Хабарҳо
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тиб - 16.08.2017 14:50
Варзишгарони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 218 медали тилло ба даст овардаанд - 16.08.2017 09:29
Дар шаҳри Гулистон ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид - 16.08.2017 09:21
Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд баргузор мешавад - 15.08.2017 14:09
Саёҳати як гурӯҳ сокинони вилояти Суғд дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода - 15.08.2017 09:08
Дастаи “Хуҷанд” аз дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе шикаст хӯрд - 14.08.2017 15:49
Ҷаласаи 15 – уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ дар шаҳри Гулистон баргузор мешавад - 14.08.2017 14:07
Беш аз 100 нафар омӯзгорон ройгон ба истироҳат фаро гирифта шуданд - 14.08.2017 09:21
Боз як филми нав аз “Суғдсинамо”. Нахустнамоиши “Тангно” моҳи сентябр баргузор мешавад - 14.08.2017 09:20
Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо - 14.08.2017 09:18

Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2017

( 1 Овоз )

АХБОРИ САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

«Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2017»

МАКРОИҚТИСОДИЁТ ВА МОЛИЯ

Мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати молияи вилояти Суғд қисми даромади буҷети вилоят ба 1 апрели соли 2017 ба андозаи 106,2 фоизи нақша иҷро гардида 342593,1 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Иҷроиши қисми хароҷоти буҷети вилоят дар ин давра 352800,2 ҳазор сомониро ташкил дода нисбат ба нақша 98,4 фоиз мебошад.

Барои маблағгузории соҳаҳои маориф 98,7 фоизи ҳамаи маблағҳо, нигаҳдории тандурустӣ 98,7 фоиз, хоҷагии коммуналӣ 95,5 фоиз, чорабиниҳои  фарҳангию варзишӣ 99,0 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ  ва ҳифзи иҷтимоӣ 95,2 фоиз ва ғайра маблағ сарф карда шудааст.

САНОАТ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2017 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 2001153,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ  145,1 фоизро ташкил кард.

Ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2017 нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2016 афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ, якҷоя бо нўшокиҳо ва тамоку, истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ, истеҳсоли металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, дўзандагӣ ва ғайраҳо мусоидат намуданд.

Аз 116 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар моҳҳои январ-марти  соли 2017 истеҳсоли  71 номгўй ( 61,2 фоиз) афзуда,   28 номгўй (24,1 фоиз) кам шуда, 17 номгўй (14,7 фоиз) истеҳсол карда нашудааст.

Аз 591 корхонаҳои саноатии ҳисоботдиҳанда дар моҳҳои январ-марти соли 2017-ум 266 корхона (45,2фоиз) нисбат ба моҳҳои январ-марти соли гузашта сатҳи истеҳсолро баланд бардоштаанд. Дар айни замон, миқдори корхонаҳои бозистода дар моҳҳои январ-марти соли 2017-ум 226 воҳид ё 38,2 фоизро ташкил карда, 99 ё  16,6  фоиз сатҳи истеҳсолро нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам кардаанд.

Аз 226 воҳид корхонаҳои бозистода, 110 корхона аз сабаби мавсимӣ будани маҳсулоти истеҳсолиашон фаъолият накардаанд.

Дар саноати истихроҷи маъдан дар моҳҳои январ-марти соли 2017 ба маблағи  818974,8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, истеҳсоли  маҳсулоти саноатӣ нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2016-ум 56,2 фоиз, аз он ҷумла истихроҷи маводҳои ғайриэнергетикӣ 55,7 фоиз, энергетикӣ 32,2 фоиз зиёд шудааст.

Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ-марти соли 2017-ум   1075451,2 ҳазор сомонӣ, аз он маҳсулоти хўрокворӣ якҷоя бо нўшокиҳо ва тамоку 553512,0 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дўзандагӣ 96643,6 ҳазор сомонӣ, ҳаргуна маснуоти ғайрифилизии маъданӣ 41275,9 ҳазор сомониро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ умуман дар соҳаи коркард 35,0 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ – 32,5 фоиз зиёд шуд, ки он аз ҳисоби истеҳсоли орд – 4,3 баробар, маргарин – 23,9 фоиз, гўшт – 16,4 фоиз, маҳсулоти ширӣ-15,9 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ – 15,3 фоиз, ҳасиб – 3,3 фоиз, нўшокиҳои ғайриспиртӣ - 1,3 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Истеҳсоли дигар маҳсулоти маъдани ғайрифилизӣ – 21,5 фоиз зиёд шуд, ки аз ҳисоби зиёдшавии семент – 49,4 фоиз, гаҷ - 17,6 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2017 истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дўзандагӣ – 67,8 фоиз зиёд шуда, аз ҳисоби зиёд истеҳсол шудани калобаи пахтагин 2,6 баробар, қолин ва маснуоти қолинӣ – 76,9 фоиз, матои нобофта – 47,9 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти нерўи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ-марти соли 2017-ум 106727,3 ҳазор сомониро ташкил кард, ҳаҷми истеҳсолот аз рўи намуди фаъолияти мазкур 38,6 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Аз он ҷумла ҳаҷми тақсими нерўи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ 68525,8 ҳазор сомонӣ ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,6 фоиз зиёд мебошад.

КИШОВАРЗӢ, ШИКОР ВА ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2017 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 403,5 млн. сомонӣ (бо нархҳои соли 2016) нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 5,7 фоиз, аз он ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 1,3 млн. сомонӣ ё баробари соли гузаштаро ташкил дода ва чорводорӣ 402,1 млн. сомонӣ ё 5,7 фоиз зиёд шудааст.

РАСТАНИПАРВАРӢ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2017 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 217,8 тонна сабзавот ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 фоиз зиёд аст.

Кишти баҳорӣ

Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят мавсими кишту кори баҳорӣ давом карда истодааст.

То 1-уми апрели соли 2017 ҳамагӣ дар майдони 42617,9 гектар замин кишти зироатҳои баҳорӣ гузаронида шудааст: аз он ҷумла дар 34759,1 гектар ғалладона ва лўбиёгиҳо (бе ҷуворимакка), аз онҳо гандум – 11216,8 гектар, ҷав – 22466 гектар, дигар зироати ғалладонагиҳо – 1076,3 гектар, ҷуворимакка барои дон – 327 гектар, зироатҳои техникӣ – 2536,2 гектар, аз он пахта – 171,6 гектар, картошка – 715,8 гектар, сабзавот – 2969,4 гектар, полизҳои озуқаворӣ – 227,3 гектар  ва зироати хўроки чорво – 1079,9 гектар мебошад. Кишти зироатҳои баҳорӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта  73,0 фоиз иҷро шудааст.

 

Бунёди боғу токзорҳои нав

Ҳамагӣ хоҷагиҳои вилоят то 1-уми апрели соли 2017 дар майдони 741,2 гектар замин ниҳолҳои бисёрсола шинонданд. То 1-уми апрели соли 2017 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагиҳо 723,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 62,0 фоиз иҷро шудааст. Аз масоҳати умумии боғҳо дар 62,6 гектар ниҳолҳои мевагиҳои тухмдор, дар 628,4 гектар ниҳолҳои мевагиҳои донакдор, дар 27,5 гектар ниҳолҳои мевагиҳои мағздор ва дар 4,9 гектар мевагиҳои субтропикӣ шинонда шудааст.

То 1-уми апрели соли 2017 16,7 гектар токзорҳои нав бунёд карда шудаанд.

Ҳамагӣ то 1-уми апрели соли 2017-ум 821,5 гектар боғҳо ва 40 гектар токзорҳо  азнав барқарор карда шудаанд.

Ҳамагӣ 3,3 ҳазор дона ниҳолҳои тут шинонда шудааст.

Ҳолати техникаи кишоварзӣ

То 1-уми апрели соли 2017 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 3747 адад тракторҳои гуногунтамға мавҷуд буда, аз онҳо 2689 адад ё 72,0 фоиз дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд.

То 1 апрели соли 2017 ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 345,7 тонна сўзишвории дизелӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,1 тонна зиёд аст.

Сўзишвории мавҷудаи дизелӣ ба 1 трактор ба ҳисоби миёна 92,3 кг рост меояд, ки  нисбати ҳамин давраи соли гузашта 12,9 кг зиёд  аст.

ЧОРВОПАРВАРӢ

Ба 1 апрели соли 2017 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ саршумори чорвои калон 635,7 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6,8 ҳазор сар ё 1,1 фоиз, саршумори гўсфанду буз 26,7 ҳазор сар ё 1,8 фоиз, саршумори мурғ 34,5 ҳазор сар ё 2,2 фоиз зиёд шудааст. Аз саршумори умумӣ 92,6 фоизи саршумори чорвои калон ва 84,7 фоизи саршумори гўсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои ноҳияи Исфара – 3,8 фоиз,  Кўҳ.Мастчоҳ – 3,3 фоиз, Мастчоҳ – 2,7 фоиз, Панҷакент – 1,5 фоизро ташкил дод.

Ба 1-уми апрели соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли гўшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 10939,6 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1-уми апрели соли 2016 - ум 5,5 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли гўштро хоҷагиҳои ноҳияҳои Кўҳ.Мастчоҳ – 15,4 фоиз, Исфара – 9,4 фоиз, Б.Ғафуров – 8,1 фоиз, Деваштич – 7,4 фоиз, Конибодом – 6,8 фоиз, Спитамен – 6,1 фоиз, Ашт – 5,8 фоиз зиёд намуданд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад, дар вилоят 64787,1 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 апрели соли 2016-ум 3,3 фоиз зиёд аст, аз он ҷумла дар хоҷагиҳои ноҳияҳои: Спитамен – 18,6 фоиз, Деваштич – 17,6 фоиз, Ҷ.Расулов – 4,6 фоиз,  Зафаробод  ва Исфара – 3,2 фоизӣ афзудааст.

Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 93,4 фоизро ташкил менамояд.

Ба 1-уми апрели соли 2017 ба миқдори 36198,8 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба 1-уми апрели соли 2016-ум 7,7 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои ноҳияҳои Деваштич 2,4 баробар, Панҷакент – 2,1 баробар,  Шаҳристон – 2,0 баробар зиёд намуданд.

Ба 1-уми апрели соли 2017 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад, 2636 сар гўсола гирифта шудааст. Нисбат ба 1-уми апрели соли 2016  хоҷагиҳои вилоят 3,4 фоиз ва ноҳияҳои Спитамен – 7,9 фоиз, Конибодом – 7,4 фоиз, Исфара – 7,3 фоиз, Мастчоҳ – 5,6 фоиз, Б.Ғафуров – 3,4 фоиз,  Ашт – 2,5 фоиз  зиёд гўсола гирифтаанд.

Ба 1-уми апрели соли 2017 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 43523 сар барраю бузғола гирифтаанд. Нисбат ба 1-уми апрели соли 2016 хоҷагиҳои вилоят 1,2 фоиз ва хоҷагиҳои ноҳияҳои Конибодом – 5,0 фоиз, Ашт – 2,4 фоиз  Кўҳ.Мастчоҳ – 1,7 фоиз, Б.Ғафуров – 1,5 фоиз зиёд барраю бузғола гирифтанд.

Ба 1 апрели соли 2017 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар модагов 336 кг шир дўшида шудааст, ки нисбат ба 1 апрели соли  2016-ум 3,4 фоиз ё 11 кг зиёд  аст.

Ҳисоби миёнаи ширдўшӣ аз ҳар сар модагов нисбат ба 1 апрели  соли 2016 дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Исфара – 60 кг, Зафаробод - 11 кг, Ҷ.Расулов – 10 кг, Б.Fафуров - 9 кг, Мастчоҳ - 6 кг зиёд шудааст.

Аз ҳар сар мокиёни тухмдиҳанда бошад, 66 донагӣ тухм гирифта шудааст, ки нисбат ба 1 апрели соли 2016-ум 22,2 фоиз ё 12 донагӣ зиёд аст.

Ба 1 апрели  соли 2017 дар вилоят ба ҳисоби миёна аз 100 сар модагов 17 сарӣ гўсола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2016-ум 6,3 фоиз ё 1 сар зиёд  аст.

Ба 1 апрели соли 2017 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар 100 сар меш 48 сарӣ барра ва бузғола гирифта шудааст. Нисбат ба сатҳи миёнаи нишондиҳандаи вилоят дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Ашт - 24 сарӣ, Б.Ғафуров - 7 сарӣ, Зафаробод – 1 сарӣ кам барраю бузғола гирифта шудааст.

ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Мувофиқи Таснифоти умумии намуди фаъолияти иқтисодӣ маҳсулоти хоҷагии ёрирасони ҷангалпарварӣ ба соҳаи кишоварзӣ дохил мешаванд.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, соҳаи ҷангалпарварӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2017-ум 47,2 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 18,9 фоиз зиёд шудааст.

Дар соли 2017-ум аз истеҳсоли умумӣ, гўшт 1,7 тонна, шир 0,7 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд.

Аз саршумори умумии чорвои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 85 сар чорвои калон, 3367 сар гўсфанду буз, 85 сар асп дар сатҳи хоҷагиҳои ёрирасони ҷангалпарварӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.

 МОҲИПАРВАРӢ

Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2017-ум 349,0 ҳаз. сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 3,0 баробар зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2017 дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят сайди моҳӣ 17,5 тоннаро ташкил намуд.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ намуди моҳии пешонағафсӣ сафед – 10,4 фоиз, намуди зағорамоҳӣ – 2,9 фоиз, намуди суфмоҳӣ – 13,0 фоиз,   намуди амури сафед – 1,7 фоиз ва дигар намуди моҳиҳо – 71,9 фоизро ташкил намудааст.

СОХТМОНИ АСОСӢ

Сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2017 сармоягузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 215931,6 ҳазор сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2016-ум 45,9 фоизро ташкил медиҳад (бо нархҳои муқоисавӣ).

Ба кор андохтани фондҳои асосӣ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоя-гузорӣ фондҳои асосӣ ба маблағи 180537,1 ҳазор сомонӣ, ки нисбати соли гузашта 2,9 баробар зиёд шудааст.

Аз рўи иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 111698,2 ҳазор сомонӣ ё 61,9 фоизи ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоятро ташкил кардааст, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сехи дузандагӣ аз тарафи соҳибкори хусуси, иншооти бинои замонавӣ барои қабули меҳмонони олиқадр – фармоишгар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», иншооти комплекси осиё ва анбори маҳсулоти тайёр – фармоишгар ҶДММ «Зерновая компания», обёри ва азхудкунии заминҳои мавзеи  Сомғор – фармоишгар  ИСА вилояти Суғд, дар ноҳияи Исфара  корхонаи коркард ва банду басти меваи хушк бо иқтидори коркарди 1400 тонна дар як сол аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Баракат» ва дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони як қатор нуқтаҳои сўзишворӣ ва савдо сохта ба истифода дода шудааст.

Фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони хусусӣ 10731,3 ҳазор сомонӣ ё 5,9 фоиз, давлатӣ – 89180,7 ҳазор сомонӣ ё 49,4 фоиз, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ  22253,4 ҳазор сомонӣ ё 12,3 фоиз ҶДММ – 28916,6 ҳазор сомонӣ ё 16,0 фоиз, корхонаҳои муштарак-- 1021,8 ҳазор сомонӣ ё 0,6 фоиз, маблағҳои аҳолӣ – 8869,8 ҳазор сомонӣ ё 4,9 фоиз, аз ҳисоби корхонаҳои хориҷӣ 19563,5 ҳазор сомонӣ ё 10,9 фоиз, ки аз ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохта шудаи вилоят мебошанд.

Сохтмони иншоотҳои соҳаҳои иҷтимоӣфарҳангӣ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2017 барои инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ сармоя-гузорӣ ба маблағи 43494,8 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст, ки 20,1 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории вилоятро ташкил медиҳад (бо нархҳои аслии амалкунанда).

Дар моҳҳои январ-марти соли 2017 ба масоҳати 61356 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2016-ум 130,7 фоизро ташкил медиҳад.

Хонаҳои истиқоматӣ аз ҳисоби маблағҳои аҳолӣ ба масоҳати 49805 метри мураббаъ, аз ҳисоби маблағҳои ҶДММ – 10231 метри мураббаъ, аз ҳисоби маблағҳои сохибкорони инфироди - 1320 метри мураббаъ ба истифода дода шудааст. Дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз ҳисоби маблағҳои давлати шуъбаи ҷарроҳӣ барои 14 кат, дар шаҳри Панҷакент аз ҳисоби маблағҳои хориҷӣ ду мактаб барои 680 ҷои талаба, ва аз ҳисоби маблағҳои давлати дар деҳаи Равғангарони шаҳри Истаравшан мактаб барои 144 ҷои талаба, дар ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мактаб барои 740 ҷои талаба сохта ба истифода дода шуд.

Корҳои пудратӣ

Ташкилотҳои пудратии вилоят дар моҳҳои январ-марти соли 2017 бо қувваи худ ба маблағи 56207,5 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро иҷро кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2016-ум 44,1 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми корҳои пудратӣ, ки ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун иҷро кардаанд, чунин тавсиф мешавад: саҳомӣ 2645,4 ҳазор сомонӣ (4,7 фоиз), ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд 45784,6 ҳазор сомонӣ (81,5 фоиз), соҳибкорони инфиродӣ 7777,5 ҳазор сомонӣ (13,8 фоиз)  ҳаҷми умимиро ташкил медиҳанд. 

НАҚЛИЁТ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2017 бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 5,6 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 100,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, инчунин бо нақлиёти автомобили шахсони воқеъи, ки бо боркашонии тиҷоратӣ машғуланд 4,8 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 4,0 фоиз зиёд шудааст) ва бо нақлиёти роҳи оҳан 0,8 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 82,4 фоиз) бор кашонида шудааст.

Гардиши бор бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар ҳаҷми 487,6 миллион тонна км ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 6,2 фоиз зиёд шудааст.

Бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар моҳҳои январ-марти соли 2017-ум 40,9  миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба соли 2016-ум 107,3 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, соҳибкорони хусусӣ 40,8 миллион нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 107,2 фоиз), бо нақлиёти роҳи оҳан 5,5 ҳазор нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта бетағир мондааст), бо нақлиёти ҳавоӣ 66,1 ҳазор нафар (нисбат ба соли гузашта 1,5 бар)  мусофир кашонида шудааст.

Гардиши мусофирон бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 713,7 миллион мусофирон км-ро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 112,4 фоиз мебошад.

ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2017 ҳаҷми хизмати пулакӣ, ҳамаи соҳаҳои хизматгузор, ки ба аҳолии вилоят расонидаанд 764,9 миллион сомониро ташкил дод, ки ин бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 2016-ум 1,7 фоиз зиёд шудааст.

Корхонаю ташкилотҳои расмӣ ба қайд гирифташуда бошад, ба маблағи 292,0 миллион сомонӣ хизматгузорӣ кардаанд, ки 38,2 фоизи ҳаҷми умумии хизматро ташкил намуда, нисбат ба соли 2016 бо нархҳои муқоисавӣ 5,5 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2017 аз ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 298,7 сомонӣ рост меояд.

САВДОИ ЧАКАНА, ТАЪМИРИ АВТОМОБИЛҲО ВА

МОЛҲОИ  МАИШӢ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2017 гардиши савдо, таъмири мошинҳо, молҳои маишӣ ва  ашёҳои истифодаи шахсӣ ҳамагӣ дар вилоят 1748,7 миллион сомониро ташкил дод. Нисбати ҳамин давраи соли 2016 суръати афзоиши гардиши моли чакана, таъмири мошинҳо, молхои маиши ва ашёхои истифодаи шахсӣ бо нархҳои муқоисавӣ 4,4 фоиз ё ба маблағи 171,6 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Ҳаҷми гардиши савдои чакана дар моҳҳои январ - марти соли 2017-ум 1711,7 миллион сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум  4,3 фоиз, таъмири мошинҳо 10,2, таъмири молҳои маишӣ 13,0 фоиз афзудааст.

Таносуби гардиши моли чакана дар сектори ғайридавлатӣ 99,9 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил кард. Дар бозорҳои озуқаворӣ, ашҳё ва омехтаи вилоят ба маблағи 901,3  миллион сомонӣ мол фурўхта шуд.

Таносуби молҳои озуқа, дар ҳаҷми умумии гардиши моли чакана 68,1 фоиз ё 1165,7  миллион сомониро ташкил кард.

Дар ҳаҷми умумии фурўши озуқаворӣ молҳои зерин афзалият доранд: гўшту ҳасиб (18,2 фоиз), орд (9,1 фоиз),  маҳсулоти қаннодӣ (7,4 фоиз),  равғани растанӣ (5,5 фоиз), сабзавот (3,2 фоиз).

Таносуби молҳои ғайриозуқа 31,9 фоиз ё 546,0 миллион сомониро ташкил кардааст, ки аз молҳои ғайриозуқа аҳолӣ бештар масолеҳи сохтмонӣ (29,1 фоиз),      газвор (12,4 фоиз), пойафзол (8,3 фоиз),  мебел ва маснуотҳоӣ қолинӣ (6,7 фоиз), асбобу анҷоми барқӣ маишӣ (3,6 фоиз) -ро  харидорӣ мекунанд.

Аз ҳама зиёд таносуби гардиши моли чакана дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара,  Истаравшан, Бўстон, Конибодом ва ноҳияи Б.Ғафуров мушоҳида карда мешавад.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2017 аз ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар  аҳолии вилоят 668,5  сомонӣ рост меояд.

Ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар моҳҳои январ-марти соли 2017-ум 86,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,3 фоиз зиёд  шудааст.

ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2017 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 454616,4 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2016-ум 26,9 фоиз  ё 96320,1 ҳазор доллар зиёд аст. Тарози савдо манфӣ буда – 210753,4 ҳазор  долларро ташкил кард. Вилояти Суғд бо 41 мамолик, аз он ҷумла бо 10 мамолики ИДМ ва бо 31 мамолики хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад.

Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 81,4 фоиз ё 370123,7 ҳазор  доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 18,6 фоиз ё 84492,7 ҳазор доллар рост меояд.

Таносуби  содирот дар моҳҳои январ-марти соли 2017 нисбати гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 26,8 фоиз ва воридот бошад 73,2 фоизро ташкил мекунад, ки касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ –178315,9 ҳазор доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур – 32437,5  ҳазор долларро ташкил додааст.

Умуман ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2017 нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2016 бо мамлакатҳои ИДМ 34,6 фоиз ё 95231,7 ҳазор  доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур бошад 1,3 фоиз ё 1088,4  ҳазор доллар зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ - марти соли 2017 содироти мол 121931,5 ҳазор долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ- марти соли 2016-ум  50,5 фоиз ё 40935,7 ҳазор  доллар зиёд  шудааст. Воридоти мол ба вилоят 332684,9 ҳазор долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ- марти соли 2016-ум 20,0 фоиз ё 55384,4 ҳазор доллар зиёд мебошад. 

Дар моҳҳои январ-марти соли 2017 содироти меваи хушк 23,7 фоиз ё 330,3 ҳазор доллар зиёд шудааст. Инчунин нисбат ба моҳҳои январ – марти соли 2016 содироти маҳсулоти маъданӣ 2,7 баробар ё 65245,2 ҳазор доллар зиёд, нахи пахта бошад 54,5 фоиз ё 5137,1 ҳазор доллар кам шудааст.

Воридоти воситаҳои нақлиёт 44,8 фоиз ё 3858,1 ҳазор доллар зиёд шудааст, воридоти гандум  бошад  20,1 фоиз ё  9975,6 ҳазор доллар кам шудааст.

Чӣ хеле, ки аз маълумоти овардашуда дида мешавад, оид ба содирот шарикони асосӣ инҳоянд: Қазоқистон – 65,6 фоиз, фоиз, Чин – 10,4 фоиз, Ўзбекистон – 10,4, Туркия – 4,1 фоиз, Италия  - 2,6 фоиз.

Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифтааст: аз Русия -  45,2 фоиз аз Қазоқистон – 31,8 фоизи ҳаҷми умумии воридот, Чин  - 9,8 фоиз, Литва – 3,1 фоиз,  Узбекистон-2,6 фоиз, Туркия-1,3 фоиз ва ғайраҳо.

ЁРИИ БАШАРДЎСТОНА

Дар моҳҳои январ-марти  соли 2017 ба вилояти Суғд аз мамлакатҳои хориҷи дуру наздик ба маблағи 1167,9  ҳазор доллар ё 1732,2  тонна маҳсулоти озуқа ҳамчун ёрии башардўстона расонида шудааст.

БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА МУЗДИ МЕҲНАТ

Шумораи қувваҳои корӣ (ба ғайр аз шахсони дар хоҷагиҳои ёрирасон ва деҳқонӣ машғулбуда ва шахсони бо фаъолияти мустақилонаи касбӣ машғулбуда) дар моҳҳои январ-феврали соли 2017-ум 397,4 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 249,5 ҳазор нафарашон дар бахши воқеӣ ва 147,9 ҳазор нафарашон дар бахши хизматрасонӣ машғуланд. Шумораи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда то 1 марти соли 2017-ум 11,0 ҳазор нафарро ташкил карда, аз он ҷумла 52,0 фоизашро занҳо ташкил додаанд. Сатҳи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда 1,4 фоизи шумораи қувваҳои кориро ташкил кардааст. Музди миёнаи ҳармоҳаи номинали (ҳисобшуда)-и меҳнат дар моҳҳои январ – феврали соли 2017-ум 931,65 сомониро ташкил кард ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,3 фоиз афзудааст.

Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта то 1 марти соли 2017-ум 9796,5 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар соли 2017-ум 509,4 ҳазор сомонӣ (5,2 фоиз)-и маблағи умумии қарздориро ташкил додааст.

Қарздории аз ҳама зиёд дар саноати истихроҷи маъданҳои кўҳӣ ва коркарди конҳо 6711,1 ҳазор сомонӣ (68,5 фоизи маблағи умумии қарздорӣ), дар кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ 2258,3 ҳазор сомонӣ (23,0 фоиз) ва дар саноати коркард 789,0 ҳазор сомонӣ (8,1 фоиз)-ро ташкил додааст.

 НАРХ

НАРХҲОИ ИСТЕЪМОЛӢ

Индекси нархҳои истеъмолӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2017-ум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106,2 фоиз аз он ҷумла: молҳои озуқа – 108,0 фоиз, молҳои ғайриозуқа – 103,8 фоиз ва хизматрасонии пулаки ба аҳолӣ – 105,0 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2017 индекси нархҳои истеъмолӣ 2,9 фоиз афзуд. Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавӣ дар бахши истеъмолӣ 0,9 фоизро ташкил кард (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,7 фоиз буд).

Аз аввали соли 2017 сатҳи таваррум дар вилоят 2,9 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2017 нархи молҳои озуқавории зерин қимат шудаанд: бехпиёз – 1,6 бар, карам – 1,5 бар, картошка – 49,2 фоиз, сабзӣ – 38,3 фоиз, бодиринг – 34,8 фоиз, лаблабу – 33,7 фоиз, помидор – 23,7 фоиз, нахўд – 15,6 фоиз, равғани маска – 15,1 фоиз, ангур – 11,8 фоиз, банан – 11,7 фоиз ва лўбиё – 10,2 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра арзон шуд: каду – 19,7 фоиз, чормағз – 15,8 фоиз, ярмаи марҷумак – 14,5 фоиз, зардолуқоқ – 13,1 фоиз, сирпиёз – 10,0 фоиз, мош – 9,3 фоиз, пиёзи кабуд, шибит, кашнич ва ғайра – 8,8 фоиз, тухм – 7,9 фоиз, биринҷ – 7,7 фоиз, содаи хўрокворӣ – 6,0 фоиз, нок – 5,9 фоиз, ҷавҳари сирко – 5,3 фоиз, чойи кабуд – 4,9 фоиз ва лимў – 3,3 фоиз.

Аз аввали соли 2017 нархи молҳои ғайриозуқаи зерин бештар арзон шудаанд: ангишт – 20,2 фоиз, штукатурка барои девор – 16,8 фоиз, шампун – 15,2 фоиз, колготкаи занона – 13,0 фоиз, галстуки мардона – 12,1 фоиз, гаҷ (алебастр) – 10,7 фоиз, шими мардона – 7,5 фоиз, семент – 5,1 фоиз ва гази моеъ – 2,6 фоиз. Зимнан, дар ҳамин давра матои тўри пардаворӣ – 27,1 фоиз, бозичаҳо – 22,6 фоиз, рўмолҳо – 21,2 фоиз, равғани олиф – 17,0 фоиз, куртаи шабпўшии занона – 16,3 фоиз, коляскаи кўдакона – 12,7 фоиз, қандили электрикӣ – 12,4 фоиз, свитери мардона – 12,1 фоиз, собуни ироқӣ – 10,8 фоиз, бензин – 10,2 фоиз, костюми мардона – 9,6 фоиз, кулоҳи кешбофи кўдакона – 9,4 фоиз ва  кати дукаса – 8,6 фоиз қимат шудааст.

Аз аввали соли 2017 нарху тарифаи хизматрасонии пулакӣ нисбатан қимат шуд: хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ – 1,8 бар, хизматрасонии алоқа – 22,7 фоиз, пардохт барои оби хунук ва канализатсия – 21,6 фоиз, эмкунии чорво – 13,6 фоиз, нақлиёти мусофиркашии роҳи оҳан – 12,6 ва таъмири яхдон – 12,6 фоиз.

ТАНДУРУСТӢ

Ба бемориҳои сирояткунандаи ҷудогона гирифтор шудани аҳолӣ дар моҳҳои январ-феврали соли 2017

(аз рўи маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд)

 

Дар моҳҳои январ-феврали соли 2017-ум 1961 ҳодисаи ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли 2016-ум 7,2 фоиз кам аст. Ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 36,8 фоизи бемориҳо рост меояд, бемориҳои сирояткунандаи шадиди рўда 8,2 фоизи шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил медиҳанд.

Дар моҳҳои январ-феврали соли 2017-ум 1800 ҳодисаи ба бемориҳои паразитарӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли 2016-ум 22,0 фоиз кам  аст.

ПАРДОХТИ НАФАҚА ВА КЎМАКПУЛӢ

Мувофиқи маълумоти «Амонатбонк»-и вилоят маблағи аз Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд гузаронидашуда дар моҳҳои январ-марти  соли 2017-ум 145,8 млн. сомониро ташкил додааст. Маблағи ба нафақа ва кўмакпулӣ пардохташуда дар моҳҳои январ-марти соли 2017-ум бо назардошти бақияи аввали сол (1,9 млн. сомонӣ) 145,5 млн. сомониро ташкил кардааст. Шумораи нафақахўрон то 01.04.2017-ум 210592 нафарро ташкил медиҳад.

САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

ШУМО ДАР: ОМОР Нишондиҳандаҳои оморӣ Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2017