Хабарҳо
ХИЁНАТКОР – ҲОМИИ ҶИНОЯТКОР. Ва ё андешаҳои Сархатиби вилояти Суғд дар мавриди фитнаангезиҳои ТЭТ ҲНИ - 15.12.2018 13:34
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Беларус Станислав Зас - 14.12.2018 19:13
Матлубахон Сатториён Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб карда шуд - 15.12.2018 14:11
Тақдими автомашинаҳои сабукрав ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 15.12.2018 14:08
Баргузории маҳфили адабӣ бахшида ба 40 солагии фаъолияти профессор Матлубаи Мирзоюнус - 14.12.2018 16:16
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо донишҷӯён мулоқот орост - 14.12.2018 14:11
Аз Паём то Паём. Дар вилояти Суғд 48 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуд - 14.12.2018 13:38
Шуруъ аз 15 декабр барномаҳои солинавӣ пешниҳоди омма гардонида мешавад - 14.12.2018 13:35
Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи «Guangzou Judo Masters 2018» Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад - 14.12.2018 13:02
ПАЁМИ ТАБРИКИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони конфронсҳои илмии байналмилалӣ ба муносибати 400-солагии Сайидои Насафӣ ва 550-солагии Наҷмиддини Кавкабӣ - 14.12.2018 13:00

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта дар Конибодом

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Нимаи дуюми рӯзи 10 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом сафар намуда, бо рафти ҷамъоварии пахта дар як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос гардид.

Раиси вилоят сараввал аз хоҷагии деҳқонии “Махкамов”-и деҳаи Ниёзбеки Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарифов боздид намуда, аз рафти ҷамъоварии пахта изҳори қаноатмандӣ кард. Тибқи иттилои Нуъмонҷон Абдуғаниев, роҳбари хоҷагӣ саҳмдорон имсол дар майдони 7 гектар пахта кишт намудаанд. Айни замон аъзоёни хоҷагӣ бо ёрии чинакчиён барои беталаф ҷамъоварӣ кардани пахта талош намуда истодаанд.

Раиси вилоят сипас бо ҷараёни чиниши пахта дар Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматова ва хоҷагии деҳқонии ба номи Деҳқонбой Исоев ошно шуд. Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматова аз зумраи хоҷагиҳои пахтакори минтақа ба ҳисоб рафта, соли равон дар майдони 500 гектар пахта кишт кардааст. Дар бригадаи рақами 9-и ҷамъияти саҳҳомӣ дар масоҳати 30 гектар пунбадона кишт карда шуда, саҳмдорону иҷоракорон барои беталаф ҷамъоварӣ кардани “тиллои сафед” кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ташрифи Раиси вилоят ва ҳавасмандагардонии чинакчиён боиси рӯҳбаландии ҳозирин гаштаву хоҷагидорон зикр доштанд, ки минбаъд низ баҳри ҷамъоварии пахта заҳмат хоҳанд кашид.

Хоҷагии деҳқонии ба номи Деҳқонбой Исоев бошад дорои 126 гектар замин буда, аз он дар майдони 85 гектар паахта кишт карда шудааст. Хоҷагии мазкур асосан тухмии маҳаллии “Деҳқонбобо”-ро кишт кардаву ҳосили хуб рӯёнидааст. Бино ба иттилои сардори хоҷагӣ айни замон чиниши дуввум ҷараён дошта, ҳосилнокӣ аллакай ба 19 сентнерӣ расидааст. Ҳар як саҳмдори хоҷагӣ ҳамарӯза ба ҷамъоварии “тиллои сафед” ҷалб гардида, ҳар яке то 100-150 килограм пахта мечинанд.

Дар ин рӯз аз ҷониби Раиси вилоят ба чинакчиёни пешқадами хоҷагиҳои пахтакор туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии пахта дар Конибодом