Хабарҳо
«Эх, загулял, загулял, загулялпарень молодой…» - 20.11.2018 20:45
Аҳамияти милливу минтақавии «Роғун - 20.11.2018 20:40
Лоиҳаи Консепсияи хурофотпарастӣ ва вопасгароии ТТЭ ҲНИ-2018 - 20.11.2018 20:26
РӮЗИ ТАВАЛЛУДИ НУР - 20.11.2018 20:12
Рогунскую ГЭС не дали строить исламисты - 20.11.2018 19:52
Кабирӣ ба Роғун танҳо душманӣ мекард - 20.11.2018 20:05
БА БАДАХШОН ОМАДӢ, ХУШ ОМАДӢ - 20.11.2018 19:59
Боздиди Раиси вилоят аз гармхонаҳои хоҷагии деҳқонии “Мадина” дар ноҳияи Мастчоҳ - 20.11.2018 16:20
Маркази саломатии деҳоти Зарафшони Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ба истифода дода шуд - 20.11.2018 16:19
Ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 20.11.2018 16:18

Раҷаббой Аҳмадзода: Саҳм дар таъмини амнияту осоиштагӣ шарафи бузург аст!

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 7
  • Минбаъда

9 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии Қасри маданияти «Арбоб» - и ноҳияи Бобоҷон Fафуров бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи мутантан баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарият, кормандон ва собиқадорони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони Раёсатҳои корҳои дохилии вилоятҳои Тошканд, Самарқанд ва Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода суханронӣ намуда, ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик кулли кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилоятро самимона табрик гуфта, аз нақш ва мақоми шоистаи ин мақомоти бонуфуз ҳарф зад.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки дар ҳамаи давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дошта, иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст, - зикр дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, хусусан тайи солҳои охир ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, муосиргардонии назорати тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба тарбияву такмили фарҳанги риояи қонуният эътибори махсус медиҳад. Тадбирҳои то имрӯз амалигардида ҷиҳати қавӣ гардонидани эътимоди шаҳрвандон ва густариши ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ мусоидат намуда, дар самти таъмини адолати иҷтимоӣ, тарбияи ҳуқуқиву ахлоқии ҷомеа ва ҳимояи сулҳу субот дар кишвар нақши муҳим бозиданд.

Таърихи ташаккул ва рушди мақомоти корҳои дохилӣ аз саҳифаҳои бисёр ибратбахш ва намунаи заҳмати фидокоронаи ҳайати шахсӣ иборат мебошад. Мақомоти милитсияи тоҷик, бахусус дар давраи аввали соҳибистиқлолии кишвар, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёди он рӯзҳо, якҷо бо дигар мақомоту сохтори низомӣ аз уҳдаи иҷрои масъулияти басо муҳимму душвор - барқарор кардани сохти конститутсионии давлат, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун сарбаландона баромадаанд.

Кормандони далеру шуҷои милитсия дар шароити тезутунд гардидани вазъияти сиёсиву ҷиноӣ дар кишвар ҳимояи Ватан ва халқу миллатро аз ҳамаи арзишҳо боло дониста, барои таъмини ояндаи дурахшони кишвар ва зиндагии орому осудаи мардуми он талошҳои зиёд намуданд.

Маҳз, бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан даҳҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин садҳо нафар ҷинояткорони хавфнок боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Дар ин замина, метавон садҳо нафар кормандони ба касби хеш содиқро ёдовар шуд, ки ба хотири таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар ҷони худро нисор кардаанд.

- Ҳамзамон бо ин, мехоҳам аз хизматҳои шоистаи шахсиятҳои арзанда ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ёдовар шавам, ки солҳои тӯлонӣ ба халқу Ватани хеш садоқатмандона хизмат карда, дар ташаккул ва рушди ин сохтори муҳимми давлатӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон саҳми арзанда гузоштаанд, - таъкид намуд Раиси вилоят.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ таҳкурсии моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ беҳтар гардида, бо таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ, иншооти замонавӣ, ҳамзамон бо мутахассисони касбии дорои малакаи баланд таъмин мегарданд.

Барои дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, ҳамзамон таъмин намудани кормандони эҳтиёҷманд бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва хонаҳои хизматӣ пайваста тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд.

Чунончӣ, дар шаш соли охир 321 нафар кормандон бо заминҳои наздиҳавлигӣ, 32 нафар бо хонаҳои истиқоматӣ ва 9 нафар бо хонаҳои истиқоматии хизматӣ таъмин карда шуданд. Ин тадбир минбаъд низ идома дода мешавад.

Дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят идома дода, минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани эътибори мақомоти корҳои дохилӣ тибқи стратегия ва барномаҳои қабулшуда ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дар ҷаласа сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Назарзода Қудратулло Бобо низ суханронӣ намуда, ҳамзамон аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли кормандон ва собиқадорони соҳаро ба иди касбиашон табрику таҳният намуд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор кормандони беҳтарин Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рутбаҳои навбатӣ, медали «Барои хизмати шоён» ва нишони сарисинагии «Аълочии милитсияи тоҷик» тақдим карда шуд.

Дар фарҷом ба аҳли толор барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ пешкаш гардид, ки мақбули ҳамагон гашт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд









Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раҷаббой Аҳмадзода: Саҳм дар таъмини амнияту осоиштагӣ шарафи бузург аст!