Хабарҳо
Семинар дар мавзуи мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон - 27.04.2017 15:18
15 ҳазор метр матоъи дастбофи ҳунармандони шаҳри Конибодом ба фурӯш рафтааст - 27.04.2017 11:26
Нақшаи кишти ғалладонагиҳо наздик 100 фоиз иҷро шуд - 27.04.2017 11:24
Оғози таъмиру барқарорсозии роҳҳо дар ноҳияи Ашт - 27.04.2017 11:23
«Ваҳдати миллӣ кафолати ҳаёти осоишта» - конфронси илмӣ-амалӣ - 27.04.2017 11:22
Зимни баргузории маъракаҳо 57 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд - 27.04.2017 11:21
Рӯзи ягонаи ахбор: «Солимии ҷомеа-кафили рушди Тоҷикистон» - 27.04.2017 11:19
Баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум - 25.04.2017 15:18
Тасидиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 - 25.04.2017 09:24
То охири сол ба маъюбони Артиши Шӯравӣ кӯмакпулӣ пардохт мешавад - 25.04.2017 09:23

Муовини Раиси вилоят

( 172 Овоз )
Ғаффорӣ Назира Абдуллозода

Ғаффорӣ Назира Абдуллозода

Муовини Раиси вилоят

Иттилоот барои робита:
735700 Хуҷанд, хиёбони Р.Набиев, 45.
Тел: (3422) 4-66-44

Назира Ғаффорӣ 24-уми марти соли 1961 дар деҳоти Қистакӯз (ҳозира Хистеварз) - и  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1977 мактаби миёнаи №53 шаҳри Душанбе ва соли 1982 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1982-1992 ба ҳайси ассистент ва аспиранти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи ҳамин Донишгоҳ кор ва таҳсил намудааст. Соли 1994 соҳиби унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардид. Солҳои 1992-1997 дар маслиҳатхонаи ҳуқуқии  шаҳри Чкалов ба ҳайси адвокат адои вазифа намуд.

Солҳои 1997-2001 дар вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва граҷдании факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва солҳои 2001-2007 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳайси дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ, мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика, и.в. декани факултаи ҳуқуқшиносӣ фаъолият дошт.

Аз моҳи феврали соли 2007 то январи соли 2008 вазифаи раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро бар ӯҳда дошт. 26 январи соли 2008 ба вазифаи ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то 10 марти соли 2010 дар ин вазифа фаъолият намуд.

Солҳои 2010-2015 аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров №14 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар ҷаласаи нахустини иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Муаллифи 23 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин беш аз 50 дастурҳои таълимию методӣ ва мақолаҳои илмӣ мебошад.

Савияи дониши худро дар Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон баланд кардааст.

Назира Ғаффорӣ Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (с.2001) ва бо Ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2010), Ифтихорнома ва раҳматномаи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2009,2010), медали ҷашнии «20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2011), медали тиллоии «20-солагии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» (с.2012), медали ҷашнии «90-солагии адлияи Тоҷикистон» (с.2014), медали ҷашнии «10-солагии  Гурӯҳи АврОсиё оид ба  мубориза бо софкории даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм (ЕАГ)» (с.2014) ва Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2015)   сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: ИДОРАИ ДАВЛАТӢ Муовинони Раиси вилоят Муовини Раиси вилоят