Хабарҳо
Ашуралӣ Ҷалилзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон таъин гардид - 13.12.2018 11:14
Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон таъин гардид - 13.12.2018 09:48
Муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом - 13.12.2018 14:26
ЯҲУДИЁН ВА НАСРОНИЁН ДАР ОИНАИ КАҶИ ТЭТ ҲНИ. - 13.12.2018 14:07
БА ЗОНУ ЗАНЕДУ ТАВБА КУНЕД! 10 ШАРТИ “ФАБРИКАИ ҶАВОБ” БА ҲНИТ - 13.12.2018 13:55
Сатторзода Хуршед Ҳомидӣ муовини раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид - 13.12.2018 11:26
Ашуралӣ Ҷалилзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон таъин гардид - 13.12.2018 11:14
Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон таъин гардид - 13.12.2018 09:48
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 13.12.2018 08:27
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 13.12.2018 08:22

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Сергей Румас

( 0 Овоз )

12 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Сергей Румасро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз рушду густариши равобити ду кишвар, ки бо талошҳои пайвастаи роҳбарони давлатҳо ва сафарҳои ҷавобии сарони кишварҳо ба даст омадааст, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот вазъи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар доираи ташкилотҳои байналмилалӣ баррасӣ карда, таъкид доштанд, ки ин муносибатҳо ба эътимоду боварии дуҷониба асос ёфта, марҳила ба марҳила ба сатҳи шарикии стратегӣ мебароянд.

Таъкид гардид, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон ба густариши ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ бахшид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманди иқтисодию тиҷоратӣ, робитаҳои байниминтақаҳо ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ, доираҳои соҳибкорӣ, соҳаи саноат, кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маҳсулоти ширу гӯшт, воридоти техникаю технологияи муосир мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Таъсиси корхонаи муштараки “Агротехсервис” дар шаҳри Ҳисор оид ба истеҳсоли техникаҳои кишоварзӣ ва бунёди боғҳо дар вилоятҳои Брест ва Гомели Беларус намунаи беҳтарини ҳамкории дуҷониба арзёбӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, мулоқоти доираҳои илмӣ ва аҳли эҷод табодули андеша карданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Сергей Румас