Хабарҳо
Тозакунии лойҳои пойгоҳи обкашии АНАЕС-1 оғоз гардид - 24.01.2017 15:58
Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба “Соли ҷавонон” - 24.01.2017 09:18
Баргузории семинари бозомӯзӣ барои кишоварзон дар Конибодом - 24.01.2017 09:17
Эълони 150 рӯзи ободонӣ ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Спитамен - 24.01.2017 09:16
Семинари дастурдиҳӣ барои мутахассисони мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо - 24.01.2017 09:11
Осим Каримзода дар нишасти хабарӣ аз ҳамкории Раёсати маориф бо ВАО изҳори қаноатмандӣ намуд - 24.01.2017 08:36
Ҳамовозии сокинон бо Муроҷиатномаи Пешвои миллат - 24.01.2017 08:34
Хуҷанд. Баргузории мусобиқаи чавгонбозӣ миёни ҷавонон - 24.01.2017 08:32
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров наздик 230 км роҳҳо таъмир гардид - 23.01.2017 09:55
Аз иҷроиши Барномаи вилоятии “Соли 2016 – Соли фарди солим” изҳори қаноатмандӣ карда шуд - 20.01.2017 16:27

Заробиддин Файзуллозода

( 12 Овоз )
Заробиддин Файзуллозода

Муовини Раиси вилоят оид ба саноат ва энергетика

Файзуллозода Заробиддин Қудрат 13 феврали соли 1965 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ.

Соли 1989 Донишкадаи политехникии шаҳри Тошкандро  бо ихтисоси  муҳандиси соҳаи кӯҳкорӣ хатм кардааст.

Файзуллозода Заробиддин Қудрат фаъолияти меҳнатии худро соли 1989 ба ҳайси устои бригадаи нафтчиёни Раёсати баландбардории қабатҳои нафтдор ва таъмири «Тоҷикнафт» оғоз намуда, сипас дар солҳои гуногун дар вазифаҳои сарустои минтақаи сохтмонии №3-и Раёсати сохтмони «Монолит-3» - и шаҳри Душанбе, сардори сехи қолибгарии кооперативи истеҳсолии «СМ», нозири давлатии кӯҳкорӣ-техникӣ, сардори Инспексияи байнивилоятии кӯҳкорӣ-техникӣ оид ба назорат дар муассисаҳои иқтишофи геологӣ ва саноати нафту гази Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Мавсуф солҳои 2006-2013 дар вазифаи муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2013-2014 дар вазифаи муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2014-2015 дар вазифаи муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз 26 феврали соли 2015 дар мансаби муовини Раиси вилояти Суғд кор мекунад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: КИСТУ ЧИСТ! Заробиддин Файзуллозода