Хабарҳо
Ба таваҷҷӯҳи кормандони расонаҳои хабарӣ! - 22.02.2017 10:08
“Артиши миллӣ-ҳомии сулҳу ваҳдат ва пойдории кишвар”- конфронси илмӣ-амалӣ дар ДДХ - 22.02.2017 09:31
Мулоқоти шаҳрдори Хуҷанд бо донишҷӯён дар шаҳри Душанбе - 22.02.2017 09:27
Мусобиқаи вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми “Бойчечак” ба анҷом расид - 22.02.2017 09:24
Абдураҳмон Қодирӣ қарор дар бораи гузаронидани озмуни “Хомаи созанда-2017” –ро имзо намуд - 22.02.2017 09:23
Хуҷанд. Соҳибкорони муваффақи соли 2016 бо Сипосномаи мақомоти иҷроия қадршиносӣ шуданд - 22.02.2017 08:19
Бӯстон. Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ стипендияи раиси шаҳрро дарёфт мекунанд - 22.02.2017 08:15
25 феврал ярмарка - фурӯши ниҳол ва гулу гулбуттаҳо баргузор мешавад - 22.02.2017 08:12
Баргузории Чемпионати кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба каратэ WKF бахшида ба “Соли ҷавонон” - 21.02.2017 13:23
Ташреҳи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат дар Ашт - 21.02.2017 13:21

Заробиддин Файзуллозода

( 6 Овоз )
Заробиддин Файзуллозода

Муовини Раиси вилоят оид ба саноат ва энергетика

Файзуллозода Заробиддин Қудрат 13 феврали соли 1965 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ.

Соли 1989 Донишкадаи политехникии шаҳри Тошкандро  бо ихтисоси  муҳандиси соҳаи кӯҳкорӣ хатм кардааст.

Файзуллозода Заробиддин Қудрат фаъолияти меҳнатии худро соли 1989 ба ҳайси устои бригадаи нафтчиёни Раёсати баландбардории қабатҳои нафтдор ва таъмири «Тоҷикнафт» оғоз намуда, сипас дар солҳои гуногун дар вазифаҳои сарустои минтақаи сохтмонии №3-и Раёсати сохтмони «Монолит-3» - и шаҳри Душанбе, сардори сехи қолибгарии кооперативи истеҳсолии «СМ», нозири давлатии кӯҳкорӣ-техникӣ, сардори Инспексияи байнивилоятии кӯҳкорӣ-техникӣ оид ба назорат дар муассисаҳои иқтишофи геологӣ ва саноати нафту гази Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Мавсуф солҳои 2006-2013 дар вазифаи муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2013-2014 дар вазифаи муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2014-2015 дар вазифаи муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз 26 феврали соли 2015 дар мансаби муовини Раиси вилояти Суғд кор мекунад.

ШУМО ДАР: КИСТУ ЧИСТ! Заробиддин Файзуллозода