Хабарҳо
Ба таваҷҷӯҳи кормандони расонаҳои хабарӣ! - 22.02.2017 10:08
“Артиши миллӣ-ҳомии сулҳу ваҳдат ва пойдории кишвар”- конфронси илмӣ-амалӣ дар ДДХ - 22.02.2017 09:31
Мулоқоти шаҳрдори Хуҷанд бо донишҷӯён дар шаҳри Душанбе - 22.02.2017 09:27
Мусобиқаи вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми “Бойчечак” ба анҷом расид - 22.02.2017 09:24
Абдураҳмон Қодирӣ қарор дар бораи гузаронидани озмуни “Хомаи созанда-2017” –ро имзо намуд - 22.02.2017 09:23
Хуҷанд. Соҳибкорони муваффақи соли 2016 бо Сипосномаи мақомоти иҷроия қадршиносӣ шуданд - 22.02.2017 08:19
Бӯстон. Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ стипендияи раиси шаҳрро дарёфт мекунанд - 22.02.2017 08:15
25 феврал ярмарка - фурӯши ниҳол ва гулу гулбуттаҳо баргузор мешавад - 22.02.2017 08:12
Баргузории Чемпионати кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба каратэ WKF бахшида ба “Соли ҷавонон” - 21.02.2017 13:23
Ташреҳи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат дар Ашт - 21.02.2017 13:21

Сарраёсати агентии омор

( 3 Овоз )

Раиси кумита: Накатзода Ҳокимбек

Иттилоот барои робита: 735700 Хуҷанд, маҳаллаи 28 хонаи № 1.
Телефонҳои корӣ:
+992 3422 5-43-74
+992 3422 5-54-56

Суроғаи почтаи электронӣ:
Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Кумита дар соҳаи муқараргардидаи фаъолияташ ваколатҳои зеринро дорад:

  • ба Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ (аз рӯи рӯйхати тасдиқшуда    1 нусха бепул) инчунин ба аҳли ҷомеа ва ташкилотҳои байналмиллалӣ (пулакӣ) пешниҳод намудани иттилооти расмии оморӣ;
  • дар ҳудуди вилоят таъмини иттилооти расмии омори таъҷилӣ, мӯътамад, пурраю хушсифат ва илман асоснок;
  • ба ҳамаи муштариён баробар дастрас кардани иттилооти омории ошкор тавассути паҳн кардани гузоришҳои расмӣ дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии вилоят, шаҳрҳо, ноҳияҳо, иқтисодиёти соҳавӣ, табъу нашри маҷмӯъҳои оморӣ ва дигар маводи оморӣ;
  • аз рӯи барнома, шаклҳо ва методологияи таҳия ва тасдиқ кардаи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани мушоҳидаи омории давлатиро ташкил мекунад, Барномаҳои гузаронидани мушоҳидаи омории соҳавӣ (идоравӣ) –ро мутобиқ месозад, дар ҳудуди вилоят барӯйхатгирии аҳолӣ ва хоҷагии кишоварзиро мегузаронад, омори хоҷагиҳои хонаводаҳо, омори инкишофи ҳар гуна шаклҳои хоҷагидорӣ ва намудҳои фаъолияти соҳибкориро ташкил мекунад;
  • кори фаъолияти регистри давлатии корхона ва ташкилотҳоро дар асоси баҳисобгирии ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд таъмин мекунад ва ба онҳо бо назардошти классификаторҳои иттилооти техникию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рамзи идентификатсионӣ медихад;
  • ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва муҳофизати иттилооти оморӣ, махфӣ доштани сирри давлатӣ ва тиҷоратӣ, ҳифзи манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро таъмин мекунад;
  • нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоӣ – иқтисодии Кумитаи Суғдро бо нишондиҳандаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ муқоиса мекунад;
  • ба тартиби муқарраргардида ба Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмили қонунгузории соҳаи омор ва баҳисобгирӣ таклифҳо пешниҳод мекунад, инчунин барои афзудани самараи корҳои ҳуқуқии Кумита ва мақомоти маҳаллии он тадбирҳо меандешад;
  • барои истифодаи самарноки техникаи ҳисоббарорӣ ва ташкилӣ, навсозии онҳо шароит муҳайё мекунад, технологияҳои навтарини таҳия ва интишори иттилоот, маҳсули барномавии муосир, системаи идораи манбаи маълумотҳо, системаҳои таҳлилӣ ва иттилоотию маълумотдиҳиро татбиқ менамояд;
  • ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, мувофиқи шартномаю қарордодҳои хоҷагӣ, созишномаҳо ва талабномаҳои яквақта, хизмати пулакии иттилоотию таҳлилӣ мерасонад;
  • корхонаю ташкилот ва муассисаҳои ҳудуди вилоятро бо варақаҳои шаклҳои мутамаркази ҳисоботи оморӣ ва дастурамал барои пуркунии онҳо таъмин менамояд;
  • ба тағйироти нарху тариф дар вилоят мушохидаи оморӣ ташкил мекунад ва дар ҳамин асос сохти системаи индекси нархҳо, индекси дефляторро таъмин мекунад ва барои муштариён иттилоот таҳия месозад.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Мақомоти иҷроия Сарраёсати агентии омор