Хабарҳо
Гулмурод Халимов. Не так страшен чёрт, как его малюют - 23.10.2018 03:22
Правда у каждого своя - 23.10.2018 03:19
Сафарбаркунӣ ба хизмати Модар-Ватан... - 23.10.2018 03:14
Натиҷаи фаъолияти БДА дар ВМКБ - 23.10.2018 01:17
Addresses of Acting Chairman of the GBAO – Faizov, Former Mayor of Khorugh – Mahtobshozoda, Deputy Chairman of Vanj district – Mardov and member of the Ismaili Muslim community – Farrukhzod before public active of GBAO - 22.10.2018 22:04
ЧИТАЙТЕ, РАЗМЫШЛЯЙТЕ, СДЕЛАЙТЕ СВОИ ВЫВОДЫ. Выступления и.о. Председателя ГБАО Ё. Файзова, бывшего председателя города Хорог А. Махтобшозода, заместителя председателя Ванчского района О. Мардова и члена Совета имамата Исмаилитов в ГБАО П. Фаррухзода возле - 22.10.2018 20:41
Ба истифода супоридани Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 22.10.2018 16:24
Рушди соҳаҳои боғдорию моҳипарварӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 22.10.2018 16:23
Не играй с огнем Европа - 22.10.2018 16:20
ХОНЕД, МУЛОҲИЗА КУНЕД, ХУЛОСА БАРОРЕД! Суханронии и.в.Раиси ВМКБ Ё. Файзов, собиқ Раиси шаҳри Хоруғ А. Маҳтобшозода, муовини Раиси ноҳияи Ванҷ О.Мардов ва узви Шурои имомати Исмоилия дар ВМКБ П. Фаррухзод дар назди фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ВМКБ ҶТ - 22.10.2018 15:41

Муассисаи томактабии “Дилноз” ба таъмиру навсозӣ фаро гирифта мешавад

( 0 Овоз )

Видео :Муассисаи томактабии “Дилноз” ба таъмиру навсозӣ фаро гирифта мешавад Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар вилояти Суғд тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад.

Аз ҷумла, бо дастгирии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бинои муассисаи томактабии “Дилноз”, воқеъ дар шаҳри Гулистон, ки солҳои тӯлонӣ фаъолият надошт, ба таъмиру таҷдид фаро гирифта хоҳад шуд.

Зимни боздиди Раиси вилоят аз муассисаи мазкур, ки нимаи дуюми рӯзи 11 октябр сурат гирифт, иттилоъ дода шуд, ки  бинои кӯдакистон ҳанӯз солҳои 80-уми қарни гузашта бунёд ёфта, давоми даҳ соли охир аз фаъолият боз мондааст. Ҳамакнун бинои муассисаи мазкур, ки хусусӣ гардонида шуда буд, ба тавозуни мақомоти иҷроияи маҳаллӣ гузаронида шуда, ба таъмиру таҷдид фаро гирифта мешавад.

Дар шаҳри Гулистон имрӯзҳо 9 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, дар онҳо 1560 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин 900 нафари дигар барои дохил шудан ба кӯдакистонҳо дар навбатанд, ки танҳо дар маркази шаҳр ин шумора беш аз 350 нафарро ташкил медиҳад. Баробари таҷдиду навсозии муассисаи мазкур эҳтиёҷоти маркази шаҳри Гулистон ба пуррагӣ бартараф карда хоҳад шуд. Зеро боғчаи мазкур аз 12 гурӯҳ иборат буда, дар он то 400 нафар метавонанд қабул гарданд.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ ба роҳбарияти шаҳри Гулистон ва сохтмончиён ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таъмиру таҷдиди бино, мутобиқ ба талаботи замони муосир навсозӣ кардани ҳуҷраҳои он, пайваст намудани тамоми бино ба системаи ягонаи гармидиҳӣ, тозагиву ободонии муҳити атроф дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Муассисаи томактабии “Дилноз” ба таъмиру навсозӣ фаро гирифта мешавад