Хабарҳо
Хуҷанд. Содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар афзоиш ёфт - 17.07.2018 16:09
Ашт. Ба маблағи 493 ҳазор доллари ИМА меваи тар содирот карда шуд - 17.07.2018 09:27
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар шуд - 17.07.2018 09:15
Хуҷанд. 13 меҳмонхона, 60 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фароғатӣ дар хизмати сайёҳон қарор доранд - 17.07.2018 08:22
Гулистон. Ҳаҷми маблағи воридшуда аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13 миллиону 378,6 ҳазор сомониро ташкил дод - 17.07.2018 07:52
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24
Суғд: Ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд - 16.07.2018 10:22
ТАРКИШ: амали террористие, ки баъди 22 сол ошкор шуд - 14.07.2018 22:47

Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-сентябри соли 2017

( 0 Овоз )

АХБОРИ САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

«Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нўҳ моҳи соли 2017»

МАКРОИҚТИСОДИЁТ ВА МОЛИЯ

Мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати молияи вилояти Суғд қисми даромади буҷети вилоят ба 1 октябри соли 2017 ба андозаи 112,1 фоизи нақша иҷро гардида, 1188850,4 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Иҷроиши қисми хароҷоти буҷети вилоят дар ин давра 1150646,9 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба нақша 99,4 фоиз мебошад.

Барои маблағгузории соҳаҳои маориф 99,5 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 99,8 фоиз, хоҷагии коммуналӣ 100 фоиз, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ 99,3 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 97,1 фоиз ва ғайра маблағ сарф карда шудааст.

САНОАТ

Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 6900186,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 132,9 фоизро ташкил кард.

Аз 117 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017 истеҳсоли 76 номгўй (65 фоиз) афзуда, 34 номгўй (29 фоиз) кам шуда, 7 номгўй (6 фоиз) истеҳсол карда нашудааст.

Аз 605 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017-ум 355 корхона (58,7 фоиз) нисбат ба моҳҳои январ - сентябри соли гузашта сатҳи истеҳсолро баланд бардоштаанд. Дар айни замон, миқдори корхонаҳои бозистода дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017-ум 113 воҳид ё 18,7 фоизро ташкил карда, 137 корхона ё 22,6 фоиз сатҳи истеҳсолро нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам кардаанд.

Аз 113 воҳид корхонаи бозистода 33 корхона аз сабаби мавсимӣ будани маҳсулоти истеҳсолиашон фаъолият накардаанд.

Ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2017 нисбат ба моҳҳои январ - сентябри соли 2016 афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ, якҷоя бо нўшокиҳо ва тамоку, истеҳсоли ҳар гуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ, истеҳсоли металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, дўзандагӣ ва ғайраҳо мусоидат намуданд.

Саноати истихроҷи маъдан

Дар саноати истихроҷи маъдан дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017 ба маблағи 2905256,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2016-ум 29,3 фоиз, аз он ҷумла истихроҷи маводҳои ғайриэнергетикӣ 28 фоиз ва энергетикӣ 37,7 фоиз зиёд шудааст.

Истихроҷи намудҳои ҷудогонаи

саноати истихроҷ

Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017 зиёдшавии ҳаҷми истихроҷи маводҳои энергетикӣ 37,7 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби истихроҷи ангиштсанг ба 22,3 фоиз, нафт ба 2,4 фоиз зиёд шудааст.

Ҳаҷми истихроҷи маводҳои ғайриэнергетикӣ 28 фоиз аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли регу сангмайда 52,7 баробар ва дигар маҳсулотҳо ба вуҷуд омадааст.

Саноати коркард

Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ-сентябри соли 2017-ум 3757639,0 ҳазор сомонӣ, аз он маҳсулоти хўрокворӣ якҷоя бо нўшокиҳо ва тамоку 1820948,7 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дўзандагӣ 307455,6 ҳазор сомонӣ, ҳар гуна маснуоти ғайрифилизии маъданӣ 300020,1 ҳазор сомониро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ умуман дар соҳаи коркард 29,5 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ 34,6 фоиз зиёд шуд, ки он аз ҳисоби истеҳсоли орд 3,6 баробар, нон ва маҳсулоти нонӣ- 21 фоиз, маргарин 11,9 фоиз, гўшт 12,1 фоиз ва нўшокиҳои ғайриспиртӣ 12,5 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Истеҳсоли дигар маҳсулоти маъдани ғайрифилизӣ – 39 фоиз зиёд шуд, ки аз ҳисоби зиёдшавии семент - 1,5 бар. ба вуҷуд омадааст.

Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дўзандагӣ – 16,2 фоиз зиёд аз ҳисоби истеҳсол шудани калобаи пахтагин 43,7 фоиз, матои нобофта -47,9 фоиз, қолин ва маснуоти қолинӣ – 11,5 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Истеҳсол ва тақсимоти нерўи барқ, газ ва об

Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти нерўи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ-сентябри соли 2017-ум 237291,3 ҳазор сомониро ташкил карда, ҳаҷми истеҳсолот аз рўи намуди фаъолияти мазкур 29,4 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.

Аз он ҷумла, ҳаҷми тақсими нерўи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ - сентябри соли ҷорӣ 157734,6 ҳазор сомонӣ ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,1 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми маҳсулоти ба фурўш баровардашудаи корхонаҳои саноатӣ дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017-ум 6439813,3 ҳазор сомонӣ ё ки 88,2 фоизи ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшударо ташкил дода, ҳиссаи маҳсулоти боқимондаи саноатӣ нисбат ба захираи молҳо 11,8 фоизро ташкил кардааст.

Минтақаи озоди иқтисодии Суғд дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, масоҳати он 320 гектарро ташкил медиҳад. Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 23 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 3 субъекти корхонаҳои муштарак мебошанд.

Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017 дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ фаъолият намуда, ба маблағи 56221,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, аз он ҷумла корхонаҳои саноатии ҶДММ «Реал» ба маблағи 3677,6 ҳазор сомонӣ, КМ «Стар Пласт» - 10485,9 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Равзана Пластик» - 559,9 ҳазор сомонӣ, ҶДММ КМ ТТ «Тоҷпроф» - 28515,3 ҳазор сомонӣ, ҶДММ КМ «Силкоат Бойя» - 9015,7 ҳазор сомонӣ, ҶДММ КФ «Фортуна Ко» - 3005,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст.

Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017 дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд МТҒ Коллеҷи техникӣ ба маблағи 1274,7 ҳазор сомонӣ хизмати пулакӣ расонида, ҶДММ «Сохтмони идоракунии №1» ба маблағи 164,2 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмониро ба анҷом расонидаанд.

Ҳамагӣ дар субъектҳои Минтақаи озоди Суғд ба маб-лағи 57703,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот, корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонӣ иҷро карда шуд.

КИШОВАРЗӢ, ШИКОР ВА ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 4748,5 млн. сомонӣ (бо нархҳои муқоисавӣ) нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 6,9 фоиз, аз он ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 3645,1 млн. сомонӣ ё 7 фоиз ва чорводорӣ 1103,4 млн. сомонӣ ё 6,4 фоиз зиёд шудааст.

РАСТАНИПАРВАРӢ

Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 334460,6 тонна сабзавот ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоиз, мутаносибан 57705 тонна пахта ё 26,3 фоиз, 110287,3 тонна полезӣ ё 9,5 фоиз, 106175,5 тонна меваҷот ё 10,2 фоиз, 43742,9 тонна ангур ё 3,2 фоиз зиёд, аммо 248716 тонна ғаллагиҳо ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6 фоиз ва 244177,5 тонна картошка ё 12,2 фоиз кам истеҳсол карда шудааст.

Ҳамагӣ хўроки чорво ба ҳисоби воҳиди хўрока 240666,4 тонна ё 3,5 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд тайёр карда шудааст.

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонии вилоят мавсими ҷамъоварии ҳосил давом дорад.

То 1 октябри соли 2017 дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ зироати ғалладона ва лўбиёгӣ (ғайр аз ҷуворимакка) майдони 93,7 ҳазор гектар дарав карда шуда, аз онҳо 93,6 ҳазор гектар кўфта шуд, ки ҳосили он 175,2 ҳазор тоннаро ташкил кард, бо ҳосилнокии 18,7 сентнер аз ҳар гектар рост меояд.

Ҳамагӣ ҷуворимакка барои дон аз 4153,6 гектар замин 20,5 ҳазор тонна сутаи ҷуворимакка гирифта шуд, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 49,4 сентнериро ташкил медиҳад.

Картошка ҳамагӣ аз 8210,3 гектар 170,7 ҳазор тонна ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 207,9 сентнериро ташкил медиҳад.

То 1 октябри соли 2017 дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ аз 6593,3 гектар замини сабзавоти ғундошташуда 169,9 ҳазор тонна сабзавот, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 257,6 сентнериро ташкил медиҳад ва 279,6 тонна сабзавот аз гармхонаҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.

Зироати полезӣ ҳамагӣ аз 5360,7 гектар 101,2 ҳазор тонна ғундошта шуд, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 188,7 сентнериро ташкил медиҳад.

Аз боғҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонӣ 76,6 ҳазор тонна мева ва 29,9 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мева 22 фоиз ва ангур 2 фоиз зиёд шудааст.

Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят ғалладонаи тирамоҳӣ барои дон ва хўроки сабзи чорво дар майдони 6962 гектар кошта шуд, ки аз он барои дон 6953 гектарро ташкил медиҳад.

Тайёр кардани хўроки чорво

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонии вилоят мавсими тайёр ва захираи хўроки чорво давом дорад.

Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонӣ то 1-уми октябри соли 2017 барои таъмини хўроки чорвои ҷамъиятӣ дар давраи тирамоҳу зимистон ба миқдори 335,5 ҳазор тонна ва ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106 фоиз хўроки дурушт, аз он ҷумла 144,8 ҳазор тонна ё 102,1 фоиз хасбедаи алафҳои корам ва табиӣ, 5,7 ҳазор тонна ё 95 фоиз тарбеда, 185 ҳазор тонна ё 109,7 фоиз коҳ, 13,5 ҳазор тонна ё 74,8 фоиз хўроки ширадор тайёр ва захира кардаанд.

Ҳамагӣ ба ҳисоби воҳиди хўрока 123,4 ҳазор тонна ё нисбат ба соли гузашта 106,2 фоиз, ба ҳисоби ҳар сар чорвои калони шартӣ 13,9 сентнерӣ воҳиди хўрок тайёр карда шудааст.

Кишти барвақтӣ

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар заминҳои ҳосилаш ғундошташуда кишти такрориро ба охир расониданд.

То 1 октябри соли 2017 ҳамагӣ дар майдони 1226,7 гектар замин кишти барвақтии баҳорӣ гузаронида шудааст, ки аз он дар 1220,2 гектар пиёз ва дар 6,5 гектар сирпиёз буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 95 фоиз зиёд шудааст.

Захираи тухмӣ

Ҳамагӣ то 1 октябри соли 2017 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят тухмии зироатро захира карданд, тухмии ғалладона ва лўбиёӣ (бе ҷуворимакка) 1573 тонна, аз он ҷумла гандум 1272,4 тонна, ҷав 221,3 тонна, шолӣ 64,1 тонна, лўбиёгиҳо 15,2 тонна, ҷуворимакка 30,7 тонна, картошка 807,5 тонна, сабзавот 2,2 тонна. Захираи тухмӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,9 баробар зиёд шудааст.

Ҳолати техникаи кишоварзӣ

То 1 октябри соли 2017 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 3650 адад тракторҳои гуногунтамға мавҷуд буда, аз онҳо 2593 адад ё 71 фоиз дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд.

То 1 октябри соли 2017 ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 1772,7 тонна сўзишвории дизелӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48,9 тонна кам аст. Сўзишвории мавҷудаи дизелӣ ба 1 трактор ба ҳисоби миёна 485,6 кг рост меояд, ки нисбати ҳамин дав-раи соли гузашта 15 кг зиёд аст.

ЧОРВОПАРВАРӢ

Ба 1 октябри соли 2017 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ саршумори чорвои калон 631,8 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9,4 ҳазор сар ё 1,5 фоиз, саршумори гўсфанду буз 24,9 ҳазор сар ё 1,7 фоиз, саршумори мурғ 38,2 ҳазор сар ё 2,3 фоиз зиёд шудааст. Аз саршумори умумӣ 92,6 фоизи саршумори чорвои калон ва 84,8 фоизи саршумори гўсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Исфара 4,3 фоиз, Деваштич 3,8 фоиз, Ашт 3,4 фоиз, Кўҳистони Мастчоҳ 3,3 фоиз, Панҷакент 1,6 фоиз, Ҷаббор Расулов 1,5 фоизро ташкил дод.

Ба 1 октябри соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли гўшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 28404,3 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1-уми октябри соли 2016 - ум 5,9 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли гўштро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Панчакент – 19,7 фоиз, Исфара 12,2 фоиз, Кўҳистони Мастчоҳ 8 фоиз, Мастчоҳ 7,9 фоиз, Деваштич 7,3 фоиз, Айнӣ 6,7 фоиз, Спитамен 5,6 фоиз, Ашт 5,4 фоиз зиёд намуданд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад, дар вилоят 182990,6 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 октябри соли 2016-ум 4,4 фоиз зиёд аст, аз он ҷумла дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои: Кўҳистони Мастчоҳ 17,9 фоиз, Деваштич 15,6 фоиз, Шаҳристон 13,3 фоиз, Панҷакент 5,5 фоиз, Бобоҷон Ғафуров 5,1 фоиз, Спитамен 4,3 фоиз, Ашт 3,9 фоиз, Исфара 3,3 фоиз, Айнӣ 2,8 фоиз афзудааст.

Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 92 фоизро ташкил менамояд.

Ба 1 октябри соли 2017 ба миқдори 108257,2 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба 1 октябри соли 2016-ум 8,6 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Спитамен 1,5 баробар, Истаравшан 24,5 фоиз, Деваштич 22,5 фоиз, Ашт 19,5 фоиз, Шаҳристон 12,8 фоиз, Исфара 11,6 фоиз зиёд намуданд. Ба 1 октябри соли 2017 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад, 6898 сар гўсола гирифта шудааст. Нисбат ба 1 октябри соли 2016 хоҷагиҳои вилоят 7,7 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои Исфара 51,7 фоиз, Мастчоҳ 11,4 фоиз, Конибодом 3,1 фоиз, Спитамен 2,8 фоиз зиёд гўсола гирифтаанд.

Ба 1 октябри соли 2017 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 80267 сар барраю бузғола гирифтаанд. Нисбат ба 1 октябри соли 2016 хоҷагиҳои вилоят 0,6 фоиз ва хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ 10,3 фоиз, Конибодом 7,3 фоиз, Кўҳистони Мастчоҳ 5,8 фоиз, Ҷаббор Расулов 5,3 фоиз, Ашт 4,7 фоиз, Зафаробод 2,3 фоиз зиёд барраю бузғола гирифтанд. Ба 1 октябри соли 2017 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар модагов 1153 кг. шир дўшида шудааст, ки нисбат ба 1 октябри соли 2016-ум 3,8 фоиз ё 42 кг. зиёд аст.

Ҳисоби миёнаи ширдўшӣ аз ҳар сар модагов нисбат ба 1 октябри соли 2016 дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров 146 кг, Мастчоҳ 70 кг, Исфара 67 кг, Зафаробод 59 кг, Айнӣ 13 кг зиёд шудааст.

Аз ҳар сар мокиёни тухмдиҳанда бошад, 190 донагӣ тухм гирифта шудааст, ки нисбат ба 1 октябри соли 2016-ум 28,4 фоиз ё 42 донагӣ зиёд аст.

Ба 1 октябри соли 2017 дар вилоят ба ҳисоби миёна аз 100 сар модагов 45 сарӣ гўсола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2016-ум 7,1 фоиз ё 3 сар зиёд аст.

Ба 1 октябри соли 2017 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар 100 сар меш 89 сарӣ барра ва бузғола гирифта шудааст. Нисбат ба сатҳи миёнаи нишондиҳандаи вилоят дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Ашт 20 сарӣ, Бобоҷон Ғафуров 5 сарӣ кам барраю бузғола гирифта шудааст.

ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Мувофиқи таснифоти умумии намуди фаъолияти иқтисодӣ маҳсулоти хоҷагии ёрирасони ҷангалпарварӣ ба соҳаи кишоварзӣ дохил мешаванд.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ соҳаи ҷангалпарварӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2017-ум 4245,4 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин дав-раи соли 2016-ум 9,2 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017-ум аз истеҳсоли умумӣ, ғалла 163,1 тонна, картошка 1132,1 тонна, сабзавот 34,5 тонна, меваҷот 286,4 тонна, хўроки чорво 591 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2017-ум аз истеҳсоли умумӣ гўшт 8,5 тонна, шир 5,1 тонна, пашм 1,5 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд.

Аз саршумори умумии чорвои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 81 сар чорвои калон, 3350 сар гўсфанду буз, 86 сар асп дар сатҳи хоҷагиҳои ёрирасони ҷангалпарварӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.

МОҲИПАРВАРӢ

Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017-ум 2775,4 ҳазор сомониро ташкил кардааст.

Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017 дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят сайди моҳӣ 134,9 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 0,1 фоиз зиёд шудааст.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ намуди моҳии пешонағафси сафед 12,6 фоиз, зағорамоҳӣ 16 фоиз, гулмоҳӣ 2,1 фоиз, амури сафед 17,4 фоиз, намуди суфмоҳӣ 25,6 фоиз ва дигар намуди моҳиҳо 26,3 фоизро ташкил дод.

СОХТМОНИ АСОСӢ

Сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ

Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017 сармоягузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 1484390,1 ҳазор сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2016-ум 105,6 фоизро ташкил медиҳад (бо нархҳои муқоисавӣ).

Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017 дар иншооти таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 1216688,5 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 82 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузориҳои вилоят иҷро гардидааст.

Ба кор андохтани фондҳои асосӣ

Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ фондҳои асосӣ ба маблағи 471891,6 ҳазор сомонӣ, ки нисбати соли гузашта 130,8 фоизро ташкил медиҳад.

Аз рўи иншооти таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 157768,8 ҳазор сомонӣ ё 33,4 фоизи ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоятро ташкил кардааст, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сехи дўзандагӣ аз тарафи соҳибкори хусусӣ, иншооти бинои замонавӣ барои қабули меҳмонони олиқадр – фармоишгар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», иншооти комплекси осиё ва анбори маҳсулоти тайёр – фармоишгар ҶДММ «Зерновая компания», обёрӣ ва азхудкунии заминҳои мавзеи Сомғор – фармоишгар ИСА вилояти Суғд, дар ноҳияи Исфара корхонаи коркард ва банду басти меваи хушк бо иқтидори коркарди 1400 тонна дар як сол аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Баракат», дар ноҳияи Спитамен бошишгоҳи саҳроӣ, мурғхона, фермаи чорво аз тарафи фармоишгар хоҷагии деҳқонии «Ином», хатти коркарди регу шағал аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Элегант», дар шаҳри Бўстон марҳалаи дуюми сехи истеҳсоли полипропиленӣ, шағал аз тарафи фармоишгар ҶДММ «СуғдПак» ва дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони як қатор нуқтаҳои сўзишворӣ ва савдо сохта, ба истифода дода шудааст.

Фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони хусусӣ 44340,5 ҳазор сомонӣ ё 9,4 фоиз, давлатӣ 191702,3 ҳазор сомонӣ ё 40,6 фоиз, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ 24747,2 ҳазор сомонӣ ё 5,2 фоиз, ҶДММ-ҳо 102723,0 ҳазор сомонӣ ё 21,8 фоиз, корхонаҳои муштарак 4027,7 ҳазор сомонӣ ё 0,9 фоиз, маблағҳои аҳолӣ 77093,1 ҳазор сомонӣ ё 16,3 фоиз, аз ҳисоби корхонаҳои хориҷӣ 26672,8 ҳазор сомонӣ ё 5,7 фоиз, хоҷагиҳои кишоварзӣ 585,0 ҳазор сомонӣ ё 0,1 фоиз, ки аз ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоят мебошанд.

Сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ – фарҳангӣ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2017 барои инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ сармоягузорӣ ба маблағи 267701,6 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст, ки 18 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории вилоятро ташкил медиҳад (бо нархҳои аслии амалкунанда).

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2017 ба масоҳати 306847 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2016-ум 110,4 фоизро ташкил медиҳад.

Биноҳои истиқоматиро асосан бахши ғайридавлатӣ ва ҳиссаи бештари онҳоро аҳолӣ месозанд, онҳо дар моҳҳои январ-сентябр 269776 метри мураббаъ ё 87,9 фоиз, аз ҳисоби маблағҳои ҶДММ-ҳо 26365 метри мураббаъ ё 8,6 фоиз, аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони инфироди 7821 метри мураббаъ ё 2,5 фоиз, аз ҳисоби ҷаъмиятҳои саҳҳомӣ 845 метри мураббаъ ё 0,3 фоиз, аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ – 2040 метри мураббаъ ё 0,7 фоиз ҳаҷми умумии хонаҳои истиқоматӣ ба истифода додашударо сохтаанд. Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2017 мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 3550 ҷои талаба, аз он ҷумла дар шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ мактаб барои 1296 ҷои талаба, дар шаҳри Панҷакент аз ҳисоби маблағҳои хориҷӣ ду мактаб барои 680 ҷои талаба ва аз ҳисоби маблағ-ҳои давлати дар деҳаи Равғангарони шаҳри Истаравшан мактаб барои 144 ҷои талаба, дар деҳаи Унҷӣ ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мактаб барои 470 ҷои талаба, дар ноҳияи Деваштич мактаб барои 240 ҷои талаба, дар ноҳияи Зафар-обод мактаб барои 240 ҷои талаба ва аз ҳисоби аҳолӣ мактаб барои 240 ҷои талаба сохта ба истифода дода шуд. Аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ дар ноҳияи Спитамен мактаб барои 240 ҷои талаба, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ду боғчаи бачагона барои 120 ва 80 ҷой, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боғчаи бачагона барои 120 ҷой, аз ҳисоби маб- лағҳои давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд ду боғчаи бачагона барои 120 ва 180 ҷой сохта ба истифода дода шуд. Дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ шуъбаи ҷарроҳӣ барои 14 кат сохта, ба истифода дода шуд.

Корҳои пудратӣ

Ташкилотҳои пудратии вилоят дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017 бо қувваи худ ба маблағи 282601,1 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро иҷро кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ - сентябри соли 2016-ум 61,8 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми корҳои пудратӣ, ки ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун иҷро кардаанд, чунин тавсиф мешавад: давлатӣ 1249,8 ҳазор сомонӣ (0,4 фоиз), саҳҳомӣ 11516,7 ҳазор сомонӣ (4,2 фоиз), ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд 228630,7 ҳазор сомонӣ (80,9 фоиз), соҳибкорони инфиродӣ 30341,0 ҳазор сомонӣ (10,7 фоиз), хориҷӣ 10862,9 ҳазор сомонӣ (3,8 фоиз) ҳаҷми умумиро ташкил медиҳанд.

НАҚЛИЁТ

Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017 бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 20,3 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 100,2 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, инчунин бо нақлиёти автомобил шахсони воқеӣ, ки бо боркашонии тиҷоратӣ машғуланд, 17,7 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 2,3 фоиз зиёд шудааст) ва бо нақлиёти роҳи оҳан 2,7 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 87,9 фоиз) бор кашонида шудааст.

Гардиши бор бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар ҳаҷми 1698,3 миллион тонна км. ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта бетағийр мондааст.

Бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар моҳҳои январ-сентябри соли 2017-ум 131,3 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба соли 2016-ум 109 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, соҳибкорони хусусӣ 131,1 миллион нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 109 фоиз), бо нақлиёти роҳи оҳан 32,3 ҳазор нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 142,9 фоиз), бо нақ-лиёти ҳавоӣ 163,3 ҳазор нафар (нисбат ба соли гузашта 97,1 фоиз) мусофир кашонида шудааст.

Гардиши мусофирон бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 2342,2 миллион мусофирон км.ро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 103,6 фоиз мебошад.

ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ

Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017 ҳаҷми хизмати пулакӣ, ҳамаи соҳаҳои хизматгузор, ки ба аҳолии вилоят расонидаанд, 2354,9 миллион сомониро ташкил дод, ки ин бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 2016-ум 0,1 фоиз зиёд шудааст. Корхонаю ташкилотҳои расмӣ ба қайд гирифташуда бошад, ба маблағи 979,1 миллион сомонӣ хизматгузорӣ кардаанд, ки 41,6 фоизи ҳаҷми умумии хизматро ташкил намуда, нисбат ба соли 2016 бо нархҳои муқоисавӣ 1,4 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2017 аз ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 912,5 сомонӣ рост меояд.

САВДОИ ЧАКАНА, ТАЪМИРИ АВТОМОБИЛҲО ВА МОЛҲОИ МАИШӢ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2017 гардиши савдо, таъмири мошинҳо, молҳои маишӣ ва ашёҳои истифодаи шахсӣ ҳамагӣ дар вилоят 5479,9 миллион сомониро ташкил дод. Нисбати ҳамин давраи соли 2016 суръати афзоиши гардиши моли чакана, таъмири мошинҳо, молҳои маишӣ ва ашёои истифодаи шахсӣ бо нархҳои муқоисавӣ 9,4 фоиз ё ба маблағи 800,8 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Ҳаҷми гардиши савдои чакана дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017-ум 5369,8 миллион сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 9,4 фоиз, таъмири мошинҳо 7,6 фоиз, таъмири молҳои маишӣ 12,1 фоиз афзудааст.

Таносуби гардиши моли чакана дар сектори ғайридавлатӣ 99,9 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил кард. Дар бозорҳои озуқаворӣ, ашё ва омехтаи вилоят ба маблағи 2767,6 миллион сомонӣ мол фурўхта шуд.

Таносуби молҳои озуқа, дар ҳаҷми умумии гардиши моли чакана 68,3 фоиз ё 3667,5 миллион сомониро ташкил кард.

Дар ҳаҷми умумии фурўши озуқаворӣ молҳои зерин афзалият доранд: гўшту ҳасиб (17,8 фоиз), маҳсулоти қаннодӣ (7,6 фоиз), орд (7,1 фоиз), равғани растанӣ (5,0 фоиз), сабзавот (2,6 фоиз). Таносуби молҳои ғайриозуқа 31,7 фоиз ё 1702,2 миллион сомониро ташкил кардааст, ки аз молҳои ғайриозуқа аҳолӣ бештар масолеҳи сохтмонӣ (27,5 фоиз), газвор (13,8 фоиз), пойафзол (8,9 фоиз), асбобу анҷоми барқӣ маишӣ (3,9 фоиз), мебел ва маснуотҳоӣ қолинӣ (3,6 фоиз)-ро харидорӣ мекунанд.

Аз ҳама зиёд таносуби гардиши моли чакана дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Бўстон, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мушоҳида карда мешавад.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2017 аз ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 2080,6 сомонӣ рост меояд.

Ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017-ум 262,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 фоиз зиёд шудааст.

ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ

Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1474913,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2016-ум 13,3 фоиз ё 173651,3 ҳазор доллар зиёд аст. Тарози савдо манфӣ буда 782917,2 ҳазор долларро ташкил кард. Вилояти Суғд бо 51 мамолик, аз он ҷумла бо 11 мамолики ИДМ ва бо 40 мамолики хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад.

Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 77,1 фоиз ё 1136451,5 ҳазор доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 22,9 фоиз ё 338462,3 ҳазор доллар рост меояд.

Таносуби содирот дар моҳҳои январ-сентябри соли 2017 нисбати гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 23,5 фоиз ва воридот бошад, 76,5 фоизро ташкил мекунад, ки касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ 582714,9 ҳазор доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур 200202,3 ҳазор долларро ташкил додааст.

Умуман ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017 нисбат ба моҳҳои январ - сентябри соли 2016 бо мамлакатҳои ИДМ 19,8 фоиз ё 187573,7 ҳазор доллар зиёд, бо мамлакатҳои хориҷи дур бошад аз он 4 фоиз ё 13922,4 ҳазор доллар кам шудааст.

Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017 содироти мол 345998,3 ҳазор долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ - сентябри соли 2016-ум 6,2 фоиз ё 20204,2 ҳазор доллар зиёд шудааст. Воридоти мол ба вилоят 1128915,5 ҳазор долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - сентябри соли 2016-ум 15,7 фоиз ё 153447,1 ҳазор доллар зиёд мебошад.

Дар айни ҳол, нисбат ба моҳҳои январ – сентябри соли 2016 содироти маҳсулоти маъданӣ 66,7 фоиз ё 109992,4 ҳазор доллар зиёд, нахи пахта бошад, 48,4 фоиз ё 681,0 ҳазор доллар кам шудааст.

Воридоти воситаҳои нақлиёт 59,5 фоиз ё 19465,8 ҳазор доллар зиёд шудааст, воридоти гандум бошад, 9,3 фоиз ё 13462,1 ҳазор доллар кам шудааст.

Чӣ хеле, ки аз маълумоти овардашуда дида мешавад, оид ба содирот шарикони асосӣ инҳоянд: Қазоқистон 64,7 фоиз, Ўзбекистон 11 фоиз, Чин 6,6 фоиз, Туркия 3,3 фоиз, Италия 3,3 фоиз.

Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифтааст: Русия 36,3 фоиз Қазоқистон 31,9 фоизи ҳаҷми умумии воридот, Чин 16 фоиз, Ўзбекистон 3,3 фоиз, Литва 3,3 фоиз, Туркия 1,4 фоиз ва ғайраҳо.

ЁРИИ БАШАРДЎСТОНА

Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017 ба вилояти Суғд аз мамлакатҳои хориҷи дур наздик ба маблағи 1672,9 ҳазор доллар ё 2679,1 тонна ёрии башардўстона расонида шудааст, ки аз он маҳсулоти озуқа 1519,2 ҳазор доллар ё 2339,7 тонна, нуриҳои минералӣ ба маблағи 22,6 ҳазор доллар ё 67 тонна, метали сиёҳ 130,7 ҳазор доллар ё 272,4 тоннаро ташкил медиҳад.

БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА МУЗДИ МЕҲНАТ

Шумораи қувваҳои корӣ (ба ғайр аз шахсони дар хоҷагиҳои ёрирасон ва деҳқонӣ машғулбуда ва шахсони бо фаъолияти мустақилонаи касбӣ машғулбуда) дар моҳҳои январ-августи соли 2017-ум 401,5 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 255,3 ҳазор нафарашон дар бахши воқеӣ ва 146,2 ҳазор нафарашон дар бахши хизматрасонӣ машғуланд.

Шумораи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда то 1 сентябри соли 2017-ум 9,9 ҳазор нафарро ташкил карда, аз он ҷумла 52,9 фоизашро занҳо ташкил додаанд.

Сатҳи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда 1,2 фоизи шумораи қувваҳои кориро ташкил кардааст.

Музди миёнаи ҳармоҳаи номинали (ҳисобшуда)-и меҳнат дар моҳҳои январ – августи соли 2017-ум 1008,86 сомониро ташкил кард ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,3 фоиз афзудааст.

Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта то 1 сентябри соли 2017-ум 9964,9 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар соли 2017-ум 1238,7 ҳазор сомонӣ (12,4 фоиз)-и маблағи умумии қарздориро ташкил дод. Қарздории аз ҳама зиёд дар саноати истихроҷи маъданҳои кўҳӣ ва коркарди конҳо 7407,7 ҳазор сомонӣ (74,3 фоизи маблағи умумии қарздорӣ), дар кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ 2220,3 ҳазор сомонӣ (22,3 фоиз) ва дар саноати коркард 301,1 ҳазор сомонӣ (3 фоиз)-ро ташкил дод.

НАРХ ВА НАРХҲОИ ИСТЕЪМОЛӢ

Индекси нархҳои истеъмолӣ дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017-ум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,2 фоиз аз он ҷумла: молҳои озуқа – 109,8 фоиз, молҳои ғайриозуқа – 103,5 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 105,6 фоизро ташкил кард.

Аз аввали соли 2017 индекси нархҳои истеъмолӣ 5,3 фоиз афзуд. Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавӣ дар бахши истеъмолӣ 0,6 фоизро ташкил кард (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,5 фоиз буд).

Аз аввали соли 2017 сатҳи таваррум дар вилоят 5,3 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2017 аз нархҳои мушоҳидашудаи молҳои озуқа бештар қиммат шудаанд: пиво – 1,8 бар, лўбиё – 1,7 бар, маснуоти тамоку – 1,7 бар, бехпиёз – 62,5 фоиз, лимў – 38,4 фоиз, картошка – 33,5 фоиз, мош – 31,6 фоиз, майонез – 23,9 фоиз, қаҳва – 22,1 фоиз, ярмаи ҷави луч – 21,6 фоиз, гўшти гўсфанд – 21,8 фоиз, нахўд – 19,3 фоиз, ҷигари гов – 16,9 фоиз, гўшти гов – 16 фоиз, рони мурғ – 15,6 фоиз, қанди карамел – 15,4 фоиз, шири баста – 15 фоиз, шоколад – 14,7 фоиз ва шарбат – 7,7 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра арзон шудааст: кабудӣ – 79,1 фоиз, помидор – 53 фоиз, ангур – 44,6 фоиз, тарбуз – 37,7 фоиз, бодиринг – 40,6 фоиз, нок – 38,0 фоиз, зардолуқоқ – 32,7 фоиз, ярмаи марҷумак – 32,5 фоиз, харбуза – 24,2 фоиз, себ – 19,9 фоиз, тухм – 16,6 фоиз, қаламфури булғорӣ – 16,4 фоиз ва равғани пахта – 5 фоиз.

Аз аввали соли 2017 нархи молҳои ғайри озуқаи зерин қимат шудаанд: ҷузвгири мактабӣ – 30,8 фоиз, тўри пардаворӣ – 27,1 фоиз, рўймолҳо – 26,9 фоиз, босоноҷкаи бачагона – 26,7 фоиз, куртаи нимтанаи (блузка) духтарона – 25,6 фоиз, бензин – 22,6 фоиз, пойафзоли кросовии бачагона – 22,2 фоиз, хокаи ҷомашўӣ – 18,8 фоиз, сумкаи сафарӣ – 18,7 фоиз, костюми бачагона – 17,9 фоиз, равғани олиф – 17 фоиз, кондитсионер – 17,9 фоиз, хамираи дандоншўӣ – 17,6 фоиз, куртаи занона – 16,3 фоиз, ботинкаи бачагона – 14,1 фоиз, ранги сафеди миноӣ – 13,9 фоиз, туфлии духтарона – 12,8 фоиз, свитери мардона – 12,1 фоиз, куртаи тобистона – 8,6 фоиз, костюми варзишӣ – 7,9 фоиз ва плаши занона – 5,1 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра арзон шудааст: колготкаи занона – 26,6 фоиз, гулҳои зинда – 26,1 фоиз, ангиштсанг – 20,2 фоиз, қисмҳои эҳтиётӣ барои нақлиёти шахсӣ – 13,5 фоиз, галстуки мардона – 12,1 фоиз, майкаи бачагона – 11,3 фоиз, гаҷ (алебастр) – 10,7 фоиз, семент – 8 фоиз, шими мардона – 7,5 фоиз, ҷорўби хонарўбӣ – 6 фоиз ва молҳои конселярӣ – 5,2 фоиз.

Аз аввали сол нарху тарифаи хизматрасонии пулакии зерин бештар қиммат шудаанд: хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ – 2,2 бар, арзиши боғчаи кўдакона – 33,5 фоиз, нақлиёти мусофиркашии роҳи оҳан – 27,3 фоиз, хизмати масъалаҳои ҳуқуқӣ – 25 фоиз, хизмати алоқа – 22,7 фоиз ва пардохти оби хунук – 21,6 фоиз.

ТАНДУРУСТӢ

Ба бемориҳои сирояткунандаи ҷудогона гирифтор шудани аҳолӣ дар моҳҳои январ - августи соли 2017 (аз рўи маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд)

Дар моҳҳои январ - августи соли 2017-ум 8315 ҳодисаи ба бемориҳои сироят кунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ ва августи соли 2016-ум 21,8 фоиз кам аст. Ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 17,1 фоизи бемориҳо рост меояд ва бемориҳои сирояткунандаи шадиди рўда 37,1 фоизи шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил медиҳанд.

Дар моҳҳои январ - августи соли 2017-ум 7171 ҳодисаи ба бемориҳои паразитӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - августи соли 2016-ум 11,3 фоиз кам аст.

ПАРДОХТИ НАФАҚА ВА КЎМАКПУЛӢ

Мувофиқи маълумоти «Амонатбонк»-и вилоят маб-лағи аз Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд гузаронидашуда дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017-ум 482,5 млн. сомониро ташкил додааст. Маблағи ба нафақа ва кўмакпулӣ пардохташуда дар моҳҳои январ-сентябри соли 2017-ум бо назардошти бақияи аввали сол (1,9 млн. сомонӣ) 480,5 млн. сомониро ташкил кард. Шумораи нафақахўрон то 1.10.2017-ум 212466 нафарро ташкил медиҳанд.

Сарраёсати агентии омори
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар вилояти Суғд

ШУМО ДАР: ОМОР Нишондиҳандаҳои оморӣ Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-сентябри соли 2017