Хабарҳо
Баргузории чорабинии идона бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.02.2019 15:17
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.02.2019 15:43
Дар шаҳри Исфара ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид - 22.02.2019 11:24
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ баргузор гардид - 22.02.2019 11:20
Дар Истаравшан бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид - 22.02.2019 11:18
Ангораи «Наврӯз – 2019» тасдиқ шуд - 22.02.2019 11:07
Ба муносибати 26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ дар қисми низомии 3501 чорабинии идона баргузор шуд - 21.02.2019 14:33
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ҷамъомади тантанвӣ доир шуд - 21.02.2019 13:57
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ - 21.02.2019 08:28
Баргузории Фестивал – озмуни «Суруди сарбоз» дар шаҳри Хуҷанд - 21.02.2019 08:23

Раҷаббой Аҳмадзода: Маҳсулоти субъектҳои МОИ “Суғд” ба кишварҳои минтақа содирот мешавад

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ дар Анҷумани байналмилалии иқтисодии “Суғд-2018” аз дастовардҳои Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" ёдовар шуд.

Дар кори Анҷуман, ки бо иштироки намояндагони кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар Кохи фарҳанги "Суғд" ҷараён гирифт, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирок ва суханронӣ намуд. Иттилоъ дода шуд, ки Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” соли 2008 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз карда, аз мавзеи шаҳри Хуҷанд барои фаъолияти он 320 га замин ҷудо гардид.

Ҳадаф ва вазифаҳои асосии Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузориҳои ватанию хориҷӣ, техникаи муосир ва технологияи инноватсионӣ, таҷрибаи идоракунӣ барои ба даст овардани самаранокии истеҳсолот, истифодаи бештари захираҳои озоди меҳнатӣ, ҳавасмандгардонии рушди саноат ва иқтисодиёт мебошад.

Қобили қайд аст, ки дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» фаъолияти соҳибкории субъектҳо, новобаста аз шакли моликияташон, аз пардохти ҳама гуна андозҳо, ки бо Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, озод мебошад.

Имрӯзҳо дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 23 субъект ба қайд гирифта шуда, аз ин 12 субъект бо фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва савдо машғул буда, боқимонда бо корҳои сохтмонӣ, ворид намудани таҷҳизот, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва корҳои ободонӣ машғул ҳастанд.

Дар давоми 9 моҳи соли 2018 маҷмӯи умумии маҳсулоти саноатӣ, хизматрасонӣ ва амалиётҳои воридоту содиротӣ ба 84 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда ҳамасола рушд ёфта истодааст.

Ҳоло бозори фурӯши маҳсулоти субъектҳо ба ғайр аз Тоҷикистон кишварҳои Россия, Қазоқистон, Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро дарбар мегирад.

Дар оянда низ субъектони Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” тасмим гирифтаанд, самти фаъолияти худро васеъ намуда, ба ин васила содироти маҳсулотро низ ба дигар кишварҳои дунё зиёд намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раҷаббой Аҳмадзода: Маҳсулоти субъектҳои МОИ “Суғд” ба кишварҳои минтақа содирот мешавад