Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд - 22.09.2017 16:31
Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об - 22.09.2017 09:47
Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорони Штатҳои Муттаҳидаи Америка - 22.09.2017 09:33
Бозиҳои Осиё-2017: Шумораи медалҳои варзишгарони тоҷик дар Ашқобод ба 18 адад расид - 22.09.2017 09:14
Ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии хӯроквории «World Food Moscow-2017» соҳиби медали тилло ва нуқра гардид - 22.09.2017 09:04
Оғози Фестивали байналмилалии «Шашмақом» дар Конибодом - 21.09.2017 15:58
Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо - 21.09.2017 10:00
Музаффар Раҳимхӯҷаев мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шуд - 21.09.2017 09:45
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи комплекси агросаноатии вилоят - 20.09.2017 16:49
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 6 млрд. сомонӣ баробар шуд - 20.09.2017 16:16

Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-июни соли 2017

( 0 Овоз )

АХБОРИ САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

«Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2017»


МАКРОИҚТИСОДИЁТ ВА МОЛИЯ

Мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати молияи вилояти Суғд қисми даромади буҷети вилоят ба 1 июли соли 2017 ба андозаи 111,6 фоизи нақша иҷро гардида 749703,9 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Иҷроиши қисми хароҷоти буҷети вилоят дар ин давра 756727,5 ҳазор сомониро ташкил дода нисбат ба нақша 98,1 фоиз мебошад.

Барои маблағгузории соҳаҳои маориф 98,4 фоизи ҳамаи маблағҳо, нигаҳдории тандурустӣ 98,5 фоиз, хоҷагии коммуналӣ 98,5 фоиз, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ 99,3 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 93,1 фоиз ва ғайра маблағ сарф карда шудааст.


САНОАТ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2017 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 4305349,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 137,3 фоизро ташкил кард.

Ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2017 нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2016 афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ, якҷоя бо нўшокиҳо ва тамоку, истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ, истеҳсоли металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, дўзандагӣ ва ғайраҳо мусоидат намуданд.

Аз 117 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар моҳҳои январ-июни соли 2017 истеҳсоли 71 номгўй (60,7 фоиз) афзуда, 37 номгўй (31,6 фоиз) кам шуда, 9 номгўй (7,7 фоиз) истеҳсол карда нашудааст.

Аз 598 корхонаҳои саноатии ҳисоботдиҳанда дар моҳҳои январ-июни соли 2017-ум 343 корхона (57,4 фоиз) нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта сатҳи истеҳсолро баланд бардоштаанд. Дар айни замон, миқдори корхонаҳои бозистода дар моҳҳои январ-июни соли 2017-ум 142 воҳид ё 23,7 фоизро ташкил карда, 113 ё 18,9 фоиз сатҳи истеҳсолро нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам кардаанд.

Аз 142 воҳид корхонаҳои бозистода, 52 корхона аз сабаби мавсимӣ будани маҳсулоти истеҳсолиашон фаъолият накардаанд.

Дар саноати истихроҷи маъдан дар моҳҳои январ-июни соли 2017 ба маблағи 1789459,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2016-ум 33,3 фоиз, аз он ҷумла истихроҷи маводҳои ғайри-энергетикӣ 32,1 фоиз ва энергетикӣ 32,2 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2017 ҳаҷми истихроҷи маводҳои энергетикӣ 32,2 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби истихроҷи ангиштсанг ба 18,4 фоиз, нафт ба 4,9 фоиз зиёд шудааст.

Ҳаҷми истихроҷи маводҳои ғайриэнергетикӣ 32,1 фоиз аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли регу сангмайда 50,2 фоиз ва дигар маҳсулотҳо ба вуҷуд омадааст.

Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ-июни соли 2017-ум 2335676,9 ҳазор сомонӣ, аз он маҳсулоти хўрокворӣ якҷоя бо нўшокиҳо ва тамоку 1176670,2 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дўзандагӣ 180327,2 ҳазор сомонӣ, ҳаргуна маснуоти ғайрифилизии маъданӣ 139193,8 ҳазор сомониро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ умуман дар соҳаи коркард 33,2 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ –35,8 фоиз зиёд шуд, ки он аз ҳисоби истеҳсоли орд – 4,2 баробар, маргарин – 25,0 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ – 17,3 фоиз, нўшокиҳои ғайриспиртӣ –16,4 фоиз, гўшт – 14,5 фоиз, маҳсулоти ширӣ – 5,2 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Истеҳсоли дигар маҳсулоти маъдани ғайрифилизӣ – 18,7 фоиз зиёд шуд, ки аз ҳисоби зиёдшавии семент – 25,4 фоиз ва гаҷ – 18,7 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дўзандагӣ – 46,5 фоиз зиёд аз ҳисоби истеҳсол шудани калобаи пахтагин 1,8 баробар, матои нобофта – 1,8 баробар, қолин ва маснуоти қолинӣ – 19,3 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти нерўи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ-июни соли 2017-ум 180213,1 ҳазор сомониро ташкил кард, ҳаҷми истеҳсолот аз рўи намуди фаъолияти мазкур 34,6 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.

Аз он ҷумла ҳаҷми тақсими нерўи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 114798,0 ҳазор сомонӣ ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,9 фоиз зиёд мебошад.


КИШОВАРЗӢ, ШИКОР ВА ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2017 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 1295,5 млн. сомонӣ (бо нархҳои муқоисавӣ) нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 6,6 фоиз, аз он ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 592,9 млн. сомонӣ ё 9,6 фоиз ва чорводорӣ 702,6 млн. сомонӣ ё 4,2 фоиз зиёд шудааст.


РАСТАНИПАРВАРӢ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2017 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 81794,3 тонна ғаллагиҳо ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,4 фоиз зиёд, мутаносибан 13092,3 тонна картошка ё 1,9 фоиз, 63234,7 тонна сабзавот ё 17,4 фоиз, 7283,4 тонна полезӣ ё 63,5 фоиз, 39446,2 тонна меваҷот ё 6,0 фоиз, 14,4 тонна ангур ё 2,9 фоиз зиёд истеҳсол карда шудааст.

Ҳамагӣ хўроки чорво ба ҳисоби воҳиди хўрока 58165,5 тонна ё 3,2 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд тайёр карда шудааст.

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонии вилоят мавсими ҷамъоварии ҳосил давом карда истодааст.

То 1 июли соли 2017 дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ зироати ғалладона ва лўбиёгӣ (ғайр аз ҷуворимакка) дарав карда шуд, аз майдони 30,8 ҳазор гектар, аз онҳо кўфта шуд, 29,8 ҳазор гектар, ки ҳосили он 65,5 ҳазор тоннаро ташкил кард, бо ҳосилнокии 22,0 сентнер аз ҳар гектар мебошад.

Картошка ҳамагӣ аз 482,5 гектар 9,0 тонна ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 187,5 сентнериро ташкил медиҳад.

То 1 июли соли 2016 дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ аз 1799,4 гектар замини сабзавоти ғундошташуда 46,8 ҳазор тонна сабзавот, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 260,0 сентнериро ташкил медиҳад ва 279,6 тонна сабзавот аз гармхонаҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.

Зироати полезӣ ҳамагӣ аз 598,1 гектар 7,0 ҳазор тонна ғундошта шуд, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 117,5 сентнериро ташкил медиҳад

Аз боғҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонӣ 34,4 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,0 фоиз зиёд шудааст.

Тайёр кардани хўроки чорво

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонии вилоят мавсими тайёр ва захираи хўроки чорво давом карда истодааст.

Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонӣ то 1-уми июли соли 2017 барои таъмини хўроки чорвои ҷамъиятӣ дар давраи тирамоҳу зимистон ба миқдори 115,7 ҳазор тонна ва ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,3 фоиз хўроки дурушт, аз он ҷумла 68,8 ҳазор тонна ё 100,9 фоиз хасбедаи алафҳои корам ва табиӣ, 3,1 ҳазор тонна ё 112,5 фоиз тарбеда, 43,8 ҳазор тонна ё 106,7 фоиз коҳ тайёр ва захира кардаанд.

Ҳамагӣ ба ҳисоби воҳиди хўрока 42,7 ҳазор тонна ё нисбат ба сатҳи соли гузашта 103,3 фоиз, ба ҳисоби ҳар сар чорвои калони шартӣ 4,8 сентнерӣ воҳиди хўрок тайёр карда шудааст.

Кишти такрорӣ

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар заминҳои ҳосилаш ғундошташуда, кишти такрорӣ оғоз шуда истодааст.

То 1 июли соли 2017 ҳамагӣ дар майдони 5749,3 гектар замин кишти такрорӣ гузаронида шудааст: аз он ҷумла дар 1063,6 гектар ғалладона ва лўбиёгиҳо (бе ҷуворимакка), аз онҳо шолӣ – 234,7 гектар, дигар зироати ғалладонагиҳо – 828,9 гектар, ҷуворимакка барои дон – 106,7 гектар, зироатҳои техникӣ – 91,3 гектар, аз он пахта – 13 гектар, картошка – 163,4 гектар, сабзавот – 427,1 гектар, полизҳои озуқаворӣ – 172,3 гектар ва зироати хўроки чорво – 3724,9 гектар мебошад. Кишти такрорӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 96,0 фоиз иҷро шудааст.

Бунёди боғу токзорҳои нав

Ҳамагӣ хоҷагиҳои вилоят то 1 июли соли 2017 дар майдони 1118,3 гектар замин ниҳолҳои бисёрсола шинонданд. То 1 июли соли 2017 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагиҳо 1040,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 82,0 фоиз иҷро шудааст. Аз масоҳати умумии боғҳо дар 166,2 гектар ниҳолҳои мевагиҳои тухмдор, дар 825,5 гектар ниҳолҳои мевагиҳои донакдор, дар 39,7 гектар ниҳолҳои мевагиҳои мағздор ва дар 9,0 гектар мевагиҳои субтропикӣ шинонда шудааст.

То 1 июли соли 2017 76,3 гектар токзорҳои нав бунёд карда шудаанд.

Ҳамагӣ то 1 июли соли 2017-ум 999,0 гектар боғҳо ва 56,4 гектар токзорҳо азнав барқарор карда шудаанд.

Ҳамагӣ 5,0 ҳазор дона ниҳолҳои тут шинонда шудааст.

Ҳолати техникаи кишоварзӣ

То 1 июли соли 2017 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 3706 адад тракторҳои гуногунтамға мавҷуд буда, аз онҳо 2652 адад ё 71,6 фоиз дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд.

То 1 июли соли 2017 ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 1161 тонна сўзишвории дизелӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 122,3 тонна зиёд аст.

Сўзишвории мавҷудаи дизелӣ ба 1 трактор ба ҳисоби миёна 313,3 кг рост меояд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 47,2 кг зиёд аст.


ЧОРВОПАРВАРӢ

Ба 1 июли соли 2017 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ саршумори чорвои калон 636,3 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 12,3 ҳазор сар ё 2,0 фоиз, саршумори гўсфанду буз 33,9 ҳазор сар ё 2,3 фоиз, саршумори мурғ 29,0 ҳазор сар ё 1,8 фоиз зиёд шудааст. Аз саршумори умумӣ 92,6 фоизи саршумори чорвои калон ва 84,3 фоизи саршумори гўсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Спитамен – 11,3 фоиз, Исфара – 4,0 фоиз, Деваштич – 3,8 фоиз, Кўҳистони Мастчоҳ – 3,3 фоиз, Панҷакент – 1,6 фоиз, Ҷ.Расулов – 1,5 фоизро ташкил дод.

Ба 1 июли соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли гўшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 17338,8 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1-уми июли соли 2016 - ум 2,6 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли гўштро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Исфара – 8,0 фоиз, Шаҳристон – 5,8 фоиз, Ҷ.Расулов – 3,3 фоиз, Конибодом – 3,0 фоиз, Панҷакент – 2,3 фоиз зиёд намуданд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад, дар вилоят 127008,2 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 июли соли 2016-ум 3,1 фоиз зиёд аст, аз он ҷумла дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои: Деваштич – 28,1 фоиз, Зафаробод – 12,7 фоиз, Ашт – 3,8 фоиз, Конибодом – 3,5 фоиз, Мастчоҳ – 3,4 фоиз афзудааст.

Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 92,6 фоизро ташкил менамояд.

Ба 1 июли соли 2017 ба миқдори 68643,9 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба 1 июли соли 2016-ум 6,6 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Спитамен – 1,4 баробар, Шаҳристон – 1,3 баробар, Деваштич ва Истаравшан 1,2 баробарӣ зиёд намуданд.

Ба 1 июли соли 2017 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад, 5302 сар гўсола гирифта шудааст. Нисбат ба 1 июли соли 2016 хоҷагиҳои вилоят 5,2 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои Исфара – 35,2 фоиз, Ашт – 7,5 фоиз, Мастчоҳ – 6,7 фоиз, Конибодом – 2,5 фоиз зиёд гўсола гирифтаанд.

Ба 1 июли соли 2017 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 80222 сар барраю бузғола гирифтаанд. Нисбат ба 1 июли соли 2016 хоҷагиҳои вилоят 0,6 фоиз ва хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ – 10,3 фоиз, Конибодом – 7,3 фоиз, Кўҳ.Мастчоҳ – 5,8 фоиз, Ашт – 4,9 фоиз, Ҷ.Расулов – 3,0 фоиз, Зафаробод – 2,3 фоиз зиёд барраю бузғола гирифтанд.

Ба 1 июли соли 2017 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар модагов 745 кг шир дўшида шудааст, ки нисбат ба 1 июли соли 2016-ум 3,6 фоиз ё 26 кг зиёд аст.

Ҳисоби миёнаи ширдўшӣ аз ҳар сар модагов нисбат ба 1 июли соли 2016 дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Исфара - 101 кг, Б.Fафуров - 57 кг, Зафаробод - 25 кг, Конибодом - 12 кг, Мастчоҳ – 7 кг, Айнӣ - 8 кг зиёд шудааст.

Аз ҳар сар мокиёни тухмдиҳанда бошад, 124 донагӣ тухм гирифта шудааст, ки нисбат ба 1 июли соли 2016-ум 1,6 фоиз ё 2 донагӣ зиёд аст.

Ба 1 июли соли 2017 дар вилоят ба ҳисоби миёна аз 100 сар модагов 35 сарӣ гўсола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2016-ум 6,1 фоиз ё 2 сар зиёд аст.

Ба 1 июли соли 2017 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар 100 сар меш 89 сарӣ барра ва бузғола гирифта шудааст. Нисбат ба сатҳи миёнаи нишондиҳандаи вилоят дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Ашт - 20 сарӣ, Б.Ғафуров - 5 сарӣ кам барраю бузғола гирифта шудааст.


ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Мувофиқи Таснифоти умумии намуди фаъолияти иқтисодӣ маҳсулоти хоҷагии ёрирасони ҷангалпарварӣ ба соҳаи кишоварзӣ дохил мешаванд.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, соҳаи ҷангалпарварӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2017-ум 1075,2 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 1,6 баробар зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2017-ум аз истеҳсоли умумӣ, гўшт 3,7 тонна, шир 3,2 тонна, пашм 1 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд.

Аз саршумори умумии чорвои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 71 сар чорвои калон, 3601 сар гўсфанду буз, 87 сар асп дар сатҳи хоҷагиҳои ёрирасони ҷангалпарварӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.


МОҲИПАРВАРӢ

Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2017-ум 866,4 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 5,5 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2017 дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят сайди моҳӣ 40,5 тоннаро ташкил намуд.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ намуди моҳии пешонағафсӣ сафед – 17,4 фоиз, намуди зағорамоҳӣ – 16,9 фоиз, намуди гулмоҳӣ – 5,7 фоиз, намуди амури сафед – 12,4 фоиз, намуди суфмоҳӣ – 4,5 фоиз ва дигар намуди моҳиҳо – 43,2 фоизро ташкил намудааст.


СОХТМОНИ АСОСӢ

Сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2017 сармоягузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 544961,0 ҳазор сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2016-ум 49,5 фоизро ташкил медиҳад (бо нархҳои муқоисавӣ).

Ба кор андохтани фондҳои асосӣ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ фондҳои асосӣ ба маблағи 266301,5 ҳазор сомонӣ, ки нисбати соли гузашта 137,2 фоизро ташкил медиҳад.

Аз рўи иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 132825,0 ҳазор сомонӣ ё 49,9 фоизи ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоятро ташкил кардааст, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сехи дузандагӣ аз тарафи соҳибкори хусуси, иншооти бинои замонавӣ барои қабули меҳмонони олиқадр – фармоишгар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», иншооти комплекси осиё ва анбори маҳсулоти тайёр – фармоишгар ҶДММ «Зерновая компания», обёри ва азхудкунии заминҳои мавзеи Сомғор – фармоишгар ИСА вилояти Сугд, дар ноҳияи Исфара корхонаи коркард ва банду басти меваи хушк бо иқтидори коркарди 1400 тонна дар як сол аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Баракат» , ва дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони як қатор нуқтаҳои сўзишворӣ ва савдо сохта ба истифода дода шудааст.

Фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони хусусӣ 33717,0 ҳазор сомонӣ ё 12,7 фоиз, давлатӣ – 100798,9 ҳазор сомонӣ ё 37,8 фоиз, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ 22501,0 ҳазор сомонӣ ё 8,4 фоиз ҶДММ – 44885,7 ҳазор сомонӣ ё 16,9 фоиз, корхонаҳои муштарак—2599,7 ҳазор сомонӣ ё 1,0 фоиз, маблағҳои аҳолӣ – 35126,4 ҳазор сомонӣ ё 13,2 фоиз, аз ҳисоби корхонаҳои хориҷӣ 26672,8 ҳазор сомонӣ ё 10,0 фоиз, ки аз ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохта шудаи вилоят мебошанд.

Сохтмони иншоотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ – фарҳангӣ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2017 барои инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ сармоягузорӣ ба маблағи 156305,8 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст, ки 28,7 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории вилоятро ташкил медиҳад (бо нархҳои аслии амалкунанда).

Дар моҳҳои январ-июни соли 2017 ба масоҳати 167721 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2016-ум 120,0 фоизро ташкил медиҳад.

Биноҳои истиқоматиро асосан бахши ғайридавлатӣ ва ҳиссаи бештари онҳоро аҳоли месозанд, онҳо дар моҳҳои январ-июн – 147619 метри мураббаъ ё 88,0 фоиз, аз ҳисоби маблағҳои ҶДММ – 12281 метри мураббаъ ё 7,3 фоиз, аз ҳисоби маблағҳои сохибкорони инфироди - 7821 метри мураббаъ ё 4,7 фоизи ҳаҷми умумии хонаҳои истиқоматӣ ба истифода додашударо сохтаанд. Дар моҳҳои январ-июни соли 2017 мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 2014 ҷои талаба, аз он чумла дар шаҳри Панҷакент аз ҳисоби маблағҳои хориҷӣ ду мактаб барои 680 ҷои талаба, ва аз ҳисоби маблағҳои давлати дар деҳаи Равғангарони шаҳри Истаравшан мактаб барои 144 ҷои талаба, дар деҳаи Унҷи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мактаб барои 470 ҷои талаба, дар ноҳияи Деваштич мактаб барои 240 ҷои талаба ва аз ҳисоби аҳоли мактаб барои 240 ҷои талаба сохта ба истифода дода шуд. Аз ҳисоби соҳибкорони инфироди дар ноҳияи Спитамен мактаб барои 240 ҷои талаба, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ду боғчаи бачагона барои 120 ва 80 ҷой сохта ба истифода дода шуд. Дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз ҳисоби маблағҳои давлати шуъбаи ҷарроҳӣ барои 14 кат сохта ба истифода дода шуд.

Дараҷаи ба истифода додани биноҳои истиқоматӣ

Корҳои пудратӣ

Ташкилотҳои пудратии вилоят дар моҳҳои январ-июни соли 2017 бо қувваи худ ба маблағи 160758,1 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро иҷро кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2016-ум 47,4 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми корҳои пудратӣ, ки ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун иҷро кардаанд, чунин тавсиф мешавад: давлатӣ 283,1 ҳазор сомонӣ (0,2 фоиз), саҳомӣ 5844,9 ҳазор сомонӣ (3,6 фоиз), ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд 133082,5 ҳазор сомонӣ (82,8 фоиз), соҳибкорони инфиродӣ 19649,8 ҳазор сомонӣ (12,2 фоиз), хориҷӣ 1897,8 ҳазор сомонӣ (1,2 фоиз) ҳаҷми умимиро ташкил медиҳанд.


НАҚЛИЁТ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2017 бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 13,1 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 102,0 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, инчунин бо нақлиёти автомобили шахсони воқеъи, ки бо боркашонии тиҷоратӣ машғуланд 11,3 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 6,5 фоиз зиёд шудааст) ва бо нақлиёти роҳи оҳан 1,8 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 80,5 фоиз) бор кашонида шудааст.

Гардиши бор бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар ҳаҷми 1094,4 миллион тонна км ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 4,4 фоиз зиёд шудааст.

Бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар моҳҳои январ-июни соли 2017-ум 81,7 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба соли 2016-ум 105,8 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, соҳибкорони хусусӣ 81,6 миллион нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 105,8 фоиз), бо нақлиёти роҳи оҳан 15,3 ҳазор нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 108,5 фоиз), бо нақлиёти ҳавоӣ 100,7 ҳазор нафар (нисбат ба соли гузашта 102,5 фоиз) мусофир кашонида шудааст.

Гардиши мусофирон бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 1423,5 миллион мусофирон км-ро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 107,0 фоиз мебошад.


ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2017 ҳаҷми хизмати пулакӣ, ҳамаи соҳаҳои хизматгузор, ки ба аҳолии вилоят расонидаанд 1535,0 миллион сомониро ташкил дод, ки ин бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 2016-ум 0,9 фоиз зиёд шудааст.

Корхонаю ташкилотҳои расмӣ ба қайд гирифташуда бошад, ба маблағи 610,6 миллион сомонӣ хизматгузорӣ кардаанд, ки 39,8 фоизи ҳаҷми умумии хизматро ташкил намуда, нисбат ба соли 2016 бо нархҳои муқоисавӣ 5,3 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2017 аз ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 597,2 сомонӣ рост меояд.


САВДОИ ЧАКАНА, ТАЪМИРИ АВТОМОБИЛҲО ВА МОЛҲОИ МАИШӢ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2017 гардиши савдо, таъмири мошинҳо, молҳои маишӣ ва ашёҳои истифодаи шахсӣ ҳамагӣ дар вилоят 3501,3 миллион сомониро ташкил дод. Нисбати ҳамин давраи соли 2016 суръати афзоиши гардиши моли чакана, таъмири мошинҳо, молхои маиши ва ашёҳои истифодаи шахсӣ бо нархҳои муқоисавӣ 5,9 фоиз ё ба маблағи 417,7 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Ҳаҷми гардиши савдои чакана дар моҳҳои январ - июни соли 2017-ум 3427,0 миллион сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 5,8 фоиз, таъмири мошинҳо 9,7, таъмири молҳои маишӣ 12,0 фоиз афзудааст.

Таносуби гардиши моли чакана дар сектори ғайридавлатӣ 99,9 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил кард. Дар бозорҳои озуқаворӣ, ашҳё ва омехтаи вилоят ба маблағи 1832,0 миллион сомонӣ мол фурўхта шуд.

Таносуби молҳои озуқа, дар ҳаҷми умумии гардиши моли чакана 53,7 фоиз ё 1840,3 миллион сомониро ташкил кард.

Дар ҳаҷми умумии фурўши озуқаворӣ молҳои зерин афзалият доранд: гўшту ҳасиб (19,4 фоиз), маҳсулоти қаннодӣ (8,1фоиз), орд (7,2 фоиз), равғани растанӣ (5,2 фоиз), сабзавот (3,7 фоиз).

Таносуби молҳои ғайриозуқа 46,3 фоиз ё 1586,7 миллион сомониро ташкил кардааст, ки аз молҳои ғайриозуқа аҳолӣ бештар масолеҳи сохтмонӣ (27,9 фоиз), газвор (13,9 фоиз), пойафзол (8,9 фоиз), асбобу анҷоми барқӣ маишӣ (3,9 фоиз), мебел ва маснуотҳоӣ қолинӣ (3,5 фоиз) -ро харидорӣ мекунанд.

Аз ҳама зиёд таносуби гардиши моли чакана дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Бўстон, Конибодом ва ноҳияи Б.Ғафуров мушоҳида карда мешавад.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2017 аз ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 1333,4 сомонӣ рост меояд.

Ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар моҳҳои январ-июни соли 2017-ум 173,1 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,4 фоиз зиёд шудааст.


ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2017 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 952401,2 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2016-ум 15,4 фоиз ё 127238,1 ҳазор доллар зиёд аст. Тарози савдо манфӣ буда – 491042,8 ҳазор долларро ташкил кард. Вилояти Суғд бо 50 мамолик, аз он ҷумла бо 11 мамолики ИДМ ва бо 39 мамолики хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад.

Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 78,5 фоиз ё 747344,1 ҳазор доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 21,5 фоиз ё 205057,1 ҳазор доллар рост меояд.

Таносуби содирот дар моҳҳои январ-июни соли 2017 нисбати гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 24,2 фоиз ва воридот бошад 75,8 фоизро ташкил мекунад, ки касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ – 379376,5 ҳазор доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур – 111666,3 ҳазор долларро ташкил додааст.

Умуман ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2017 нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2016 бо мамлакатҳои ИДМ 23,4 фоиз ё 141907,5 ҳазор доллар зиёд, бо мамлакатҳои хориҷи дур бошад 6,7 фоиз ё 14669,4 ҳазор доллар кам шудааст.

Дар моҳҳои январ - июни соли 2017 содироти мол 230679,2 ҳазор долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ- июни соли 2016-ум 15,2 фоиз ё 30382,3 ҳазор доллар зиёд шудааст. Воридоти мол ба вилоят 721722,0 ҳазор долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ- июни соли 2016-ум 15,5 фоиз ё 96855,8 ҳазор доллар зиёд мебошад.

Дар айни ҳол, нисбат ба моҳҳои январ – июни соли 2016 содироти маҳсулоти маъданӣ 2,0 баробар ё 93958,7 ҳазор доллар зиёд, нахи пахта бошад 45,8 фоиз ё 5192,3 ҳазор доллар кам шудааст.

Воридоти воситаҳои нақлиёт 49,9 фоиз ё 9963,9 ҳазор доллар зиёд шудааст, воридоти гандум бошад 13,2 фоиз ё 14099,9 ҳазор доллар кам шудааст.

Чӣ хеле, ки аз маълумоти овардашуда дида мешавад, оид ба содирот шарикони асосӣ инҳоянд: Қазоқистон – 66,7 фоиз, Узбекистон – 10,1фоиз, Чин – 6,8 фоиз, Туркия – 4,1 фоиз, Италия - 3,2 фоиз.

Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифтааст: аз Русия - 38,3 фоиз аз Қазоқистон – 32,2 фоизи ҳаҷми умумии воридот,Чин - 14,4 фоиз, Узбекистон - 3,5 фоиз, Литва – 2,9 фоиз, Туркия-1,5 фоиз ва ғайраҳо.


ЁРИИ БАШАРДЎСТОНА

Дар моҳҳои январ-июни соли 2017 ба вилояти Суғд аз мамлакатҳои хориҷи дуру наздик ба маблағи 1190,4 ҳазор доллар ё 1799,2 тонна маҳсулоти озуқа ҳамчун ёрии башардўстона расонида шудааст.


БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА МУЗДИ МЕҲНАТ

Шумораи қувваҳои корӣ (ба ғайр аз шахсони дар хоҷагиҳои ёрирасон ва деҳқонӣ машғулбуда ва шахсони бо фаъолияти мустақилонаи касбӣ машғулбуда) дар моҳҳои январ-майи соли 2017-ум 399,0 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 250,1 ҳазор нафарашон дар бахши воқеӣ ва 148,9 ҳазор нафарашон дар бахши хизматрасонӣ машғуланд.

Шумораи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда то 1 июни соли 2017-ум 11,4 ҳазор нафарро ташкил карда, аз он ҷумла 52,6 фоизашро занҳо ташкил додаанд.

Сатҳи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда 1,4 фоизи шумораи қувваҳои кориро ташкил кардааст.

Музди миёнаи ҳармоҳаи номинали (ҳисобшуда)-и меҳнат дар моҳҳои январ – майи соли 2017-ум 971,44 сомониро ташкил кард ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,7 фоиз афзудааст.

Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта то 1 июни соли 2017-ум 9767,3 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар соли 2017-ум 983,8 ҳазор сомонӣ (10,1 фоиз)-и маблағи умумии қарздориро ташкил додааст.

Қарздории аз ҳама зиёд дар саноати истихроҷи маъданҳои кўҳӣ ва коркарди конҳо 7131,9 ҳазор сомонӣ (73,0 фоизи маблағи умумии қарздорӣ), дар кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ 2232,6 ҳазор сомонӣ (22,9 фоиз) ва дар саноати коркард 367,0 ҳазор сомонӣ (3,7 фоиз)-ро ташкил додааст.


НАРХ НАРХҲОИ ИСТЕЪМОЛӢ

Индекси нархҳои истеъмолӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2017-ум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,1 фоиз аз он ҷумла: молҳои озуқа – 109,9 фоиз, молҳои ғайриозуқа – 103,5 фоиз ва хизматрасонии пулаки ба аҳолӣ – 105,5 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2017 индекси нархҳои истеъмолӣ 5,7 фоиз афзуд. Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавӣ дар бахши истеъмолӣ 0,9 фоизро ташкил кард (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,6 фоиз буд).

Аз аввали соли 2017 сатҳи таваррум дар вилоят 5,7 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2017 нархҳои мушоҳидашудаи молҳои озуқа бештар қимат шудаанд: картошка – 1,9 бар, қаламфури булғорӣ ширин – 1,8 бар, лаблабу ва сабзӣ – 1,7 бар, бехпиёз – 1,6 бар, карам – 49,0 фоиз, оби ҷав – 46,0 фоиз, нахўд – 39,2 фоиз, маргарин – 35,6 фоиз, бодинҷон – 34,1 фоиз, помидор – 31,8 фоиз, рони мурғ – 20,5 фоиз, равғани маска – 19,9 фоиз, тухм – 18,5 фоиз, себ – 16,4 фоиз, гўшти гов – 8,6 фоиз ва гўшти гўсфанд – 8,2 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра нархҳои бодиринг – 38,8 фоиз, мош – 25,3 фоиз, чормағз – 21,3 фоиз, биринҷ – 10,2 фоиз, содаи хўрокворӣ – 7,0 фоиз ва лимў – 6,8 фоиз арзон шудааст.

Аз аввали соли 2017 нархи молҳои ғайриозуқаи зерин қимат шудаанд: велосипеди бачагона – 40,5 фоиз, ҷўроби мардона – 29,7 фоиз, газвор аз абрешими асл – 29,3 фоиз, ҷемпери бофта – 27,5 фоиз, куртаи мардона – 25,2 фоиз, телпаки мардона – 22,5 фоиз, бензин АИ-92 – 20,3 фоиз, чатр – 20,2 фоиз, рўймол – 18,2 фоиз, футболкаи бачагона – 17,9 фоиз, қолини нимпашмин – 17,1 фоиз, собуни ироқи 16,0 фоиз, ҳезум – 13,8 фоиз, ангуштарини никоҳи – 11,3 фоиз, курсии нарм – 11,1 фоиз ва гази моеъ – 8,7 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра нархҳои гулҳои зинда – 26,2 фоиз, семент- 22,1 фоиз, колготкаи занона – 15,5 фоиз, гаҷ – 12,4 фоиз, хишти пухта – 10,3 фоиз ва ранги сафеди миноӣ – 6,0 фоиз арзон шудааст.

Аз аввали сол нарху тарифаи хизматрасонии пулакии зерин бештар қимат шудаанд: хизмати расмгирӣ – 1,9 бар, хизмати мусиқанавозон – 27,5 фоиз, хизмати сауна – 25,8 фоиз, хизмати алоқа – 22,2 фоиз, пардохти оби хунук ва канализатсия – 18,0 фоиз, пардохти қувваи барқ – 16,3 фоиз, хизмати тарабхонаҳо ва меҳмонхонаҳо – 11,1 фоиз, арзиши боғчаи кўдакона – 8,6 фоиз ва нақлиёти мусофиркашии роҳи оҳан – 3,5 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ – 13,6 фоиз арзон шудааст.


ТАНДУРУСТӢ

Ба бемориҳои сирояткунандаи ҷудогона гирифтор шудани аҳолӣ дар моҳҳои январ-майи соли 2017

(аз рўи маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд)

Дар моҳҳои январ-майи соли 2017-ум 4173 ҳодисаи ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-майи соли 2016-ум 9,2 фоиз кам аст. Ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 25,1 фоизи бемориҳо рост меояд, бемориҳои сирояткунандаи шадиди рўда 14,3 фоизи шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил медиҳанд.

Дар моҳҳои январ-майи соли 2017-ум 4689 ҳодисаи ба бемориҳои паразитарӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-майи соли 2016-ум 8,4 фоиз кам аст.


ПАРДОХТИ НАФАҚА ВА КЎМАКПУЛӢ

Мувофиқи маълумоти «Амонатбонк»-и вилоят маблағи аз Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд гузаронидашуда дар моҳҳои январ-июни соли 2017-ум 315,3 млн. сомониро ташкил додааст. Маблағи ба нафақа ва кўмакпулӣ пардохташуда дар моҳҳои январ-июни соли 2017-ум бо назардошти бақияи аввали сол (1,9 млн. сомонӣ) 314,5 млн. сомониро ташкил кардааст. Шумораи нафақахўрон то 01.07.2017-ум 212244 нафарро ташкил медиҳад.

САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

ШУМО ДАР: ОМОР Нишондиҳандаҳои оморӣ Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-июни соли 2017