Хабарҳо
Ба таваҷҷӯҳи кормандони расонаҳои хабарӣ! - 22.02.2017 10:08
“Артиши миллӣ-ҳомии сулҳу ваҳдат ва пойдории кишвар”- конфронси илмӣ-амалӣ дар ДДХ - 22.02.2017 09:31
Мулоқоти шаҳрдори Хуҷанд бо донишҷӯён дар шаҳри Душанбе - 22.02.2017 09:27
Мусобиқаи вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми “Бойчечак” ба анҷом расид - 22.02.2017 09:24
Абдураҳмон Қодирӣ қарор дар бораи гузаронидани озмуни “Хомаи созанда-2017” –ро имзо намуд - 22.02.2017 09:23
Хуҷанд. Соҳибкорони муваффақи соли 2016 бо Сипосномаи мақомоти иҷроия қадршиносӣ шуданд - 22.02.2017 08:19
Бӯстон. Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ стипендияи раиси шаҳрро дарёфт мекунанд - 22.02.2017 08:15
25 феврал ярмарка - фурӯши ниҳол ва гулу гулбуттаҳо баргузор мешавад - 22.02.2017 08:12
Баргузории Чемпионати кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба каратэ WKF бахшида ба “Соли ҷавонон” - 21.02.2017 13:23
Ташреҳи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат дар Ашт - 21.02.2017 13:21

Зоирӣ Ғафур Маҳмудзода

( 7 Овоз )
Зоирӣ Ғафур Маҳмудзода

Роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят

25 июни соли 1961 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.

Маълумоти олӣ дорад. Соли 1983 Донишгоҳи давлатии педагогии Ленинобод ва соли соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисосҳои омӯзгори фанни  физика – математика ва ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Зоирӣ Ғафур Маҳмудзода фаъолияти меҳнатии худро соли 1983 ба сифати омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 21 – и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намуда, то соли 2000 дар мактаби мазкур ва мактаби №49 – и ҳамин ноҳия кор кардааст.

Мавсуф сипас дар вазифаи мутахассиси шӯъбаи ташкилӣ ва  кор бо кадрҳои Ҳукумати вилояти Суғд фаъолият дошт.

Зоирӣ Ғафур Маҳмудзода аз соли 2000 то соли 2011 дар вазифаи мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дасгоҳи  раиси  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият бурда, сипас дар солҳои  2011-2013 дар вазифаҳои сармутахассиси шӯъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси вилоят, солҳои 2013 – 2014 роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Чкалов, мудири шӯъбаи молиявию хоҷагии дастгоҳи Раиси вилоят ва иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят кор кардааст.

Аз 18 июли соли 2014 Роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят таъин гардид.

ШУМО ДАР: КИСТУ ЧИСТ! Зоирӣ Ғафур Маҳмудзода