Хабарҳо
Соли равон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 5075 муроҷиат ворид гардид - 15.12.2017 09:37
4,8 ҳазор метри мураббаъ қолинҳои дастибоф истеҳсол шуд - 15.12.2017 09:36
Суғд: Музди миёнаи маош 1004,76 сомониро ташкил намуд, ки нисбати соли гузашта 244,95 сомонӣ зиёд мебошад - 15.12.2017 09:35
Зариф Мирдадо ба 50 донишҷӯ 5 000 сомонӣ кумакпулӣ тақдим намуд - 15.12.2017 09:34
Беш аз 2414 километр роҳҳои ҳудуди вилояти Суғд таъмир шуд - 15.12.2017 09:31
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ 109,7 фоиз таъмин гардид. Ба буҷет 1 694,8 млн. сомонӣ ворид гардид - 15.12.2017 09:32
Суғд: Ба маблағи 450 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 15.12.2017 09:31
Ба донишҷӯёни фаъолу аълохон ва ихтироъкор беш аз 20 ҳазор сомонӣ тақдим шуд - 15.12.2017 09:28
Основной телохранитель: Из командиров в созидатели беседа с бывшим командиром Хакимом Каландаровым - 14.12.2017 16:58
Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2017 - 14.12.2017 14:30

Раёсати ҷавонон ва варзиш

( 6 Овоз )

Иттилоот барои робита: 735700 Хуҷанд, кӯчаи К. Хуҷандӣ № 81.

Тел: (3422) 6-16-78, 6-70-59.

Факс: (3422) 4-52-69

E-mail: youth- Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Раёсат дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ваколатҳои зайл дорад:

• Раёсат ои ба масъалаҳои мабути соҳаи фаъолияти лоиҳаи нақшаи кор ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолиятро (барномаҳои маҳаллии дурнамо дар асоси барномаҳои чумҳуриявй ва вилоятй) таҳия ва тадбиқ менамояд;

• фаолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идораҳо ва ҳамоҳангсозии байни соҳавиро дар соҳаи сиёсати ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва туризм ҳамоҳанг менамояд;

• ба таъсиси замимаи қонунгузорй, меъёрй ва ҳуқуқй, таҳияи муқаррароти асосии сиёсати давлат нисбати ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ, варзиш, туризм ва татбиқи онҳо мусоидат менамояд;

• самтҳои асосиро муайян менамояд, барномаҳои дурнамо, ҷорй ва мақсаднокро оид ба масъалаҳои марбути салоҳияти Раёсат таҳия ва татбиқ менамояд;

• пешбурди корҳои мақсаднок ҷиҳати таъсиси захираи кадрҳои роҳбарикунанда дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва мақомоти ҳокимият;

• пешбурди оморро оид ба масъалаҳои марбути салоҳияти Раёсат анҷом медиҳад;

• ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ғайриҳукуматиро анҷом медиҳад, тибқи    тартиби    муқарраргардида    дар    таҳия    ва    татбиқи    шартномаҳои байнитарафайн   оид   ба   масъалаҳои   марбути   салоҳияти   Раёсат   иштирок менамояд;

• тибқи тартиби муқараргардида фестивапҳо, конфиренсияҳо, форумҳо, мусобиқаҳо, ҷамъомадҳои таълимй - варзишй, экспедитсияҳои варзишй -туристӣ ва кӯҳнавардй, ярмаркаҳо ва намоишгоҳҳои вилоятӣ мегузаронад ва чунин чорабиниҳоеро, ки идораю ташкилотҳо баргузор менамоянд, ҳамоҳангсоз менамояд;

• ба рушди тарбияи ҷисмонй, ватанпарастй, фарҳангй ва ахлоқии (маънавии) ҷавонон,  таҳкими дӯстй,  ҳамкорӣ,  ягонагӣ   ва муттаҳидии ҷавонони  вилоят; мусоидат менамояд;

• тибқи тартиби муқарраргардида барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарастӣ ва таблиғи тарзи солими ҳаёт, ғояҳои ҳаракати олимпй, мавзӯъҳои тамошобоб ва захираҳои туристӣ фаъолияти рекламавӣ - иттилоотӣ ташкил менамояд;

• бо федиратсияҳо, ассотсиатсияҳои варзишӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии самти тарбияи ҷисмонӣ, варзишӣ ва туристӣ ва бо ташкилотҳои сиёсию ҷамъиятӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ҳамкорӣ менамояд;

• ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқи манфиатҳо ва дархостҳои ташкилотҳои ҷавононро ба инобат мегирад;

• дар таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба фароҳам овардани шароит барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, ошкор намудан ва татбиқи иқтидорҳои он, мутобиқсозии он ба ҳаёти мустақилона, ҳифзи манфиатҳои қонунӣ ва ҳуқуқҳои ҷавонони вилоят иштирок менамояд;

• роҳбарии ташкилй ва методии рушди тарбияи ҷисмонии аҳолӣ ва тайёр намудани варзишгарони дорои дараҷаи баландро анҷом медиҳад;

• нақшаҳои ягонаи тақвимиро дар самти тарбияи ҷисмонию варзиш ва солимгардони тасдиқ менамояд, чорабиниҳои тарбияи ҷисмонию варзишро, ки идораю ташкилотҳо баргузор менамоянд, ҳамоҳанг месозад;

• ба дастаҳои мунтахаби милли аз вилояти Сугд варзишгаронро тайёр менамояд ва дар ин кор кӯмак мерасонад, иштироки варзишгаронро дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявй, ҷахонй, Европа, Осиёи Марказй, осиёӣ ва Бозиҳои олимпӣ, дигар мусобиқаҳои байналмиллалӣ, вохӯриҳои барои гирфтани ҷомҳо якҷоя бо Кумиати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

• рекордҳо ва дастовардҳоро оид ба намудҳои варзиш ба қайд мегирад;

• доир ба тартиби воридот ва содироти хизматрасониҳои туристй пешниҳодҳо таҳия менамояд;

• оид ба тарифҳои ягона барои фатҳи қуллаҳои кӯҳҳо, пардохтҳо барои наҷотдиҳӣ дар кӯҳҳо ва пардохти экологӣ пешниҳодҳо таҳия менамояд;

• пешниҳодҳоро доир ба тартиби истифодаи захираҳои туризм ва ҷуброни зарари бо он расонидашуда таҳия намуда, меъёрҳои мутаносибан баробарро байни субъектҳои фаъолияти туристӣ барои боздид аз объектҳои туристию саёҳатии ба Кадастри захираҳои туристӣ дохилбуда, ки ба зарурати нигоҳцории онҳо аз вайроншавӣ иртибот доранд, таъмин менамояд;

• доир ба тартиби сертификатсияи молҳо ва хизматрасониҳои тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва фаъолияти туристӣ пешниҳодҳо таҳия менамояд;

• назорати хизматрасонии сифатнокро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, туризм, инчунин воридшавй ва хориҷшавии сайёҳон анҷом медиҳад;

• дар доираи маблағҳои мавҷуда, дар мувофиқа бо мақомоти манфиатдор, меъёрҳои  хароҷоти  пӯшоки  варзишӣ,  таҷҳизот,  ғизо  ва таъминоти моддию техники варзишгарон ва мураббиён - омӯзгоронро, ки дар салоҳияти Раёсатанд тасдиқ менамояд;

• тибқи тартиби муқарраргардида якҷоя бо идораю ташкилотҳои варзишии манфиатдор лотерея, музоядаҳои варзишӣ мегузаронад, шартҳои гузаронидани онҳоро тасдиқ мекунад;

• манфиатҳои иқтисодй, иҷтимой варзишгарони касбй, мураббиён-омӯзгорон ва дигар мутахассисони соҳаро намояндагй менамояд, ба ташкили истироҳат мусоидат мекунад, ба саломатии варзишгарон, ветеранҳои варзиш, дигар кормандони соҳа ғамхорй менамояд;

Дар асос ва бо мақсади иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои конститутсионй, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ қабул мекунад ва вазифаҳои зеринро иҷро менамояд;

• Қарордодҳои давлатӣ оид ба ҷойгиронии фармоишҳо барои таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти Раёсат, инчунин оид ба гузаронидани корҳои илмию тадқиқотй барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ба имзо мерасонад;

• таҳдиди татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият анҷом медиҳад;

• санҷиш ва таҳлили татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар доираи салоҳияти Раёсат дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти анҷом медиҳад ва дар мавриди зарурат ин функсияҳоро ба ташкилотҳои системаи Раёсат вогузор менамояд;

• функсияҳои ихтиёрдор ва гирандаи маблағҳои буҷети Кумитаро, ки барои таъминоти Раёсат ва амалй намудани функсияҳои ба зиммаи Раёсат вогузоргардида пешбинӣ гардидаанд, анҷом медиҳад;

• қабули шаҳрвандонро ташкил менамояд, саривақт ва пурра баррасӣ гардидан муроҷиатҳои шифоҳӣ ва хаттии шаҳрвандон, дар асоси онҳо қабул гардидани қарорҳо ва ба аризадиҳандагон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлаташ фиристода шудани ҷавобҳоро таъмин мекунад;

• дар доираи салоҳияти худ ҳифзи маълумотҳои дорои сирри давлатиро таъмин менамояд;

• барои омодагии касбии кормандони Раёсат, бозомӯзй, баланд бардоштани тахассус ва таҷрибаомӯзии онҳоро мусоидат менамояд;

• тибқи тартиби муқарраргардида бо мақомоти ҳо кимияти давлатии кишварҳои хориҷй ва ташкилотҳои байналмиллалй дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳамкорй менамояд;

• тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ, нигахдошт, баҳисобгирй ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Раёсат ташаккул ёфтаанд;

• дигар ваколатҳоро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият анҷом медиҳад, агар чунин ваколатҳо бо қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида бошанд;

• аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Сугд роҳбарони мактабҳои варзишии тобеъи Раёсатро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд;

• Роҳбарони мактабҳои варзишии тобеъи бахшҳои Раёсат дар мувофиқа бо Раёсат аз ҷониби мудирони бахш таъин ва озод карда мешаванд;

• назорати иҷрои қарорҳои мушовираи Кумита ва супоришҳои роҳбарияти Кумита, нақшаву барномаҳои дурнамои соҳавиро дар ҳудуди вилоят амалӣ мегардонад;

• иҷроиши саривақтиву босифати қарорҳои мақомоти болоиро таъмин менамояд;

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Мақомоти иҷроия Раёсати ҷавонон ва варзиш