Хабарҳо
Нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар шаҳри Гулистон 100 фоиз иҷро шуд - 28.04.2017 11:04
Бинои Маркази минтақавии хизматрасонӣ барои пиронсолон ва маъюбон пас аз таҷдид ба истифода дода шуд - 28.04.2017 10:57
Зариф Мирдадо вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт интихоб гардид - 28.04.2017 10:54
Баргузории иҷлосияи нӯҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум - 28.04.2017 10:50
Семинар дар мавзуи мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон - 27.04.2017 15:18
15 ҳазор метр матоъи дастбофи ҳунармандони шаҳри Конибодом ба фурӯш рафтааст - 27.04.2017 11:26
Нақшаи кишти ғалладонагиҳо наздик 100 фоиз иҷро шуд - 27.04.2017 11:24
Оғози таъмиру барқарорсозии роҳҳо дар ноҳияи Ашт - 27.04.2017 11:23
«Ваҳдати миллӣ кафолати ҳаёти осоишта» - конфронси илмӣ-амалӣ - 27.04.2017 11:22
Зимни баргузории маъракаҳо 57 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд - 27.04.2017 11:21

Аъзам Искандарӣ

( 103 Овоз )

мудири шӯъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд

Аъзам Искандарӣ 20 декабри соли 1981 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм намудааст.

Мавсуф фаъолияти меҳнатии худро ба ҳайси хазинадор оид ба ҳисобкунии пули шӯбаи хазинадории бахши БДА «Амонатбонк» оғоз намуда, сипас дар солҳои гуногун дар вазифаҳои муҳосиб дар ҶММ «Искандариён»,   иқтисодчии шӯъбаи иқтисодии ФВСҶСК «Тоҷиктелеком», мутахассиси Раёсати хазинадории Сарраёсати молияи вилояти Суғд, мутахассиси пешбари шӯъбаи буҷетии соҳаҳои иҷтимоии Раёсати буҷетии Сарраёсати молияи вилояти Суғд кор кардааст.

Солҳои 2014-2015 Ёрдамчии Раиси вилояти Суғд буд. Аз декабри соли 2015 дар вазифаи мудири шӯъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд кор мекунад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: КИСТУ ЧИСТ! Аъзам Искандарӣ