Хабарҳо
Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят - 20.02.2017 10:49
Профессор Абдуҷалил Бобокалонов аз олам даргузашт - 20.02.2017 10:22
Ашт. Дар масоҳати 2,95 гектар бозори нав бунёд шуд - 20.02.2017 09:23
Мулоқоти роҳбарони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагон дар ноҳияи Деваштич - 20.02.2017 09:02
Номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилоят иваз карда шуд - 17.02.2017 14:32
Оқилзода Бахтиёр раиси Суди вилояти Суғд таъин шуд - 17.02.2017 10:55
Баргузории семинар бо ҷалби кишоварзон дар ноҳияи Деваштич - 17.02.2017 09:53
Ашт. Дар шаҳраки Шайдон намоиши ҳунарҳои миллӣ баргузор шуд - 17.02.2017 08:32
Мулоқоти масъулини донишгоҳҳои олӣ бо хатмкунандагони ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Спитамен - 17.02.2017 08:28
“Пайғоми ҷавонони Суғд” - лагери маърифативу солимгардонии ҷавонони фаъоли вилоят - 16.02.2017 14:48

Раҳматзода Рустам Мирзо

( 42 Овоз )
Раҳматзода Рустам Мирзо

Муовини аввали Раиси вилояти Суғд

Раҳматзода Рустам Мирзо 7 майи соли 1963 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 1985 Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва 1994 донишгоҳи мазкурро бо ихтисосҳои муаллими фанни риёзӣ ва иқтисодчӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 ба сифати муҳандис-барномасози маркази ҳисоббарории ҷумҳуриявии Кумитаи давлатии РСС Тоҷикистон оид ба таъминоти моддӣ ва техникии шаҳри Душанбе оғоз кардааст.

Солҳои 1988-1990 молшиноси калони муассиса доир ба таъминоти ангишти Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти моддӣ-техникӣ, солҳои 1990-1991 ин муассиса, солҳои 1991-1993 сармутахассиси шӯъбаи иқтисод ва молияи мудирияти корҳои кабинети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1993-1995 сармутахассиси шӯъбаи иқтисод ва молияи мудирияти Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, cолҳои 1995-1996 cармутахассиси шӯъбаи иқтисодии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1996-2002 муовини сардори шӯъбаи молиёт, буҷа, назорати арзии Раёсати иқтисодиёти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2002-2006 муовини вазир – сардори Департаменти сиёсати саноати Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва cолҳои 2006-2009 муовини раиси шаҳри Душанбе буд.

Мавсуф ҳамчунин дар вазифаҳои раиси ноҳияи Айнӣ ва ноҳияи Зафаробод фаъолият бурда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 5 июли соли 2014 то 26 августи соли 2015 дар вазифаи раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» кор кардааст.

Мавсуф аз августи соли 2015 дар мувофиқа бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми Раиси вилоят таъин шудааст.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: КИСТУ ЧИСТ! Раҳматзода Рустам Мирзо