Хабарҳо
«Эх, загулял, загулял, загулялпарень молодой…» - 20.11.2018 20:45
Аҳамияти милливу минтақавии «Роғун - 20.11.2018 20:40
Лоиҳаи Консепсияи хурофотпарастӣ ва вопасгароии ТТЭ ҲНИ-2018 - 20.11.2018 20:26
РӮЗИ ТАВАЛЛУДИ НУР - 20.11.2018 20:12
Рогунскую ГЭС не дали строить исламисты - 20.11.2018 19:52
Кабирӣ ба Роғун танҳо душманӣ мекард - 20.11.2018 20:05
БА БАДАХШОН ОМАДӢ, ХУШ ОМАДӢ - 20.11.2018 19:59
Боздиди Раиси вилоят аз гармхонаҳои хоҷагии деҳқонии “Мадина” дар ноҳияи Мастчоҳ - 20.11.2018 16:20
Маркази саломатии деҳоти Зарафшони Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ба истифода дода шуд - 20.11.2018 16:19
Ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 20.11.2018 16:18

Генерал Хуршед Маҳмадзода-меҳандӯсти асил ва сипар дар муқобили қувваҳои иртиҷоӣ

( 0 Овоз )

Ҳалқаҳои зиддимиллӣ дар хориҷа тавони дидани комёбиҳои Ватанро надоранд. Хаффошони хориҷӣ дар мисоли як муноқишаи маишӣ дар ш.Хоруғ, ба шахсияти генерали ҷангӣ ва марди асил Хуршед Маҳмадзода дарафтидаанд. Дар ин ҳамлаҳои нораво ва душманонаи таблиғотӣ сомонаи ифротгароёни фирорӣ «Паём.нет», ки мансуби ҳизби террористии «ҲНИ» мебошад пешдастӣ дорад.


Кӯтоҳбинони зиддимиллӣ ба шахсиятҳое мисли Маҳмадзода тасодуфан ҳамла накардаанд. Зеро роҳбарон ва ҳайати шахсии ниҳодҳои таъиноти махсус дар ҳар як кишвар нухбагони давлатҳо маҳсуб мешаванд ва душмани оштинопазари ҳамин гуна террористон дар дохил ва хориҷ мебошанд. 
Қомати кубриро танҳо гӯр рост мекунад, мегуфтанд ар урфият. Бале террористон ва пойгоҳхии иттилоотии ба онҳо вафодор ислоҳнашавандаанд. Тавҳин ва таҳқири кормандони олирутба, ба базори дасти хориҷиҳо дар ҷанги иттилоотӣ табдил ёфта, яке аз сад гуноҳи оппозитсияи зиддимилӣ ва зиддибашарист. 
Ҷинояткор дар куҷое набошад, ҷинояткор аст. Асли қазия дар расонаҳои вафодори хати миллӣ гуфта шуда буд, ки «3 ҳафта пеш ҳамин авбошони рақами №1–и ш.Хоруғ дар назди Прокуратураи вилоят илтимос мекарданд, ки гуноҳҳои онҳоро бахшанд. Мақомот ҳам ба онҳо «Огоҳии расмӣ» эълон карданд, ба умед ки ҷинояти дигар содир накунад. Аммо, аз куҷо медонанд, ки ин гургҳои борондида, ки таҷрибаи бар лаби об бурдан ва ташна оварданро доранд, дар ин 27 сол он қадар гуфтушуниду сходкаву мулоқот гузаронидааст, ки дигар чашмаш намепарад». Ин дафъа ҳам пойи зани соддаро ба муноқишаи калонмиқёс кашиданд. Ҳодисае ки ҳар рӯз дар гӯшаи кишвар ба вуқуъ мепайвандад ва бо тарзи узру маъзаратхоҳӣ ҳаллу фасл мешавад. 
Чунончи, сокини шаҳри Хоруғ Афзалшо Шодмонов хабар медиҳад: «Инак, боз ҷиноят. Санаи 05.11.2018с. Ин дафъа ҳамла ба тарафи сардори дидбонгоҳҳои БДА дар шаҳри Хоруғ. Он ҳам бо ҳамон тарзу усули собиқа, боз тахқири кормандони давлатӣ ва боз ҳам митинбозӣ. То куҷо ин ҷиноятманишӣ идома меёфта мебошад? Омилҳои аслии ин ҷиноятмадорӣ кист? Мардум ба дод омадааст дар шаҳри Хоруғ. Мутаассифона дар байни баъзе ҷавонони шаҳри Хоруғ, ақидае ҳукмфармо мебошад, ки ҳамин «хурсандакҳо» ифодагари манфиати умуманд». 
Ин қатъиян ин тавр бояд набошад. Нухбагони Бадахшон: олимон, шоирон,ҳофизон, варзишкорон, муҳандисон ва кормандони давлат мебошанд, ки бо меҳнати шабонарӯзии худ «ҳар касе муште аз хирвор», саҳми худро дар бинои муаззами миллат мегузоранд. 
Ҷинояткорони провокатор дигар хел меандешанд. Барои онҳо муомилаи маводи мухаддир дар бозорҳои наздисарҳадӣ аз ҳама арзишҳо болотар аст. Онҳо халқро барои фаъолияти ҷиноятии худ истифода ва манфиати авбошонаи худро рӯйпуш мекунанд. 
Пойи генерали маҳбуб Хуршед Маҳмадзодаро, ки монеаи ҷинояткорҳои бадхоҳ мебошад, кашидан ба ин муноқиша фақат як баҳона аст. Имрӯз генерали содиқ зери шубҳа ва тавҳин қарор мегирад, субҳ муаллим, рӯзи дигар духтур. Мо тиннати ин оппозисияти гумроҳро хуб медонем. 
Ин тарзи муборизаи равонӣ ва тадриҷии оппозитсия барои нобуд кардани давлати миллӣ аст. Мардум ҳушёр бошанд ва гирди тадбиру иқдомҳои Ҳукумат боз ҳам зичтар муттаҳид шаванд.

Шодмон Партов, сокини м. Бузмичи ш. Хоруғ

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Генерал Хуршед Маҳмадзода-меҳандӯсти асил ва сипар дар муқобили қувваҳои иртиҷоӣ