Хабарҳо
ХИЁНАТКОР – ҲОМИИ ҶИНОЯТКОР. Ва ё андешаҳои Сархатиби вилояти Суғд дар мавриди фитнаангезиҳои ТЭТ ҲНИ - 15.12.2018 13:34
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Беларус Станислав Зас - 14.12.2018 19:13
Матлубахон Сатториён Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб карда шуд - 15.12.2018 14:11
Тақдими автомашинаҳои сабукрав ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 15.12.2018 14:08
Баргузории маҳфили адабӣ бахшида ба 40 солагии фаъолияти профессор Матлубаи Мирзоюнус - 14.12.2018 16:16
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо донишҷӯён мулоқот орост - 14.12.2018 14:11
Аз Паём то Паём. Дар вилояти Суғд 48 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуд - 14.12.2018 13:38
Шуруъ аз 15 декабр барномаҳои солинавӣ пешниҳоди омма гардонида мешавад - 14.12.2018 13:35
Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи «Guangzou Judo Masters 2018» Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад - 14.12.2018 13:02
ПАЁМИ ТАБРИКИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони конфронсҳои илмии байналмилалӣ ба муносибати 400-солагии Сайидои Насафӣ ва 550-солагии Наҷмиддини Кавкабӣ - 14.12.2018 13:00

Боздиди Раиси вилоят аз ҶДММ “Ҳабиб-17” ва ҶДММ “Конибодом-коттон”

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Видео :Боздиди Раиси вилоят аз ҶДММ “Ҳабиб-17” ва ҶДММ “Конибодом-коттон” Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Конибодом фаъолияти корхонаҳои коркарди пахтаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Дар шаҳри Конибодом панҷ корхонаи коркарди аввалияи пахта мавҷуд буда, қабули пахта дар онҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо фаъолияти ҶДММ “Ҳабиб-17” ва мулоқот бо кормандон зикр дошт, ки дар вилояти Суғд 60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор эълон гардида, дар навоҳии пахтакори вилоят ҷаамъоварии пахта муташаккилона идома дорад. Фаъолияти кишоварзони шаҳри Конибодом дар 20 рӯзаи аввали маъракаи пахтачинӣ назаррас буда, заҳматкашони шаҳр тавонистанд дар ин давра мақоми аввалро касб намоянд.

Раиси вилоят зимнан таъкид дошт, ки тамоми кишоварзон, деҳқонон, саҳмдорону иҷоракорон ва кулли фаъолони шаҳр бояд ин пешсафиро аз даст надода, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани маъракаи пахтачинӣ ва саривақту беталаф ҷамъоварӣ кардани “тиллои сафед” аз худ масъулиятнокии дучанд зоҳир намоянд. Дар ин раванд ҳавасмандгардонии чинакчиёну кормандон муҳим арзёбӣ гардид. Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки барои чиниши ҳар килограм пахта ба чинакчиён на кам аз 80 дирамӣ пардохт карда шавад. Инчунин коргоҳҳои коркард бояд аз деҳқонон бо нархи 6 сомонӣ пахтаро харидорӣ намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ “Ҳабиб-17” то имрӯз 2 ҳазору 200 килограм пахтаро қабул намудаву 400 тоннаи онро мавриди коркард қарор додааст. То кунун арзиши пахта дар ин коргоҳ ҳамагӣ 5 сомониву 20 дирамро ташкил медод ва ҳамакнун роҳбарияти коргоҳ муваззаф гашт пахтаро бо нархи 6 сомонӣ аз деҳқонон харидорӣ намояд.

Ҳангоми шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶДММ “Конибодом-коттон” иттилоъ дода шуд, ки корхона то имрӯз 2 ҳазору 700 килограм пахта қабул намудааст. Дар ин корхона 50 нафар коргар фаъолият дошта, то кунун 1,5 ҳазор тонна пахта коркард шудааст. Корхонаи мазкур бо зиёда аз 1500 хоҷагиҳои инфиродиву оилавӣ шартнома дорад.

Раиси вилоят баробари тақдими тӯҳфаҳо ба пешқадамони соҳа ҳамзамон дастгириву пуштибонии деҳқононро муҳим арзёбӣ дошт. Кулли масъулин, алалхусус деҳқонон аз чунин таваҷҷӯҳ ва дастгирии роҳбарияти вилоят хушҳол гардида, омодагии худро барои меҳнати содиқона баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Боздиди Раиси вилоят аз ҶДММ “Ҳабиб-17” ва ҶДММ “Конибодом-коттон”