Хабарҳо
Дар Конибодом Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд кушода шуд - 20.10.2017 11:16
Истаравшан. Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 104% иҷро шуд - 20.10.2017 11:13
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ва шир дар ноҳияи Ашт - 20.10.2017 09:03
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1 474 913,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод - 20.10.2017 08:55
Дар ноҳияи Мастчоҳ 47 603 тонна полезиҳо истеҳсол шудааст - 20.10.2017 08:42
Суғд: Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ 2 775,4 ҳазор сомониро ташкил кард - 20.10.2017 08:37
«Мактаби сарварӣ» занони роҳбарро омода менамояд - 19.10.2017 15:52
Қарори Раиси вилоят “Дар бораи тасдиқи Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021” ба тасвиб расид - 19.10.2017 10:25
Аз Хуҷанд ба хориҷи кишвар ба маблағи 189,2 миллион сомонӣ маҳсулот содирот карда шудааст - 19.10.2017 09:18
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41

Абдураҳмон Қодирӣ

( 70 Овоз )
Абдураҳмон Қодирӣ

Раиси вилояти Суғд

Абдураҳмон Қодирӣ 25 июни соли 1953 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1975 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси аграноми олим-иқтисодчӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1975 ба сифати иқтисодчии  колхози ба номи С. Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намуда, солҳои 1976 – 1979 Сариқтисодчии шӯъбаи банақшагирӣ ва молиявии Управленияи хоҷагии кишлоқи вилояти Ленинобод, 1979-1980 ба ҳайси ёрдамчии муовини Раиси комиҷроияи вилояти Суғд кор кардааст.

Солҳои 1980-1983 сардори шӯъбаи банақшагирӣ-молиявии Управленияи хоҷагии қишлоқи вилоят,  1983-1985 ҷонишини сардори Управленияи хоҷагии қишлоқи вилоят, 1985-1988 мудири шӯъбаи кишоварзии Кумитаи Партиявии Хуҷандии Партияи Коммунистии Тоҷикистон,  1988-1993 Омири кулли Агрокомбинати «Хуҷанд»-и ноҳияи Хуҷанд, 1993-1995 муовини якуми раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият бурдааст. Солҳои 1995-1996 муовини сардори Управленияи хоҷагии қишлоқи вилоят буд.

Солҳои 1996-2002 дар вазифаҳои муовини Раиси вилоят, солҳои 2002-2004 дар вазифаи муовини якуми Раиси вилояти Суғд ва солҳои 2004-2006 дар вазифаи раиси ноҳияи Зафаробод кор кардааст.

Соли 2006 Вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2008 дар ҳамин вазифа кор кардааст. Аз соли 2008 то ноябри соли 2013 дар мансаби муовини якуми Раиси вилояти Хатлон фаъолият бурдааст.

Барои фаъолияти меҳнатиаш бо мукофотҳои давлатии ордени «Шараф» дараҷаи 1 ва бо медали ҷашнии «10 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд таъин гардид. Аз 15 феврали соли 2014 – Раиси вилояти Суғд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: КИСТУ ЧИСТ! Абдураҳмон Қодирӣ