояткоронаи онҳо намепайванданд.

 


 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванд