Хабарҳо
Гулмурод Халимов. Не так страшен чёрт, как его малюют - 23.10.2018 03:22
Правда у каждого своя - 23.10.2018 03:19
Сафарбаркунӣ ба хизмати Модар-Ватан... - 23.10.2018 03:14
Натиҷаи фаъолияти БДА дар ВМКБ - 23.10.2018 01:17
Addresses of Acting Chairman of the GBAO – Faizov, Former Mayor of Khorugh – Mahtobshozoda, Deputy Chairman of Vanj district – Mardov and member of the Ismaili Muslim community – Farrukhzod before public active of GBAO - 22.10.2018 22:04
ЧИТАЙТЕ, РАЗМЫШЛЯЙТЕ, СДЕЛАЙТЕ СВОИ ВЫВОДЫ. Выступления и.о. Председателя ГБАО Ё. Файзова, бывшего председателя города Хорог А. Махтобшозода, заместителя председателя Ванчского района О. Мардова и члена Совета имамата Исмаилитов в ГБАО П. Фаррухзода возле - 22.10.2018 20:41
Ба истифода супоридани Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 22.10.2018 16:24
Рушди соҳаҳои боғдорию моҳипарварӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 22.10.2018 16:23
Не играй с огнем Европа - 22.10.2018 16:20
ХОНЕД, МУЛОҲИЗА КУНЕД, ХУЛОСА БАРОРЕД! Суханронии и.в.Раиси ВМКБ Ё. Файзов, собиқ Раиси шаҳри Хоруғ А. Маҳтобшозода, муовини Раиси ноҳияи Ванҷ О.Мардов ва узви Шурои имомати Исмоилия дар ВМКБ П. Фаррухзод дар назди фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ВМКБ ҶТ - 22.10.2018 15:41

Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ширкати "Мён Сунг"-и Кореяи ҷанубӣ

( 0 Овоз )

Видео :Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ширкати Нимаи дуюми рӯзи 11 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари ширкати "Мён Сунг"-и Кореяи ҷанубӣ Чон Ёнг Сунро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот, ки бо ҳузури раисони як қатор шаҳру навоҳӣ, соҳибкорон ва намояндагони бахшҳои иқтисоду кишоварзӣ сурат гирифт, масъалаи бунёди гармхонаҳои замонавӣ дар қаламрави вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки ширкати мазкур яке аз ширкатҳои маъруфи Кореяи ҷанубӣ ба ҳисоб рафта, бо соҳибкорони кишварҳои гуногун дар самти бунёди гармхонаҳои замонавӣ бо истифода аз технологияҳои ҷадид ҳамкорӣ менамояд.

Раиси вилоят меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифтааст дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат дар қаламрави вилоят даҳҳо гармхонаҳои инноватсионии гидропоникиро бунёд намояд.

Ин тадбири муҳим имкон фароҳам меоварад, ки бозори дохилӣ тамоми фаслҳои сол бо маҳсулоти тару тоза таъмин гардида, ҳамзамон содироти маҳсулот ба кишварҳои хориҷӣ низ ба роҳ монда шавад. Дар робита бо ин Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки барои бунёди гармхонаҳои гидропоникӣ ҳамкорӣ бо ширкати куриёӣ тақвият бахшида шавад.

Роҳбарияти ширкати куриёӣ низ ҳавасмандии хешро ҷиҳати бунёди гармхонаҳои муосир дар вилояти Суғд иброз дошта, таъкид кард, ки пас аз гуфтушунид бо масъулин барои бунёди гармхонаҳо оғоз мебахшанд.

Ёдовар бояд шуд, ки ширкати "Мён Сунг"-и Кореяи ҷанубӣ аз соли 2010 дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолият дошта, аллакай садҳо гектар гармхонаҳои гидропоникиро бунёд намудааст. Идораи раванди парвариши сабзавот дар гармхонаҳои ширкат тариқи автоматикӣ ба роҳ монда шуда, аз ҳар гектари чунин гармхонаҳо солона метавон то 200-250 тонна маҳсулот ба даст овард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ширкати "Мён Сунг"-и Кореяи ҷанубӣ