Хабарҳо
Оғози мумфаршкунии роҳи Ғончӣ-Овчӣ дар ноҳияи Деваштич - 23.06.2017 11:07
Зиёдаравию исрофкорӣ амали мо нест! - 23.06.2017 09:41
Иди саиди Фитр рӯзи душанбеи 26 июн таҷлил мешавад - 23.06.2017 09:37
Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - 22.06.2017 14:40
Дар доираи ярмаркаи байналхалқии савдо "Суғд-2017" конфронси «Суғд-мероси фарҳангӣ ва таърихии тамаддунҳои гуногун» баргузор шуд - 22.06.2017 13:50
Даврон Зоҳидзода муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен таъин гардид - 22.06.2017 09:56
Мулоқоти адибони ваҳдатсаро бо сокинони ноҳияи Спитамен - 22.06.2017 09:54
Баргузории ярмарка таҳти унвони "Интихоби мутахассисони арзанда". 44 хатмкунанда соҳиби ҷойи кор шуданд - 22.06.2017 09:47
Баррасии вазъи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - 22.06.2017 09:44
Дар арафаи Иди Фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ эҳтиёҷмандон аёдат шуданд - 22.06.2017 09:42

Низомномаи Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд

( 11 Овоз )

I. Муқаррароти  умумӣ

1.1. Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд (минбаъд Хадамот) сохтории мустақили Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Котиби матбуотии Раиси вилоят ба Хадамоти матбуотӣ роҳбарӣ менамояд ва аз рӯи фаъолият мустақиман ба Раиси вилояти Суғд тобеъ аст.

1.2. Хадамот пояи ҳуқуқии фаъолияти худро дар заминаи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят, қарор ва фармоишҳои Раиси вилоят ва ҳамзамон Низомномаи мазкур ташкил медиҳад.

1.3. Хадамот фаъолияти худро мустақиман бо Раиси вилоят ва дар ҳамкорӣ бо роҳбари Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси вилоят, идораҳо, муассисаҳо, шӯъбаҳо ва дигар сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, васоити ахбори оммаи вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин кишварҳои хориҷӣ, ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки бо васоити ахбори умум сару кор доранд, анҷом медиҳад.

1.4. Ҳайат ва шумораи кормандони Хадамот аз ҷониби Раиси вилоят муқаррар ва тасдиқ карда мешавад.

1.5. Кормандони Хадамот хизматчиёни давлатӣ маҳсуб ёфта, нисбат ба онҳо амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» (№233, аз 5 марти соли 2007) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба хизмати давлатӣ тадбиқ мегарданд.

II. Ваколатҳо

Хадамот дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ваколатҳои зеринро амалӣ мегардонад:

2.1. Дар танзим ва тадбиқи сиёсати иттилоотии Раиси вилояти Суғд иштирок мекунад.

2.2. Доир ба тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тавассути воситаҳои ахбори умум фаъолият намуда, дар иҷро намудани дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд саҳм гирифта, инчунин ба ташаккули афкори мусбати ҷомеа мусоидат мекунад.

2.3. Дар таҳия ва тадбиқи барномаҳои мушаххас оид ба таҳкими обрӯ ва нуфузи (имидҷи) воқеии Раиси вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ширкат менамояд.

2.4. Раиси вилояти Суғдро бобати мавқеи васоити ахбори умум, вокуниши матбуот, телевизион ва радио ба баромад ва қарорҳои қабулкардаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иттилои зарурӣ таъмин менамояд.

2.5. Ҷараёни равандҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии дохил ва хориҷии кишвар, ҳамчунин инъикоси фаъолияти Раиси вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро дар воситаҳои ахбори умум зери назорат қарор дода, дар ҳолатҳои зарурӣ ба роҳбарият ахборот пешниҳод мекунанд.

III.Вазифаҳои Хадамоти матбуотӣ

Хадамот дар заминаи ваколате, ки ба ӯҳда дорад, вазифаҳои зеринро амалӣ мекунад:

3.1. Тариқи воситаҳои ахбори умум ба сокинони вилояти Суғд ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти Раиси вилояти Суғд фаврӣ иттилоъ медиҳад.

3.2. Робитаи Раиси вилояти Суғдро бо воситаҳои ахбори омма таъмин менамояд.

3.3. Дар воситаҳои ахбори омма қарор, фармоиш ва амрҳоеро, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд имзо мешаванд, шарҳ ва тафсир мекунад.

3.4. Таъмини иттилоотро дар бораи тадбирҳое, ки дар он Раиси вилояти Суғд ширкат меварзанд, ташкил мекунад.

3.6. Баромадҳои Раиси вилояти Суғдро дар воситаҳои ахбори умум таъмин менамояд.

3.7. Ба рӯзномаҳои вилоятӣ, Идораи телевизион ва радиои Суғд ва расонаҳои дигари хабарӣ, ки қарор, фармоиш ва санадҳои дигари расмии Раиси вилояти Суғдро ба табъ мерасонанд, ҳамкорӣ намуда, ба нашри ин санадҳо мусоидат менамояд.

3.8. Бо мақсади пурра, фаврӣ ва воқеъбинона инъикос намудани фаъолияти Раиси вилояти Суғд бо расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва намояндагии васоити ахбори оммаи хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.

3.9. Дар омодагӣ ва гузаронидани сафарҳои Раиси вилояти Суғд ба қаламрави вилоят, минтақаҳои дигари Тоҷикистон ва хориҷи кишвар ба хотири инъикоси тадбирҳои мазкур дар васоити ахбори умум ширкат меварзад.

3.10. Пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи гузаронидани маъракаҳо, ки ба ташаккули обрӯю нуфузи (имидҷи) Раиси вилояти Суғд мусоидат менамояд, манзур мекунад.

3.11. Ҳатмияти нашри санадҳои фармоишии Раиси вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро, ки ба ҳуқуқ, озодӣ ва ӯҳдадориҳои шаҳрванд дахл мекунад, таъмин менамояд.

IV. Ҳуқуқи Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд

Хадамот ҳуқуқ дорад:

4.1. Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, созмонҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ, марказӣ ва байналхалқӣ ба хотири дастрас намудани мавод, ки барои иҷрои вазифаҳои ба ӯҳдаи Хадамот вогузоршуда заруранд, аз рӯи тартиби муқарраршуда пурсишнома фиристад.

4.2. Маълумоти бонки иттилоотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро истифода намояд.

4.3. Пешниҳодоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сохторҳои мухталифи дастгоҳи Раиси вилоят ва шахсони алоҳидаро баррасӣ намояд.

4.4. Тамоми санадҳои фармоишии Раиси вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро оид ба масъалаҳои сиёсати иттилоотӣ ва кор бо васоити ахбори умум пешниҳод ва мувофиқа кунад.

4.5. Ҳамоҳангӣ ва назорати иҷроиши қарорҳоро оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Хадамот амалӣ намояд.

4.6. Дар ҷаласаҳои кории Раиси вилояти Суғд ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ширкат намояд.

4.7. Оид ба беҳбудии сиёсати иттилоотӣ ва  фаъолият бобати ташаккули обрӯву нуфузи (имидҷи) воқеии Раиси вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пешниҳод манзур намояд.

4.8. Дар бораи мақсаднок будани иштироки Раиси вилояти Суғд дар чорабиниҳои мухталифи оммавӣ ва баромади онҳо дар васоити ахбори умум ташаббус нишон диҳад ва таҳлилу баҳодиҳӣ намояд.

4.9. Мутахассисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ташкилотҳои дигарро бо мувофиқа бо роҳбари онҳо барои ҳалли масъалаҳое, ки ба салоҳияти Хадамот аст, ҷалб намояд.

4.10. Ҳамчунин ҳуқуқҳои дигарро мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Суғд барои ҳалли масъала ва иҷрои  вазифаҳои Хадамот дошта бошад.

V. Ӯҳдадорӣ ва масъулияти Хадамоти матбуотӣ

5.1. Ӯҳдадориҳои кормандони Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд тибқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» (№233, аз 5 марти соли 2007) ва Низомномаи мазкур, инчунин Дастурамали вазифавии кормандон, ки аз ҷониби роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят тасдиқ карда шудааст, муқаррар карда мешавад.

5.2. Кормандони Хадамот барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои ба зиммаашон гузошта шуда, супоришҳои Раиси вилоят тибқи қонунгузории мавҷуда масъулиятро дар дӯш доранд.

VI. Муқарароти хотимавӣ

6.1. Хадамоти матбуотии Раиси вилоят дар тобеияти Раиси вилоят қарор дошта, дар назди ӯ масъул ва аз натиҷаи фаъолияташ ҳисоботдиҳанда мебошад.

6.2. Масъалаи таъсис додан, таҷдид ва барҳам додани Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд бо қарори Раиси вилоят сурат мегирад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Хадамоти матбуотии Раиси вилоят Низомномаи Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд