Хабарҳо
Мақсад: муаррифии маҳсулотҳои ватанӣ - 20.03.2017 11:09
Конфронси аввалини илмӣ-назариявии ҷавонон таҳти унвони «Нақши муассири Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир» доир шуд - 17.03.2017 16:07
ЭЪЛОН: 26 март мусобиқаҳои миллии “Бузкашӣ” ва “Пойга” гузаронида мешавад - 17.03.2017 11:29
Дар Конибодом бахшида ба Иди Наврӯз консертҳои идона ва сайругаштҳои оммавӣ баргузор мешавад - 17.03.2017 10:51
Адабиётшиноси маъруф Атахон Сайфуллоев аз олам даргузашт - 17.03.2017 10:26
ЭЪЛОН: Озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ» баргузор мешавад - 17.03.2017 09:21
Озмуни бадеию ҳунарии “Дастагули наврӯзӣ” ҷамъбаст шуд - 17.03.2017 09:18
Баргузории чорабинии “Корвони саломатӣ” дар ноҳияи Мастчоҳ - 17.03.2017 09:17
Баргузории конфронси илмӣ-амалии «Наврўз ва ойинҳои наврўзӣ» дар китобхонаи вилоятӣ - 17.03.2017 09:14
Ифтитоҳи Такягоҳи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии №3 дар Исфара - 17.03.2017 09:10

Усмонӣ Ином Султонзод

( 4 Овоз )
Усмонӣ Ином Султонзод – мудири нави Шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилоят

мудири шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилоят

9 сентябри соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллат-тоҷик.

Маълумоти олӣ дорад. Соли 1980 Донишгоҳи давлатии ба номи Н.Г.Чернышевский шаҳри Саратовро хатм намудааст. Ихтисосаш филолог, устоди забон ва адабиёти рус мебошад.

Фаъолияташро солҳои 1980-1983    ба ҳайси устоди кафедраи инкишофи нутқи шифоҳии русии Донишгоҳи давлатии педагогии ба номи С.М.Киров оғоз кардааст. Солҳои 1983-1984 мудири шӯъбаи Марказии илмию методии идораи фарҳанги кумиҷроияи вилоят, солҳои 1984-1985    омӯзгори забон ва адабиёти руси мактаби миёнаи № 20-и ноҳияи Б.Ғафуров, солҳои 1985-1989     котиби комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи қишлоқи Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров, солҳои 1989-1991    омӯзгори забон ва адабиёти руси мактаби миёнаи № 20-и ноҳияи Б.Ғафуров кор кардааст.

Аз соли 1991 то 1993    устоди кафедраи забонҳо, мудири кафедраи таълиму тарбияи томактабӣ ва ибтидоии Донишкадаи такмили ихтисос, солҳои 1993-1997 мутахассис – мудири бахши протоколӣ, сармутахассис, муовини мудир, мудири шӯъбаи ташкилию кор бо кадрҳои Ҳукумати вилоят фаъолияташро идома додааст.

Солҳои 1997-1997    мудири шӯъбаи I ва кадрҳои Иттиҳодияи нақлиёти вилоят, солҳои 1997-1999    афсари қисми ҳарбии 2850 Кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1999-2002    муовини мудири шӯъбаи ташкилию кор бо кадрҳои Ҳукумати вилоят, солҳои 2002-2007 мудири шӯъбаи ташкилии дастгоҳи Раиси вилоят, солҳои 2007-2008    сардори Раёсати ташкилии дастгоҳи Раиси вилоят кор кардааст.

Аз моҳи июн то декабри соли 2008 дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия қарор дошт.

Солҳои 2008-2009 фаъолияташро ҳамчун мудири шӯъбаи таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон идома дода, аз моҳи апрел то августи соли 2009 сармутахассиси шӯъбаи маъмурии дастгоҳи Раиси вилоят, солҳои 2009-2011    сармутахассис оид ба корҳои махсуси дастгоҳи Раиси вилоят ва шурӯъ аз моҳи апрел то июни соли  соли 2011    мудири шӯъбаи умумӣ ва корҳои махсуси дастгоҳи Раиси вилоят фаъолият бурдааст.

Аз соли 2011 то августи 2015 дар вазифаи мудири шўъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси вилоят кор кардааст.

Аз 7 августи соли 2015 мудири шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилоят таъин гардид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: КИСТУ ЧИСТ! Усмонӣ Ином Султонзод