Хабарҳо
Баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум - 25.04.2017 15:18
Тасидиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 - 25.04.2017 09:24
То охири сол ба маъюбони Артиши Шӯравӣ кӯмакпулӣ пардохт мешавад - 25.04.2017 09:23
Оғози чорабиниҳои фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” - 25.04.2017 09:19
Спитамен: Тавассути баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ 39 нафар бо кор таъмин шуданд - 25.04.2017 09:16
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои нави таваллудхонаи марказӣ дар ноҳияи Деваштич - 24.04.2017 13:16
Ҷаласаи мушовараи Раёсати маорифи вилоят доир гардид - 24.04.2017 13:13
Ҷамъбасти «Ҳафтаи конфронсҳои илмӣ» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд - 24.04.2017 13:09
Баргузории машварати корӣ бо ҳузури муовини Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Деваштич - 24.04.2017 08:49
Ваҳдати миллӣ-асоси рушди иқтисодиёти Тоҷикистон - 21.04.2017 10:25

Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-марти соли 2016

( 1 Овоз )

АХБОРИ САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

«Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-марти соли 2016»

МАКРОИҚТИСОДИЁТ ВА МОЛИЯ

Мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати молияи вилояти Суғд қисми даромади буҷети вилоят ба 1-уми апрели соли 2016 ба андозаи 103,4 фоизи нақша иҷро гардида, 299975,8 ҳазор сомониро ташкил кард.

Иҷроиши қисми хароҷоти буҷети вилоят дар ин давра 302781,5 ҳазор сомониро ташкил карда, нисбат ба нақша 99,6 фоиз мебошад.

Барои маблағгузории соҳаҳои маориф - 99,8 фоизи ҳамаи маблағҳо, нигаҳдории тандурустӣ - 99,7 фоиз, хоҷагии коммуналӣ - 99,7 фоиз, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ - 99,9 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 99,9 фоиз ва ғайра маблағ сарф карда шудааст.

САНОАТ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2016 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 1251278,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотисаноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 131,2 фоизро ташкил кард.

 Ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2016 нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2015 афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку, истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ, истеҳсоли металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маснуот аз чӯб ва ғайраҳо мусоидат намуданд.

Аз 611 корхонаҳои саноатии ҳисоботдиҳанда дар моҳҳои январ - марти соли 2016-ум 254 корхона (41,6 фоиз) нисбат ба моҳҳои январ-марти соли гузашта сатҳи истеҳсолро баланд бардоштаанд. Дар айни замон, миқдори корхонаҳои бозистода дар моҳҳои январ-марти соли 2016-ум 246 воҳид ё 40,2 фоизро ташкил карда, 111 ё 18,2 фоиз сатҳи истеҳсолро нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам кардаанд.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2016-ум дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳиссаи маҳсулоти саноати коркард 62,5 фоиз, саноати истихроҷи маъдан 32,2 фоиз, истеҳсол ва тақсими қувваи барқ, газ ва об 5,3 фоизро ташкил дод.

Дар саноати истихроҷи маъдан дар моҳҳои январ-марти соли 2016 ба маблағи 403423,0 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2015-ум 69,2 фоиз, аз он ҷумла истихроҷи ғайри энергетикӣ 73,1 фоиз, энергетикӣ 7,8 фоиз зиёд шудааст.

Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ-марти соли 2016 –ум 781737,5 ҳазор сомонӣ, аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 413510,5 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 48311,7 ҳазор сомонӣ, ҳаргуна маснуоти ғайрифилизии маъданӣ 37481,8 ҳазор сомониро ташкил дод. ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ умуман дар соҳаи коркард 20,5 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ - 24,9 фоиз зиёд шуд, ки он аз ҳисоби истеҳсоли ҳасиб - 2,2 баробар, равғани маска - 62,4 фоиз, маҳсулоти ширӣ - 34,5 фоиз, гӯшт - 27,1 фоиз, нӯшокиҳои ташнашикан - 21,3 фоиз, маҳсулоти қаннодӣ - 19,7 фоиз, яхмос - 19,6 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ - 9,4 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2016 индекси истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ҳамагӣ 47,3 фоизро ташкил дод, ки ин асосан аз ҳисоби зиёд истеҳсол шудани матоъҳои нобофта 3,3 баробар, қолин ва маснуоти қолинӣ 1,1 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ-марти соли 2016-ум 66118,4 ҳазор сомониро ташкил кард, ҳаҷми истеҳсолот аз рӯи намуди фаъолияти мазкур 91,8 фоизро ташкил дод. Аз он ҷумла, ҳаҷми тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ 44597,8 ҳазор сомонӣ ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 96 фоизро ташкил кард.

Аз 103 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар моҳҳои январ-марти соли 2016 истеҳсоли 57 номгӯй (55,3 фоиз) афзуда, 32 номгӯй (31,1 фоиз) кам шуда, 14 номгӯй (13,6 фоиз) истеҳсол карда нашудааст.

КИШОВАРЗӢ, ШИКОР ВА ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2016 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 390075 ҳазор сомонӣ (бо нархҳои соли 2015) нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 8,1 фоиз, аз он ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 1090 ҳазор сомонӣ ё 39,4 фоиз ва чорводорӣ 388985 ҳазор сомонӣ ё 8 фоиз зиёд шудааст.

Растанипарварӣ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2016 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 217,1 тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2015-ум 38,3 фоиз зиёд аст.

Кишти баҳорӣ

Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят мавсими кишту кори баҳорӣ идома дорад.

То 1-уми апрели соли 2016 ҳамагӣ дар майдони 58001,4 гектар замин кишти зироатҳои баҳорӣ гузаронида шудааст: аз он ҷумла, дар 44726,8 гектар ғалладона ва лӯбиёгиҳо (бе ҷуворимакка), аз онҳо гандум – 12653,8 гектар, ҷав – 29821,7 гектар, дигар зироати ғалладонагиҳо – 2251,3 гектар, ҷуворимакка барои дон – 710,1 гектар, зироатҳои техникӣ – 5433,6 гектар, аз он пахта – 1871,3 гектар, картошка – 1143,8 гектар, сабзавот – 3614,8 гектар, полезҳои озуқаворӣ – 298,9 гектар ва зироати хӯроки чорво – 2067,3 гектар мебошад. Майдони кишти зироатҳои баҳорӣ нисбати ҳамин давраи соли 2015-ум 32,0 фоиз зиёд кишт шудааст.

Бунёди боғу токзорҳои нав

Ҳамагӣ хоҷагиҳои вилоят то 1 апрели соли2016-ум дар майдони 1238,8 гектар замин ниҳолҳои бисёрсола шинонданд. То 1-уми апрели соли 2016 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагиҳо 1166,8 гектар боғҳои нав бунёд карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 2 фоиз кам иҷро шудааст. Аз масоҳати умумии боғҳо дар 225 гектар ниҳолҳои мевагиҳои тухмдор, дар 924 гектар ниҳолҳои мевагиҳои донакдор ва дар 15,7 гектар субтропикӣ шинонида шудааст.

То 1-уми апрели соли 2016-ум 69 гектар токзорҳои нав бунёд карда шудаанд. ҳамагӣ то 1-уми апрели соли 2016-ум 494,1 гектар боғҳо ва 29 гектар токзорҳо аз нав барқарор карда шудаанд.

Ҳамагӣ 5,7 ҳазор дона ниҳолҳои тут шинонида шудааст.

Ҳолати техникаи кишоварзӣ

То 1-уми апрели соли 2016-ум дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 3960 адад трактори гуногунтамға мавҷуд буда, аз онҳо 2833 адад ё 72 фоиз дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд.

То 1-уми апрели соли 2016 ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 314,6 тонна сӯзишвории дизелӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 145,4 тонна кам аст.

Сӯзишвории мавҷудаи дизелӣ ба 1 трактор ба ҳисоби миёна 79,4 кг рост меояд, ки нисбати ҳамин дав-раи соли гузашта 19,2 кг кам аст.

Чорвопарварӣ

Ба 1-уми апрели соли 2016 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ саршумори чорвои калон 628,9 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 28,8 ҳазор сар, ё 4,8 фоиз, саршумори гӯсфанду буз 89,9 ҳазор сар ё 6,4 фоиз ва саршумори мурғ 54,4 ҳазор сар ё 3,6 фоиз афзуд. Аз саршумори умумӣ 92,8 фоизи саршумори чорвои калон ва 84,6 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои ноҳияи Спитамен – 11,3 фоиз, Кӯҳистони Мастчоҳ – 8,9 фоиз, Мастчоҳ – 8,8 фоиз, Шаҳристон – 7,3 фоиз, Истаравшан – 6,3 фоизро ташкил дод.

Ба 1-уми апрели соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 10371,1 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1-уми апрели соли 2015 - ум 8,6 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли гӯштро хоҷагиҳои ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ – 39,6 фоиз, Мастчоҳ – 28,5 фоиз, Панҷакент – 21 фоиз, Бобоҷон Ғафуров – 17,5 фоиз, Шаҳристон – 15,6 фоиз, Зафаробод – 11,4 фоиз, Спитамен – 6,7 фоиз зиёд намуданд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад, дар вилоят 62693,2 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1-уми апрели соли 2015-ум 5,6 фоиз зиёд аст, аз он ҷумла дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ – 57,4 фоиз, Шаҳристон – 28,9 фоиз, Исфара – 10,8 фоиз, Конибодом – 9,2 фоиз, Ашт – 8,9 фоиз афзудааст.

Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 93,4 фоизро ташкил менамояд.

Ба 1-уми апрели соли 2016 ба миқдори 33617,9 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба 1-уми апрели соли 2015 -ум 5,7 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои ноҳияҳои Спитамен – 90 фоиз, Конибодом – 65,5 фоиз, Деваштич – 43 фоиз, Шаҳристон – 18,2 фоиз, Зафаробод – 18 фоиз, Кӯҳистони Мастчоҳ – 15,7 фоиз, Исфара – 14,6 фоиз, Ашт – 13,8 фоиз, Истаравшан – 13,7 фоиз зиёд намуданд.

Ба 1-уми апрели соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ бошад, 2549 сар гӯсола насл гирифта, парвариш карда шудааст. Нисбат ба 1-уми апрели соли 2015 хоҷагиҳои вилоят 3,9 фоиз ва ноҳияҳои Деваштич – 17 фоиз, Конибодом – 16,5 фоиз, Айнӣ – 8,5 фоиз, Исфара – 7,2 фоиз, Мастчоҳ – 2,1 фоиз, Истаравшан – 1,6 фоиз зиёд гӯсола насл гирифтаанд.

Ба 1-уми апрели соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад, 43014 сар барраю бузғола насл гирифтаанд. Нисбат ба 1-уми апрели соли 2015 хоҷагиҳои вилоят 17,1 фоиз ва хоҷагиҳои ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ – 5,4 баробар, Мастчоҳ – 15,9 фоиз, Деваштич– 15,4 фоиз, Конибодом – 11,3 фоиз, Ашт – 7,2 фоиз, Айнӣ – 2,3 фоиз зиёд барраю бузғола насл гирифтанд.

Ба 1-уми апрели соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар модагов 325 кг шир дӯшида шудааст, ки нисбат ба1-уми апрели соли 2015-ум 1,9 фоиз ё 6 кг зиёд аст.

Ҳисоби миёнаи ширдӯшӣ аз ҳар сар модагов нисбат ба 1-уми апрели соли 2015 дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Исфара – 33 кг, Мастчоҳ – 26 кг, Конибодом – 23 кг, Ҷаббор Расулов – 9 кг, Шаҳристон – 7 кг, Панҷакент – 4 кг, Ашт – 2 кг зиёд шудааст.

Аз ҳар сар мокиёни тухмдиҳанда бошад, 54 донагӣ тухм гирифта шудааст, ки нисбат ба 1-уми апрели соли 2015 16,9 фоиз ё 11 донагӣ кам аст.

Ба 1-уми апрели соли 2016 дар вилоят ба ҳисоби миёна аз 100 сар модагов 16 сарӣ гӯсола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта баробар аст.

Ба 1-уми апрели соли 2016 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар 100 сар меш 47 сарӣ барра ва бузғола гирифта шудааст. Нисбат ба сатҳи миёнаи нишондиҳандаи вилоят дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Ашт - 24 сарӣ, Бобоҷон Ғафуров - 7 сарӣ, Зафаробод – 2 сарӣ кам барраю бузғола гирифта шудааст.

ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Мувофиқи Таснифоти умумии намуди фаъолияти иқтисодӣ маҳсулоти хоҷагии ёрирасони ҷангалпарварӣ ба соҳаи кишоварзӣ дохил мешаванд.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, соҳаи ҷангалпарварӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2016-ум 50,3 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 66,5 фоизро ташкил намудааст.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2016-ум аз истеҳсоли умумӣ, гӯшт - 0,6 тонна ва шир - 1,5 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд.

Аз саршумори умумии чорвои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 94 сар чорвои калон, 3643 сар гӯсфанду буз, 92 сар асп ва 18 сар мурғ дар сатҳи хоҷагиҳои ёрирасони ҷангалпарварӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.

МОҲИПАРВАРӢ

Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2016-ум 118 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 21,1 фоиз иҷро шудааст.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2016 дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят сайди моҳӣ 5,9 тоннаро ташкил намуд.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ намуди моҳии пешонағафси сафед – 15,5 фоиз, намуди зағорамоҳӣ – 41,9 фоиз, намуди суфмоҳӣ – 5,3 фоиз ва дигар намуди моҳӣ – 37,3 фоизро ташкил намудааст.

СОХТМОНИ АСОСӢ

Сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2016 сармоягузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағ- гузорӣ ба маблағи 469225,2 ҳазор сомонӣ исти-фода карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2015-ум 1,7 баробар зиёд аст (бо нархҳои муқоисавӣ).

Дар моҳҳои январ-марти соли 2016 дар иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 383983,3 ҳазор сомонӣ, ё ба андозаи 81,8 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузориҳои вилоят иҷро гардидааст. Дар сохтмони иншооти энергетикӣ 63868,3 ҳазор сомонӣ сармоягузориҳои сармояи асосӣ аз худ карда шудааст.

Ба кор андохтани фондҳои асосӣ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ фондҳои асосӣ бамаблағи 61624,5 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 100,7 фоизро ташкил медиҳад.

Аз рӯи иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 14769,5 ҳазор сомонӣ ё 24 фоизи ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоятро ташкил кардааст. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фабрикаи истихроҷи нуқра ва дигар металҳо бо иқтидори коркарди 5 тонна дар як сол, аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Нуқрафом», дар шаҳри Гулистон сехи истеҳсоли қубурҳои оҳанини даврашакл ва чоркунҷа аз тарафи фармоишгар ҶДММ «Хайри Хуршед» ва дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони як қатор нуқтаҳои сӯзишворӣ ва савдо сохта, ба истифода дода шудааст.

Фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони хусусӣ – 21659,6 ҳазор сомонӣ ё 35,1 фоиз, давлатӣ – 13926,5 ҳазор сомонӣ, ё 22,6 фоиз, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ -1383,7 ҳазор сомонӣ, ё 2,2 фоиз, ҶДММ – 7223 ҳазор сомонӣ, ё 11,7 фоиз, корхонаҳои муштарак – 1612,4 ҳазор сомонӣ, ё 2,6 фоиз, маблағҳои аҳолӣ – 10426,8 ҳазор сомонӣ, ё 16,9 фоиз, аз ҳисоби корхонаҳои хориҷӣ - 5392,5 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 8,9 фоиз аз ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоят мебошанд.

Сохтмони иншоотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ – фарҳангӣ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2016 барои инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ сармоягузорӣ ба маблағи 85241,9 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст, ки 18,2 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории вилоятро ташкил медиҳад (бо нархҳои аслии амалкунанда).

Дар моҳҳои январ-марти соли 2016 ба масоҳати 46958 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 132 фоизро ташкил медиҳад. Хонаҳои истиқоматӣ аз ҳисоби маблағҳои аҳолӣ ба масоҳати 40623 метри мураббаъ, аз ҳисоби маблағҳои ҶДММ - 2170 метри мураббаъ ва аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони инфиродӣ - 4165 метри мураббаъ ба истифода дода шудааст.

Корҳои пудратӣ

Ташкилотҳои пудратии вилоят дар моҳҳои январ-марти соли 2016 бо қувваи худ ба маблағи 127489,4 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро иҷро кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2015-ум ба маб-лағи 9658,6 ҳазор сомонӣ ё 7 фоиз кам шудааст.

Ҳаҷми корҳои пудратӣ, ки ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун иҷро кардаанд, чунин тавсиф мешавад: давлатӣ 481,1 ҳазор сомонӣ (0,4 фоиз), саҳҳомӣ - 2241,1 ҳазор сомонӣ (1,8 фоиз), ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд - 107076 ҳазор сомонӣ (84 фоиз), соҳибкорони инфиродӣ 10690,4 ҳазор сомонӣ (8,4 фоиз), хориҷӣ 7000,8 ҳазор сомонӣ (5,4 фоиз) ҳаҷми умимиро ташкил медиҳанд.

НАҚЛИЁТ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2016 бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 6,9 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 100,9 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла бонақлиёти автомобилии ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, инчунин бо нақлиёти автомобили шахсони воқеӣ, ки бо боркашонии тиҷоратӣ машғуланд, 5,9 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 102,3 фоиз) ва бо нақлиёти роҳи оҳан 1 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 93,8 фоиз) бор кашонида шудааст.

Гардиши бор бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар ҳаҷми 552 миллион тонна км ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 5 фоиз зиёд шудааст.

Бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар моҳҳои январ-марти соли 2016-ум 38,4 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба соли 2015-ум 104,5 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилии ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, соҳибкорони хусусӣ 38,4 миллион нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 104,5 фоиз), бо нақлиёти роҳи оҳан 5,5 ҳазор нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 1,5 баробар), бо нақлиёти ҳавоӣ 43,1 ҳазор нафар (нисбат ба соли гузашта 108,3 фоиз) мусофир кашонида шудааст.

Гардиши мусофирон бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 644,2 миллион мусофирон км-ро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 104 фоиз мебошад.

ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2016 ҳаҷми хизмати пулакӣ, ҳамаи соҳаҳои хизматгузор, ки ба аҳолиивилоят расонидаанд, 716 миллион сомониро ташкил дод, ки ин бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 2015-ум 1,9 фоиз зиёд шудааст.

Корхонаю ташкилотҳои расман ба қайд гирифташуда бошад, ба маблағи 263,5 миллион сомонӣ хизматгузорӣ кардаанд, ки 36,8 фоизи ҳаҷми умумии хизматро ташкил намуда, нисбат ба соли 2015-ум бонархҳои муқоисавӣ 14,1 фоиз зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2016 аз ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 285,4 сомонӣ рост меояд.

САВДОИ ЧАКАНА, ТАЪМИРИ АВТОМОБИЛҲО ВА МОЛҲОИ МАИШӢ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2016 гардиши савдо, таъмири мошинҳо, молҳои маишӣ ва ашёҳои истифодаи шахсӣ ҳамагӣ дар вилоят 1577,1 миллион сомониро ташкил дод. Нисбати ҳамин давраи соли 2015-ум суръати афзоиши гардиши моли чакана, таъмири мошинҳо, молҳои маишӣ ва ашёҳои истифодаи шахсӣ бо нархҳои муқоисавӣ 3,1 фоиз ё ба маблағи 124,1 миллион сомонӣ зиёд шудааст. ҳаҷми гардиши савдои чакана дар моҳҳои январ - марти соли 2016-ум 1545,7 миллион сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 2,5 фоиз афзудааст, таъмири мошинҳо низ дар ин давра - 47,5 фоиз афзудааст. ҳаҷми гардиши корхонаҳои таъмири молҳои маишӣ ва ашёҳо барои истифодаи шахсӣ бошад, 29,3 фоиз зиёд шудааст.

Таносуби гардиши моли чакана дар сектори ғайридавлатӣ 99,9 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил кард. Дар бозорҳои озуқаворӣ, ашё ва омехтаи вилоят ба маблағи 849,7 миллион сомонӣ мол фурӯхта шуд.

Таносуби молҳои озуқа, дар ҳаҷми умумии гардиши моли чакана 54,3 фоиз ё 839,3 миллион сомониро ташкил кард.

Дар ҳаҷми умумии фурӯши озуқаворӣ молҳои зерин афзалият доранд: гӯшту ҳасиб (17,9 фоиз), орд (8,9 фоиз), маҳсулоти қаннодӣ (7,8 фоиз), равғани растанӣ (5,6 фоиз), сабзавот (2,9 фоиз).

Таносуби молҳои ғайриозуқа 45,7 фоиз ё 706,4 миллион сомониро ташкил кардааст, ки аз молҳои ғайриозуқа аҳолӣ бештар масолеҳи сохтмонӣ (17 фоиз), маҳсулоти нафтӣ (15,5 фоиз) газвор (11,7 фоиз), пойафзол (7,8 фоиз), мебел ва маснуотҳои қолинӣ (6,6 фоиз), асбобу анҷоми барқии маишӣ (3,3 фоиз) ва либос (3,1 фоиз)-ро харидорӣ мекунанд.

Манбаҳои ташаккули гардиши моли чакана:

Аз ҳама зиёд таносуби гардиши моли чакана дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Бӯстон, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мушоҳида карда мешавад.

Дар моҳҳои январ-марти соли 2016 аз ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 616,1 сомонӣ рост меояд.

Ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар моҳҳои январ-марти соли 2016-ум 74,5 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,7 фоиз кам шудааст.

ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2016 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 358296,3 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2015-ум 31,3 фоиз ё 163315,3 ҳазор доллар кам аст. Тарози савдо манфӣ буда, 196304,7 ҳазор долларро ташкил кард. Вилояти Суғд бо 40 мамолик, аз он ҷумла, бо 9 мамолики ИДМ ва 31 мамолики хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад.

Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 76,7 фоиз ё 274892 ҳазор доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 23,3 фоиз ё 83404,3 ҳазор доллар рост меояд.

Таносуби содирот дар моҳҳои январ-марти соли 2016 нисбат ба гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 22,6 фоиз ва воридот бошад, 77,4 фоизро ташкил мекунад, ки касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ –191366,6 ҳазор доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур – 4938,1 ҳазор долларро ташкил додааст.

Умуман, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2016 нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2015 бо мамлакатҳои ИДМ 33,7 фоизё 139998,3 ҳазор доллар, бо мамлакатҳои хориҷидур бошад, 21,8 фоиз ё 23317 ҳазор доллар камшудааст.

Дар моҳҳои январ - марти соли 2016 содироти мол 80995,8 ҳазор долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2015-ум 44,9 фоиз ё 65909,5 ҳазор доллар кам шудааст. Воридоти мол ба вилоят 277300,5 ҳазор долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2015-ум 26 фоиз ё 97405,8 ҳазор доллар кам мебошад.       

Дар айни ҳол, нисбат ба моҳҳои январ – марти соли 2015 содироти маҳсулоти маъданӣ 15,3 фоиз ё 5142,2 ҳазор доллар зиёд, нахи пахта бошад, 37,3 фоиз ё 5615,7 ҳазор доллар кам шудааст.

Воридоти мошинолот ва таҷҳизот 32,8 фоиз ё 5351 ҳазор доллар кам шудааст, воридоти гандум низ 0,6 фоиз ё 313,5 ҳазор доллар кам шудааст.

Чӣ хеле, ки аз маълумоти овардашуда дида мешавад, оид ба содирот шарикони асосӣ инҳоянд: Қазоқистон - 42,3 фоиз, Шветсария – 29,9 фоиз, Чин – 5,3 фоиз, Русия – 4,3 фоиз, Туркия – 3,3 фоиз, Италиё - 3,3 фоиз, Эрон - 1,9 фоиз.

Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифтааст: аз Русия - 44,5 фоиз, Қазоқистон – 35,9 фоизи ҳаҷми умумии воридот, Чин - 10 фоиз, Литва – 1,8 фоиз, ӯзбекистон-1,3 фоиз,Туркия-1 фоиз ва ғайраҳо.

ЁРИИ БАШАРДӮСТОНА

Дар моҳҳои январ - марти соли 2016 ба вилояти Суғд аз мамлакатҳои хориҷи дуру наздик ба маблағи 764,6 ҳазор доллар ё 1043 тонна ёрии башардӯстона расонида шуд, аз он ҷумла маҳсулоти озуқа 728,5 ҳазор доллар ё 1001,1 тонна, воситаҳои нақлиёт 20,5 ҳазор доллар ё 1,9 тонна мебошад.

БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА МУЗДИ МЕҲНАТ

Шумораи қувваҳои корӣ (ба ғайр аз шахсони дар хоҷагиҳои ёрирасон ва деҳқонӣ машғулбуда ва шахсони бо фаъолияти мустақилонаи касбӣ машғулбуда) дар моҳҳои январ - феврали соли 2016-ум 396,3 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 249,8 ҳазор нафарашон дар бахши воқеӣ ва 146,5 ҳазор нафарашон дар бахши хизматрасонӣ машғуланд.

Шумораи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда то1 марти соли 2016-ум 11,2 ҳазор нафар буда, аз он ҷумла 51,1 фоизашро зан ташкил додаанд.

Сатҳи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда 1,4 фоизи шумораи қувваи кориро ташкил кардааст.

Музди миёнаи ҳармоҳаи номинали (ҳисобшуда)-и меҳнат дар моҳҳои январ – феврали соли 2016-ум 754,62 сомониро ташкил кард ва нисбат ба ҳамин дав-раи соли гузашта 6,7 фоиз афзудааст.

Музди миёнаи ҳармоҳаи меҳнат дар вилояти Суғд дар солҳои 2010-2016 (сомонӣ)

Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта то 1 марти соли 2016-ум 10307,6 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар соли 2016-ум 1287,9 ҳазор сомонӣ (12,5 фоиз)-и маблағи умумии қарздориро ташкил додааст.

Қарздории аз ҳама зиёд дар саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди конҳо 4803,1 ҳазор сомонӣ (46,6 фоизи маблағи умумии қарздорӣ), дар кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ 4163,3 ҳазор сомонӣ (40,4 фоиз) ва дар саноати коркард 1111,5 ҳазор сомонӣ (10,8 фоиз)- ро ташкил додааст.

НАРХҲОИ ИСТЕЪМОЛӢ

Индекси нархҳои истеъмолӣ дар моҳҳои январ - марти соли 2016-ум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,4 фоиз, аз он ҷумла: молҳои озуқа – 104,7 фоиз, молҳои ғайриозуқа – 106,2 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 103,7 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2016 индекси нархҳои истеъмолӣ 2,1 фоиз афзуд. Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавӣ дар бахши истеъмолӣ 0,7 фоизро ташкил кард (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,2 фоиз буд).

Аз аввали соли 2016 сатҳи таваррум дар вилоят 2,1 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2016 аз нархҳои мушоҳидашудаи молҳои озуқа бештар қимат шудаанд: нахӯд – 52,3 фоиз, ангур – 38,8 фоиз, лимӯ – 19,1 фоиз, себ – 18,6 фоиз, чормағз – 18,2 фоиз, намак – 15,1 фоиз, шири хушки баркашидашаванда – 13,6 фоиз, сирпиёз – 11,9 фоиз, пиёз – 11,4 фоиз, мош – 10,8 фоиз бодиринг – 10,5 фоиз, шакар – 9,3 фоиз, равғани пахта – 7,7 фоиз, ва лӯбиё – 4,8 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра арзон шуд: лаблабу – 18,7 фоиз, помидор – 9,4 фоиз, тухм – 8,8 фоиз, думбаи гӯсфанд – 7,8 фоиз, картошка – 7,6 фоиз, орди навъи 1-ум – 5,5 фоиз, шир – 5,1 фоиз ва биринҷ – 3,1 фоиз.

Аз аввали соли 2016 нархи молҳои ғайриозуқаи зерин бештар қимат шудаанд: куртаи шабпӯши занона – 47,3 фоиз, ғаввакашаки (ползунки) кӯдакона – 27,7 фоиз, мактуби кушода, табрикотӣ – 25 фоиз, куртаи писарбачаҳо аз матои пахтагин – 24,1 фоиз, пойафзоли хонапӯши мардона – 22,6 фоиз, газвор аз абрешими асл, куртаворӣ – 21,6 фоиз, ҷилди болишт – 19 фоиз, чойники барқӣ – 18 фоиз, кросовкаи фирмавии намуди “Адидас” – 15,1 фоиз, печи гармкунандаи равғанини истеҳсоли хориҷа – 13,3 фоиз ва пойафзоли варзишӣ (кедӣ)- 9,7 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра ангишт – 13,1 фоиз, семент – 9,3 фоиз, ҳезум – 6,9 фоиз, гази моеъ – 6,8 фоиз ва бензин АИ-92 – 5 фоиз арзон шудааст.

Аз аввали сол нарху таррифаи хизматрасонии пулакии зерин бештар қимат шудаанд: хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ – 50,7 фоиз, нақлиёти мусофиркашии роҳи оҳан 13,8 фоиз.

ТАНДУРУСТӢ

Ба бемориҳои сирояткунандаи ҷудогона гирифтор шудани аҳолӣ дар моҳҳои январ-феврали соли 2016 (аз рӯи маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд)

Дар моҳҳои январ-феврали соли 2016-ум 2113 ҳодисаи ба бемории сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли 2015-ум 31 фоиз кам аст. Ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 38,1 фоизи бемориҳо рост меояд, бемориҳои сирояткунандаи шадиди рӯда 10,7 фоизи шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил медиҳанд.

Дар моҳҳои январ-феврали соли 2016-ум 2309 ҳодисаи ба бемориҳои паразитарӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2015-ум 10,8 фоиз зиёд аст.

ПАРДОХТИ НАФАҚА ВА КӮМАКПУЛӢ

Мувофиқи маълумоти «Амонатбонк»-и вилоятмаблағи аз Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд гузаронидашуда дар моҳҳои январ-марти соли 2016-ум 107,3 миллион сомониро ташкил додааст. Маблағи ба нафақа ва кӯмакпулӣ пардохташуда дар моҳҳои январ-марти соли 2016-ум бо назардошти бақияи аввали сол (20,4 миллион сомонӣ) 123,2 миллион сомониро ташкил кардааст. Шумораи нафақахӯрон то 1 апрели соли 2016-ум 203176 нафарро ташкил медиҳад.

ХУСУСИГАРДОНИИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ ВА МАНЗИЛ

Дар моҳҳои январ-марти соли 2016 дар вилоят 12 иншоот хусусӣ гардонида шуд ва ба буҷет 214,3 ҳазор сомонӣ маблағ гузаронида шудааст. Дар сохтори соҳавии хусусигардонии амволи давлатӣ ҳиссаи соҳаҳои кишоварзӣ 41,7 фоиз, савдо ва хӯроки умумӣ, хизмати маишӣ 16,6 фоиз ва дигар соҳаҳо 41,7 фоизиро ташкил кард.

То 1 апрели соли 2016 дар вилоят (аз аввали хусусигардонӣ) 42907 ҳуҷра хусусӣ карда шудааст, аз он ҷумла 21150 ҳуҷра фурӯхта шуда, 913 ҳуҷра бо пардохти қисми пулаш ба аҳолӣ дода шуд, 20844 ҳуҷра бошад, ба аҳолӣ бепул дода шудааст.

Масоҳати умумии ҳуҷраҳои хусусигардонидашуда 2591,6 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

ШУМО ДАР: ОМОР Нишондиҳандаҳои оморӣ Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-марти соли 2016