Хабарҳо
Оғози корҳои обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар мавзеи Сомғори шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 11:38
Оғози кишти пахта дар хоҷагии ба номи Турсунбой Қӯшатови Ҷамоати деҳоти «Исмоил»- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 08:45
Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд - 24.03.2017 19:33
Шиносоӣ бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад” - 24.03.2017 12:27
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ - 24.03.2017 10:33
Оғози фаъолияти ҶДММ "Баракат Исфара" дар шаҳри Исфара - 24.03.2017 10:24
Оғози сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд - 24.03.2017 09:19
Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд ва иштирок дар базми наврӯзии 500 кӯдаки ятим - 23.03.2017 13:14
Шиносоӣ бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд» - 23.03.2017 11:53
Ифтитоҳи бинои нави таълимии мактаби № 14-и деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.03.2017 10:51

Раёсати кор бо занон ва оила

( 7 Овоз )

Сардор: Мирзозода Нодира

Иттилоот барои робита: 735700 Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, хиёбони Р. Набиев 45.
Тел: (3422) 6-50-44

Кумитаи кор бо занон ва оила ваколатҳои зеринро дар соҳаи фаъолияти худ амалӣ месозад:

- ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниход оид ба лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба ҳифзи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии занон, инчунин нақшаи кор ва нишондодҳои пешбинишавандаи фаъолияти Кумитаро таҳия ва пешниҳод менамояд;

- дар омода сохтани пешниҳод ба мақомоти дахлдор оид ба тадбирҳои вобаста ба таъмини баробарии гендерӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, дастгирӣ ва ҳимояи иҷтимоии занон ва оила бо дарназардошти шароитхои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд ширкат меварзад;

- доир ба нишондиҳандаҳои демографии инъикоскунандаи шароити иҷтимоию иқтисодии занон таҳлили комплексӣ гузаронида, дар ин асос барномаҳои байниидоравии беҳдошти вазъи демографии ҳолати зан ва оиларо таҳия намуда, татбиқи ин барномаҳоро ҳамоҳанг месозад;

- корҳоро оид ба дарёфту санҷидани муносибатҳои навоварона дар ҳалли проблемаҳои занон ва оила, ташаккул додани афкори мусбии ҷамъиятӣ доир ба мақоми зан дар ҷомеа ташкил менамояд;

- омодагии касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисонро бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд ташкил мекунад;

- бозомӯзӣ ва такмили ихтисосу таҷрибаомӯзии касбии кормандони Кумитаро омода намуда, ба корҳои роҳбарӣ тавсия намудани онҳоро таъмин менамояд;

- имкониятхои васоити ахбори умумро барои ба аҳли ҷомеа фаҳмонидани ҳуқуқу имкониятҳои занон, асосҳои баробарии гендерӣ, паҳн намудани иттилоот оид ба вазъи занон истифода намуда, тарғиби тарзи ҳаёти солим, камолоти маънавӣ, муносибати бомасъулияти ҷавононро ҳангоми бунёди оила ба роҳ мемонад;

- ҳайати вакилони хориҷиро, ки ба омӯзиши проблемаҳои зан ва оила, ҳифзи модару кӯдак машғуланд, қабул мекунад, робитаҳоро бо ташкилотҳои байналмиллалӣ, мақомотҳои ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятие, ки ҳуқуқу манфиатҳои занонро ҳимоя менамояд, ба роҳ монда, бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбу созмонҳои амалкунанда, инчунин бо мақомоти қонунгузор ва ҳокимияти иҷроия ҳамкорӣ мекунад;

- ба машваратҳои худ ҳангоми зарурат роҳбарони ташкилоту идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоятро даъват менамояд;

- мактубу аризаҳо ва пешниҳодоти шахрвандонро, ки марбут ба салоҳияти он ҳастанд, баррасӣ намуда, аз натиҷаи он тарафи дахлдорро огоҳ месозад;

- Кумита дар доираи салоҳияти худ қарор қабул намуда, иҷрои онро ташкил ва назорат мекунад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Мақомоти иҷроия Раёсати кор бо занон ва оила