Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41
Боздиди Раиси вилоят аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ” - 21.05.2018 13:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточи - 21.05.2018 11:20
Амалиёти “Кӯкнор-2018” дар ду марҳила гузаронида мешавад - 21.05.2018 10:17
Таъсиси Ситоди вилоятии “Тобистон - 2018” - 21.05.2018 10:16

Ғаффорӣ Назира Абдуллозода

( 367 Овоз )
Ғаффорӣ Назира Абдуллозода

Муовини Раиси вилоят

Назира Ғаффорӣ 24-уми марти соли 1961 дар деҳаи Хистеварзи  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1977 мактаби миёнаи №53 шаҳри Душанбе ва соли 1982 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1982-1992 ба ҳайси ассистент ва аспиранти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи ҳамин Донишгоҳ кор ва таҳсил намудааст. Соли 1994 соҳиби унвони илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардид. Солҳои 1992-1997 дар маслиҳатхонаи ҳуқуқии  шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) ба ҳайси адвокат адои вазифа намуд.

Солҳои 1997-2001 дар вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва граҷдании факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва солҳои 2001-2007 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳайси дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ, мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика, декани факултаи ҳуқуқшиносӣ фаъолият дошт.

Аз моҳи феврали соли 2007 то январи соли 2008 вазифаи раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро бар ӯҳда дошт. 26 январи соли 2008 ба вазифаи ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то 10 марти соли 2010 дар ин вазифа фаъолият намуд.

Солҳои 2010-2015 аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров, №14 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар ҷаласаи нахустини иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

1 марти соли 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум аз ҳавзаи интихоботии Домулло Азизов, №64 интихоб гардид.

Муаллифи 23 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин беш аз 50 дастурҳои таълимию методӣ ва мақолаҳои илмӣ мебошад.

Савияи дониши худро дар Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон баланд кардааст.

Назира Ғаффорӣ Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2001), Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2017) мебошад ва бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2008), Ифтихорнома ва сипосномаи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2009,2010), медали ҷашнии «20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2011), медали тиллоии «20-солагии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» (с.2012), медали ҷашнии «90-солагии адлияи Тоҷикистон» (с.2014), медали ҷашнии «10-солагии  Гурӯҳи АврОсиё оид ба  мубориза бо софкории даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм (ЕАГ)» (с.2014), Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2015), медали «Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. 25 сол», (с.2017) сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.

27 феврали соли 2015 муовини Раиси вилояти Суғд таъин гардидааст.

ШУМО ДАР: КИСТУ ЧИСТ! Ғаффорӣ Назира Абдуллозода