Хабарҳо
«Голубая жемчужина» Таджикистана напоит всех соседей - 17.07.2018 21:44
Хуҷанд. Содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар афзоиш ёфт - 17.07.2018 16:09
Ашт. Ба маблағи 493 ҳазор доллари ИМА меваи тар содирот карда шуд - 17.07.2018 09:27
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар шуд - 17.07.2018 09:15
Хуҷанд. 13 меҳмонхона, 60 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фароғатӣ дар хизмати сайёҳон қарор доранд - 17.07.2018 08:22
Гулистон. Ҳаҷми маблағи воридшуда аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13 миллиону 378,6 ҳазор сомониро ташкил дод - 17.07.2018 07:52
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24
Суғд: Ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд - 16.07.2018 10:22

Ифтитоҳи қитъаи роҳи «Шӯрообод-Шоҳон» ва гузоштани санги асос ба бунёди қитъаи «Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин»-и роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб

( 0 Овоз )

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва директори Бонки Исломии Рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар бо гузоштани санги асос ба бунёду навсозии қитъаи «Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин»-и роҳи мошингарди «Кӯлоб-Қалъаи Хумб» оғози расмӣ бахшиданд.

Ин қитъаи роҳ 32 километрро ташкил дода, бо харҷи зиёда аз 51 миллион доллар мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор мегирад.

Дар асоси лоиҳа, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуд, дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ, гузоштани 39 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ бо дарозии 40 ҳазор метр, бунёди пойдеворҳои муҳофизатӣ дар масофаи 10 ҳазор метр, 2 пули мошингузар ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд намудани роҳи мошингарди Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ин қитъаи роҳ, ки ҷузъи асосии роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб ба ҳисоб меравад, бо таҷдиду навсозии он рафту омади доимии сокинон дар тамоми фасли сол таъмин гардида, интиқоли молу маҳсулот афзоиш хоҳад ёфт.

Баъди оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар қитъаи Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо директори Бонки Исломии Рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар қитъаи «Шӯрообод-Шоҳон»-и роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумбро дар фазои тантанавӣ мариди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Масофаи роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб, қитъаи Шӯрообод-Шоҳон 40 километр буда, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Исломии Рушд, Фонди Рушди Саудӣ, Фонди Қувейтии Рушди Иқтисодии Араб, Фонди Абу – Дабӣ ва Фонди ОПЕК бо харҷи қариб 85 миллион доллар куллан навсозӣ шуда, корҳои сохтмониро асосан дар ин масир коргарону мутахассисони Ширкати муштараки Комбайнд групп Контрактинг-Текар Лимитед ва дигар ширкатҳои роҳсозии бонуфузи ҷаҳонӣ дар асоси нишондоди лоиҳавӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расониданд.

Хотиррасон мешавем, ки ба сохтмони роҳи мошингарди Шӯрообод-Шоҳон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2011-ум расман оғоз бахшида, барои бо сатҳу сифати олӣ анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти коммуникатсионӣ масъулони соҳаро вазифадор намуда буданд.

Дар асоси лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб”, қитъаи Шӯрообод-Шоҳон 10 пули мошингузар бо 1 ҳазору 121 метр бунёд гардидааст, ки бузургтарини онҳо пули Шӯробак бо дарозии 306 метр, Хутхам 297 метр ва Оби Ниёб 265 метр мебошад.

Ҳамзамон дар ин масир 85 қубури обгузар насб гардида, 50 ҳазор метр ҷуйборҳои бетонӣ, 8 ҳазору 834 метр пойдеворҳои муҳофизатӣ бунёд карда шудааст, ки аслан анҷоми ин корҳо дар пешгирӣ аз вайроншавии роҳ нақши басо созгор доранд.

Мутобиқи талабот дар қитъаи Шӯрообод-Шоҳони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб ҳамчунин зиёда аз 1600 адад аломатҳои роҳ насб гардидаанд.

Қисмати роҳи Шӯрообод – Шоҳон идомаи бунёди шоҳроҳи мошингард ба самти шарқии мамлакат буда, дорои аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва стратегӣ мебошад.

Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳу пулҳои то ба имрӯз бунёдгардида — шоҳрагҳои рушди минбаъдаи мамлакат буда, бояд барои имрӯзу фардои миллату давлат хизмат намоянд.

Дар асоси лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб”, қитъаи Шӯрообод-Шоҳон чароғонкунии маркази ноҳия ва маҳаллаҳои аҳолинишин амалӣ гардида, истгоҳҳои самонавӣ низ бунёд карда шудаанд.

Ҳамчунин барои корҳои таъмирию азнанавсозӣ ва равшаннамоии роҳҳои марказии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар соли 2018 – ҷудо намудани 3 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар рафти таҷдиду азнавсозии қитъаи Шӯрообод-Шоҳон 1000 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардида, ҳамаи онҳо оянда ҳамчун мутахассисони соҳибтаҷриба дар бунёди қитъаи Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин ва Шкев-Қалъаи Хумб саҳми назарраси худро мегузоранд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Мулоқотҳо Ифтитоҳи қитъаи роҳи «Шӯрообод-Шоҳон» ва гузоштани санги асос ба бунёди қитъаи «Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин»-и роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб