Хабарҳо
Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ нашрияи нави худро аз чоп баровард - 11.12.2018 12:16
М и т и н г ё эҳсони Гобсек - 2 - 11.12.2018 12:07
Мастчоҳ. Баррасии вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат - 11.12.2018 11:01
Пирӯзии Ҳанифа Валиева дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” - 11.12.2018 10:47
Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018»насиби Муродҷон Ҳaйдаров гардид - 11.12.2018 10:42
Наҳзатиҳо барои пуштибонӣ аз ДИИШ дар Берлин гирдиҳамоӣ баргузор мекунад - 11.12.2018 09:21
ИЗҲОРОТИ ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ ЭРОН ВОБАСТА БА ГИРДИҲАМОИИ “НАҲЗАТИЁН” ДАР ОЛМОН - 11.12.2018 09:15
Маҳфили ҷавонони тоҷикистонӣ дар Германия: «Аз номи тоҷикони муқими Аврупо сухан гуфтани як тӯдаи ифротгароёнро қабул надорем! » - 11.12.2018 00:49
АЗ НОМИ ТОҶИКОНИ МУҚИМИ АВРУПО СУХАН ГУФТАНИ ЯК ТУДАИ ИФРОТГАРОЁНРО ҚАБУЛ НАДОРЕМ! - 11.12.2018 00:47
БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД - 10.12.2018 22:19

Бунёди бинои нави Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

Видео :Бунёди бинои нави Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт Субҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар микроноҳияи 27-уми шаҳри Хуҷанд ба бунёди бинои нави Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Хуҷанд санги асос гузошта шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар ҳузури кормандони мақомоти милитсия ва фаъолони шаҳр изҳор дошт, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 18 шаҳру навоҳӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷараён дошта, то соли 2021 беш аз 6 000 иншооти гуногун сохта мешавад. Айни замон дар иншоотҳои ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ бо маблағгузорӣ аз тамоми сарчашмаҳо мувофиқи нақша идома дорад.

Раиси вилоят таъкид намуд, ки дар асоси нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд роҳҳои мошингарди маркази вилоят васеъ гардонида хоҳад шуд. Дар ин замина ба нақша гирифта шуд, ки бинои Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Хуҷанд дар майдони як гектар дар микроноҳияи 27-уми шаҳр сохта шавад. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, бинои мазкур аз таҳхона ва се ошёна иборат мебошад. Ҳамзамон дар ин мавзеъ сохтмони бинои шуъбаи шиносномадиҳӣ ва ошхонаи замонавӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Раиси вилоят дастур дод, ки роҳҳои ин минтақа обод ва ба таври замонавӣ чароғон карда шавад. Бо беҳтар шудани шароити корӣ кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар иҷрои рисолати худ ва таъмини бехатарии ҳаракати роҳу нақлиёт боз ҳам масъулияти бештар эҳсос мекунанд.

Баъди муаррифии лоиҳаи иншооти сохташаванда собиқадорони мақомоти милитсия барои таваҷҷуҳ ва ғамхории рӯзафзун ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд. Гуфта шуд, ки ин иқдоми наҷиб дар баробари фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ дар ободу зебо гардидани маҳаллаи навбунёди "Ваҳдат" замина фароҳам меоварад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд






Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Бунёди бинои нави Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт