Хабарҳо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд - 16.10.2019 10:10
Шаҳри Гулистон ва ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ нақшаи даъватро иҷро намуданд - 16.10.2019 09:58
Бо ташаббуси соҳибкори бурунмарзӣ дар Хуҷанд корхонаи нави саноатӣ бунёд карда мешавад - 15.10.2019 19:31
АВРУПО: Хонаи озоди ё паноҳгоҳи ҷинояткорон?!! - 15.10.2019 11:37
«Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд - 15.10.2019 08:54
Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 5 миллиарду 456,9 млн. сомониро ташкил дод - 15.10.2019 09:51
Конибодом. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 159 иншоот ба истифода дода шуд - 15.10.2019 09:49
Баргузории тренинги муштарак ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ - 15.10.2019 09:46
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноат мулоқот намуданд - 14.10.2019 16:41

Мақомоти иҷроия

Сарраёсати молияи вилояти Суғд

( 22 Овоз )

Сардор: Мирзозода Анвар Сайфиддинӣ

Иттилоот барои робита: 735700, шаҳри Хуҷанд, хиёбони Р.Набиев, 45 (бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд)

Тел: (+9923422) 6-54-75, (+9923422) 4-04-94

Факс: (+9923422) 6-54-75, (+9923422) 4-04-94

E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Сарраёсати молияи вилояти Суғд

Сарраёсати молияи вилояти Суғд мақоми идораи давлатӣ дар сохтори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пешбурди сиёсати ягонаи давлатии молиявӣ, буҷет, андоз ва асъорро дар миқёси вилоят таъмин менамояд ва дар соҳа фаъолияти ҳамаи сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятро ҳамоҳанг месозад.

Сарраёсати молияи вилояти Суғд фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, инчунин  созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

Сарраёсати молияи вилояти Суғд дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, қарорҳои мушовара ва фармоишҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.

Вазифаҳои асосии Сарраёсати молияи вилояти Суғд:

  • Иштирок дар амалӣ гардонидани сиёсати буҷетию андоз, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисобот (ба ғайр аз системаи бонкӣ) дар вилояти Суғд ва пешниҳод намудани таклифҳо оид ба такмил додани фишангҳои молиявӣ ҷиҳати самаранок амалӣ гардонидани барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ;
  • Иштирок   дар  таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд ва дар ин асос тартиб додани дурнамои нишондиҳандаҳои буҷетию андоз ва инвеститсионӣ;
  • Таҳияи пешниҳод оид ба маблағгузории буҷетии афзалиятнок ба бахшҳои мухталифи хоҷагии халқ, таҳияи буҷети миёнамўҳлати вилояти Суғд ва таъмини ҷараёни иҷрои буҷет;
  • Таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва татбиқи талабот оид ба ягонагии системаи буҷетӣ барои таъмини сиёсати ягонаи иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла сиёсати андоз дар вилоят;
  • Таъмини мустақилияти буҷети вилояти Суғд дар асоси манбаъҳои даромадҳои худӣ ва ҳуқуқи муайян намудани самтҳои истифодаи онҳо ва хароҷот аз ҳисоби маблағҳои андозҳои умумидавлатӣ, ки мутобиқи меъёрҳои муқарраргардидаи ҳиссаҷудокуниҳо ба буҷети вилоятӣ ворид мегарданд;
  • Таҳияи лоиҳаи буҷети вилояти Суғд дар асоси нишондиҳандаҳои дурнамои тараққиёти макроиқтисодӣ ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои вилоят, таъмини иҷрои буҷет аз рўи даромад ва хароҷот, тартиб додани ҳисоботи иҷроиши буҷети маҳаллии вилоят;
  • Истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва дигар захираҳои молиявӣ ҷиҳати таъмини иҷрои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят;
  • Такмили шаклҳои муносибати мутақобила бо дигар сохторҳое, ки дар соҳаи иқтисодиёт фаъолият мекунанд, инчунин бо субъектҳои мустақили хоҷагидории дар вилоят амалкунанда;
  • Дар асоси пешбурди сиёсати оқилонаи андоз муайян намудани манбаъҳои зарурии пурра намудани буҷет, таъмини мутаносибии даромад ва хароҷоти буҷет бобати рушди ояндаи иқтисодӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ;
  • Таҳияи дастури ягонаи тартиб додани буҷет ва ҳисоботи иҷрои он;
  • Таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти молиявии соҳаҳои иқтисодиётро мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» танзим менамояд;
  • Иштирок дар муайян намудан ва татбиқи сиёсат дар соҳаи фаъолияти зиддиинҳисорӣ;
  • Назорат бурдан аз рўи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисобот дар ташкилоту муассисаҳои аз буҷетҳои маҳаллии вилоят маблағгузоришаванда;
  • Дар доираи салоҳияти худ анҷом додани назорати иҷрои буҷети маҳаллӣ;
  • Таҳияи пешниҳодот оид ба ихтисори теъдоди кормандони дастгоҳи идора ва хароҷотҳо барои нигоҳдории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
  • Бақайдгирии ҷадвали басти кормандон ва харҷномаи дастгоҳи идоракунии ташкилотҳои буҷетӣ.

Сарраёсати молияи вилояти Суғд мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, корҳои зайлро анҷом медиҳад:

  • Оид ба такмили системаи буҷетӣ, рушди фишангҳои муносибатҳои байнибуҷетӣ ва такмил додани механизмҳои молиявӣ барои баррасӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таклифҳо пешниҳод менамояд;
  • Роҳбарии   умумиро   дар   соҳаи   банақшагирии   молиявию буҷетӣ ва маблағгузорӣ аз буҷетҳои маҳаллии вилоят анҷом медиҳад;
  • Лоиҳаи буҷети вилоятро дар асоси дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят тартиб медиҳад ва иҷроиши онро таъмин менамояд;
  • Фаъолияти мақомоти дахлдор (мақомоти андоз, гумрук ва дигарон), ки ба воридоти даромадҳо ба буҷет масъул мебошад, ҳамоҳанг месозад ва якҷоя бо онҳо бобати ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷет таклифҳо пешниҳод менамояд;
  • Иҷрои буҷетро аз рўи даромад ва хароҷот таъмин намуда, муносибатҳои мутақобила ва ҳамкориро бо мақомоти дигари идораи давлатӣ, бонкҳо, корхонаю муассисаҳои марбут ба иҷрои вазифаҳои мақомоти молия таъмин менамояд;
  • Саривақт ва мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида ба буҷетҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва инчунин ҷумҳуриявӣ ворид гардидани андозу даромадҳои умумидавлатиро таҳти назорати доимӣ қарор медиҳад;
  • Назорати ҷараёни маблағгузориро аз буҷет тавассути сохторҳои маҳаллии хазинадорӣ анҷом дода, мўҳлат ва шаклҳои ҳисоботдиҳии буҷетиро муайян менамояд;
  • Ҳисоботҳои давриро оид ба иҷрои буҷети маҳаллӣ таҳия ва дар васоити ахбори умум нашр менамояд;
  • Талаботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти таъмини шаффофият оид ба таҳия ва иҷроиши буҷети маҳаллӣ ва истифодаи захираҳои молиявиро амалӣ мегардонад.

Сарраёсати молияи вилояти Суғд ҳуқуқ дорад:

  • Тибқи тартиби муқарраргардида аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади таҳияи лоиҳаи буҷет маводҳои зарурӣ ва ҳисоботҳоро оид ба иҷроиши буҷетҳои маҳаллӣ талаб намояд;
  • Аз сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо (новобаста аз шакли моликият), дигар субъектҳои хоҷагидорӣ (аз ҷумла соҳибкорон) маълумотҳои заруриро барои таҳияи лоиҳаи буҷети вилояти Суғд ва назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетиро талаб намояд;
  • Ҳангоми ошкор намудани далелҳои ғайримақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ, инчунин дар мўҳлатҳои муқарраргардида пешниҳод накардани ҳисобот аз рўи хароҷоти маблағҳои қаблан гирифташуда, маблағгузории ташкилоту муассисаҳои аз буҷет маблағгузоришавандаро маҳдуд ва дар ҳолати зарурӣ қатъ намояд;
  • Дар ҷараёни иҷрои буҷет дар доираи маблағҳои тасдиқгардида оид ба моддаҳои гурўҳбандии буҷетӣ ва вобаста ба тақсимоти семоҳагии даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ тағйиротҳо ворид намояд;
  • Санҷиш ва ташхиси ҳолати кории баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳӣ, сифати касбии кормандони соҳаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботро дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ доир намояд;
  • Аз муассисаҳои буҷетӣ, корхонаю ташкилотҳо пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумоти заруриро барои омўзиш ва ҳалли масъалаҳои маблағгузории буҷетӣ талаб намояд;
  • Ҳангоми зарурият, фаъолияти бонкҳоро вобаста ба амалиётҳои иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллӣ омўзад;
  • Маблағҳои озоди буҷетиро муваққатан ба депозити бонкӣ гузорад;
  • Дигар ҳуқуқҳоеро, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи хазинадорӣ», Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мақомоти молия вогузор гардидааст, амалӣ намояд.

Муносибатҳои мутақобилаи Сарраёсати молияи вилояти

Суғд бо дигар мақомотҳои давлатӣ:

  • Якҷоя бо мақомоти маҳаллии андоз ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба сиёсати андоз, рушди қонунгузории андоз ва такмили системаи андозбандӣ пешниҳодот таҳия менамояд;
  • Низомномаи идораҳо ва дигар ташкилотҳои буҷетии вилоятро дар мавриди ташаккули лоиҳаи буҷет барои соли оянда, ки дар он сиёсати андоз, параметрҳои асосии даромад ва хароҷоти буҷет, нақшаи таҳияи он ва расмиёти пешниҳоди ҳисобҳои дахлдор ва асосноксозӣ оид ба буҷет муайян шудаанд, меомўзад;
  • Ҳангоми ихтилофи назар байни мақомоти молия ва ташкилоту  муассисаҳои буҷетӣ, инчунин мақомоти иҷроияи маҳалллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба тартиб додани лоиҳаи буҷет қарор қабул карда, барои баррасӣ ба Раиси вилояти Суғд пешниҳод менамояд.
  • Баъди тасдиқи буҷет ба маълумоти идораҳо, ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷет маблағгузорӣ карда мешаванд, маълумоти тасдиқшударо оид ба ҳаҷми хароҷотҳо вобаста ба нигоҳдории онҳо ирсол менамояд.

Раёсати адлия

( 3 Овоз )

Иттилоот барои робита: 735700 Хуҷанд, кӯчаи Сирдарё 46

Тел: (3422) 5-12-50

Факс: (3422) 5-15-10

E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Раёсати адлияи вилояти Суғд дар соҳаи муқараргардидаи фаъолият вазифаҳои зайлро анҷом медиҳад:

  • таъмини сиёсати ягонаи давлатии ҳуқуқӣ ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар вилояти Суғд;
  • ҳамҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд оид ба тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқи дар ҷомеа, пешгирии ҳуқуқвайронкуни ва таҳкими қонуният нигаронида шудааст;
  • назорати фаъолияти мақомоти нотариалӣ, расонидани ёрии методӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандии воқеъ дар вилояти Суғд ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо;
  • таъмини риояи қонунгузорӣ ҳангоми бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ, ки дар ҳудуди вилояти Суғд таъсис дода мешаванд ва шартномаҳои гарав;
  • баррасии саривақт ва босифати шикоятҳо, аризаҳо ва дигар муроҷиати шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ;
  • тибқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон тартиби амали намудани истеҳсолоти иҷроро муайян менамояд;
  • фаъолияти иҷрочиёни судро ташкил ва роҳбарӣ мекунад, дастурҳо қабул менамояд, кори иҷрочиёни судро назорат, таҳлил ва ҷамъбаст карда, чиҳати таъмини ичрои ҳуччатҳои иҷро чораҳо меандешад.


Сарраёсати ҳифзи иҷтимоиии аҳолӣ

( 2 Овоз )

Сардор: Комилова Нуриниссо Раҷабовна

Иттилоот барои робита: 735700, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Фирдавсӣ №120 
Тел: (+9923422) 6-46-81, 6-30-46.

Сарраёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд мақомоти вилоятии идоракунӣ буда, дар тобеъияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар доираи салоҳияти худ ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар амал татбиқ менамояд.

Сарраёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар фаъолияти худ талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва супоришҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, амру супоришҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии байналмиллалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст иҷро менамояд.

Вазифаҳои асосии Сарраёсат аз инҳо иборат мебошад:

  • бо мақсади ҳар чӣ беҳтар таъмин кардани эҳтиёҷоти пиронсолон ва шаҳрвандони ғайриқобили меҳнат андешидани чораҳо барои рушд ва такомули хизматрасонии иҷтимоӣ;
  • ташкили саривақтии маблағгузорӣ, дурустии таъинот ва пардохти нафақа ва кўмакпулиҳо;
  • назорат доир ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди таъмини кўҳансолону маъюбон бо имтиёзҳои иҷтимоӣ;
  • татбиқи чорабиниҳо доир ба рушди муассисаҳои иҷтимоӣ ва таъмини заминаи моддии онҳо, беҳтар кардани хизматрасонӣ ба шаҳрвандони дар муассисаҳои иҷтимоӣ истиқоматкунанда;
  • кори Раёсатҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳиявиро дар вилоят ташкил ва дурустии таъинот ва пардохти нафақа ва кўмакпулиҳоро назорат менамояд;
  • тафтишоти дурустии маълумотҳои пешниҳодшударо доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла барои таъини нафақа дар корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳо ташкил менамояд;
  • барои мустаҳкам кардани заминаи моддӣ – техникии хона – интернатҳои пирону маъюбон чораҳои мушаххас меандешад;
  • бо тартиби муқарраршуда ба маъюбон дастрас намудани таҷҳизотҳои махсуси ҳаракаткунандаро (курси-аробачаҳо ва дигар воситаҳои ҳаракаткунанда) таъмин менамояд;
  • қабули аҳолиро дар рўзҳо ва соатҳои муайян ташкил менамояд, саривақт ва босифат баррасӣ кардани арзу шикоятҳоро таъмин мекунад ва вазъи баррасии арзу шикоятҳоро дар идораву муассисаҳои тобеъ назорат мекунад;
  • корҳои тарғиботию ташвиқотиро тавассути воситаҳои ахбори умум ва вохўриҳо ташкил менамояд.
  • бо тартиби муайншуда лоиҳаи қарор ва фармоишоти Раиси вилоятро доир ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои баррасӣ ва қабул пешниҳод менамояд;
  • мутобиқи амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону супоришҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва супоришҳои Раиси вилоят ва Дастгоҳи он дар доираи салоҳияти худ амру фармонҳо мебарорад;

 

Раёсати сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ

( 10 Овоз )

Раёсати сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ

Раёсати тандурустӣ

( 6 Овоз )

Сардори раёсат: Фаррух Мақсудзода

Иттилоот барои робита: 735700 Хуҷанд, хиёбони Р.Набиев, 45
Телефонҳои кории раёсати тандурустии вилояти Суғд :

+992 3422 43824
+992 3422 43808
+992 3422 40525
+992 3422 65371
+992 3422 65402
+992 3422 66725
+992 3422 67596
Факс:
+992 3422 66724
+992 3422 66762
+992 3422 65371

Суроғаи почтаи электронӣ:
Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Раёсати тандурустии вилояти Суғд воҳиди сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маҳсуб ёфта, дорои чунин ваколатҳо мебошад:

  • ташкил ва назорати хизматрасонии тиббӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ, ба танзим овардани фаъолияти хизматрасонии тиббӣ ва фармасевтӣ, муайян намудани шартномаҳои байни Раёсат ва ташкилоту муассисаҳои давлатии вилояти Суғд, ки дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ фаъолият мебаранд;
  • Раёсат ба сохтори дастгоҳи Вазорати тандурустии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, дар ҳамҷоягӣ бо сохторҳои марбутаи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳалҳо ва вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи ягонаи идоракунии давлатиро, ки  барои дар амал татбиқ намудани  сиёсати ягонаи давлатии  дар соҳаи ҳифзи саломатии омма пешбинӣ шуда равона карда шудаанд, таъмин менамояд;
  • Раёсат фаъолияти ҳамаи корхона, ташкилот ва  муассисаҳоро новобаста аз тобеияташон оиди чораҷӯӣ дар самти ҳифзи саломатии аҳолии вилоят ба танзим меоварад.

Ҳуқуқҳои Раёсати тандурустӣ дар масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ:

Раёсат дар доираи амали фаъолияти худ чунин ҳуқуқҳоро доро мебошад:

  • назорат оиди таъмини иҷроиши қонунҳои амалкунанда дар самти ҳифзи   саломатии аҳолӣ;
  • ҳифзи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон  дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ;
  • таъсис додани буҷаи соҳаи тандурустӣ, хазинаҳои мақсаднок,  ки барои таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ дар қаламрави вилояти Суғд равона карда шудаанд, бо дарназардошти тайёр намудани кадрҳои тиббӣ ва ташкил намудани тадқиқотҳои илмӣ оиди масъалаҳои ҳалталаби соҳаи ҳифзи саломатии аҳолии дар ҳудуди вилояти Суғд истиқоматкунанда;
  • таъсис додани дастгоҳҳои идоракунӣ, ташаккули шабакаҳо ва пурзӯр намудани базаи моддӣ техникӣ, таъминоти муассисаҳои давлатии тандурустии вилоят бо техника ва таҷҳизотҳои тиббӣ тибқи талаботи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии омма;
  • ташкил намудани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, дигар намудҳои хизматрасонии тиббию санитарӣ, таъмин намудани дастрасии он ба аҳолӣ, назорат оиди  таъмини иҷроиши меъёрҳои сифати хизматрасонии тиббӣ, таъминоти аҳолӣ бо маводи доруворӣ ва маводҳои тиббӣ дар вилояти Суғд;
  • фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тибби хусусӣ ва тибби халқӣ;
  • таъмин намудани бехатарии санитарию беҳдоштӣ ва шароит баҳри гузаронидани назорати давлатии санитарию беҳдоштӣ дар вилояти Суғд;
  • дарёфт намудани омилҳои ба ҳолати саломатии аҳолӣ  номусоид ва гузаронидани чорабиниҳо оиди бартараф намудани онҳо, гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунӣ, санитарию беҳдоштӣ, зиддиэпидемиявӣ ва ҳифзи табиат;
  • ба танзим овардан ва назорати фаъолияти корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои давлатии системаи тандурустӣ дар доираи ваколати худ, бурдани назорат оиди сифати хизматрасонии тиббию санитарӣ дар системаи ғайридавлатии тандурустии вилояти Суғд;
  • таъмин намудани ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологӣ;
  • таҳия намудан ва дар амал татбиқ намудани барномаҳои минтақавии рушди соҳаи ҳифзи саломатӣ доир ба масъалаҳои актуалии соҳаи тандурустӣ, дар якҷоягӣ бо барномаҳои  қабулгаштаи мақсадноки миллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байнисоҳавии мубориза зидди бемориҳо равонакардашуда;
  • таҳия намудан ва дар амал татбиқ намудани барномаҳо оиди баланд бардоштани сатҳи маърифатнокгардонии аҳолӣ марбут ба масъалаҳои тарбияи санитарию беҳдоштии аҳолӣ бо истифодаи ҳамаи усулҳо ва тарзҳо, инчунин васоити ахбор;
  • таъмин намудан ва фароҳам овардани шароити мусоиди моддию техникӣ ва дигар шароитҳо барои фаъолияти муассисаҳои давлатии тандурустии зерсохторӣ;
  • дар ҳудуди вилояти Суғд қатъ намудани фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботро оиди ҳифзи саломатии аҳолӣ риоя намекунанд;
  • иҷроиши дигар намуди фаъолият доир ба идоракунии системаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ тибқи конунгузории амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.


ШУМО ДАР: Мақомоти иҷроия