Хабарҳо
Шабаҳе болои Бадахшон пар мезанад, аммо чаро касе ӯро намебинад? - 23.10.2018 17:44
Баромади Абдуқодирзода дар Истамбул - 23.10.2018 17:43
МУРОЉИАТНОМАИ Кумитаи рушди љамоатхонањои шиаи имомии исмоилї ба сокинони Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон - 23.10.2018 17:42
Муфтии Тоҷикистон дар меҳмонии Ҷамъияти тоҷикони Миср - 23.10.2018 16:50
Ректори Донишгоҳи Истанбул: «Тоҷикистон ва Туркия- шоҳиди ду кӯшиши ноком ба табаддулоти давлатӣ» - 23.10.2018 16:49
Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.10.2018 15:22
Дар Конибодом аз оғози сол то имрӯз 50 иншооти нав бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтааст - 23.10.2018 15:27
Суиистифодаи наҳзат аз Ислом - 23.10.2018 15:22
Конференсияи байналмилалии Қоҳира: Шурои уламои ҷаҳон ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ ва маблағгузори онро душмани инсоният ва башарият хонданд - 23.10.2018 15:21
Раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия: «Ҷомеаи Тоҷикистон ақидаҳои ҲНИ-ро қабул надорад» - 23.10.2018 15:20

Раҷаббой Аҳмадзода

( 101 Овоз )

Раиси вилояти Суғд

Раҷаббой Аҳмадзода 16 сентябри соли 1971 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ.

Соли 1993 Институти химия- технологияи Ҷумҳурии Қазоқистонро бо ихтисоси муҳандис-химик-технолог ва соли 2010 Академияи хизматчиёни давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро аз соли 1993 ба ҳайси муҳандис-технологи корхонаи «Лаъл»-и шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, солҳои 1994-2016 дар вазифаҳои муовини сардори корхонаи «Сангбурӣ», сардори идораи робитаҳои иқтисодии берунӣ, муовини директори генералӣ ва директори генералии ҶС «Ленинободпромстройматериал»-и Хуҷанд, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, директори генералии КВД «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд, раиси шаҳри Қайроққум ва раиси шаҳри Хуҷанд кор кардааст.

Аз 30 марти соли 2016 то январи соли 2018 дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдааст.

Бо медали ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Аз 13 январи соли 2018 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд таъйин гардид.


ШУМО ДАР: КИСТУ ЧИСТ! Раҷаббой Аҳмадзода