Хабарҳо
вилояти Суғд - маъракаи сафарбарии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз 02.04.2020 - 04.04.2020 08:56
ВМКБ - маъракаи сафарбарии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз 02.04.2020 - 04.04.2020 08:51
Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаровон-1” - 03.04.2020 14:19
КОРОНАВИРУС: АЗ СИРОЯТЁБӢ ЭҲТИЁТ ШАВЕМ! - 03.04.2020 13:38
Дар ДДҲБСТ дар мавзӯи “Системаҳои иттилоотӣ: муаммаҳо ва дурнамои рушд” конференсияи илмию амалии вилоятӣ доир гардид - 03.04.2020 13:35
Суғд: Аввалин гуруҳи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд - 03.04.2020 11:21
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ “Атласи Хуҷанд” - 03.04.2020 10:24
Яғмогаре, ки даъвои мардумпарварӣ дорад (Ё чи тавр «дилсӯзи миллат» Кабирӣ, бинои сохташавандаи беморхонаи сироятии ҷумҳуриявиро қисм-қисм карда фурӯхт) - 02.04.2020 17:13
Ҷавоб ба муҳаррири сомонаи «рисолат.тҷ» (Нигоҳе ба равандҳо, рӯйкардҳо ва фаъолиятҳои ҲНИ) - 02.04.2020 17:11
Дар ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд” ва ҶДММ “Ҷавонӣ” ниқобҳои тиббӣ истеҳсол карда мешавад - 02.04.2020 16:37

Мақомоти иҷроия

Идораи хоҷагии оби вилоят

( 1 Овоз )

Cардор: Тоҳир Қудратзода

Иттилоот барои робита: 735700 Хуҷанд, кӯчаи Камоли Хуҷандӣ 93а.
Тел: (3422) 6-07- 22,  6-15-

Факс: (3422) 6- 56- 82
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Ваколатҳои асосии Раёсати хоҷагии оби вилояти Суғд аз инҳо иборат аст:

- фаъолияти корхонаю ташкилотҳои Раёсатро муайян намуда, нақшаҳои солона ва бисёрсолаи фаъолияти онҳоро оид ба баланд бардоштани самаранокии истифода ва ҳифзи захираҳои обӣ тасдиқ мекунад ва аз болои иҷрои он назорат мебарад;

- дар таҳия ва тадбиқи барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддатӣ истифода ва ҳифзи захираҳои об, рушди мелиоратсияи замин, ҳифзи ҳудуд аз таьсири зиёноварии об иштирок менамояд;
-баҳисобгирии давлатӣ ва мониторинги ҳолати захираҳои об, назорати иҷрои техникӣ иншооти обиро мегузаронад;

- ташакули истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обиро таъмин мекунад;

- фаъолияти хоҷагиҳои об истифодабаранда, корхонаю ташкилотҳои илмию истеҳсоли ва дигар корхонаю ташкилотҳои Раёсатро  ҳамоҳанг месозад: - истифодаи самаранок, ҳифзи захираҳои об, меъёрҳо, лимити муқараргардидаи истифодаи обро аз ҷониби истифодабарандагони об сарфи назар аз шакли моликият ба ҳисоб мегирад ва маълумотро оид ба истифодаи об аз ҷониби соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ҷамъбаст ва пеш мебарад;

- баланси захираҳои об ва нақшаи истифодаи маҷмӯи захираҳои обро дар мавқеъи чойгиршуда таҳия месозад;

- маҷмӯъи чорабиниҳоро ҷиҳати нигаҳдошти ҳолати иншооти оби оид ба пешгири ва рафъи таъсири зиёновари об, инчунин ифлосшавии об, барқарорсозии объектхо, ки дар натиҷаи саддама, обхези, сел ва дигар офатҳои табии зарар дидаанд, амали менамояд;

- машварати Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони обро дастгири менамояд ва ба пешравии фаъолияти онҳо мусоидат менамояд;

- кадастри давлатии обро пеш мебарад;

- маҳзани маълумот ва системаи иттилоотиро оид ба истифодаи захираҳои об таъсис медиҳад;

- ҷойгиркунонии корхонаҳо ва истифодаи иншоотро дар объектҳои хоҷагии об ва дар садҳои муҳофизатии назди соҳили, инчунин маҳалли сохтмони корхонаҳо ва истифодаи иншоотро дар объектҳои хочагии об ва дар садҳои мухофизатии назди соҳили, инчунин маҳалли сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳое, ки ба ҳолати об таъсир мерасонад, муайян менамояд;

- гузаронидани чорабиниҳое, ки ҳолати дахлдори техникӣ ва ободониро дар бар мегирад таъмин менамояд, инчунин назорати риояи қоидаҳои истифодаи онҳоро ташкил менамояд;

- бахсҳоро оид ба истифодаи захираҳои оби ҳаллу фасл менамояд;

- дар мувофиқа бо Вазорат, мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлати ва бо дарназардошти низоми тағирёфтаи манбаи об, шароити иқлим, вазъи саддамави дар иншооти обӣ, таҳдиди хуруҷи эпидемия ва дигар ҳолатҳо, инчунин бо мақсади таъмини шароити истифодаи иншооти обӣ, барои эҳтиёҷоти аҳоли бо оби нушоки ва мақсадҳои маиши нақшаи додани обро ба истифодабарандагони об маҳдуд месозад;

- қабули шаҳрвандон ва истифодабарандагони обро ташкил ва дар мӯҳлати муқарарнамудаи қонунгузори муроҷиати онҳоро оид ба истифодаи  об ҳаллу фасл менамояд;

- омодагии касби, бозомӯзи, баланд бардоштани тахассус ва таҷрибаомӯзи кормандони Раёсат ва корхонаю ташкилоҳо  ташкил менамояд;

- тибқи тартиби муқараргардида иҷрои корҳо оид ба ҷамъовари, нигахдошт, баҳисобгири ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолият амали месозад;

- мувофиқи нархномаи тасдиқшуда, барои ситонидани маблағи хизматрасонии об мусоидат менамояд;

- бо корхонаҳои давлати, хусуси тиҷорати ва фирмаҳо оиди ба даст овардани захираҳои модди-техники, ки барои истифодаи истгоҳҳои обкаши, чоҳҳои амуди ва системаи оберикуни заруранд, шартномаҳо мебанданд;

Тоҳир Қудратзода


Раёсати кор бо занон ва оила

( 14 Овоз )

Сардор: Хоҷазода Хуршедахон Усмон

Иттилоот барои робита: 735700 Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, хиёбони Р. Набиев 45.
Тел: (3422) 6-50-44

Кумитаи кор бо занон ва оила ваколатҳои зеринро дар соҳаи фаъолияти худ амалӣ месозад:

- ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниход оид ба лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба ҳифзи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии занон, инчунин нақшаи кор ва нишондодҳои пешбинишавандаи фаъолияти Кумитаро таҳия ва пешниҳод менамояд;

- дар омода сохтани пешниҳод ба мақомоти дахлдор оид ба тадбирҳои вобаста ба таъмини баробарии гендерӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, дастгирӣ ва ҳимояи иҷтимоии занон ва оила бо дарназардошти шароитхои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд ширкат меварзад;

- доир ба нишондиҳандаҳои демографии инъикоскунандаи шароити иҷтимоию иқтисодии занон таҳлили комплексӣ гузаронида, дар ин асос барномаҳои байниидоравии беҳдошти вазъи демографии ҳолати зан ва оиларо таҳия намуда, татбиқи ин барномаҳоро ҳамоҳанг месозад;

- корҳоро оид ба дарёфту санҷидани муносибатҳои навоварона дар ҳалли проблемаҳои занон ва оила, ташаккул додани афкори мусбии ҷамъиятӣ доир ба мақоми зан дар ҷомеа ташкил менамояд;

- омодагии касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисонро бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд ташкил мекунад;

- бозомӯзӣ ва такмили ихтисосу таҷрибаомӯзии касбии кормандони Кумитаро омода намуда, ба корҳои роҳбарӣ тавсия намудани онҳоро таъмин менамояд;

- имкониятхои васоити ахбори умумро барои ба аҳли ҷомеа фаҳмонидани ҳуқуқу имкониятҳои занон, асосҳои баробарии гендерӣ, паҳн намудани иттилоот оид ба вазъи занон истифода намуда, тарғиби тарзи ҳаёти солим, камолоти маънавӣ, муносибати бомасъулияти ҷавононро ҳангоми бунёди оила ба роҳ мемонад;

- ҳайати вакилони хориҷиро, ки ба омӯзиши проблемаҳои зан ва оила, ҳифзи модару кӯдак машғуланд, қабул мекунад, робитаҳоро бо ташкилотҳои байналмиллалӣ, мақомотҳои ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятие, ки ҳуқуқу манфиатҳои занонро ҳимоя менамояд, ба роҳ монда, бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбу созмонҳои амалкунанда, инчунин бо мақомоти қонунгузор ва ҳокимияти иҷроия ҳамкорӣ мекунад;

- ба машваратҳои худ ҳангоми зарурат роҳбарони ташкилоту идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоятро даъват менамояд;

- мактубу аризаҳо ва пешниҳодоти шахрвандонро, ки марбут ба салоҳияти он ҳастанд, баррасӣ намуда, аз натиҷаи он тарафи дахлдорро огоҳ месозад;

- Кумита дар доираи салоҳияти худ қарор қабул намуда, иҷрои онро ташкил ва назорат мекунад.

Хоҷазода Хуршедахон Усмон


Сарраёсати агентии омор

( 8 Овоз )

Раиси кумита: Накатзода Ҳокимбек

Иттилоот барои робита: 735700 Хуҷанд, маҳаллаи 28 хонаи № 1.
Телефонҳои корӣ:
+992 3422 5-43-74
+992 3422 5-54-56

Суроғаи почтаи электронӣ:
Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Кумита дар соҳаи муқараргардидаи фаъолияташ ваколатҳои зеринро дорад:

  • ба Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ (аз рӯи рӯйхати тасдиқшуда    1 нусха бепул) инчунин ба аҳли ҷомеа ва ташкилотҳои байналмиллалӣ (пулакӣ) пешниҳод намудани иттилооти расмии оморӣ;
  • дар ҳудуди вилоят таъмини иттилооти расмии омори таъҷилӣ, мӯътамад, пурраю хушсифат ва илман асоснок;
  • ба ҳамаи муштариён баробар дастрас кардани иттилооти омории ошкор тавассути паҳн кардани гузоришҳои расмӣ дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии вилоят, шаҳрҳо, ноҳияҳо, иқтисодиёти соҳавӣ, табъу нашри маҷмӯъҳои оморӣ ва дигар маводи оморӣ;
  • аз рӯи барнома, шаклҳо ва методологияи таҳия ва тасдиқ кардаи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани мушоҳидаи омории давлатиро ташкил мекунад, Барномаҳои гузаронидани мушоҳидаи омории соҳавӣ (идоравӣ) –ро мутобиқ месозад, дар ҳудуди вилоят барӯйхатгирии аҳолӣ ва хоҷагии кишоварзиро мегузаронад, омори хоҷагиҳои хонаводаҳо, омори инкишофи ҳар гуна шаклҳои хоҷагидорӣ ва намудҳои фаъолияти соҳибкориро ташкил мекунад;
  • кори фаъолияти регистри давлатии корхона ва ташкилотҳоро дар асоси баҳисобгирии ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд таъмин мекунад ва ба онҳо бо назардошти классификаторҳои иттилооти техникию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рамзи идентификатсионӣ медихад;
  • ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва муҳофизати иттилооти оморӣ, махфӣ доштани сирри давлатӣ ва тиҷоратӣ, ҳифзи манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро таъмин мекунад;
  • нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоӣ – иқтисодии Кумитаи Суғдро бо нишондиҳандаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ муқоиса мекунад;
  • ба тартиби муқарраргардида ба Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмили қонунгузории соҳаи омор ва баҳисобгирӣ таклифҳо пешниҳод мекунад, инчунин барои афзудани самараи корҳои ҳуқуқии Кумита ва мақомоти маҳаллии он тадбирҳо меандешад;
  • барои истифодаи самарноки техникаи ҳисоббарорӣ ва ташкилӣ, навсозии онҳо шароит муҳайё мекунад, технологияҳои навтарини таҳия ва интишори иттилоот, маҳсули барномавии муосир, системаи идораи манбаи маълумотҳо, системаҳои таҳлилӣ ва иттилоотию маълумотдиҳиро татбиқ менамояд;
  • ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, мувофиқи шартномаю қарордодҳои хоҷагӣ, созишномаҳо ва талабномаҳои яквақта, хизмати пулакии иттилоотию таҳлилӣ мерасонад;
  • корхонаю ташкилот ва муассисаҳои ҳудуди вилоятро бо варақаҳои шаклҳои мутамаркази ҳисоботи оморӣ ва дастурамал барои пуркунии онҳо таъмин менамояд;
  • ба тағйироти нарху тариф дар вилоят мушохидаи оморӣ ташкил мекунад ва дар ҳамин асос сохти системаи индекси нархҳо, индекси дефляторро таъмин мекунад ва барои муштариён иттилоот таҳия месозад.


ШУМО ДАР: Мақомоти иҷроия