Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41
Боздиди Раиси вилоят аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ” - 21.05.2018 13:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточи - 21.05.2018 11:20
Амалиёти “Кӯкнор-2018” дар ду марҳила гузаронида мешавад - 21.05.2018 10:17
Таъсиси Ситоди вилоятии “Тобистон - 2018” - 21.05.2018 10:16

Хуршед Сатторзода

( 27 Овоз )

Роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят

Хуршед Сатторзода 29-уми августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллат -тоҷик. Маълумоти олӣ дорад.

Соли 1996 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро бо ихтисоси иқтисодчӣ – менеҷер хатм намудааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад.

Фаъолияти кориро солҳои 2000 – 2003 ба ҳайси муовини сарвари ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «Абдуазиз»-и шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст, солҳои ‎2003 - 2006 дар вазифаи муовини мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси вилоят кор карда, аз соли 2006 то 2007 дар вазифаи сармутахассиси хадамоти кадрии дастгоҳи Раиси вилоят фаъолият бурдааст.

Солҳои ‎2007 - 2010 ҳамчун сармутахассиси хадамоти кадрии дастгоҳи Раиси вилоят фаъолият бурда, солҳои ‎2010 - 2011 сармутахассиси шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилоят буд ва аз 1 июни соли 2011 то соли 2014 дар вазифаи мудири шӯъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси вилоят кор кардааст.

Аз моҳи декабри  соли 2014 то соли 2017 дар мансаби муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият бурда,  моҳи июни соли равон Роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят таъйин гардид.

Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд мебошад.

ШУМО ДАР: КИСТУ ЧИСТ! Хуршед Сатторзода