Хабарҳо
Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ нашрияи нави худро аз чоп баровард - 11.12.2018 12:16
М и т и н г ё эҳсони Гобсек - 2 - 11.12.2018 12:07
Мастчоҳ. Баррасии вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат - 11.12.2018 11:01
Пирӯзии Ҳанифа Валиева дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” - 11.12.2018 10:47
Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018»насиби Муродҷон Ҳaйдаров гардид - 11.12.2018 10:42
Наҳзатиҳо барои пуштибонӣ аз ДИИШ дар Берлин гирдиҳамоӣ баргузор мекунад - 11.12.2018 09:21
ИЗҲОРОТИ ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ ЭРОН ВОБАСТА БА ГИРДИҲАМОИИ “НАҲЗАТИЁН” ДАР ОЛМОН - 11.12.2018 09:15
Маҳфили ҷавонони тоҷикистонӣ дар Германия: «Аз номи тоҷикони муқими Аврупо сухан гуфтани як тӯдаи ифротгароёнро қабул надорем! » - 11.12.2018 00:49
АЗ НОМИ ТОҶИКОНИ МУҚИМИ АВРУПО СУХАН ГУФТАНИ ЯК ТУДАИ ИФРОТГАРОЁНРО ҚАБУЛ НАДОРЕМ! - 11.12.2018 00:47
БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД - 10.12.2018 22:19

Ба 60 нафар занони ҳунарманд 420 000 сомонӣ грантҳои Раиси вилоят супорида шуд

( 0 Овоз )

5 декабри соли 2018 дар Қасри Арбоб маросими супоридани грантҳои Раиси вилояти Суғд ба занони ҳунарманд баргузор шуд ва ба 60 нафар бонувон 420 000 сомонӣ грант тақдим гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ дар маросими супоридани грантҳо иброз дошт, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону модарон соҳибмақом ва соҳибмаърифату соҳибҳунар гардида, дар баробари ин рисолати хешро бобати дар рӯҳияи баланди меҳанпарастию ватандорӣ, худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани фарзандон ва насли наврас сарбаландона иҷро мекунанд.

Таъкид гардид, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои занон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ якчанд Қонуну фармонҳо ва Стратегияву Барномаҳои давлатӣ ба тасвиб расида, бомуваффақият амалӣ шуда истодаанд.

Дар ин радиф ҷиҳати дастгирии занони ҳунарманду эҷодкор пайваста тадбирҳои ҳадафманд андешида мешаванд.

Аз ҷумла, аз соли 2006 инҷониб дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ҳар сол барои рушди соҳибкории хурду миёна, ба касбомўзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ Грантҳои Президентӣ ҷудо карда мешаванд, ки масъулияти татбиқи он ба донишу хирад ва малакаи занон ва духтарон иртибот дорад.

Чунончӣ, ҳамасола, аз ҷониби Сарвари давлат танҳо барои рушди соҳибкории занон Грантҳои Президентӣ ба маблағи аз 10 то 40000 сомонӣ ҷудо мегардад, ки дар ин озмун бонувони вилоят низ ширкат намуда, соҳиби грантҳо мегарданд. Соли гузашта 15 нафар ва соли равон 13 нафар бонувони вилоят бо манзури лоиҳаҳои худ сазовори Грантҳои Президентӣ гаштанд.

Дар ин радиф, солҳои охир дар вилоят низ грантҳои Раиси вилоят ҷиҳати дастгирии фаъолияти занони ҳунарманд таъсис ёфта, занони ҳунарманду эҷодкори вилоят дар солҳои 2010-2017-ум 1 миллиону 685 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантиро соҳиб гардида, на танҳо шароити иқтисодии оилаи худро беҳтар намуданд, ҳамчунин барои дигар занону духтарон ҷойҳои нави кори доимӣ таъсис дода, занону духтаронро ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки баҳри дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар доираи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тибқи қарори Раиси вилоят аз 10 апрели соли 2018, №113 «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкориизанони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2018» шумораи грантҳои Раиси вилоят аз 45 адад ба 60 адад расонида шуд. Аз ҷумла, 15 грант дар ҳаҷми 10000 сомонӣ, 15 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ ва 30 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ дар маҷмӯъ 420 000 сомониро ташкил медиҳад.

Ба комиссияи грантҳои Раисивилоят 187 адад лоиҳаҳои дархостӣ аз 17 шаҳру ноҳияҳои вилоят барои рушди ҳунарҳои гулдўзӣ, қуроқдўзӣ, армуғонсозӣ, сабадбофӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, оҳангарӣ, кулогарӣ ва амсоли инҳо ворид гардида, беҳтарин лоиҳаҳо, аз ҷумла 11 лоиҳаи занони ҳунарманди имконияташон маҳдуд дастгирӣ карда шуд.

Занони ҳунарманд ният доранд, бо истифода аз маблағи грант фаъолияти коргоҳи худро васеъ ба роҳ монда, аз 10 то 60 нафар занону духтаронро бо ҷойи корӣ таъмин намоянд. Тибқи лоиҳаҳои манзургардида, бояд зиёда аз 870 нафар занону духтарон ба шуғлу омӯзиш фаро гирифта шаванд.

Ҷоизи зикр аст, ки соли гузашта 45 нафар занони ҳунарманди вилоят соҳиби гранти Раиси вилоят гардида буданд. Дар натиҷаи амалисозии лоиҳаҳо ва таъсиси коргоҳҳои қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ ва дигар намуди меҳнати хонагӣ 160 нафар занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, 476 нафар шогирдон ин ҳунарҳоро омӯхта истодаанд.

Раиси вилоят таъкид кард, ки ҳунармандон бояд маблағҳои грантиро мақсаднок истифода бурда, бо истифода аз маблағҳои грантӣ сехҳои дӯхти либосҳои мактабиро низ ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо бо либоси ягонаи мактабӣ мусоидат намоянд.

Дар ин рӯз ҳамзамон ба 17 нафар ғолибони Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд-2018» ва 30 нафар ғолибони Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ маблағҳои пулӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ба 60 нафар занони ҳунарманд 420 000 сомонӣ грантҳои Раиси вилоят супорида шуд