Хабарҳо
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо кормандони соҳаи маориф - 23.02.2018 16:18
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.02.2018 14:40
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии Корхонаи муштараки “Зарафшон” - 23.02.2018 13:53
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ - 22.02.2018 09:57
Пешвои миллат як қатор қонунҳоро ба имзо расонданд - 22.02.2018 11:51
Конибодом. Раҷаббой Аҳмадзода иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуд - 22.02.2018 14:49
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.02.2018 14:59
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо интихобкунандагон - 22.02.2018 14:10
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 22.02.2018 13:53
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова - 22.02.2018 11:30

Умар Мунавварзода

( 13 Овоз )
Умар Мунавварзода

мудири шӯъбаи назорати дастгоҳи Раиси вилояти Суғд

27-уми майи соли 1962 дар ноҳияи Ғончӣ таваллуд шудааст. Миллат-тоҷик.

Маълумоти олӣ дорад. Соли 1984 институти политехникии Тоҷикистон ва соли 1989 Мактаби олии комсомолиро хатм намудааст. Ихтисосаш муҳандис-сохтмончӣ.

Солҳои 1979-1984 донишҷӯи институти политехникии Тоҷикистон буда, фаъолияташро соли 1984 ҳамчун устои идораи сохтмони роҳи № 9-и шаҳри Уротеппа оғоз намуд.

Солҳои 1986-1987 инструктор, ҷонишини мудири шуъбаи ташкилии комитети комсомолӣ, котиби дуюми комитети комсомолӣ, котиби якуми комитети комсомолии ноҳияи Ғончӣ шуда кор кардааст.

Аз соли 1990 то соли 1993 котиби комитети комсомолӣ, ҷонишини мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Комиҷроияи вилояти Ленинобод, солҳои 1993-1998 ҷонишини директори корхонаи хурди «Аср»-и шаҳри Хуҷанд фаъолияташро идома дод.

Солҳои 1998-2002 мудири шӯъбаи назорати Ҳукумати вилояти Суғд, солҳои 2002-2003 ҷонишини директори маркази истеҳсолӣ-тиҷоратии «Хуҷандроҳ»-и шаҳри Хуҷанд, солҳои 2003-2009 сардори гурӯҳи нозиротӣ, сармутахассиси (нозири пешбари) Инспексияи нақлиёти вилояти Суғд ва аз 5 декабри соли 2009 мутахассиси шӯъбаи фаъолияти зиддимонополӣ ва рушди рақобати Раёсати рушди иқтисод ва фаъолияти зиддимонополии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кор кардааст.

Аз соли 2009 то ин ҷониб ба ҳайси мудири шӯъбаи назорати дастгоҳи Раиси вилоят фаъолият мебарад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: КИСТУ ЧИСТ! Умар Мунавварзода