Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд - 22.09.2017 16:31
Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об - 22.09.2017 09:47
Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорони Штатҳои Муттаҳидаи Америка - 22.09.2017 09:33
Бозиҳои Осиё-2017: Шумораи медалҳои варзишгарони тоҷик дар Ашқобод ба 18 адад расид - 22.09.2017 09:14
Ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии хӯроквории «World Food Moscow-2017» соҳиби медали тилло ва нуқра гардид - 22.09.2017 09:04
Оғози Фестивали байналмилалии «Шашмақом» дар Конибодом - 21.09.2017 15:58
Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо - 21.09.2017 10:00
Музаффар Раҳимхӯҷаев мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шуд - 21.09.2017 09:45
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи комплекси агросаноатии вилоят - 20.09.2017 16:49
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 6 млрд. сомонӣ баробар шуд - 20.09.2017 16:16

Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-июни соли 2016

( 0 Овоз )

АХБОРИ САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

«Дар бораи вазъи  иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-июни соли 2016»

МАКРОИҚТИСОДИЁТ ВА МОЛИЯ

Мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати молияи вилояти Суғд қисми даромади  буҷети вилоят ба 1 июли соли 2016 ба андозаи 104,7 фоизи нақша иҷро гардида 636534,6 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Иҷроиши қисми хароҷоти  буҷети  вилоят дар  ин давра 645080,5 ҳазор сомониро ташкил дода нисбат ба нақша 99,6 фоиз мебошад.

Барои маблағгузории соҳаҳои маориф 99,8 фоизи ҳамаи маблағҳо, нигаҳдории тандурустӣ 99,7 фоиз, хоҷагии коммуналӣ 100,0 фоиз, чорабиниҳои  фарҳангию варзишӣ 99,8 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 99,6 фоиз ва ғайра маблағ сарф  карда  шудааст.

САНОАТ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 2829237,7 ҳаз.сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 131,5 фоизро ташкил кард.

Ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ-июни  соли 2016 нисбат ба моҳҳои январ-июни  соли 2015 афзоиши истеҳсоли  маҳсулоти хӯрокворӣ, якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку, истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ, истеҳсоли металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маснуот аз чӯб ва ғайраҳо мусоидат намуданд.

Аз 624 корхонаҳои саноатии ҳисоботдиҳанда дар моҳҳои январ - июни соли 2016-ум 281   корхона ( 45,0 фоиз) нисбат ба моҳҳои январ-июни  соли гузашта сатҳи истеҳсолро баланд бардоштаанд. Дар айни замон, миқдори корхонаҳои бозистода дар моҳҳои январ-июни  соли 2016-ум 175 воҳид ё 28,1 фоизро ташкил карда, 168 ё 26,9  фоиз сатҳи истеҳсолро нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам кардаанд.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016-ум дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳиссаи маҳсулоти саноати коркард 60,7 фоиз, саноати истихроҷи маъдан 35,2 фоиз, истеҳсол ва тақсими қувваи барқ, газ ва об 4,1  фоизро ташкил дод.

Дар саноати истихроҷи маъдан дар моҳҳои январ-июни соли 2016 ба маблағи 996623,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2015-ум 60,5 фоиз, аз он ҷумла истихроҷи ғайриэнергетикӣ 62,5  фоиз, энергетикӣ 25,5 фоиз зиёд шудааст.

Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ-июни соли  2016 –ум 1717698,1  ҳазор сомонӣ, аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 857882,2 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 103145,8 ҳазор сомонӣ, ҳаргуна маснуоти ғайрифилизии  маъданӣ 129195,2 ҳазор сомониро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ умуман дар соҳаи коркард 21,4 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ 17,6 фоиз зиёд шуд, ки он аз ҳисоби  истеҳсоли ҳасиб 81,5 фоиз, равғани маска 33,0 фоиз, панир 28,8 фоиз, гӯшт 17,9 фоиз, маҳсулоти қаннодӣ 5,4 фоиз, яхмос 4,6 фоиз,  нон ва маҳсулоти нонӣ 2,0 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 индекси истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ  ҳамагӣ 69,3 фоизро ташкил дод, ки ин асосан аз ҳисоби зиёд истеҳсол шудани қолин ва маснуоти қолини 19,6 фоиз, маҳсулоти дӯзандагӣ 12,8 фоиз, калобаи пахтагин 4,5 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ-июни  соли 2016-ум 114916,1 ҳазор сомониро ташкил кард, ҳаҷми истеҳсолот аз рӯи намуди фаъолияти мазкур 91,9  фоизро ташкил дод. Аз он ҷумла ҳаҷми тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 79791,4   ҳазор сомонӣ ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94,9 фоизро ташкил кард.

Аз 105 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар моҳҳои январ-июни соли 2016 истеҳсоли 63 номгӯй (60,0 фоиз) афзуда, 36 номгӯй (34,3 фоиз) кам шуда, 6 номгӯй (5,7 фоиз) истеҳсол карда нашудааст.

КИШОВАРЗӢ, ШИКОР ВА ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2016 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 1250619,6 ҳазор сомонӣ (бо нархҳои соли 2015) нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 20,1 фоиз, аз он ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 561858,8 ҳазор сомонӣ ё 43,1 фоиз ва чорводорӣ 688760,8 ҳазор сомонӣ ё 6,1 фоиз зиёд шудааст.

РАСТАНИПАРВАРӢ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 79115 тонна ғаллагиҳо ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,3 фоиз зиёд, мутаносибан 12846,9 тонна картошка ё 19,4 фоиз, 53876,2 тонна сабзавот ё 31,1 фоиз, 37229,7 тонна меваҷот ё 27,7 баробар зиёд, аммо 4454 тонна полезӣ ё 30,9 фоиз ва 14 тонна ангур ё 68,2 фоиз кам истеҳсол карда шудааст.

Ҳамагӣ хӯроки чорво ба ҳисоби воҳиди хӯрока 56386,1 тонна ё 22,0 фоиз нисбати ҳамин давраи  соли  гузашта зиёд тайёр карда шудааст.

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонии вилоят мавсими ҷамъоварии ҳосил оғоз шуда истодааст.

То 1 июли соли 2016 дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ зироати ғалладона ва лӯбиёгӣ (ғайр аз ҷуворимакка) дарав  карда шуд, аз майдони 30,8 ҳазор гектар, аз онҳо кӯфта шуд, 30,1 ҳазор  гектар, ки ҳосили он  64,5 ҳазор тоннаро ташкил кард, бо ҳосилнокии  21,5 сентнер аз ҳар гектар мебошад.

Картошка ҳамагӣ аз 394,5 гектар 8,2 ҳазор тонна ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 207,0 сентнериро ташкил медиҳад.

То 1 июли соли 2016 дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ аз 1646 гектар замини сабзавоти ғундошташуда 40,6 ҳазор тонна сабзавот, ки ҳосилнокии  ҳар як гектар 246,4 сентнериро ташкил медиҳад ва 306,5 тонна сабзавот аз гармхонаҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.

Зироати полезӣ ҳамагӣ аз 963,1 гектар 4,5 ҳазор тонна ғундошта шуд, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 46,2 сентнериро ташкил медиҳад.

Аз боғҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонӣ 33,6 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 103,2 баробар  зиёд шудааст.

Тайёр кардани хӯроки чорво

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонии вилоят мавсими тайёр ва захираи  хӯроки чорво оғоз шуда истодааст.

Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонӣ то 1-уми июли соли  2016 барои таъмини хӯроки чорвои ҷамъиятӣ дар давраи тирамоҳу зимистон ба миқдори 112,0 ҳазор тонна ва ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 121,6 фоиз хӯроки дурушт, аз он ҷумла 68,1 ҳазор тонна ё 120,4 фоиз хасбедаи алафҳои корам ва табиӣ, 2,8 ҳазор тонна ё 100,2 фоиз тарбеда, 41,1 ҳазор тонна ё 125,7 фоиз коҳ тайёр ва захира кардаанд.

Ҳамагӣ ба ҳисоби воҳиди хӯрока 41,3 ҳазор тонна ё нисбат ба сатҳи соли гузашта 123,5 фоиз, ба ҳисоби ҳар сар чорвои калони шартӣ 4,6 сентнерӣ воҳиди хӯрок тайёр карда шудааст.

Кишти такрорӣ

Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар заминҳои ҳосилаш ғундошташуда, кишти такрорӣ оғоз шуда истодааст.

То 1 июли соли 2016 ҳамагӣ дар майдони 5981,7 гектар замин кишти такрорӣ гузаронида шудааст: аз он ҷумла дар 1341,4 гектар ғалладона ва лӯбиёгиҳо (бе ҷуворимакка), аз онҳо шолӣ – 151,1 гектар, дигар зироати ғалладонагиҳо – 1190,3 гектар, ҷуворимакка барои дон – 65,2 гектар, зироатҳои техникӣ – 103,0 гектар, дигар зироатҳои техникӣ – 103,0 гектар, картошка – 15,3 гектар, сабзавот – 538,9 гектар, полизҳои озуқаворӣ – 175,3 гектар ва зироати хӯроки чорво – 3742,6 гектар мебошад. Кишти зироатҳои такрорӣ нисбати ҳамин давраи соли  гузашта  7,0 фоиз кам шудааст. 

Бунёди боғу токзорҳои нав

Ҳамагӣ хоҷагиҳои вилоят то 1 июли соли 2016 дар майдони 1381,0 гектар замин ниҳолҳои бисёрсола шинонданд. То 1 июли  соли 2016 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагиҳо 1269,8 гектар боғҳои нав бунёд карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 1,0 фоиз кам иҷро шудааст. Аз масоҳати умумии боғҳо дар 264,0 гектар ниҳолҳои мевагиҳои тухмдор, дар 985,0 гектар ниҳолҳои мевагиҳои донакдор, дар 4,3 гектар ниҳолҳои мевагиҳои мағздор ва дар 16,6 гектар субтропикӣ  шинонда шудааст.

То 1 июли соли 2016-ум 108,2 гектар токзорҳои нав бунёд карда шудаанд.        Ҳамагӣ то 1 июли соли 2016-ум 631,3 гектар боғҳо ва 57,0 гектар токзорҳо азнавбар-қарор карда шудаанд.

Ҳамагӣ 9,3 ҳазор дона ниҳолҳои тут шинонда шудааст.

Ҳолати техникаи кишоварзӣ

То 1-уми июли соли 2016-ум дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 3904 адад тракторҳои гуногунтамға мавҷуд буда, аз онҳо 2815 адад ё 72,0 фоиз дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд. То 1 июли соли 2016 ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 1038,7 тонна сӯзишвории дизелӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 723,7 тонна кам аст. Сӯзишвории мавҷудаи дизелӣ ба 1 трактор ба ҳисоби миёна 266,1 кг рост меояд, ки  нисбати ҳамин давраи соли гузашта 147,8 кг кам  аст.

ЧОРВОПАРВАРӢ

Ба 1 июли соли 2016 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ саршумори чорвои калон 624,1 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 21,2 ҳазор сар ё 3,5 фоиз, саршумори гӯсфанду буз 71,3 ҳазор сар ё 5,0 фоиз ва саршумори мурғ 19,5 ҳазор сар ё 1,2 фоиз афзуд. Аз саршумори умумӣ 92,7 фоизи саршумори чорвои калон ва 84,2 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои ноҳияи Мастчоҳ – 11,5 фоиз,  Шаҳристон – 7,2 фоиз, Кӯҳистони Мастчоҳ – 7,1 фоиз, Истаравшан  – 6,3  фоиз, Зафаробод – 4,4  фоизро ташкил дод.

Ба 1 июли соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 16900,9 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1-уми июли соли 2015 - ум 6,6 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли гӯштро хоҷагиҳои ноҳияҳои Панҷакент – 31,5 фоиз, Исфара – 12,9 фоиз, Кӯҳистони Мастчоҳ – 10,9 фоиз, Шаҳристон – 9,9 фоиз,  Мастчоҳ – 8,0 фоиз,  Истаравшан – 4,5 фоиз,  Конибодом – 4,4 фоиз зиёд намуданд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад, дар вилоят 123194,8 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 июли соли 2015-ум 4,3 фоиз зиёд аст, аз он ҷумла дар хоҷагиҳои ноҳияҳои: Кӯҳистони Мастчоҳ – 41,9 фоиз, Шаҳристон – 25,5 фоиз, Мастчоҳ – 12,5 фоиз, Зафаробод – 11,3 фоиз, Деваштич ва Исфара – 5,7 фоизӣ афзудааст.

Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 92,5 фоизро ташкил менамояд.

Ба 1-уми июли соли 2016 ба миқдори 64419,6 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба 1-уми июли соли 2015 -ум 6,6 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои ноҳияҳои Спитамен – 84,1 фоиз, Конибодом – 72,3 фоиз, Кӯҳистони Мастчоҳ – 33,0 фоиз, Зафаробод – 23,5 фоиз, Ашт– 22,0 фоиз, Истаравшан – 8,7 фоиз, Шаҳристон – 6,4 фоиз зиёд намуданд.

Ба 1-уми июли соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад, 5038 сар гӯсола гирифта шудааст. Нисбат ба 1-уми июли соли 2015  хоҷагиҳои вилоят 2,8 фоиз ва ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ – 24,2 фоиз, Конибодом – 18,4 фоиз, Б.Fафуров – 4,4 фоиз,  Айнӣ,  Мастчоҳ ва Спитамен – 3,0 фоизӣ зиёд гӯсола гирифтаанд.

Ба 1-уми июли соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 79757 сар барраю бузғола гирифтаанд. Нисбат ба 1-уми июли соли 2015  хоҷагиҳои вилоят 7,1 фоиз ва хоҷагиҳои ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ – 41,0 фоиз, Зафаробод – 36,8 фоиз,  Исфара – 23,4 фоиз, Ашт ва Мастчоҳ – 16,0 фоиз, Конибодом – 13,5 фоиз зиёд барраю бузғола гирифтанд.

Ба 1 июли соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар модагов 719 кг шир дӯшида шудааст, ки нисбат ба 1 июли соли  2015-ум 0,6 фоиз ё 4 кг зиёд  аст.

Ҳисоби миёнаи ширдӯшӣ аз ҳар сар модагов нисбат ба 1 июли  соли 2015 дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Исфара – 63 кг,  Конибодом – 30 кг, Ҷ.Расулов – 19 кг, Б.Ғафуров  – 7 кг, Ашт – 6 кг,  Зафаробод – 5 кг  зиёд шудааст.

Аз ҳар сар мокиёни тухмдиҳанда бошад, 122 донагӣ тухм гирифта шудааст, ки нисбат ба 1-уми июли соли 2015  6,1 фоиз ё 7 донагӣ зиёд аст.

Ба 1 июли  соли 2016 дар вилоят ба ҳисоби миёна аз 100 сар модагов  33 сарӣ гӯсола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2015  баробар аст.

Ба 1 июли соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар 100 сар меш 87 сарӣ барра ва бузғола гирифта шудааст. Нисбат ба сатҳи миёнаи нишондиҳандаи вилоят дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Ашт - 21 сарӣ, Б.Ғафуров - 3 сарӣ кам барраю бузғола гирифта шудааст.

ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Мувофиқи Таснифоти умумии намуди фаъолияти иқтисодӣ маҳсулоти хоҷагии ёрирасони ҷангалпарварӣ ба соҳаи кишоварзӣ дохил мешаванд.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, соҳаи ҷангалпарварӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2016-ум 689,0 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 3,6 баробар зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016-ум аз истеҳсоли умумӣ, гӯшт 1,5 тонна, шир 7,6 тонна ва пашм 1,4 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд.

Аз саршумори умумии чорвои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 96 сар чорвои калон, 4073 сар гӯсфанду буз, 89 сар асп дар сатҳи хоҷагиҳои ёрирасони ҷангалпарварӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.

МОҲИПАРВАРӢ

Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2016-ум 742,0 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 1,4 фоиз  зиёд  шудааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят сайди моҳӣ 37,1 тоннаро ташкил намуд.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ намуди моҳии пешонағафсӣ сафед – 22,1 фоиз, намуди зағорамоҳӣ – 17,0 фоиз, намуди амури сафед – 11,0 фоиз, намуди суфмоҳӣ – 5,3 фоиз ва дигар намуди моҳӣ – 44,7 фоизро ташкил намудааст.

СОХТМОНИ АСОСӢ

Сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 сармоягузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 1109756,1 ҳазор сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2015-ум 128,4 фоизро ташкил медихад  (бо нархҳои муқоисавӣ).

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 дар иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 890129,5 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи  80,2  фоизи  ҳаҷми  умумии  сармоягузориҳои вилоят иҷро гардидааст. Дар сохтмони иншооти энергетикӣ 83180,6 ҳазор сомонӣ  сармоягузориҳои  сармояи  асосӣ  аз  худ  карда  шудааст.

Ба кор андохтани фондҳои асосӣ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ фондҳои асосӣ ба маблағи 194085,7 ҳазор сомонӣ ба кор  андохта  шудаанд,  ки  нисбат ба ҳамин  давраи соли 2015-ум 109,6 фоизро ташкил медиҳад.

Аз рӯи иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 96263,7 ҳазор сомонӣ ё 49,6 фоизи ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоятро ташкил кардааст, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фабрикаи истихроҷи нуқра ва дигар металҳо бо иқтидори  коркарди 5 тонна дар  як сол аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Нуқрафом», дар шаҳри Гулистон сехи истеҳсоли қубурҳои оҳанини даврашакл ва чоркунҷа аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Хайри Хуршед», дар ноҳияи Спитамен аз ҳисоби соҳибкорони хусусӣ – заводи пахтатозакунӣ бо иқтидори коркарди 80 тонна дар як шабонарӯз, аз тарафи фармоишгар ҶСП «Норд Азия Металл» - сехи коргоҳи истеҳсоли бо иқтидори  коркарди 60000 тонна қубурҳои профилӣ дар як сол, аз ҳисоби маблағҳои хориҷӣ – заводи асфалтбарорӣ ва таҷҳизоти сангмайдакунӣ бо иқтидори 50 тонна асфалт ва 120 тонна сангмайда дар як соат, фармоишгар- ШС Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД  ва дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони як қатор нуқтаҳои сӯзишворӣ ва савдо сохта ба истифода дода шудааст.

Фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони хусусӣ – 29792,4 ҳазор сомонӣ ё 15,4 фоиз, давлатӣ – 21721,7 ҳазор сомонӣ ё 11,2 фоиз, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ -7169,7 ҳазор сомонӣ ё 3,7 фоиз, ҶДММ – 25952,6 ҳазор сомонӣ ё 13,4 фоиз, корхонаҳои муштарак – 24306,6 ҳазор сомонӣ ё 12,5 фоиз, маблағҳои аҳолӣ – 32402,2 ҳазор сомонӣ ё 16,7 фоиз, аз ҳисоби корхонаҳои хориҷӣ 50666,5 ҳазор сомонӣ ё 26,1 фоиз,Тоҷикматлубот -2074,0 ҳазор сомонӣ ё 1,1 фоиз, ки  аз ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохта шудаи вилоят мебошанд.

Сохтмони иншоотҳои соҳаҳои иҷтимоӣфарҳангӣ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 барои инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ сармоягузорӣ ба маблағи 219626,6 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст, ки 19,8 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории вилоятро ташкил медиҳад (бо нархҳои аслии амалкунанда).

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 ба масоҳати 139721 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,9 фоизро ташкил медиҳад. Хонаҳои истиқоматӣ аз ҳисоби маблағҳои  аҳолӣ ба масоҳати 120233 метри мураббаъ, аз ҳисоби  маблағҳои ҶДММ - 9409 метри мураббаъ ва аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони инфиродӣ - 10079 метри мураббаъ  ба истифода дода шудааст. Дар ш. Хуҷанд – боғчаи бачагона бо 280 ҷой фармоишгар – ИСА-и  ш. Хуҷанд ва дар ноҳияи Шаҳристон мактаб барои 100 ҷои талаба сохта   ба истифода дода шуд.

Корҳои пудратӣ

Ташкилотҳои пудратии вилоят дар моҳҳои январ-июни соли 2016 бо қувваи худ ба маблағи 338796,6 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро иҷро кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2015 ба маблағи 45753,8 ҳазор сомонӣ ё 15,6 фоиз зиёд шудааст.

Ҳаҷми корҳои пудратӣ, ки ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун иҷро кардаанд, чунин тавсиф мешавад: давлатӣ 542,1 ҳазор сомонӣ (0,2 фоиз), саҳомӣ 7042,5 ҳазор сомонӣ (2,1 фоиз), ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд 306328,0 ҳазор сомонӣ (90,4 фоиз), соҳибкорони инфиродӣ 17591,1 ҳазор сомонӣ (5,2 фоиз), хориҷӣ 7292,9 ҳазор сомонӣ (2,1 фоиз)  ҳаҷми умимиро ташкил медиҳанд.

НАҚЛИЁТ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 12,8 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 100,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, инчунин бо нақлиёти автомобили шахсони воқеъи, ки бо боркашонии тиҷоратӣ машғуланд 10,6 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта бетағийр мондааст) ва бо нақлиёти роҳи оҳан 2,2 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 91,2 фоиз) бор кашонида шудааст.

Гардиши бор бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар ҳаҷми 1124,4 миллион тонна км ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1,3 фоиз зиёд шудааст.

Бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар моҳҳои январ-июни соли 2016-ум 77,0 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба соли 2015-ум 106,4 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, соҳибкорони хусусӣ 76,9 миллион нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 106,4 фоиз), бо нақлиёти роҳи оҳан 14,1 ҳазор нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 131,8 фоиз), бо нақлиёти ҳавоӣ 98,2 ҳазор нафар (нисбат ба соли гузашта 94,9 фоиз)  мусофир кашонида шудааст.

Гардиши мусофирон бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 1318,9 миллион мусофирон км-ро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 96,9 фоиз мебошад.

ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 ҳаҷми хизмати пулакӣ, ҳамаи соҳаҳои хизматгузор, ки ба аҳолии вилоят расонидаанд 1442,6 миллион сомониро ташкил дод, ки ин бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 2015-ум 3,8 фоиз кам шудааст.

Корхонаю ташкилотҳои расмӣ ба қайд гирифташуда бошад, ба маблағи 549,7 миллион сомонӣ хизматгузорӣ кардаанд, ки 38,1 фоизи ҳаҷми умумии хизматро ташкил намуда, нисбат ба соли 2015 бо нархҳои муқоисавӣ 2,5 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 аз ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 572,6 сомонӣ рост меояд.

САВДОИ ЧАКАНА, ТАЪМИРИ АВТОМОБИЛҲО ВА МОЛҲОИ  МАИШӢ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 гардиши  савдо, таъмири мошинҳо, молҳои маишӣ ва ашёҳои истифодаи шахсӣ ҳамагӣ дар вилоят 3083,6 миллион сомониро ташкил дод. Нисбати ҳамин давраи соли 2015 суръати афзоиши гардиши моли чакана, таъмири мошинҳо, молҳои маишӣ ва ашёҳои истифодаи шахсӣ бо нархҳои муқоисавӣ 1,9 фоиз ё ба маблағи 58,7 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Ҳаҷми гардиши савдои чакана дар моҳҳои январ - июни соли 2016-ум 3020,7 миллион сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 1,3 фоиз афзудааст, таъмири мошинҳо 48,1 фоиз афзудааст. Ҳаҷми гардиши корхонаҳои таъмири молҳои маишӣ ва ашёҳо барои истифодаи шахсӣ бошад 29,8 фоиз зиёд шудааст.

Таносуби гардиши моли чакана дар сектори ғайридавлатӣ 99,9 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил кард. Дар бозорҳои озуқаворӣ, ашҳё ва омехтаи вилоят ба маблағи 1712,6  миллион сомонӣ мол фурӯхта шуд.

Таносуби молҳои озуқа, дар ҳаҷми умумии гардиши моли чакана 53,5  фоиз ё 1616,1  миллион сомониро ташкил кард.

Дар ҳаҷми умумии фурӯши озуқаворӣ молҳои зерин афзалият доранд: гӯшту ҳасиб (19,7 фоиз), орд (10,3 фоиз),  маҳсулоти қаннодӣ (8,7 фоиз),  равғани растанӣ (5,6 фоиз), сабзавот (3,9 фоиз).

Таносуби молҳои ғайриозуқа 46,5 фоиз ё 1404,6 миллион сомониро ташкил кардааст, ки аз молҳои ғайриозуқа аҳолӣ бештар масолеҳи сохтмонӣ (17 фоиз),   маҳсулоти нафтӣ (16,2 фоиз)   газвор (12,2 фоиз), пойафзол (7,8 фоиз),  мебел ва маснуотҳоӣ қолинӣ (6,6 фоиз), асбобу анҷоми барқӣ маишӣ (3,3 фоиз) ва  либос (3,1 фоиз)-ро  харидорӣ мекунанд.

Аз ҳама зиёд таносуби гардиши моли чакана дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара,  Истаравшан, Бӯстон, Конибодом ва ноҳияи Б.Ғафуров мушоҳида карда мешавад.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 аз ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар  аҳолии вилоят 1198,9  сомонӣ рост меояд.

Ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар моҳҳои январ-июни соли 2016-ум 152,5 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 фоиз зиёд  шудааст.

ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 825163,1 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2015-ум 24,5 фоиз ё 267183,6 ҳазор доллар кам аст. Тарози савдо манфӣ буда-424569,3 ҳазор  долларро ташкил кард. Вилояти Суғд бо 48 мамолик, аз он ҷумла бо 9 мамолики ИДМ ва бо 39 мамолики хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад.

Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 73,4  фоиз ё 605436,6 ҳазор  доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 26,6 фоиз ё 219726,5 ҳазор  доллар рост меояд.

Таносуби  содирот дар моҳҳои январ-июни соли 2016 нисбати гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 24,3 фоиз  ва воридот бошад 75,7 фоизро ташкил мекунад, ки касри тарози савдо бо мамлакатҳои  ИДМ –405842,4 ҳазор доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур – 18726,9  ҳазор долларро ташкил додааст.

Умуман ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2016 нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2015 бо мамлакатҳои ИДМ 25,9 фоиз ё 211470,9 ҳазор  доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур бошад 20,9 фоиз ё 55712,7  ҳазор доллар кам шудааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 содироти мол 200296,9 ҳазор долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ- июни соли 2015-ум  29,4 фоиз ё 83433,3 ҳазор  доллар кам  шудааст. Воридоти мол ба вилоят 624866,2 ҳазор долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2015-ум 22,7 фоиз ё 183750,3 ҳазор доллар кам мебошад.  

Дар айни ҳол, нисбат ба моҳҳои январ – июни  соли 2015 содироти маҳсулоти маъданӣ  24,6 фоиз  ё 18578,6 ҳазор доллар зиёд, нахи пахта бошад  50,9 фоиз ё 11743,2 ҳазор доллар кам шудааст.

Воридоти мошинолот ва таҷҳизот 58,1фоиз ё 39951,0 ҳазор доллар кам шудааст, воридоти орд  низ 41,7 фоиз ё 13547,5 ҳазор доллар кам шудааст.

Чӣ хеле, ки аз маълумоти овардашуда дида мешавад, оид ба содирот шарикони асосӣ инҳоянд: Қазоқистон - 40,4 фоиз, Шветсария – 34,0 фоиз, Чин – 5,8 фоиз, Италия  - 2,9 фоиз, Руссия – 2,7 фоиз,  Туркия – 2,2 фоиз, Эрон -  1,1 фоиз.

Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифтааст: аз Русия -  41,0 фоиз аз Қазоқистон – 34,6 фоизи ҳаҷми умумии воридот, Чин  - 12,7 фоиз, Узбекистон-2,3 фоиз, Литва – 1,7 фоиз, Туркия-1,6 фоиз ва ғайраҳо.

3.2 ЁРИИ БАШАРДӮСТОНА

Дар моҳҳои январ - июни соли 2016 ба вилояти Суғд аз мамлакатҳои хориҷии дуру наздик ба маблағи 1654,8 ҳазор доллар ё 2458,2 тонна ёрии башардӯстона расонида шуд, аз он ҷумла маҳсулоти озуқа 1593,8 ҳазор доллар ё 2413,6 тонна,  воситаҳои нақлиёт 20,5 ҳазор  доллар ё 1,9 тонна мебошад.

 

БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА МУЗДИ МЕҲНАТ

Шумораи қувваҳои корӣ (ба ғайр аз шахсони дар хоҷагиҳои ёрирасон ва деҳқонӣ машғулбуда ва шахсони бо фаъолияти мустақилонаи касбӣ машғулбуда) дар моҳҳои январ-майи соли 2016-ум 400,2 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 256,8 ҳазор нафарашон дар бахши воқеӣ ва 143,4 ҳазор нафарашон дар бахши хизматрасонӣ машғуланд.

Шумораи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда то 1 июни соли 2016-ум 11,8 ҳазор нафарро ташкил карда, аз он ҷумла 51,9  фоизашро занҳо ташкил додаанд.

Сатҳи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда 1,4 фоизи шумораи қувваҳои кориро ташкил кардааст.

Музди миёнаи ҳармоҳаи номинали (ҳисобшуда)-и меҳнат дар моҳҳои  январ – майи соли 2016-ум 760,70  сомониро ташкил кард ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8 фоиз афзудааст.

Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти  солҳои гузашта  то 1 июни соли 2016-ум 9752,0 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар соли 2016-ум 1803,5  ҳазор сомонӣ (18,5 фоиз)-и маблағи умумии қарздориро ташкил додааст.

Қарздории аз ҳама зиёд дар саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди конҳо 5256,8 ҳазор сомонӣ (53,9 фоизи маблағи умумии қарздорӣ), дар кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ  3420,0 ҳазор сомонӣ (35,1 фоиз) ва дар саноати коркард 988,7 ҳазор сомонӣ (10,1 фоиз)- ро ташкил додааст.

НАРХҲОИ ИСТЕЪМОЛӢ

Индекси нархҳои истеъмолӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2016-ум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,1 фоиз аз он ҷумла: молҳои озуқа – 104,0 фоиз, молҳои ғайриозуқа – 106,4 фоиз ва хизматрасонии пулаки ба аҳолӣ – 103,8 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2016 индекси нархҳои истеъмолӣ 3,5 фоиз афзуд. Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавӣ дар бахши истеъмолӣ 0,6 фоизро ташкил кард (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,3 фоиз буд).

Аз аввали соли 2016 сатҳи таваррум дар вилоят 3,5 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2016 аз нархҳои мушоҳидашудаи молҳои озуқа бештар қимат шудаанд: сабзӣ – 2,4 бар., нахӯд – 2,1 бар., ангур – 51,4 фоиз, оби маъданӣ – 28,0 фоиз, себ – 22,2 фоиз, нок – 18,2 фоиз, намак – 15,1 фоиз, шакар – 14,4 фоиз, равғани пахта – 9,5 фоиз, чормағз – 9,1 фоиз, мавиз – 8,8 фоиз ва гӯшти мурғ – 8,1 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра арзон шуд: помидор – 27,1 фоиз, бехпиёз – 24,1 фоиз, карам – 12,3 фоиз, асал – 9,1 фоиз, шир – 7,9 фоиз, тухм – 7,9 фоиз, картошка – 5,3 фоиз, биринҷ – 4,3 фоиз, арақ – 3,9 фоиз ва нон – 3,5 фоиз.

Аз аввали соли 2016 нархи молҳои ғайриозуқаи зерин қимат шудаанд: газвор аз абрешими асл – 59,8 фоиз, газвор аз абрешими сунъӣ – 54,5 фоиз, чорчӯбаи тиреза аз пластика – 19,8 фоиз, куртаи тагпӯши занона – 19,8 фоиз, пойафзолӣ кроссовии  мардона – 13,7 фоиз, шими ҷинси барои бачагона – 13,3 фоиз,  пойпӯшаки  занона – 10,7 фоиз, туфлии занона – 8,7 фоиз, туфлии мардона – 5,5 фоиз ва куртаи тобистонаи духтарбачаҳо – 5,1 фоиз. Зимнан  дар  ҳамин  давра  арзон шудааст: ранги  сафед – 12,6 фоиз, гаҷ – 12,6 фоиз, семент – 12,6 фоиз, ангишт – 12,1 фоиз, гази моеъ - 9,1 фоиз, калӯш- 4,8 фоиз,  ҳезум – 6,9 фоиз  ва  бензин АИ-92 – 3,2 фоиз.

Аз аввали сол нарху таърифаи хизматрасонии пулакии зерин бештар қимат шудаанд: хизматрасонии  нақлиёти  ҳавоӣ – 43,6 фоиз ва нақлиёти  мусофиркашии  роҳи оҳан – 20,4 фоиз.

ТАНДУРУСТӢ

Ба бемориҳои сирояткунандаи ҷудогона гирифтор

шудани аҳолӣ дар моҳҳои январ-майи соли 2016

(аз рӯи маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд)

Дар моҳҳои январ-майи соли 2016-ум 4598 ҳодисаи ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-майи соли 2015-ум 17,3 фоиз кам аст. Ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 26,0 фоизи бемориҳо рост меояд, бемориҳои сирояткунандаи шадиди рӯда 15,4 фоизи шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил медиҳанд.

Дар моҳҳои январ-майи соли 2016-ум 5116 ҳодисаи ба бемориҳои паразитарӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-майи соли 2015-ум 7,0 фоиз кам  аст.

ПАРДОХТИ НАФАҚА ВА КӮМАКПУЛӢ

Мувофиқи маълумоти «Амонатбонк»-и вилоят маблағи аз Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд гузаронидашуда дар моҳҳои январ-июни  соли 2016-ум 246,7 млн. сомониро ташкил додааст. Маблағи ба нафақа ва кӯмакпулӣ пардохташуда дар моҳҳои январ-июни соли 2016-ум бо назардошти бақияи аввали сол (20,4 млн. сомонӣ) 258,7 млн. сомониро ташкил кардааст. Шумораи нафақахӯрон то 01.07.2016-ум 204157 нафарро ташкил медиҳад.

ХУСУСИГАРДОНИИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ ВА МАНЗИЛ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2016 дар вилоят 27 иншоот хусусӣ гардонида шуд ва ба буҷет 575,5 ҳазор сомонӣ маблағ гузаронида шудааст. Дар сохтори соҳавии хусусигардонии амволи давлатӣ ҳиссаи соҳаҳои кишоварзӣ 55,6 фоиз, хизмати маишӣ 11,1 фоиз ва дигар соҳаҳо 33,3 фоизро ташкил кард.

То 1 июли соли 2016 дар вилоят (аз аввали хусусигардонӣ) 43130 ҳуҷра хусусӣ карда шудааст, аз он ҷумла 21169 ҳуҷра фурӯхта шуда, 919 ҳуҷра бо пардохти қисми пулаш ба аҳолӣ дода шуд, 21042 ҳуҷра бошад ба аҳолӣ бепул дода шудааст.

Масоҳати умумии ҳуҷраҳои хусусигардонидашуда 2604,1 ҳазор метри мураб-баъро ташкил медиҳад.

САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ
ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР ВИЛОЯТИ СУ
FД

ШУМО ДАР: ОМОР Нишондиҳандаҳои оморӣ Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-июни соли 2016