Хабарҳо
Ба таваҷҷӯҳи кормандони расонаҳои хабарӣ! - 22.02.2017 10:08
“Артиши миллӣ-ҳомии сулҳу ваҳдат ва пойдории кишвар”- конфронси илмӣ-амалӣ дар ДДХ - 22.02.2017 09:31
Мулоқоти шаҳрдори Хуҷанд бо донишҷӯён дар шаҳри Душанбе - 22.02.2017 09:27
Мусобиқаи вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми “Бойчечак” ба анҷом расид - 22.02.2017 09:24
Абдураҳмон Қодирӣ қарор дар бораи гузаронидани озмуни “Хомаи созанда-2017” –ро имзо намуд - 22.02.2017 09:23
Хуҷанд. Соҳибкорони муваффақи соли 2016 бо Сипосномаи мақомоти иҷроия қадршиносӣ шуданд - 22.02.2017 08:19
Бӯстон. Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ стипендияи раиси шаҳрро дарёфт мекунанд - 22.02.2017 08:15
25 феврал ярмарка - фурӯши ниҳол ва гулу гулбуттаҳо баргузор мешавад - 22.02.2017 08:12
Баргузории Чемпионати кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба каратэ WKF бахшида ба “Соли ҷавонон” - 21.02.2017 13:23
Ташреҳи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат дар Ашт - 21.02.2017 13:21

Раёсати ҳифзи муҳити зист

( 1 Овоз )

Cардор: Нӯъмонзода Темурҷон

Иттилоот барои робита: 735700 Хуҷанд, хиёбони Р.Набиев № 211.
Тел / Факс: (3422) 6 – 03 – 95

E-mail: eco Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Ваколатҳои асосии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз инҳо иборат мебошанд:

- таъмини иҷрои сиёсати ягонаи идора ва назорати давлатии истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист, таъмини бехатарии экологӣ;

- назорати давлатии риояи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳифзи табиат, риояи меъёрҳои бехатарии экологӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқию воқеӣ, новобаста аз шакли моликият, тобеъият ва мансубият;

- назорати давлатии истифодаи самаранок ва ҳифзи сарватҳои қаъри замин ва рўи замин, захираҳои обӣ, ҳавои атмосфера, олами набототу ҳайвонот, аз он ҷумла гуногунии биологӣ, ҳифзи муҳити зист, муомилот бо партовҳои истеҳсолот ва истеъмолот (гайр аз партовҳои радиоактивӣ), ҳолат ва истифодаи ҷангал;

- баҳодиҳӣ ва пешгўии маҷмўи вазъи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ дар асоси маълумотҳои дар натиҷаи фаъолият ҷамъовардашуда, таъмини мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва аҳолӣ бо иттилооти экологӣ;

- назорати иҷрои чорабиниҳои ба таъмини ҳифз, солимгардонӣ ва беҳтарсозии сифати муҳити табиии зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, нигаҳдории хусусиятҳои ташаккулёбии муҳити зист, истифода ва ҳифзи минтақаҳои ҷангал, комплексҳои табиӣ ва объектҳои дорои аҳамияти махсуси табиӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва рекреатсионӣ равонагардида;

- дар доираи салоҳияти худ ҳамкорӣ ва мусоидат намудан ба иҷрои ўҳдадориҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи конвенсияҳо, шартномаҳо ва созишномаҳои байналмиллалӣ қабул намудааст;
- мусоидат ба ҷалби сармоягузориҳо барои ҳифз ва солимгардонии муҳити табии зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ;

- мутобиқи қонунгузории ҷорӣ ташкил кардани назорати воридот, содирот ва истифода, нигаҳдорӣ, фурўши нуриҳо ва заҳрхимикатҳо, воситаҳои биологӣ ва нумўи растанӣ, ашёи хом ва маводи истифодаи такрорӣ, техника ва технологияи нав;

- иштирок дар таҳияи стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи табиии муҳити зист;

- бо иштироки мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ муайян намудани самтҳои асосии истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити табиии зист, таъмини мувозинатии экологӣ, ташкили назорат ва пешгирии бадшавии ҳолати табиат;

- таҳия ва интишори гузоришҳо ва ҳисоботҳо оид ба ҳолати муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ;

- банақшагирӣ ва анҷом додани корҳои тадқиқотӣ ва лоиҳавию ҷустуҷӯӣ, дар доираи ваколат ва салоҳияти худ иҷро намудани вазифаҳои фармоишгар ва иҷрокунанда;

- мутобиқи тартиби муқарраршуда дар доираи салоҳияти худ амалӣ намудани фаъолияти иҷозатномадиҳӣ ва иҷозат, муқаррар кардани меъёрҳои ҳадди ҷоизи истифодабарӣ ва ифлос кардани муҳити табиии зист, аз он ҷумла додани иҷозатномаҳо барои муомилот бо партовҳои хатарнок, истифодаи объектҳои олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, додани хулосаҳо  ва мувофиқаткунонӣ барои истифодаи захираҳои табиии замин, ҷангал, ҷойгиркунии партовҳои истеъмолоту истеҳсолот, ҳавои атмосфера, маводи истифодаи такрорӣ ва додани хулоса оиди истифодаи махсуси захираҳои обӣ, аз он ҷумла барои пармакунии чоҳҳои об ва партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба манбаъҳои об мураттаб ва пуррасозии коллексияҳои зоологӣ;

- фаъолияти объектҳои алоҳида, аз он ҷумла воситаҳои нақлиёт дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари ваколотдори давлтӣ бо роҳи ҳамкорӣ кардан бо милитсияи экологӣ;

- гузаронидани ташхиси партовҳои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ҷиҳати муайян кардани риояи меъёрҳои муқарраргардида, ба дорандагони воситаҳои нақлиёт додани маълумотнома оид ба ҳолати заҳрнокии партовҳои нақлиёт ва ситонидани пардохтҳо барои ифлос кардани муҳити зист;

- таъмини назорати давлатии иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши пардохтҳо барои ифлоскунии муҳити зист ва истифодаи сарватҳои табиӣ, ҷуброни зарари ба муҳити зист расонидашуда.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Мақомоти иҷроия Раёсати ҳифзи муҳити зист