Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55
Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чиниши пахта ба кишоварзон кӯмак расониданд - 17.09.2018 09:50

Машварати кории назди Раиси вилоят

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

14 сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории назди Раиси вилоят баргузор гардид.

Дар кори машварат муовинони Раиси вилоят, сардорони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони идораҳои замин, омор ва раёсатҳои кишоварзии шаҳру навоҳӣ, раисони ҷамоатҳои деҳоти вилоят ширкат варзиданд.

Зимни машварат вазъи кунунии корхонаҳои коркарди пахта, омодагиҳо ҷиҳати ҷамъоварии беталафи пахта ва захираи маводи сӯхт барои тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси вилоят дар оғоз таъкид дошт, ки соли ҷорӣ кишоварзони вилоят баҳри баланд бардоштани боздеҳи замин заҳмат кашида, ҷиҳати татбиқи яке аз се ҳадафи стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Сипас, муовини Раиси вилоят Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ оид ба рафти корҳои саҳроӣ, сари вақт ва беталаф ҷамъоварии пахта, омодагии коргоҳҳои коркарди пахта маълумот дод. Тавре зикр карда шуд, дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ дар тамоми шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи умумии 3,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 105 дарсадро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли равон кишоварзони вилоят дар масоҳати умумии 57 ҳазору 194 гектар пахта кишт намуданд, ки назар ба соли қаблӣ 6429 гектар зиёд мебошад ва мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ ҳосили интизорӣ дар вилоят 130 ҳазор тоннаро ташкил ташкил медиҳад. Дар вилоят 42 корхонаи коркарди пахта фаъолият дошта, дар асоси супориши роҳбари вилоят аз ҷониби гурӯҳи корӣ тамоми корхонаҳои коркард аз санҷиш гузаронида шуд ва ба 8 адади онҳо барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳо дода шуда буд.

Дар идомаи суханронӣ муовини Раиси вилоят зикр дошт, ки имрӯзҳо ҷамъоварии навъҳои гуногуни зироату полезиҳои кишоварзӣ идома дошта, захиракунии маҳсулот ба давраи тирамоҳу зимистон низ ба роҳ монда шудааст.

Дар идомаи ҷаласа Раиси вилоят ҳолати кунунии соҳаи кишоварзиро таҳлил намуда, масъулинро бобати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта вазифадор намуд. Таъкид карда шуд, ки дар вилоят зиёда аз 66 ҳазор хоҷагиҳои инфиродиву оилавӣ мавҷуд буда, фаъолияти самараноки онҳо боиси зиёд гаштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мегардад. Дар вилоят бо мақсади амалисозии супоришҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишту парвариши ҳамаи номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда шуда, ҷамъоварии ҳосил дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ босуръат идома дорад.

Аз ҷумла, имрӯзҳо дар тамоми навоҳии пахтакори вилоят ҳосили пахта барои  чидан омода аст. Дар ин раванд масъулин бояд ҷиҳати саривақту беталаф ҷамъоварии пахта чораандешӣ намоянд. Раиси вилоят дар ин замина дастур дод, ки ба чинакчиён барои ҳар як килограми пахта на кам аз 60 дирам ҳақмузд муқаррар гардида, корхонаҳои коркарди пахта ҳамкориро бо деҳқонон дар сатҳи баланд ба роҳ монанд. Ҳамзамон ташкили мусобиқаи меҳнатӣ байни кишоварзон ва дар ҳар 20 рӯза ҷамъбаст намудани натиҷаи он ба манфиати кор арзёбӣ гардид.

Дар рафти машварат инчунин ҳисоботи муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ оид ба рафти омодагиҳо ба тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ва гузориши раисони навоҳии пахтакори Ашт, Зафаробод ва Мастчоҳ шунида шуд.

Дар идома Раиси вилоят барои беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта, захираи хошоки дурушт, истифодаи самараноки сардхона ва гармхонаҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, пардохти ҳақи хизмати обрасонӣ, таъмини рушди соҳаи занбӯри асалпарварӣ ва моҳипарварӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Машварати кории назди Раиси вилоят