Хабарҳо
Гулмурод Халимов. Не так страшен чёрт, как его малюют - 23.10.2018 03:22
Правда у каждого своя - 23.10.2018 03:19
Сафарбаркунӣ ба хизмати Модар-Ватан... - 23.10.2018 03:14
Натиҷаи фаъолияти БДА дар ВМКБ - 23.10.2018 01:17
Addresses of Acting Chairman of the GBAO – Faizov, Former Mayor of Khorugh – Mahtobshozoda, Deputy Chairman of Vanj district – Mardov and member of the Ismaili Muslim community – Farrukhzod before public active of GBAO - 22.10.2018 22:04
ЧИТАЙТЕ, РАЗМЫШЛЯЙТЕ, СДЕЛАЙТЕ СВОИ ВЫВОДЫ. Выступления и.о. Председателя ГБАО Ё. Файзова, бывшего председателя города Хорог А. Махтобшозода, заместителя председателя Ванчского района О. Мардова и члена Совета имамата Исмаилитов в ГБАО П. Фаррухзода возле - 22.10.2018 20:41
Ба истифода супоридани Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 22.10.2018 16:24
Рушди соҳаҳои боғдорию моҳипарварӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 22.10.2018 16:23
Не играй с огнем Европа - 22.10.2018 16:20
ХОНЕД, МУЛОҲИЗА КУНЕД, ХУЛОСА БАРОРЕД! Суханронии и.в.Раиси ВМКБ Ё. Файзов, собиқ Раиси шаҳри Хоруғ А. Маҳтобшозода, муовини Раиси ноҳияи Ванҷ О.Мардов ва узви Шурои имомати Исмоилия дар ВМКБ П. Фаррухзод дар назди фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ВМКБ ҶТ - 22.10.2018 15:41

Шоми дӯстӣ дар Боғи Ирам

( 0 Овоз )

Нимаи дуюми рӯзи 11 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ирами пойтахт ба ифтихори ташрифи меҳмони олимақом Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян меҳмондории ғайрирасмӣ барпо карданд.

Ёдовар мешавем, ки Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян ҳукумати кишварашро дар Ҷаласаи Шӯрои сарони Ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, намояндагӣ мекунад.

Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ дар мавзеъи хушбоду ҳавои Боғи Ирам муаррифии таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оини неки меҳмоннавозии тоҷикона, шиносоӣ бо ҳунарҳои бою қадимаи мардуми тамаддунофари тоҷик, таъомҳои миллӣ, намунаи дастовардҳои ҳунармандони соҳибзавқи кишвар, анвои гуногуни хурока, нону шириниҳо, меваҳои тару тоза ва хуштаъм, хушкмеваҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзии сарзамини ганҷхези Тоҷикистон мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ли Кетсян ва ҳамсарашро бо намунаи беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули эъҷози устоҳои чирадаст, тарҳи хонаҳои миллӣ, ҳунари зардӯзӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, намоиши сару либоси мардонаю занонаи миллӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ, нону кулчаҳои ширмол, анвои мухталифи маҳсулоти қаннодӣ, меваву хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон ва таъомҳои гуногуни кадбонуҳои пурҳунар шинос намуданд.

Дар як гӯшаи махсус инчунин имкониятҳои сайёҳии кишвар дар соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиш дода шуд. Имрӯзҳо бо шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муаррифии кишвари зебову ҳамешабаҳор аз минбарҳои олии ташкилоту созмонҳои бонуфуз, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон ва табиати зебо, меҳмоннавозии анъанавии тоҷикона, неъматҳои моддии сарзамини аҷдодии мо аз наздик шинос ҳастанд.

Мавриди зикр аст, ки табиати биҳиштосои Тоҷикистон бо дарёву чашмаҳои обаш мусаффо, куҳҳои сарбафалаккашида ва манзараҳои нотакрораш диққати сайёҳони хориҷро ба худ ҷалб менамояд.

Имрӯз низ дар намоишгоҳи Боғи Ирам ба меҳмонон тамоми расму оини тоҷикона ва намунаи беҳтарини ҳунарҳову анъанаҳои хоси миллати тоҷик ба маъраз гузошта шуд, ки ба меҳмонон хеле мақбул афтод.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шоми дӯстӣ дар Боғи Ирам