Хабарҳо
Мастчоҳ: Дар 19805 гектар кишти баҳорӣ гузаронида мешавад - 27.03.2017 10:15
Ифтитоҳи толори навбунёд дар мактаби №8 – и ноҳияи Ашт - 27.03.2017 10:14
Хатнасури хайриявии 30 нафар кӯдакони оилаҳои ниёзманд дар Мастчоҳу Конибодом - 27.03.2017 10:10
Ифтитоҳи як қатор иншооти нав дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва анҷоми сафари корӣ дар вилояти Суғд - 25.03.2017 19:33
Наврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 16:17
Иштирок дар барномаи консертӣ дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» - 25.03.2017 11:48
Оғози корҳои обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар мавзеи Сомғори шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 11:38
Оғози кишти пахта дар хоҷагии ба номи Турсунбой Қӯшатови Ҷамоати деҳоти «Исмоил»- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 08:45
Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд - 24.03.2017 19:33
Шиносоӣ бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад” - 24.03.2017 12:27

Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016

( 0 Овоз )

АХБОРИ САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

«Дар бораи вазъи  иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016»

МАКРОИҚТИСОДИЁТ ВА МОЛИЯ

Мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати молияи вилояти Суғд қисми даромади буҷети вилоят ба 1 октябри соли 2016 ба андозаи 103,0 фоизи нақша иҷро гардида 997494,7 ҳазор сомониро ташкил кард.

Иҷроиши қисми хароҷоти буҷети вилоят дар ин давра 979358,0 ҳазор сомониро ташкил карда нисбат ба нақша 99,4 фоиз мебошад.

Барои маблағгузории соҳаҳои маориф 99,5 фоизи ҳамаи маблағҳо, нигаҳдории тандурустӣ 99,6 фоиз, хоҷагии коммуналӣ 99,9 фоиз, чорабиниҳои  фарҳангию варзишӣ  99,6 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ  ва ҳифзи иҷтимоӣ 99,3 фоиз ва ғайра маблағ сарф карда шудааст.

САНОАТ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 4699292,6 ҳаз.сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 137,2 фоизро ташкил кард.

Ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ-сентябри  соли 2016 нисбат ба моҳҳои январ-сентябри  соли 2015 афзоиши истеҳсоли  маҳсулоти хўрокворӣ, якҷоя бо нўшокиҳо ва тамоку, истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ, истеҳсоли металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ, коркарди чўбу тахта ва истеҳсоли маснуот аз чўб ва ғайраҳо мусоидат намуданд.

Аз 632 корхонаҳои саноатии ҳисоботдиҳанда дар моҳҳои январ - сентябри соли 2016-ум 316   корхона ( 50,0 фоиз) нисбат ба моҳҳои январ-сентябри  соли гузашта сатҳи истеҳсолро баланд бардоштаанд. Дар айни замон, миқдори корхонаҳои бозистода дар моҳҳои январ-сентябри  соли 2016-ум  140 воҳид ё 22,2 фоизро ташкил карда, 176 ё 27,8  фоиз сатҳи истеҳсолро нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам кардаанд.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016-ум дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳиссаи маҳсулоти саноати коркард 60,4 фоиз, саноати истихроҷи маъдан 36,3 фоиз, истеҳсол ва тақсими қувваи барқ,газ ва об 3,3  фоизро ташкил дод.

Дар саноати истихроҷ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 ба маблағи 1704049,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2015-ум  62,3 фоиз, аз он ҷумла истихроҷи ғайриэнергетикӣ 65,5  фоиз, энергетикӣ    25,2 фоиз зиёд шудааст.

Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ-сентябри соли  2016 –ум 2837882,4  ҳазор сомонӣ, аз он маҳсулоти хўрокворӣ якҷоя бо нўшокиҳо ва тамоку 1339777,4 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дўзандагӣ 219111,1 ҳазор сомонӣ, ҳаргуна маснуоти ғайрифилизии  маъданӣ 236596,7 ҳазор сомониро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ умуман дар соҳаи коркард 26,4 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ 15,5 фоиз зиёд шуд, ки он аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти биринҷӣ 62,3 фоиз, ҳасиб 44,7 фоиз, панир 28,1 фоиз, меваи хушк 26,8 фоиз,орд  25,7 фоиз, равғани маска 25,0 фоиз, гўшт 16,2 фоиз,  маҳсулоти қаннодӣ 8,4 фоиз, яхмос 3,2 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016  индекси истеҳсоли  маҳсулоти нассоҷӣ ва дўзандагӣ  ҳамагӣ 93,1 фоизро ташкил дод, ки ин асосан аз ҳисоби зиёд истеҳсол шудани маҳсулоти дўзандагӣ 46,8 фоиз,  қолин ва маснуоти қолини 37,4 фоиз, калобаи пахтагин 8,4 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти нерўи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ-сентябри  соли 2016-ум 157360,9 ҳазор сомониро ташкил кард, ҳаҷми истеҳсолот аз рўи намуди фаъолияти мазкур 93,3  фоизро ташкил дод. Аз он ҷумла ҳаҷми тақсимоти нерўи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 113741,9   ҳазор сомонӣ ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 96,7 фоизро ташкил кард.

Аз 106  намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар моҳҳои январ-сентябри  соли 2016  истеҳсоли  66 номгўй (62,3 фоиз) афзуда, 35 номгўй (33,0 фоиз) кам шуда, 5  номгўй (4,7 фоиз) истеҳсол карда нашудааст.

КИШОВАРЗӢ, ШИКОР ВА ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 4112,1 млн. сомонӣ (бо нархҳои соли 2015) нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 10,8 фоиз, аз он ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 3052,9 млн. сомонӣ ё 13,3 фоиз ва чорводорӣ 1059,2 млн. сомонӣ ё 4,1 фоиз зиёд шудааст.

РАСТАНИПАРВАРӢ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 258128,4 тонна ғаллагиҳо ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,1 фоиз зиёд, мутаносибан 278016,6 тонна картошка ё 6,6 фоиз, 309244,2 тонна сабзавот ё 2,8 фоиз,  45701 тонна пахта ё 15,7 фоиз, 42388 тонна ангур ё 7,8 фоиз, 96386,6 тонна меваҷот ё 2,8 баробар зиёд, аммо 100712 тонна полезӣ ё 15,4 фоиз кам истеҳсол карда шудааст.

Ҳамагӣ хўроки чорво ба ҳисоби воҳиди хўрока 232578 тонна ё 8,2 фоиз нисбати ҳамин давраи  соли  гузашта зиёд тайёр карда шудааст.

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонии вилоят мавсими ҷамъоварии ҳосил давом карда истодааст.

То 1 октябри соли 2016 дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ зироати ғалладона ва лўбиёгӣ (ғайр аз ҷуворимакка) дарав  карда шуд, аз майдони 96,0 ҳазор гектар, аз онҳо кўфта шуд, 96,0 ҳазор  гектар, ки  ҳосили он  185,2 ҳазор тоннаро ташкил кард, бо ҳосилнокии  19,3 сентнер аз ҳар гектар мебошад.

Ҳамагӣ ҷуворимакка барои дон аз 4459,7 гектар замин 20,5 ҳазор тонна сутаи ҷуворимакка гирифта шуд, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 45,9 сентнериро ташкил медиҳад.

Картошка ҳамагӣ аз 6987,1 гектар 180,3 ҳазор тонна ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 258,0 сентнериро ташкил медиҳад.

То 1 октябри соли 2016 дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ аз 6190,5 гектар замини сабзавоти ғундошташуда 151,3 ҳазор тонна сабзавот, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 244,3 сентнериро ташкил медиҳад ва 306,5 тонна сабзавот аз гармхонаҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.

Зироати полезӣ ҳамагӣ аз 5189,4 гектар 93,8 ҳазор тонна ғундошта шуд, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 180,8 сентнериро ташкил медиҳад.

Аз боғҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонӣ 75,7 ҳазор тонна мева ва 29,2 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мева 4,8 баробар ва ангур 12,0 фоиз зиёд шудааст.

Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят ғалладонаи тирамоҳӣ барои дон ва хўроки сабзӣ чорво дар майдони 8796,4 гектар кушта шуд, ки оз он барои дон 8763,5 гектарро ташкил медиҳад.

Тайёр кардани хўроки чорво

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонии вилоят мавсими тайёр ва захираи  хўроки чорво давом карда истодааст.

Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонӣ то 1-уми октябри соли  2016 барои таъмини хўроки чорвои ҷамъиятӣ дар давраи тирамоҳу зимистон ба миқдори 316,4 ҳазор тонна ва ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 111,3 фоиз хўроки дурушт, аз он ҷумла 141,8 ҳазор тонна ё 110,0 фоиз хасбедаи алафҳои корам ва табиӣ, 6,0 ҳазор тонна ё 91,1 фоиз тарбеда, 168,7 ҳазор тонна ё 113,3 фоиз коҳ, 18,0 ҳазор тонна ё 93,4 фоиз хўроки ширадор тайёр ва захира кардаанд.

Ҳамагӣ ба ҳисоби воҳиди хўрока 116,2 ҳазор тонна ё нисбат ба сатҳи соли гузашта 114,7 фоиз, ба ҳисоби ҳар сар чорвои калони шартӣ 13,0 сентнерӣ воҳиди хўрок тайёр карда шудааст.

Кишти барвақтӣ

Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар заминҳои ҳосилаш ғундошташуда, кишти такрориро ба охир расониданд.

То 1 октябри соли 2016 ҳамагӣ дар майдони 628 гектар замин кишти барвақтии баҳорӣ гузаронида шудааст, ки он пиёз мебошад. Нисбати ҳамин давраи соли  гузашта  баробар аст.

Захираи тухмӣ

Ҳамагӣ то 1-уми октябри соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят тухмии зироатро захира карданд, тухмии ғалладона ва лўбиёгиҳо (бе ҷуворимакка) – 579,6 тонна, аз он ҷумла гандум – 358,8 тонна, ҷав – 156,4 тонна, шолӣ – 63,2 тонна, ҷуворимакка – 9,0 тонна, картошка – 758,8 тонна.

ЧОРВОПАРВАРӢ

Ба 1 октябри соли 2016 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ саршумори чорвои калон 622,4 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 19,7 ҳазор сар ё 3,3 фоиз, саршумори гўсфанду буз 68,9 ҳазор сар ё 4,9 фоиз ва саршу-мори мурғ 7,1 ҳазор сар ё 0,4 фоиз афзуд. Аз саршумори умумӣ 92,8 фоизи саршумори чорвои калон ва 84,7 фоизи саршумори гўсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои ноҳияи Мастчоҳ – 11,5 фоиз, Кўҳистони Мастчоҳ – 7,1 фоиз, Истаравшан – 6,3 фоиз, Зафаробод – 4,4 фоиз,  Панҷакент – 3,8 фоизро ташкил дод.

Ба 1 октябри соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли гўшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 26813,5 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1-уми октябри соли 2015 - ум 6,3 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли гўштро хоҷагиҳои ноҳияҳои Конибодом – 39,2 фоиз, Ашт – 11,6 фоиз, Деваштич – 11,4 фоиз, Шаҳристон – 5,9 фоиз, Исфара – 5,8 фоиз, Айнӣ– 4,8 фоиз зиёд намуданд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад, дар вилоят 175266,9 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 октябри соли 2015-ум 2,5 фоиз зиёд аст, аз он ҷумла дар хоҷагиҳои ноҳияҳои: Шаҳристон – 25,1 фоиз, Кўҳистони Мастчоҳ – 16,4 фоиз, Исфара – 8,0 фоиз афзудааст.

Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 91,9 фоизро ташкил менамояд.

Ба 1-уми октябри соли 2016 ба миқдори 99712,4 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба 1-уми октябри соли 2015 -ум 1,5 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои ноҳияҳои Конибодом – 67,4 фоиз, Ашт– 23,6 фоиз, Спитамен – 23,1 фоиз, Зафаробод – 10,9 фоиз, Деваштич – 7,8 фоиз, Истаравшан – 7,1 фоиз зиёд намуданд.

Ба 1-уми октябри соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад, 6407 сар гўсола гирифта шудааст. Нисбат ба 1-уми октябри соли 2015  хоҷагиҳои вилоят 4,5 фоиз ва ноҳияҳои Кўҳистони Мастчоҳ – 30,3 фоиз, Конибодом – 22,2 фоиз, Айнӣ – 8,1 фоиз, Ашт – 7,2 фоиз, Истаравшан – 6,7 фоиз, Б.Fафуров – 5,5 фоиз  зиёд гўсола гирифтаанд.

Ба 1-уми октябри соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 79790 сар барраю бузғола гирифтаанд. Нисбат ба 1-уми октябри соли 2015  хоҷагиҳои вилоят 7,1 фоиз ва хоҷагиҳои ноҳияҳои Кўҳистони Мастчоҳ – 40,8 фоиз, Зафаробод – 32,6 фоиз,  Исфара – 23,4 фоиз, Ашт – 16,2 фоиз,  Мастчоҳ – 16,0 фоиз, Конибодом – 13,5 фоиз зиёд барраю бузғола гирифтанд.

Ба 1 октябри соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар модагов 1111 кг шир дўшида шудааст, ки нисбат ба 1 октябри соли  2015-ум 2,8 фоиз ё 36 кг зиёд  аст.

Ҳисоби миёнаи ширдўшӣ аз ҳар сар модагов нисбат ба 1 октябри  соли 2015 дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Исфара – 278 кг, Мастчоҳ – 40 кг, Ҷ.Расулов – 28 кг зиёд шудааст.

Аз ҳар сар мокиёни тухмдиҳанда бошад, 191 донагӣ тухм гирифта шудааст, ки нисбат ба 1 октябри соли 2015-ум 12,4 фоиз ё 21 донагӣ зиёд аст.

Ба 1 октябри  соли 2016 дар вилоят ба ҳисоби миёна аз 100 сар модагов 42 сарӣ гўсола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2015-ум 2,4 фоиз ё 1 сар зиёд шудааст.

Ба 1 октябри соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар 100 сар меш 87 сарӣ барра ва бузғола гирифта шудааст. Нисбат ба сатҳи миёнаи нишондиҳандаи вилоят дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Ашт - 21 сарӣ, Б.Ғафуров - 3 сарӣ кам барраю бузғола гирифта шудааст.

ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Мувофиқи Таснифоти умумии намуди фаъолияти иқтисодӣ маҳсулоти хоҷагии ёрирасони ҷангалпарварӣ ба соҳаи кишоварзӣ дохил мешаванд.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, соҳаи ҷангалпарварӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016-ум 3203 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 1,8 баробар зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016-ум аз истеҳсоли умумӣ, ғалла 158,8 тонна, сабзавот 60 тонна, хўроки чорво 261,8 тонна, меваҷот 341,1 тонна ва ангур 4,7 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016-ум аз истеҳсоли умумӣ, гўшт 10,4 тонна, шир 11,4 тонна ва пашм 1,4 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд.

Аз саршумори умумии чорвои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 81 сар чорвои калон, 3608 сар гўсфанду буз, 86 сар асп дар сатҳи хоҷагиҳои ёрирасони ҷангалпарварӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.

МОҲИПАРВАРӢ

Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016-ум 2,7 млн. сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 1,7 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят сайди моҳӣ 134,8 тоннаро ташкил намуд.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ намуди моҳии пешонағафсӣ сафед – 6,3 фоиз, намуди зағорамоҳӣ – 12,8 фоиз, намуди амури сафед – 3,35 фоиз, намуди суфмоҳӣ – 7,4 фоиз ва дигар намуди моҳиҳо – 70,3 фоизро ташкил намудааст.

СОХТМОНИ  АСОСӢ

Сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 сармоягузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 1437480,0 ҳазор сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2015-ум 114,4 фоизро ташкил медиҳад (бо нархҳои муқоисавӣ).

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 дар иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 1073859,2 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 74,7 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузориҳои вилоят иҷро гардидааст. Дар сохтмони иншооти энергетикӣ 102763,3 ҳазор сомонӣ  сармоягузориҳои сармояи асосӣ аз худ карда шудааст.

Ба кор андохтани фондҳои асосӣ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ фондҳои асосӣ ба маблағи 360647,2 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 100,4 фоизро ташкил медиҳад.

Аз рўи иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 173727,8 ҳазор сомонӣ ё 48,2 фоизи ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоятро ташкил кардааст, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фабрикаи истихроҷи нуқра ва дигар металҳо бо иқтидори коркарди 5 тонна дар як сол аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Нуқрафом», иншооти корхонаи истеҳсоли орд бо иқтидори коркарди 60 тонна дар як шабонаруз аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Астана» ,  дар шаҳри Гулистон сехи истеҳсоли қубурҳои оҳанини даврашакл ва чоркунҷа аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Хайри Хуршед», дар ноҳияи Спитамен аз ҳисоби соҳибкорони хусусӣ – заводи пахтатозакунӣ бо иқтидори коркарди 80 тонна дар як шабонарўз, заводи равғанбарори бо иқтидори коркарди 1000 тонна дар як моҳ аз тарафи фармоишгар ЧДММ Спитамен Ойл , аз тарафи фармоишгар ҶСП «Норд Азия Металл» - сехи коргоҳи истеҳсоли бо иқтидори коркарди 60000 тонна кубурҳои профили дар як сол, аз ҳисоби маблағҳои хориҷӣ – заводи асфалтбарорӣ ва таҷҳизоти сангмайдакунӣ бо иқтидори 50 тонна асфалт ва 120 тонна сангмайда дар як соат, фармоишгар- ШС Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД  ва дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони як қатор нуқтаҳои сўзишворӣ ва савдо сохта ба истифода дода шудааст.

Фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони хусусӣ – 50926,4 ҳазор сомонӣ ё 14,1 фоиз, давлатӣ – 51665,2 ҳазор сомонӣ ё 14,3 фоиз, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ -11757,8 ҳазор сомонӣ ё 3,3 фоиз, ҶДММ – 71868,8 ҳазор сомонӣ ё 19,9 фоиз, корхонаҳои муштарак – 52477,4 ҳазор сомонӣ ё 14,6 фоиз, маблағҳои аҳолӣ – 67214,4 ҳазор сомонӣ ё 18,6 фоиз, аз ҳисоби корхонаҳои хориҷӣ 52183,8 ҳазор сомонӣ ё 14,5 фоиз,Тоҷикматлубот -2553,4 ҳазор сомонӣ ё 0,7 фоиз, ки  аз ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохта шудаи вилоят мебошанд.

Сохтмони иншоотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ – фарҳангӣ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 барои инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ сармоягузорӣ ба маблағи 363620,8 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст, ки 25,3 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории вилоятро ташкил медиҳад (бо нархҳои аслии амалкунанда).Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 ба масоҳати 277995 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100,3 фоизро ташкил медиҳад. Хонаҳои истиқоматӣ аз ҳисоби маблағҳои  аҳолӣ ба масоҳати 247610 метри мураббаъ, аз ҳисоби  маблағҳои ҶДММ - 12878 метри мураббаъ ва аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони инфиродӣ - 17507 метри мураббаъ  ба истифода дода шудааст. Дар ш. Хуҷанд – боғчаи бачагона бо 280 ҷой фармоишгар – ИСА-и  ш. Хуҷанд ва дар ноҳияи Шаҳристон мактаб барои 100 ҷои талаба, дар ноҳияи Ашт мактаб барои 360 ҷои талаба ва қасри фарҳанг барои 800 ҷой сохта   ба истифода дода шуд.

Корҳои пудратӣ

Ташкилотҳои пудратии вилоят дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 бо қувваи худ ба маблағи 457394,6 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро иҷро кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2015 ба маблағи 40752,2 ҳазор сомонӣ ё 9,8 фоиз зиёд шудааст.Ҳаҷми корҳои пудратӣ, ки ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун иҷро кардаанд, чунин тавсиф мешавад: давлатӣ 1766,3 ҳазор сомонӣ (0,4 фоиз), саҳомӣ 14244,3 ҳазор сомонӣ (3,1 фоиз), ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд 406236,8 ҳазор сомонӣ (88,9 фоиз), соҳибкорони инфиродӣ 26754,6 ҳазор сомонӣ (5,8 фоиз), хориҷӣ 8392,6 ҳазор сомонӣ (1,8 фоиз)  ҳаҷми умимиро ташкил медиҳанд.

НАҚЛИЁТ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 19,7 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 100,2 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, инчунин бо нақлиёти автомобили шахсони воқеъи, ки бо боркашонии тиҷоратӣ машғуланд 16,6 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 0,6 фоиз зиёд шудааст) ва бо нақлиёти роҳи оҳан 3,1 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 98,1 фоиз) бор кашонида шудааст.

Гардиши бор бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар ҳаҷми 1771,9 миллион тонна км ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 3,4 фоиз зиёд шудааст.

Бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016-ум 120,3 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба соли 2015-ум 104,8 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, соҳибкорони хусусӣ 120,2 миллион нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 104,8 фоиз), бо нақлиёти роҳи оҳан 22,6 ҳазор нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 147,7 фоиз), бо нақлиёти ҳавоӣ 168,1 ҳазор нафар (нисбат ба соли гузашта 100,6 фоиз)  мусофир кашонида шудааст.

Гардиши мусофирон бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 2271,3 миллион мусофирон км-ро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 100,2 фоиз мебошад.

ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 ҳаҷми хизмати пулакӣ, ҳамаи соҳаҳои хизматгузор, ки ба аҳолии вилоят расонидаанд 2228,2 миллион сомониро ташкил дод, ки ин бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 2015-ум 2,4 фоиз кам шудааст.

Корхонаю ташкилотҳои расмӣ ба қайд гирифташуда бошад, ба маблағи 914,4 миллион сомонӣ хизматгузорӣ кардаанд, ки 41,0 фоизи ҳаҷми умумии хизматро ташкил намуда, нисбат ба соли 2015 бо нархҳои муқоисавӣ 3,1 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-сентябри  соли 2016 аз ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 879,8 сомонӣ рост меояд.

САВДОИ ЧАКАНА, ТАЪМИРИ АВТОМОБИЛҲО ВА МОЛҲОИ  МАИШӢ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 гардиши  савдо, таъмири мошинҳо, молҳои маишӣ ва  ашёҳои истифодаи шахсӣ  ҳамагӣ дар вилоят  4679,0  миллион сомониро ташкил дод. Нисбати ҳамин давраи соли 2015 суръати афзоиши гардиши моли чакана, таъмири мошинҳо, молхои маишӣ ва ашёҳои истифодаи шахсӣ бо нархҳои муқоисавӣ 6,5 фоиз ё ба маблағи 500,6 миллион сомонӣ зиёд шудааст.  Ҳаҷми гардиши савдои чакана дар моҳҳои январ - сентябрҳ соли 2016-ум 4584,3 миллион сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 6,0 фоиз  афзудааст, таъмири мошинҳо 48,6 фоиз афзудааст. Ҳаҷми гардиши корхонаҳои таъмири молҳои маишӣ ва ашёҳо барои истифодаи шахсӣ бошад 29,6 фоиз зиёд шудааст.

Таносуби гардиши моли чакана дар сектори ғайридавлатӣ 99,9 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил кард. Дар бозорҳои озуқаворӣ, ашҳё ва омехтаи вилоят ба маблағи 2576,4  миллион сомонӣ мол фурўхта шуд.

Таносуби молҳои озуқа, дар ҳаҷми умумии гардиши моли чакана 53,5  фоиз ё 2452,6  миллион сомониро ташкил кард.

Дар ҳаҷми умумии фурўши озуқаворӣ молҳои зерин афзалият доранд: гўшту ҳасиб (17,1 фоиз), орд (9,6 фоиз),  маҳсулоти қаннодӣ (7,7 фоиз),  равғани растанӣ (4,6 фоиз), сабзавот (3,0 фоиз).

Таносуби молҳои ғайриозуқа 46,5 фоиз ё 2131,7 миллион сомониро ташкил кардааст, ки аз молҳои ғайриозуқа аҳолӣ бештар масолеҳи сохтмонӣ (17,0 фоиз),   маҳсулоти нафтӣ (12,9 фоиз)   газвор (12,2 фоиз), пойафзол (7,8 фоиз),  мебел ва маснуотҳоӣ қолинӣ (6,2 фоиз), асбобу анҷоми барқӣ маишӣ (3,9 фоиз) ва  либос (3,1 фоиз)-ро  харидорӣ мекунанд.

Манбаҳои ташаккули гардиши моли чакана:

Аз ҳама зиёд таносуби гардиши моли чакана дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара,  Истаравшан, Бўстон, Конибодом ва ноҳияи Б.Ғафуров мушоҳида карда мешавад.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 аз ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар  аҳолии вилоят 1810,0  сомонӣ рост меояд.

Ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016-ум 234,6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,7 фоиз зиёд  шудааст.

ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1301262,5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2015-ум 20,6 фоиз ё 338511,9 ҳазор доллар кам аст. Тарози савдо манфӣ буда – 649674,3 ҳазор  долларро ташкил кард. Вилояти Суғд бо 56 мамолик, аз он ҷумла бо 10 мамолики ИДМ ва бо 46 мамолики хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад.

Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 72,9  фоиз ё 948877,8 ҳазор  доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 27,1 фоиз ё 352384,7 ҳазор  доллар рост меояд.

Таносуби  содирот дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 нисбати гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 25,0 фоиз  ва воридот бошад 75,0 фоизро ташкил мекунад, ки касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ – 603799,6 ҳазор доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур – 45874,7 ҳазор долларро ташкил додааст.

Умуман ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 нисбат ба моҳҳои январ - сентябри соли 2015 бо мамлакатҳои ИДМ 20,8 фоиз ё 249899,9 ҳазор  доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур бошад 20,1 фоиз ё 88612,0 ҳазор доллар кам шудааст.

Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2016 содироти мол 325794,1 ҳазор долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ - сентябри соли 2015-ум 11,9 фоиз ё 43825,4 ҳазор доллар кам  шудааст. Воридоти мол ба вилоят 975468,4 ҳазор долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - сентябри соли 2015-ум 23,2 фоиз ё 294686,5 ҳазор доллар кам мебошад.

Дар айни ҳол, нисбат ба моҳҳои январ - сентябри  соли 2015 содироти маҳсулоти маъданӣ  44,7 фоиз  ё 50924,1 ҳазор доллар зиёд, нахи пахта бошад  36,7 фоиз ё 9211,8 ҳазор доллар кам шудааст.

Воридоти мошинолот ва таҷҳизот 62,6 фоиз ё 42152,0 ҳазор доллар кам шудааст, воридоти орд  низ 47,0 фоиз ё  21433,0 ҳазор доллар кам шудааст.

Чӣ хеле, ки аз маълумоти овардашуда дида мешавад, оид ба содирот шарикони асосӣ инҳоянд: Қазоқистон – 41,6 фоиз, Шветсария – 30,4 фоиз, Чин – 7,0 фоиз, Италия  - 2,8 фоиз, Туркия – 1,8 фоиз.

Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифтааст: аз Русия -  42,8 фоиз аз Қазоқистон – 31,2 фоизи ҳаҷми умумии воридот,Чин  - 13,8 фоиз, Узбекистон-2,1 фоиз, Литва – 1,9 фоиз, Туркия-1,5 фоиз ва ғайраҳо.

3.2   ЁРИИ БАШАРДЎСТОНА

Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2016 ба вилояти Суғд аз мамлакатҳои хориҷии дуру наздик ба маблағи 1933,2 ҳазор доллар ё 2574,4 тонна ёрии башардўстона расонида шуд, аз он ҷумла маҳсулоти озуқа 1803,5 ҳазор доллар ё 2525,7 тонна,  воситаҳои нақлиёт 20,5 ҳазор  доллар ё 1,9 тонна мебошад.

БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА МУЗДИ МЕҲНАТ

Шумораи қувваҳои корӣ (ба ғайр аз шахсони дар хоҷагиҳои ёрирасон ва деҳқонӣ машғулбуда ва шахсони бо фаъолияти мустақилонаи касбӣ машғулбуда) дар моҳҳои январ-августи соли 2016-ум 401,2 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 256,7 ҳазор нафарашон дар бахши воқеӣ ва 144,5 ҳазор нафарашон дар бахши хизматрасонӣ машғуланд.

Шумораи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда то 1 сентябри соли 2016-ум 11,4 ҳазор нафарро ташкил карда, аз он ҷумла 52,6 фоизашро занҳо ташкил додаанд.

Сатҳи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда 1,4 фоизи шумораи қувваҳои кориро ташкил кардааст.

Музди миёнаи ҳармоҳаи номинали (ҳисобшуда)-и меҳнат дар моҳҳои январ – августи соли 2016-ум 757,01 сомониро ташкил кард ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,0 фоиз афзудааст.

Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта то 1 сентябри соли 2016-ум 9762,6 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар соли 2016-ум 2625,8 ҳазор сомонӣ (26,9 фоиз)-и маблағи умумии қарздориро ташкил додааст.

Қарздории аз ҳама зиёд дар саноати истихроҷи маъданҳои кўҳӣ ва коркарди конҳо 5644,7 ҳазор сомонӣ (57,8 фоизи маблағи умумии қарздорӣ), дар кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ 2986,3 ҳазор сомонӣ (30,6 фоиз) ва дар саноати коркард 1057,0 ҳазор сомонӣ (10,8 фоиз)- ро ташкил додааст.

НАРХ НАРХҲОИ ИСТЕЪМОЛӢ

Индекси нархҳои истеъмолӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016-ум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,3 фоиз аз он ҷумла: молҳои озуқа – 104,6 фоиз, молҳои ғайриозуқа – 105,8 фоиз ва хизматрасонии пулаки ба аҳолӣ – 104,6 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2016 индекси нархҳои истеъмолӣ 5,1 фоиз афзуд. Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавӣ дар бахши истеъмолӣ 0,5 фоизро ташкил кард (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,3 фоиз буд).

Аз аввали соли 2016 сатҳи таваррум дар вилоят 5,1 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2016 аз нархҳои мушоҳидашудаи молҳои озуқа бештар қимат шудаанд: нахўд – 75,9 фоиз, сабзӣ – 73,0 фоиз, пиёзи кабуд, шибит, кашнич ва ғайра – 49,0 фоиз, ярмаи марҷумак – 39,2 фоиз, ҷавҳари сирко (уксус) – 34,7 фоиз,  лимон – 32,8 фоиз, кулчаи қандин (пряники) – 19,8 фоиз, нўшокиҳои беспирт – 19,0 фоиз, себ – 18,5 фоиз, қаламфури булғорӣ – 18,2 фоиз, тарбуз – 16,9 фоиз, шакар – 15,3 фоиз, лаблабу – 15,2 фоиз, намаки ошӣ – 15,1 фоиз, сирпиёз (чеснок) – 13,1 фоиз, моҳии яхкунонидашуда – 13,0 фоиз, мурчи сиёҳ кўфташуда дар пакет – 12,5 фоиз, нахўди сабз дар қутии тунакагӣ – 11,7 фоиз, чормағз – 9,9 фоиз, мавиз – 8,8 фоиз, карам – 7,7 фоиз, ангур – 7,4 фоиз, хамираи помидор – 6,4 фоиз ва гўшти бо устухон – 5,2 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра арзон шудааст: бодиринг – 78,0 фоиз, помидор – 19,1 фоиз, чакка – 14,7 фоиз, биринҷ – 11,9 фоиз, банан – 11,4 фоиз, бехпиёз – 11,3 фоиз, харбуза – 11,4 фоиз, асал – 9,1 фоиз, қаҳва – 8,8 фоиз, майонез – 7,9 фоиз, шир – 7,5 фоиз, орди гандуми навъи якум – 4,7 фоиз, тухм – 4,4 фоиз, соддаи хўрокворӣ – 4,4 фоиз ва ярмаи дили гандум – 4,2 фоиз.

Аз аввали соли 2016 нархи молҳои ғайриозуқаи зерин қимат шудаанд: курсии нарм – 65,8 фоиз, рўзномаи мактабӣ – 60,0 фоиз, қандили электрикӣ – 51,2 фоиз, куртаи шабпушии занона – 47,3 фоиз, қолини синтетики – 40,9 фоиз, ғаваккашаки (ползунки) кўдакона – 39,0 фоиз, газвор аз абрешим – 33,0 фоиз, рўймолчаи бинипоккунӣ – 30,1 фоиз, гази моеъ – 28,4 фоиз, воситаи моеъи шустушўй – 26,9 фоиз, пойпўшаки духтарона – 25,7 фоиз, дарзмоли истеҳсоли хориҷӣ – 21,5 фоиз, футболкаи бачагона – 20,6 фоиз, куртаи такпўши занона – 19,8 фоиз, куртаи тобистона барои духтарбачаҳо – 18,2 фоиз, пойафзоли кроссовии фирмавӣ – 16,9 фоиз, ҷўроби писарона – 15,1 фоиз, пойафзоли варзишӣ (кедӣ) – 9,7 фоиз, майкаи мардона – 9,5 фоиз, ҷемпери бофтаи духтарона – 6,4 фоиз, куртаи занона – 5,9 фоиз ва шими ҷинси барои бачаҳо – 5,8 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра арзон шудааст: гулҳои зинда – 22,3 фоиз, омехтакунанда (растворител) – 27,2 фоиз, шамъ – 23,8 фоиз, семент – 18,1 фоиз, ранги миноӣ – 16,2 фоиз, ангишт – 13,2 фоиз, хишти пухта – 10,3 фоиз ва равғани олиф – 10,0 фоиз.

Аз аввали сол нарху таърифаи хизматрасонии пулакии зерин бештар қимат шудаанд: хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ – 77,0 фоиз, нақлиёти мусофиркашии роҳи оҳан – 23,1 фоиз ва арзиши боғчаи кўдакон – 13,5 фоиз.

ТАНДУРУСТӢ

Ба бемориҳои сирояткунандаи ҷудогона гирифтор

шудани аҳолӣ дар моҳҳои январ-августи соли 2016

(аз рўи маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд)

Дар моҳҳои январ-августи соли 2016-ум 10628 ҳодисаи ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-августи соли 2015-ум 2,1 фоиз зиёд аст. Ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 18,6 фоизи бемориҳо рост меояд, бемориҳои сирояткунандаи шадиди рўда 35,3 фоизи шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил медиҳанд.

Дар моҳҳои январ-августи соли 2016-ум 8085 ҳодисаи ба бемориҳои паразитарӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-августи соли 2015-ум 4,8 фоиз кам  аст.

ПАРДОХТИ НАФАҚА ВА КЎМАКПУЛӢ

Мувофиқи маълумоти «Амонатбонк»-и вилоят маблағи аз Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд гузаронидашуда дар моҳҳои январ-сентябри  соли 2016-ум 402,1 млн. сомониро ташкил додааст. Маблағи ба нафақа ва кўмакпулӣ пардохташуда дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016-ум бо назардошти бақияи аввали сол (20,4 млн. сомонӣ) 415,6 млн. сомониро ташкил кардааст. Шумораи нафақахўрон то 01.10.2016-ум 205253 нафарро ташкил медиҳад.

ХУСУСИГАРДОНИИ АМВОЛИ ДАВЛАТӣ ВА МАНЗИЛ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 дар вилоят 62 иншоот хусусӣ гардонида шуд ва ба буҷет 1104,0 ҳазор сомонӣ маблағ гузаронида шудааст. Дар сохтори соҳавии хусусигардонии амволи давлатӣ ҳиссаи соҳаҳои кишоварзӣ 66,1 фоиз, савдо ва хўроки умумӣ 9,7 фоиз, хизмати маишӣ 4,8 фоиз ва дигар соҳаҳо 19,4 фоизро ташкил кард.

То 1 октябри соли 2016 дар вилоят (аз аввали хусусигардонӣ) 43321 ҳуҷра хусусӣ карда шудааст, аз он ҷумла 21179 ҳуҷра фурўхта шуда, 920 ҳуҷра бо пардохти қисми пулаш ба аҳолӣ дода шуд, 21222 ҳуҷра бошад ба аҳолӣ бепул дода шудааст.

Масоҳати умумии ҳуҷраҳои хусусигардонидашуда 2614,5 ҳазор метри мураб-баъро ташкил медиҳад.

САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

АХБОРИ

САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

«Дар бораи вазъи  иҷтимоию иқтисодии

вилояти Суғд дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016»

 

МАКРОИҚТИСОДИЁТ ВА МОЛИЯ

 

Мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати молияи вилояти Суғд қисми даромади буҷети вилоят ба 1 октябри соли 2016 ба андозаи 103,0 фоизи нақша иҷро гардида 997494,7 ҳазор сомониро ташкил кард.

Иҷроиши қисми хароҷоти буҷети вилоят дар ин давра 979358,0 ҳазор сомониро ташкил карда нисбат ба нақша 99,4 фоиз мебошад.

Барои маблағгузории соҳаҳои маориф 99,5 фоизи ҳамаи маблағҳо, нигаҳдории тандурустӣ 99,6 фоиз, хоҷагии коммуналӣ 99,9 фоиз, чорабиниҳои  фарҳангию варзишӣ  99,6 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ  ва ҳифзи иҷтимоӣ 99,3 фоиз ва ғайра маблағ сарф карда шудааст.

САНОАТ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 4699292,6 ҳаз.сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 137,2 фоизро ташкил кард.

      Ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ-сентябри  соли 2016 нисбат ба моҳҳои январ-сентябри  соли 2015 афзоиши истеҳсоли  маҳсулоти хўрокворӣ, якҷоя бо нўшокиҳо ва тамоку, истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ, истеҳсоли металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ, коркарди чўбу тахта ва истеҳсоли маснуот аз чўб ва ғайраҳо мусоидат намуданд.

     Аз 632 корхонаҳои саноатии ҳисоботдиҳанда дар моҳҳои январ - сентябри соли 2016-ум 316   корхона ( 50,0 фоиз) нисбат ба моҳҳои январ-сентябри  соли гузашта сатҳи истеҳсолро баланд бардоштаанд. Дар айни замон, миқдори корхонаҳои бозистода дар моҳҳои январ-сентябри  соли 2016-ум  140 воҳид ё 22,2 фоизро ташкил карда, 176 ё 27,8  фоиз сатҳи истеҳсолро нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам кардаанд.

      Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016-ум дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳиссаи маҳсулоти саноати коркард 60,4 фоиз, саноати истихроҷи маъдан 36,3 фоиз, истеҳсол ва тақсими қувваи барқ,газ ва об 3,3  фоизро ташкил дод.

     Дар саноати истихроҷ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 ба маблағи 1704049,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2015-ум  62,3 фоиз, аз он ҷумла истихроҷи ғайриэнергетикӣ 65,5  фоиз, энергетикӣ    25,2 фоиз зиёд шудааст.

Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ-сентябри соли  2016 –ум 2837882,4  ҳазор сомонӣ, аз он маҳсулоти хўрокворӣ якҷоя бо нўшокиҳо ва тамоку 1339777,4 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дўзандагӣ 219111,1 ҳазор сомонӣ, ҳаргуна маснуоти ғайрифилизии  маъданӣ 236596,7 ҳазор сомониро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ умуман дар соҳаи коркард 26,4 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ 15,5 фоиз зиёд шуд, ки он аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти биринҷӣ 62,3 фоиз, ҳасиб 44,7 фоиз, панир 28,1 фоиз, меваи хушк 26,8 фоиз,орд  25,7 фоиз, равғани маска 25,0 фоиз, гўшт 16,2 фоиз,  маҳсулоти қаннодӣ 8,4 фоиз, яхмос 3,2 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016  индекси истеҳсоли  маҳсулоти нассоҷӣ ва дўзандагӣ  ҳамагӣ 93,1 фоизро ташкил дод, ки ин асосан аз ҳисоби зиёд истеҳсол шудани маҳсулоти дўзандагӣ 46,8 фоиз,  қолин ва маснуоти қолини 37,4 фоиз, калобаи пахтагин 8,4 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти нерўи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ-сентябри  соли 2016-ум 157360,9 ҳазор сомониро ташкил кард, ҳаҷми истеҳсолот аз рўи намуди фаъолияти мазкур 93,3  фоизро ташкил дод. Аз он ҷумла ҳаҷми тақсимоти нерўи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 113741,9   ҳазор сомонӣ ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 96,7 фоизро ташкил кард.

Аз 106  намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар моҳҳои январ-сентябри  соли 2016  истеҳсоли  66 номгўй (62,3 фоиз) афзуда, 35 номгўй (33,0 фоиз) кам шуда, 5  номгўй (4,7 фоиз) истеҳсол карда нашудааст.

 

КИШОВАРЗӣ, ШИКОР ВА ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 4112,1 млн. сомонӣ (бо нархҳои соли 2015) нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 10,8 фоиз, аз он ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 3052,9 млн. сомонӣ ё 13,3 фоиз ва чорводорӣ 1059,2 млн. сомонӣ ё 4,1 фоиз зиёд шудааст.

 

 РАСТАНИПАРВАРӣ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 258128,4 тонна ғаллагиҳо ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,1 фоиз зиёд, мутаносибан 278016,6 тонна картошка ё 6,6 фоиз, 309244,2 тонна сабзавот ё 2,8 фоиз,  45701 тонна пахта ё 15,7 фоиз, 42388 тонна ангур ё 7,8 фоиз, 96386,6 тонна меваҷот ё 2,8 баробар зиёд, аммо 100712 тонна полезӣ ё 15,4 фоиз кам истеҳсол карда шудааст.

Ҳамагӣ хўроки чорво ба ҳисоби воҳиди хўрока 232578 тонна ё 8,2 фоиз нисбати ҳамин давраи  соли  гузашта зиёд тайёр карда шудааст.

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонии вилоят мавсими ҷамъоварии ҳосил давом карда истодааст.

То 1 октябри соли 2016 дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ зироати ғалладона ва лўбиёгӣ (ғайр аз ҷуворимакка) дарав  карда шуд, аз майдони 96,0 ҳазор гектар, аз онҳо кўфта шуд, 96,0 ҳазор  гектар, ки  ҳосили он  185,2 ҳазор тоннаро ташкил кард, бо ҳосилнокии  19,3 сентнер аз ҳар гектар мебошад.

Ҳамагӣ ҷуворимакка барои дон аз 4459,7 гектар замин 20,5 ҳазор тонна сутаи ҷуворимакка гирифта шуд, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 45,9 сентнериро ташкил медиҳад.

Картошка ҳамагӣ аз 6987,1 гектар 180,3 ҳазор тонна ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 258,0 сентнериро ташкил медиҳад.

То 1 октябри соли 2016 дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ аз 6190,5 гектар замини сабзавоти ғундошташуда 151,3 ҳазор тонна сабзавот, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 244,3 сентнериро ташкил медиҳад ва 306,5 тонна сабзавот аз гармхонаҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.

Зироати полезӣ ҳамагӣ аз 5189,4 гектар 93,8 ҳазор тонна ғундошта шуд, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 180,8 сентнериро ташкил медиҳад.

Аз боғҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонӣ 75,7 ҳазор тонна мева ва 29,2 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мева 4,8 баробар ва ангур 12,0 фоиз зиёд шудааст.

Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят ғалладонаи тирамоҳӣ барои дон ва хўроки сабзӣ чорво дар майдони 8796,4 гектар кушта шуд, ки оз он барои дон 8763,5 гектарро ташкил медиҳад.

Тайёр кардани хўроки чорво

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонии вилоят мавсими тайёр ва захираи  хўроки чорво давом карда истодааст.

Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонӣ то 1-уми октябри соли  2016 барои таъмини хўроки чорвои ҷамъиятӣ дар давраи тирамоҳу зимистон ба миқдори 316,4 ҳазор тонна ва ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 111,3 фоиз хўроки дурушт, аз он ҷумла 141,8 ҳазор тонна ё 110,0 фоиз хасбедаи алафҳои корам ва табиӣ, 6,0 ҳазор тонна ё 91,1 фоиз тарбеда, 168,7 ҳазор тонна ё 113,3 фоиз коҳ, 18,0 ҳазор тонна ё 93,4 фоиз хўроки ширадор тайёр ва захира кардаанд.

Ҳамагӣ ба ҳисоби воҳиди хўрока 116,2 ҳазор тонна ё нисбат ба сатҳи соли гузашта 114,7 фоиз, ба ҳисоби ҳар сар чорвои калони шартӣ 13,0 сентнерӣ воҳиди хўрок тайёр карда шудааст.

Кишти барвақтӣ

Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар заминҳои ҳосилаш ғундошташуда, кишти такрориро ба охир расониданд.

То 1 октябри соли 2016 ҳамагӣ дар майдони 628 гектар замин кишти барвақтии баҳорӣ гузаронида шудааст, ки он пиёз мебошад. Нисбати ҳамин давраи соли  гузашта  баробар аст.

Захираи тухмӣ

Ҳамагӣ то 1-уми октябри соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят тухмии зироатро захира карданд, тухмии ғалладона ва лўбиёгиҳо (бе ҷуворимакка) – 579,6 тонна, аз он ҷумла гандум – 358,8 тонна, ҷав – 156,4 тонна, шолӣ – 63,2 тонна, ҷуворимакка – 9,0 тонна, картошка – 758,8 тонна.

 

ЧОРВОПАРВАРӣ

Ба 1 октябри соли 2016 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ саршумори чорвои калон 622,4 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 19,7 ҳазор сар ё 3,3 фоиз, саршумори гўсфанду буз 68,9 ҳазор сар ё 4,9 фоиз ва саршу-мори мурғ 7,1 ҳазор сар ё 0,4 фоиз афзуд. Аз саршумори умумӣ 92,8 фоизи саршумори чорвои калон ва 84,7 фоизи саршумори гўсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои ноҳияи Мастчоҳ – 11,5 фоиз, Кўҳистони Мастчоҳ – 7,1 фоиз, Истаравшан – 6,3 фоиз, Зафаробод – 4,4 фоиз,  Панҷакент – 3,8 фоизро ташкил дод. 

Ба 1 октябри соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли гўшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 26813,5 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1-уми октябри соли 2015 - ум 6,3 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли гўштро хоҷагиҳои ноҳияҳои Конибодом – 39,2 фоиз, Ашт – 11,6 фоиз, Деваштич – 11,4 фоиз, Шаҳристон – 5,9 фоиз, Исфара – 5,8 фоиз, Айнӣ– 4,8 фоиз зиёд намуданд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад, дар вилоят 175266,9 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 октябри соли 2015-ум 2,5 фоиз зиёд аст, аз он ҷумла дар хоҷагиҳои ноҳияҳои: Шаҳристон – 25,1 фоиз, Кўҳистони Мастчоҳ – 16,4 фоиз, Исфара – 8,0 фоиз афзудааст.                                                                                                                   

Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 91,9 фоизро ташкил менамояд.

Ба 1-уми октябри соли 2016 ба миқдори 99712,4 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба 1-уми октябри соли 2015 -ум 1,5 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои ноҳияҳои Конибодом – 67,4 фоиз, Ашт– 23,6 фоиз, Спитамен – 23,1 фоиз, Зафаробод – 10,9 фоиз, Деваштич – 7,8 фоиз, Истаравшан – 7,1 фоиз зиёд намуданд. 

Ба 1-уми октябри соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад, 6407 сар гўсола гирифта шудааст. Нисбат ба 1-уми октябри соли 2015  хоҷагиҳои вилоят 4,5 фоиз ва ноҳияҳои Кўҳистони Мастчоҳ – 30,3 фоиз, Конибодом – 22,2 фоиз, Айнӣ – 8,1 фоиз, Ашт – 7,2 фоиз, Истаравшан – 6,7 фоиз, Б.Fафуров – 5,5 фоиз  зиёд гўсола гирифтаанд.

Ба 1-уми октябри соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 79790 сар барраю бузғола гирифтаанд. Нисбат ба 1-уми октябри соли 2015  хоҷагиҳои вилоят 7,1 фоиз ва хоҷагиҳои ноҳияҳои Кўҳистони Мастчоҳ – 40,8 фоиз, Зафаробод – 32,6 фоиз,  Исфара – 23,4 фоиз, Ашт – 16,2 фоиз,  Мастчоҳ – 16,0 фоиз, Конибодом – 13,5 фоиз зиёд барраю бузғола гирифтанд.

Ба 1 октябри соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар модагов 1111 кг шир дўшида шудааст, ки нисбат ба 1 октябри соли  2015-ум 2,8 фоиз ё 36 кг зиёд  аст.

Ҳисоби миёнаи ширдўшӣ аз ҳар сар модагов нисбат ба 1 октябри  соли 2015 дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Исфара – 278 кг, Мастчоҳ – 40 кг, Ҷ.Расулов – 28 кг зиёд шудааст.

Аз ҳар сар мокиёни тухмдиҳанда бошад, 191 донагӣ тухм гирифта шудааст, ки нисбат ба 1 октябри соли 2015-ум 12,4 фоиз ё 21 донагӣ зиёд аст.

Ба 1 октябри  соли 2016 дар вилоят ба ҳисоби миёна аз 100 сар модагов 42 сарӣ гўсола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2015-ум 2,4 фоиз ё 1 сар зиёд шудааст.

Ба 1 октябри соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар 100 сар меш 87 сарӣ барра ва бузғола гирифта шудааст. Нисбат ба сатҳи миёнаи нишондиҳандаи вилоят дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Ашт - 21 сарӣ, Б.Ғафуров - 3 сарӣ кам барраю бузғола гирифта шудааст.

 

ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Мувофиқи Таснифоти умумии намуди фаъолияти иқтисодӣ маҳсулоти хоҷагии ёрирасони ҷангалпарварӣ ба соҳаи кишоварзӣ дохил мешаванд.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, соҳаи ҷангалпарварӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016-ум 3203 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 1,8 баробар зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016-ум аз истеҳсоли умумӣ, ғалла 158,8 тонна, сабзавот 60 тонна, хўроки чорво 261,8 тонна, меваҷот 341,1 тонна ва ангур 4,7 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016-ум аз истеҳсоли умумӣ, гўшт 10,4 тонна, шир 11,4 тонна ва пашм 1,4 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд.

Аз саршумори умумии чорвои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 81 сар чорвои калон, 3608 сар гўсфанду буз, 86 сар асп дар сатҳи хоҷагиҳои ёрирасони ҷангалпарварӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.

МОҲИПАРВАРӣ

Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016-ум 2,7 млн. сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 1,7 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят сайди моҳӣ 134,8 тоннаро ташкил намуд.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ намуди моҳии пешонағафсӣ сафед – 6,3 фоиз, намуди зағорамоҳӣ – 12,8 фоиз, намуди амури сафед – 3,35 фоиз, намуди суфмоҳӣ – 7,4 фоиз ва дигар намуди моҳиҳо – 70,3 фоизро ташкил намудааст.

 

СОХТМОНИ  АСОСӣ

Сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 сармоягузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 1437480,0 ҳазор сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2015-ум 114,4 фоизро ташкил медиҳад (бо нархҳои муқоисавӣ).

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 дар иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 1073859,2 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 74,7 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузориҳои вилоят иҷро гардидааст. Дар сохтмони иншооти энергетикӣ 102763,3 ҳазор сомонӣ  сармоягузориҳои сармояи асосӣ аз худ карда шудааст.

 Ба кор андохтани фондҳои асосӣ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ фондҳои асосӣ ба маблағи 360647,2 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 100,4 фоизро ташкил медиҳад.

Аз рўи иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 173727,8 ҳазор сомонӣ ё 48,2 фоизи ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоятро ташкил кардааст, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фабрикаи истихроҷи нуқра ва дигар металҳо бо иқтидори коркарди 5 тонна дар як сол аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Нуқрафом», иншооти корхонаи истеҳсоли орд бо иқтидори коркарди 60 тонна дар як шабонаруз аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Астана» ,  дар шаҳри Гулистон сехи истеҳсоли қубурҳои оҳанини даврашакл ва чоркунҷа аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Хайри Хуршед», дар ноҳияи Спитамен аз ҳисоби соҳибкорони хусусӣ – заводи пахтатозакунӣ бо иқтидори коркарди 80 тонна дар як шабонарўз, заводи равғанбарори бо иқтидори коркарди 1000 тонна дар як моҳ аз тарафи фармоишгар ЧДММ Спитамен Ойл , аз тарафи фармоишгар ҶСП «Норд Азия Металл» - сехи коргоҳи истеҳсоли бо иқтидори коркарди 60000 тонна кубурҳои профили дар як сол, аз ҳисоби маблағҳои хориҷӣ – заводи асфалтбарорӣ ва таҷҳизоти сангмайдакунӣ бо иқтидори 50 тонна асфалт ва 120 тонна сангмайда дар як соат, фармоишгар- ШС Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД  ва дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони як қатор нуқтаҳои сўзишворӣ ва савдо сохта ба истифода дода шудааст.

Фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони хусусӣ – 50926,4 ҳазор сомонӣ ё 14,1 фоиз, давлатӣ – 51665,2 ҳазор сомонӣ ё 14,3 фоиз, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ -11757,8 ҳазор сомонӣ ё 3,3 фоиз, ҶДММ – 71868,8 ҳазор сомонӣ ё 19,9 фоиз, корхонаҳои муштарак – 52477,4 ҳазор сомонӣ ё 14,6 фоиз, маблағҳои аҳолӣ – 67214,4 ҳазор сомонӣ ё 18,6 фоиз, аз ҳисоби корхонаҳои хориҷӣ 52183,8 ҳазор сомонӣ ё 14,5 фоиз,Тоҷикматлубот -2553,4 ҳазор сомонӣ ё 0,7 фоиз, ки  аз ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохта шудаи вилоят мебошанд.

Сохтмони иншоотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ – фарҳангӣ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 барои инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ сармоягузорӣ ба маблағи 363620,8 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст, ки 25,3 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории вилоятро ташкил медиҳад (бо нархҳои аслии амалкунанда).Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 ба масоҳати 277995 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100,3 фоизро ташкил медиҳад. Хонаҳои истиқоматӣ аз ҳисоби маблағҳои  аҳолӣ ба масоҳати 247610 метри мураббаъ, аз ҳисоби  маблағҳои ҶДММ - 12878 метри мураббаъ ва аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони инфиродӣ - 17507 метри мураббаъ  ба истифода дода шудааст. Дар ш. Хуҷанд – боғчаи бачагона бо 280 ҷой фармоишгар – ИСА-и  ш. Хуҷанд ва дар ноҳияи Шаҳристон мактаб барои 100 ҷои талаба, дар ноҳияи Ашт мактаб барои 360 ҷои талаба ва қасри фарҳанг барои 800 ҷой сохта   ба истифода дода шуд.

Корҳои пудратӣ 

Ташкилотҳои пудратии вилоят дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 бо қувваи худ ба маблағи 457394,6 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро иҷро кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2015 ба маблағи 40752,2 ҳазор сомонӣ ё 9,8 фоиз зиёд шудааст.Ҳаҷми корҳои пудратӣ, ки ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун иҷро кардаанд, чунин тавсиф мешавад: давлатӣ 1766,3 ҳазор сомонӣ (0,4 фоиз), саҳомӣ 14244,3 ҳазор сомонӣ (3,1 фоиз), ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд 406236,8 ҳазор сомонӣ (88,9 фоиз), соҳибкорони инфиродӣ 26754,6 ҳазор сомонӣ (5,8 фоиз), хориҷӣ 8392,6 ҳазор сомонӣ (1,8 фоиз)  ҳаҷми умимиро ташкил медиҳанд. 

 

НАҚЛИЁТ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 19,7 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 100,2 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, инчунин бо нақлиёти автомобили шахсони воқеъи, ки бо боркашонии тиҷоратӣ машғуланд 16,6 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 0,6 фоиз зиёд шудааст) ва бо нақлиёти роҳи оҳан 3,1 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 98,1 фоиз) бор кашонида шудааст.

Гардиши бор бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар ҳаҷми 1771,9 миллион тонна км ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 3,4 фоиз зиёд шудааст.

Бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016-ум 120,3 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба соли 2015-ум 104,8 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, соҳибкорони хусусӣ 120,2 миллион нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 104,8 фоиз), бо нақлиёти роҳи оҳан 22,6 ҳазор нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 147,7 фоиз), бо нақлиёти ҳавоӣ 168,1 ҳазор нафар (нисбат ба соли гузашта 100,6 фоиз)  мусофир кашонида шудааст.

Гардиши мусофирон бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 2271,3 миллион мусофирон км-ро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 100,2 фоиз мебошад.

 

ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӣ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 ҳаҷми хизмати пулакӣ, ҳамаи соҳаҳои хизматгузор, ки ба аҳолии вилоят расонидаанд 2228,2 миллион сомониро ташкил дод, ки ин бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 2015-ум 2,4 фоиз кам шудааст.

Корхонаю ташкилотҳои расмӣ ба қайд гирифташуда бошад, ба маблағи 914,4 миллион сомонӣ хизматгузорӣ кардаанд, ки 41,0 фоизи ҳаҷми умумии хизматро ташкил намуда, нисбат ба соли 2015 бо нархҳои муқоисавӣ 3,1 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-сентябри  соли 2016 аз ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 879,8 сомонӣ рост меояд.

 

САВДОИ ЧАКАНА, ТАЪМИРИ АВТОМОБИЛҲО ВА

 МОЛҲОИ  МАИШӣ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 гардиши  савдо, таъмири мошинҳо, молҳои маишӣ ва  ашёҳои истифодаи шахсӣ  ҳамагӣ дар вилоят  4679,0  миллион сомониро ташкил дод. Нисбати ҳамин давраи соли 2015 суръати афзоиши гардиши моли чакана, таъмири мошинҳо, молхои маишӣ ва ашёҳои истифодаи шахсӣ бо нархҳои муқоисавӣ 6,5 фоиз ё ба маблағи 500,6 миллион сомонӣ зиёд шудааст.  Ҳаҷми гардиши савдои чакана дар моҳҳои январ - сентябрҳ соли 2016-ум 4584,3 миллион сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 6,0 фоиз  афзудааст, таъмири мошинҳо 48,6 фоиз афзудааст. Ҳаҷми гардиши корхонаҳои таъмири молҳои маишӣ ва ашёҳо барои истифодаи шахсӣ бошад 29,6 фоиз зиёд шудааст.

Таносуби гардиши моли чакана дар сектори ғайридавлатӣ 99,9 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил кард. Дар бозорҳои озуқаворӣ, ашҳё ва омехтаи вилоят ба маблағи 2576,4  миллион сомонӣ мол фурўхта шуд.

Таносуби молҳои озуқа, дар ҳаҷми умумии гардиши моли чакана 53,5  фоиз ё 2452,6  миллион сомониро ташкил кард.

Дар ҳаҷми умумии фурўши озуқаворӣ молҳои зерин афзалият доранд: гўшту ҳасиб (17,1 фоиз), орд (9,6 фоиз),  маҳсулоти қаннодӣ (7,7 фоиз),  равғани растанӣ (4,6 фоиз), сабзавот (3,0 фоиз).

Таносуби молҳои ғайриозуқа 46,5 фоиз ё 2131,7 миллион сомониро ташкил кардааст, ки аз молҳои ғайриозуқа аҳолӣ бештар масолеҳи сохтмонӣ (17,0 фоиз),   маҳсулоти нафтӣ (12,9 фоиз)   газвор (12,2 фоиз), пойафзол (7,8 фоиз),  мебел ва маснуотҳоӣ қолинӣ (6,2 фоиз), асбобу анҷоми барқӣ маишӣ (3,9 фоиз) ва  либос (3,1 фоиз)-ро  харидорӣ мекунанд.

 

 

 

 

Манбаҳои ташаккули гардиши моли чакана:

 

           

Аз ҳама зиёд таносуби гардиши моли чакана дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара,  Истаравшан, Бўстон, Конибодом ва ноҳияи Б.Ғафуров мушоҳида карда мешавад.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 аз ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар  аҳолии вилоят 1810,0  сомонӣ рост меояд.

Ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016-ум 234,6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,7 фоиз зиёд  шудааст. 

 

ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӣ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1301262,5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2015-ум 20,6 фоиз ё 338511,9 ҳазор доллар кам аст. Тарози савдо манфӣ буда – 649674,3 ҳазор  долларро ташкил кард. Вилояти Суғд бо 56 мамолик, аз он ҷумла бо 10 мамолики ИДМ ва бо 46 мамолики хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад.

Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 72,9  фоиз ё 948877,8 ҳазор  доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 27,1 фоиз ё 352384,7 ҳазор  доллар рост меояд.

Таносуби  содирот дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 нисбати гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 25,0 фоиз  ва воридот бошад 75,0 фоизро ташкил мекунад, ки касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ – 603799,6 ҳазор доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур – 45874,7 ҳазор долларро ташкил додааст.

            Умуман ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 нисбат ба моҳҳои январ - сентябри соли 2015 бо мамлакатҳои ИДМ 20,8 фоиз ё 249899,9 ҳазор  доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур бошад 20,1 фоиз ё 88612,0 ҳазор доллар кам шудааст.

Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2016 содироти мол 325794,1 ҳазор долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ - сентябри соли 2015-ум 11,9 фоиз ё 43825,4 ҳазор доллар кам  шудааст. Воридоти мол ба вилоят 975468,4 ҳазор долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - сентябри соли 2015-ум 23,2 фоиз ё 294686,5 ҳазор доллар кам мебошад.       

Дар айни ҳол, нисбат ба моҳҳои январ - сентябри  соли 2015 содироти маҳсулоти маъданӣ  44,7 фоиз  ё 50924,1 ҳазор доллар зиёд, нахи пахта бошад  36,7 фоиз ё 9211,8 ҳазор доллар кам шудааст.

Воридоти мошинолот ва таҷҳизот 62,6 фоиз ё 42152,0 ҳазор доллар кам шудааст, воридоти орд  низ 47,0 фоиз ё  21433,0 ҳазор доллар кам шудааст.

Чӣ хеле, ки аз маълумоти овардашуда дида мешавад, оид ба содирот шарикони асосӣ инҳоянд: Қазоқистон – 41,6 фоиз, Шветсария – 30,4 фоиз, Чин – 7,0 фоиз, Италия  - 2,8 фоиз, Туркия – 1,8 фоиз.

Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифтааст: аз Русия -  42,8 фоиз аз Қазоқистон – 31,2 фоизи ҳаҷми умумии воридот,Чин  - 13,8 фоиз, Узбекистон-2,1 фоиз, Литва – 1,9 фоиз, Туркия-1,5 фоиз ва ғайраҳо.

 

3.2   ЁРИИ БАШАРДЎСТОНА

Дар моҳҳои январ - сентябри соли 2016 ба вилояти Суғд аз мамлакатҳои хориҷии дуру наздик ба маблағи 1933,2 ҳазор доллар ё 2574,4 тонна ёрии башардўстона расонида шуд, аз он ҷумла маҳсулоти озуқа 1803,5 ҳазор доллар ё 2525,7 тонна,  воситаҳои нақлиёт 20,5 ҳазор  доллар ё 1,9 тонна мебошад.

 

БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА МУЗДИ МЕҲНАТ

Шумораи қувваҳои корӣ (ба ғайр аз шахсони дар хоҷагиҳои ёрирасон ва деҳқонӣ машғулбуда ва шахсони бо фаъолияти мустақилонаи касбӣ машғулбуда) дар моҳҳои январ-августи соли 2016-ум 401,2 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 256,7 ҳазор нафарашон дар бахши воқеӣ ва 144,5 ҳазор нафарашон дар бахши хизматрасонӣ машғуланд.

Шумораи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда то 1 сентябри соли 2016-ум 11,4 ҳазор нафарро ташкил карда, аз он ҷумла 52,6 фоизашро занҳо ташкил додаанд.

Сатҳи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда 1,4 фоизи шумораи қувваҳои кориро ташкил кардааст.

Музди миёнаи ҳармоҳаи номинали (ҳисобшуда)-и меҳнат дар моҳҳои январ – августи соли 2016-ум 757,01 сомониро ташкил кард ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,0 фоиз афзудааст.

 

Музди миёнаи ҳармоҳаи меҳнат дар вилояти Суғд

дар солҳои 2010-2016 (сомонӣ)

 

 

 

Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта то 1 сентябри соли 2016-ум 9762,6 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар соли 2016-ум 2625,8 ҳазор сомонӣ (26,9 фоиз)-и маблағи умумии қарздориро ташкил додааст.

Қарздории аз ҳама зиёд дар саноати истихроҷи маъданҳои кўҳӣ ва коркарди конҳо 5644,7 ҳазор сомонӣ (57,8 фоизи маблағи умумии қарздорӣ), дар кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ 2986,3 ҳазор сомонӣ (30,6 фоиз) ва дар саноати коркард 1057,0 ҳазор сомонӣ (10,8 фоиз)- ро ташкил додааст.

 

НАРХ

НАРХҲОИ ИСТЕЪМОЛӣ

Индекси нархҳои истеъмолӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016-ум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,3 фоиз аз он ҷумла: молҳои озуқа – 104,6 фоиз, молҳои ғайриозуқа – 105,8 фоиз ва хизматрасонии пулаки ба аҳолӣ – 104,6 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2016 индекси нархҳои истеъмолӣ 5,1 фоиз афзуд. Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавӣ дар бахши истеъмолӣ 0,5 фоизро ташкил кард (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,3 фоиз буд).

Аз аввали соли 2016 сатҳи таваррум дар вилоят 5,1 фоизро ташкил дод.  

Аз аввали соли 2016 аз нархҳои мушоҳидашудаи молҳои озуқа бештар қимат шудаанд: нахўд – 75,9 фоиз, сабзӣ – 73,0 фоиз, пиёзи кабуд, шибит, кашнич ва ғайра – 49,0 фоиз, ярмаи марҷумак – 39,2 фоиз, ҷавҳари сирко (уксус) – 34,7 фоиз,  лимон – 32,8 фоиз, кулчаи қандин (пряники) – 19,8 фоиз, нўшокиҳои беспирт – 19,0 фоиз, себ – 18,5 фоиз, қаламфури булғорӣ – 18,2 фоиз, тарбуз – 16,9 фоиз, шакар – 15,3 фоиз, лаблабу – 15,2 фоиз, намаки ошӣ – 15,1 фоиз, сирпиёз (чеснок) – 13,1 фоиз, моҳии яхкунонидашуда – 13,0 фоиз, мурчи сиёҳ кўфташуда дар пакет – 12,5 фоиз, нахўди сабз дар қутии тунакагӣ – 11,7 фоиз, чормағз – 9,9 фоиз, мавиз – 8,8 фоиз, карам – 7,7 фоиз, ангур – 7,4 фоиз, хамираи помидор – 6,4 фоиз ва гўшти бо устухон – 5,2 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра арзон шудааст: бодиринг – 78,0 фоиз, помидор – 19,1 фоиз, чакка – 14,7 фоиз, биринҷ – 11,9 фоиз, банан – 11,4 фоиз, бехпиёз – 11,3 фоиз, харбуза – 11,4 фоиз, асал – 9,1 фоиз, қаҳва – 8,8 фоиз, майонез – 7,9 фоиз, шир – 7,5 фоиз, орди гандуми навъи якум – 4,7 фоиз, тухм – 4,4 фоиз, соддаи хўрокворӣ – 4,4 фоиз ва ярмаи дили гандум – 4,2 фоиз. 

Аз аввали соли 2016 нархи молҳои ғайриозуқаи зерин қимат шудаанд: курсии нарм – 65,8 фоиз, рўзномаи мактабӣ – 60,0 фоиз, қандили электрикӣ – 51,2 фоиз, куртаи шабпушии занона – 47,3 фоиз, қолини синтетики – 40,9 фоиз, ғаваккашаки (ползунки) кўдакона – 39,0 фоиз, газвор аз абрешим – 33,0 фоиз, рўймолчаи бинипоккунӣ – 30,1 фоиз, гази моеъ – 28,4 фоиз, воситаи моеъи шустушўй – 26,9 фоиз, пойпўшаки духтарона – 25,7 фоиз, дарзмоли истеҳсоли хориҷӣ – 21,5 фоиз, футболкаи бачагона – 20,6 фоиз, куртаи такпўши занона – 19,8 фоиз, куртаи тобистона барои духтарбачаҳо – 18,2 фоиз, пойафзоли кроссовии фирмавӣ – 16,9 фоиз, ҷўроби писарона – 15,1 фоиз, пойафзоли варзишӣ (кедӣ) – 9,7 фоиз, майкаи мардона – 9,5 фоиз, ҷемпери бофтаи духтарона – 6,4 фоиз, куртаи занона – 5,9 фоиз ва шими ҷинси барои бачаҳо – 5,8 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра арзон шудааст: гулҳои зинда – 22,3 фоиз, омехтакунанда (растворител) – 27,2 фоиз, шамъ – 23,8 фоиз, семент – 18,1 фоиз, ранги миноӣ – 16,2 фоиз, ангишт – 13,2 фоиз, хишти пухта – 10,3 фоиз ва равғани олиф – 10,0 фоиз.

Аз аввали сол нарху таърифаи хизматрасонии пулакии зерин бештар қимат шудаанд: хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ – 77,0 фоиз, нақлиёти мусофиркашии роҳи оҳан – 23,1 фоиз ва арзиши боғчаи кўдакон – 13,5 фоиз.

 

ТАНДУРУСТӣ

Ба бемориҳои сирояткунандаи ҷудогона гирифтор

шудани аҳолӣ дар моҳҳои январ-августи соли 2016

(аз рўи маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд)

 

Дар моҳҳои январ-августи соли 2016-ум 10628 ҳодисаи ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-августи соли 2015-ум 2,1 фоиз зиёд аст. Ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 18,6 фоизи бемориҳо рост меояд, бемориҳои сирояткунандаи шадиди рўда 35,3 фоизи шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил медиҳанд.

Дар моҳҳои январ-августи соли 2016-ум 8085 ҳодисаи ба бемориҳои паразитарӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-августи соли 2015-ум 4,8 фоиз кам  аст.

 

ПАРДОХТИ НАФАҚА ВА КЎМАКПУЛӣ

Мувофиқи маълумоти «Амонатбонк»-и вилоят маблағи аз Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд гузаронидашуда дар моҳҳои январ-сентябри  соли 2016-ум 402,1 млн. сомониро ташкил додааст. Маблағи ба нафақа ва кўмакпулӣ пардохташуда дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016-ум бо назардошти бақияи аввали сол (20,4 млн. сомонӣ) 415,6 млн. сомониро ташкил кардааст. Шумораи нафақахўрон то 01.10.2016-ум 205253 нафарро ташкил медиҳад.

 

ХУСУСИГАРДОНИИ АМВОЛИ ДАВЛАТӣ ВА МАНЗИЛ

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 дар вилоят 62 иншоот хусусӣ гардонида шуд ва ба буҷет 1104,0 ҳазор сомонӣ маблағ гузаронида шудааст. Дар сохтори соҳавии хусусигардонии амволи давлатӣ ҳиссаи соҳаҳои кишоварзӣ 66,1 фоиз, савдо ва хўроки умумӣ 9,7 фоиз, хизмати маишӣ 4,8 фоиз ва дигар соҳаҳо 19,4 фоизро ташкил кард.

То 1 октябри соли 2016 дар вилоят (аз аввали хусусигардонӣ) 43321 ҳуҷра хусусӣ карда шудааст, аз он ҷумла 21179 ҳуҷра фурўхта шуда, 920 ҳуҷра бо пардохти қисми пулаш ба аҳолӣ дода шуд, 21222 ҳуҷра бошад ба аҳолӣ бепул дода шудааст.

Масоҳати умумии ҳуҷраҳои хусусигардонидашуда 2614,5 ҳазор метри мураб-баъро ташкил медиҳад.

 

 

 

САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

ШУМО ДАР: ОМОР Нишондиҳандаҳои оморӣ Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016