Хабарҳо
Боздиди роҳбарияти ВМКБ аз Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” ва Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” - 23.08.2017 18:30
Мулоқоти роҳбарияти ВМКБ бо собиқадорони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Суғд - 23.08.2017 18:25
Ташрифи Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба вилояти Суғд - 23.08.2017 18:19
Иди саиди Қурбон 1 сентябр таҷлил мешавад - 23.08.2017 18:18
Дар доираи ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар шаҳри Панҷакент чорабиниҳои гуногун баргузор шуд - 23.08.2017 14:24
Исфара. Ба 28 нафар хонандагон аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ ҳадя гардид - 23.08.2017 11:22
Таасуроти иштирокчиёни ҳафтаи фарҳангии ВМКБ дар вилояти Суғд - 23.08.2017 11:20
Боздиди меҳмонони ВМКБ аз МОИ “Суғд”, ДДХ ва Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” /АКСҲО/ - 22.08.2017 19:16
Боздиди меҳмонони ВМКБ аз МОИ “Суғд”, ДДХ ва Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” - 22.08.2017 17:10
Барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” бо иштироки меҳмонони ВМКБ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 22.08.2017 16:55

Нодира Мирзозода

( 11 Овоз )
Нодира Мирзозода

сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят

8 июли соли 1960 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 1982 Донишгоҳи педагогии ба номи С. М. Кирови шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти рус, методисти корҳои тарбиявӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ба сифати омӯзгор оғоз намуда, сипас дар солҳои гуногун дар вазифаҳои раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Спитамен, мудири шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Спитамен кор кардааст. Аз соли 2006 то соли 2010 дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Спитамен фаъолият бурдааст. Тули солҳои 2010-2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз 20 апрели соли 2015 инҷониб дар вазифаи сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолият мебарад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: КИСТУ ЧИСТ! Нодира Мирзозода