Хабарҳо
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.06.2019 17:09
Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии модарон дар Ваҳдат аст!» - 20.06.2019 16:53
Дар Хуҷанд таҳти унвони "Ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон:таърих ва замони муосир" конфронс доир мешавад - 20.06.2019 15:15
Суғд: Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:19
Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:02
Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд - 19.06.2019 16:44
Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад - 19.06.2019 13:39
Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» - 19.06.2019 11:21
Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 17.06.2019 15:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд - 19.06.2019 08:40

Дар соҳилҳои Сирдарё ба бунёди ду тарабхонаи замонавӣ санги асос гузошта шуд

( 1 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бо мақсади муаррифии зарфиятҳои соҳаи сайёҳиву ҷалби сайёҳону гардишгарон ба кишвари офтобрӯяи Тоҷикистон дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд инфрасохтори зарурӣ бунёд карда мешавад.

Дар идомаи тадбирҳои судманд ва дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд ба бунёди тарабхонаи замонавии брендӣ - "Фарел" санги асос гузошт.

Раиси вилояти Суғд аз иқдоми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Фарел" ҷиҳати бунёди тарабхона хуш истиқбол намуда, илова кард, ки сохтмони чунин иншоот дар соҳили дарёи Сир ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат мекунад.

Бояд қайд кард, ки бо ташаббуси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Фарел" дар ҳамин мавзеъи Сирдарё то мавсими нав шиногоҳи замонавӣ низ бо тамоми шароити зарурӣ омода карда хоҳад шуд. Вобаста ба ин, Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки корҳои ободонӣ дар шиногоҳ  вусъат бахшида шавад.

Ба таъкиди Раиси вилоят минбаъд дар соҳили дарёи Сир, ки аз мавзеъҳои хушманзараи маркази вилоят маҳсуб меёбад, меҳмонхона ва тарабхонаҳои замонавӣ сохта хоҳад шуд. Дар ин раванд роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва дигар сохторҳои марбута вазифадор карда шуданд, ки барои тоза нигоҳ доштани соҳили дарё тадбирҳои муассир андешанд.

Мувофиқи лоиҳа тарабхонаи замонавии  "Фарел" бо харҷи бештар аз 4 миллион сомонӣ бунёд мегардад. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур ҳудуди 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд.

Сипас, Раиси вилоят дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази вилоят ба бунёди қаҳвахона ва тарбхонаи "Темурмалик" санги асос гузошт.

Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар соҳили дарёи Сир бо маблағгузории соҳибкор Абдурашид Раҷабов сохта мешавад. Қаҳвахона ва тарбхонаи "Темурмалик", ки ба киштӣ шабоҳат дорад, бо харҷи зиёда аз 2 миллион доллар бунёд хоҳад шуд. Соҳибкор Абдурашид Раҷабов имрӯзҳо дар кишвари Қазоқистон кору фаъолият дорад ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ иқдом гирифтааст, ки барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди иншооти мухталиф ва ободонии ватан ҳиссаи арзанда гузорад. Бунёди роҳи танобӣ дар Хуҷанд низ аз ҷониби ин соҳибкор амалӣ шуда истодааст, ки бешак барои рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Дар соҳилҳои Сирдарё ба бунёди ду тарабхонаи замонавӣ санги асос гузошта шуд